JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 01 Майи 2017 02:50

Маориф - ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ (гузориши масъала)

Муаллиф:

  Аз нигоҳи илми фарҳангшиносӣ, соҳаи таълиму тарбия ё ба истилоҳ, маориф дар низоми фарҳангии ҳар ҷомеа нақши муҳимеро иҷро мекунад. Аз ин ҷост, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд: «Ҳукумати мамлакат бо мақсади рушди босуботи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ тамоми тадбирҳои зеринро амалӣ мекунад» [1,5]. Зеро дар моҳияти хеш, аз як нигоҳ, ҷараёни таълим ин худ раванди робитаи иҷтимоӣ- фарҳангист ва аз дигар ҷиҳат, метавон маорифро ҳамчун ниҳоди ҷудогонаи иҷтимоӣ – фарҳангие, ки раванди мазкурро таъмин мекунад, арзёбӣ намуд. Аз ин рӯ, низоми маорифро ҳамчун падидаи воҳиде бо тамоми шаклҳои гуногунаш бояд баррасӣ намуд, чунки шаклҳои таълимӣ метавонад гуногун бошад, ин ҳам таълими кӯдак дар оила, ҳам системаи ниҳодии таълим (мактаби миёна, муассисоти таҳсилоти олӣ) ва ҳам худомӯзӣ, ки дар шароити рушди инноватсионии иқтисод аҳамияти бештареро соҳиб аст, ба шумор меравад. Табиист, ки дар ин миён муҳимтарину самаронактаринии онҳо системаи ниҳодии таҳсилот (таълиму тарбия) маҳсуб мешавад.

  Ба ҳамагон маълум аст, ки низоми маориф муҳимтарин рукни иҷтимоӣ-фарҳангии рушди ҷомеа мебошад. Чунки хоҳу нохоҳ ба низоми омӯзиш тамоми табақаҳову қишрҳои мухталифи иҷтимоии аҳолӣ иртибот дорад. Меъёрҳо ва арзишҳои фарҳангӣ, шаклу тарзҳои тафаккури қолабии онҳо аз насле ба насле ва аз гурӯҳи иҷтимоие ба гурӯҳи иҷтимоии дигаре ба воситаи таълиму тарбия интиқол дода мешаванд.

Албатта, низоми ниҳодии таҳсилот, яъне мактабу муасисаи таълимии олӣ, қабл аз ҳама, аз сатҳи рушди иқтисоду илму техникаи мавҷуда вобаста аст. Аммо, дар навбати худ, ба ҳеҷ ваҷҳ, маориф мунъакискунандаи воқеии он ҷомеа буда наметавонад. Гап дар сари он аст, ки системаи мазкур, на танҳо таҷрубаи иҷтимоӣ-фарҳангиро аз насле ба насле интиқол медиҳад ва дар рушди фарҳанги он ҷомеа давраҳои муайяни суботро ба миён меорад, балки ҳамчун ниҳоди таҷдидкунандаи фарҳанг низ амал мекунад. Зеро тағйири худи ҷараёни таълим дар рушди шуури одамон ва рафтори онҳо дар ҷомеа таъсири муайяне мерасонад.

Ин ҳолатро метавон дар ҷомеаи имрӯз ба мушоҳида гирифт. Чун ки низоми омӯзише, ки бар усули иҷтимоӣ-фарҳангии моделҳои таълимии муғоир бо маорифи суннатӣ бунёд шудааст, асосан ба ташаккули тафаккури нави фарҳангӣ ва амале, ки баштар ба корманди асри XXI хос аст, равона шудааст ва ин як тазодеро ба вуҷуд овардааст.

Агар ба таври хулоса гӯем, низоми маориф аз ду раванди ба ҳам алоқаманд ташкил шудааст: Раванди аввал, аз мудовиматӣ ё меросбарии унсурҳои муайяни фарҳанг вобаста буда, раванди дувум, ба навсозии (таҷдиди) худи низоми маориф иртибот дорад. Маҳз фаъолияти мутақобилаи ин ду раванд, таъсири чашмгиреро дар рӯшди имрӯзу ояндаи ҷомеа мерасонад.

Симои боризи фарҳанг, пеш аз ҳама, аз таносуб, робитаи мутақобила ва ҳамоҳангии ин ду раванди мутазод вобаста аст. Зеро, агар маорифи миллӣ доимо таҷдид нагардад, он ҷомеа оянда надорад. Манзур на танҳо рукуди дониш, ки бояд донишомӯз онро фаро гирад, балки рукуд дар меъёрҳои иҷтимоӣ-фарҳангии амалу тафаккур аст, ки ҷомеаро ба вартаи нестӣ мекашанд. Аз тарафи дигар, кӯшишҳои асрисозии (модернсозии) низоми маорифи кишвар бо истифода аз дастовардҳои инноватсионие, ки бо бофти фарҳангии ҷомеа ва шароити иқтисодии кишвар мутобиқ сохта нашудааст, боиси ноустуворӣ ва харобии ҳастаи фарҳанги он ҷомеа мегардад ва наслеро бидуни хотираи таърихӣ ва ифтихори миллӣ ба воя мерасанд. Барои ин ки умумигӯӣ накарда бошем, аз низоми маорифи кунунии худамон як мисол мезанем.

Ибитоди солҳои 2000-ум созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ чун «дояи аз модар дилсӯзтар», барои асрисозии низоми таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқсозии он барои ба низоми таҳсили кредитӣ (таҳсилоти раванди Болон) гузаштан сармоягӯзорӣ карданд. Тибқи барномаи эшон ду донишгоҳ – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (тибқи низоми кредитии амрикоӣ) ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (тибқи низоми кредитии аврупоӣ) ҳамчун муассисаҳои пилотӣ (намунавӣ) интихоб шуданд. Инак, чанд сол аст, ки батадриҷ низоми кредитии таҳсил ва мутобиқи он таҳсили дузинаӣ бакалаврӣ (коршинос) ва магистрӣ (коршиноси аршад) дар тамоми макотиби олии ҷумҳуриамон ҷорӣ гардид.

Албатта, низоми кредитии таҳсил, низоми замонавӣ ва ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеаи пешрафта аст, ки Тоҷикистон низ барои расидан ба ин ҷомеа талош дорад. Аммо дар кишварҳои Ғарб ва фароиндустриалии ҷаҳон низоми кредитии таҳсил, пеш аз ҳама, аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ оғоз гардидааст. Бад-ин робита, дар барномаи таҳсилии низоми кредитии макотиби олӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба фанҳои ихтисосӣ дода мешавад ва ба фанҳои гуманитраӣ, ки ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти милливу фарҳангии шахс аст, қариб ки ҷой нест. Тибқи низоми кредитии амрикоӣ аз 120 кредити давраи таҳсили бакалаврӣ, барои фанҳои гуманитарӣ танҳо 16 кредит ҷудо карда шудааст [2,39]. Зеро ин фанҳо, бавижа, таърихи кишвар, забони модарӣ ва адабиёт, ҷомеашиносӣ ва амсоли он дар синфҳои даҳу дувоздаҳ омӯзонда мешаванд, ки давраи ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҳуввияти милливу фарҳангии наврасон аст.

Мутаассифона, давлатмардони мо ҳангоми пазириши ин барнома аз тарафи созмонҳои дилсӯзи байналмилалӣ чунин тафовути ба назар ҷузъӣ, аммо хело хатарнокро нодида гирифтанд. Зеро, имрӯз, дар ҳоле, ки фанҳои улуми башарӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар сатҳи қобили қабул қарор надоранд ва донишҷӯ, ки мутахассиси оянда ва созандаи ҷомеаи кишвар аст, аз мероси фарҳангиву таърихии хеш беиттилоъ ва бидуни ҳисси ватанпарастиву ҳувияти миллӣ фориғуттаҳсил мегардад, магар хатаре барои касодии фарҳанги миллӣ ва хотираи таърихии миллат нест? Ҳоло он ки Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳояшон таъкид меварзанд, ки «ифтихори ватандорӣ аз донистани забон, таърих ва фарҳанги Ватан ибтидо мегирад» [3,45].

Магар, тибқи барномаи низоми кредитии ҷоришуда, дар ду воҳиди дарсӣ (кредит), ки 32 соатро ташкил медиҳад, таърихи беш аз панҷҳазорсолаи халқи тоҷикро мешавад омӯзонд?

Гузашта аз ин, дар донишгоҳҳои ҷаҳон, ки мутобиқи низоми кредитӣ таҳсил мекунанд, 40% интихоби фанҳо ва омӯзгорони он аз ҷониби худи донишҷӯ сурат мегирад. Зеро донишҷӯ аз рӯзи аввал ҳадафмандона таҳсилашро роҳандозӣ мекунад. Ин равиш, яъне интихоби устоду фан, ҳам сифати таълими фанҳо ва ҳам як навъ рақобати солимро дар миёни устодони донишгоҳ ба вуҷуд меорад.

Донишҷӯи мо дар моҳҳои аввали таҳсил ҳатто камтарин иттилое аз низоми кредитии таҳсил ва аз пешаи интихобкардаи худ надорад, чӣ расад ба интихоби фанну омӯзгор.

Аз ин ҷост, ки то мутобиқсозии барномаҳои таҳсилии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ бо макотиби олӣ як насл бехабар аз милокҳои ахлоқиву фарҳанги миллӣ зери таъсири фаровардҳои маънавии ҷаҳони Ғарб, ки селаи ҷаҳонишавӣ ба армуғон меорад, қарор мегирад. Президенти муҳтарам дар Паёми хеш бесабаб таъкид накарданд, ки «вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона… таҳқиқу таблиғи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ…» [1,4] таваҷҷуҳи бештаро тақозо мекунад. Зеро ҳадафи барномаҳои «беғаразона» - и фарҳангӣ – маърифатии созмонҳои «дилсӯз»-и ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд овардани насли «манкурт» аст, ки каъбааш фарҳанги оммаи (массовая культура)-и Ғарб ва ИМА мебошад. Имрӯз ҳар як омӯзгори макотиби олӣ тасдиқ мекунад, ки аксари ҷавонони донишҷӯ аз фарҳанг ва таърихи хеш иттилои ночиз доранд.

Салоҳ буд, ки дар ибтидо низоми омӯзишии мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таҷдиди назар мегардид, то донишомӯз барои имтиҳоноти тестии вурудӣ ва таҳсили низоми кредитӣ дар муассисоти таҳсилоти олӣ омада мешуд. Ва тибқи ин барномаи занҷирӣ интихобу таълими фанҳои гуманитарӣ дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ робитаи мантиқӣ пайдо мекард, то ки мутахассиси огоҳу дорои ҳиссу ифтихори миллӣ ба воя расида Тоҷикистони азизро аз ҷомеаи масрафкунандаву аз ҷиҳати технологӣ вобаста ба ҷомеаи тавлидкунандаву пешқадам табдил диҳад.

Мутаассифона, дар айни замон аз макотиби олӣ талаб кардани тарбияи чунин мутахассис ғайриимкон аст.  Барои тарбияи чунин мутахассис бояд заминаҳои донишҳои башарӣ (гуманитарӣ) васеъ карда шавад, зеро бидуни донишҳои башарии муосир, ин амал ғайриимкон аст. Пеш аз ҳама, тадриси васеи фанҳои забону адабиёт ва таърихи халқи тоҷик барои ҳамаи ихтисосҳо бояд ба роҳ монда шавад. Омӯзиши забони тоҷикӣ бояд на бар асоси риштаи тахассуси донишҷӯ, балки бар пояи барномаи ҳадди ақал, ки як мутахассиси соҳаи кишоварзӣ ё муҳандиси сохтмон меъёри дурусти забони адабиро фаро гирифта, аз адабиёти пурғановати хеш иттилои кофӣ дошта бошад, ба роҳ монда шавад. Ин масъала барои як муҳандис ё байтори аврупоӣ матраҳ нест, чунки ӯ аз забону адабиёти модариаш ва ҳатто ҷаҳон андӯхтаи кофӣ дорад ва ҳангоми суханронӣ намегӯяд, ки мебахшед, ман филолог нестам, балки бо чандин забон такаллум мекунад.

Имрӯз дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои ғайригуманитарӣ, дарсҳои забони тоҷикӣ, асосан бар усули омӯзиши истилоҳоти фаннӣ-техникӣ мегузарад, ки аслан натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Аввалан, омӯзгори забони тоҷикӣ мутахассиси ин соҳа нест, то истилоҳро дақиқан аз нигоҳи моҳият ва маънояш тарҷума карда тавонад. Ин кори мутахассис аст. Вазифаи омӯзгори забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, ба донишҷӯ ёд додани меъёри забони адабии тоҷикӣ ва дарк карда тавонистани табиату рӯҳияи забони модарист. Вақте ки донишҷӯ мутахассиси хуби соҳаи хеш бо дарки хуби забони модариаш мешавад, худаш истилоҳи соҳаашро аз муаллими забонаш беҳтар тарҷума мекунад. Масалан, имрӯз истилоҳи фанни физикаро аз устод Саидҷафар Қодирӣ кӣ беҳтар тарҷума мекунад? Чунки устод дар баробари физики мумтоз будан, донандаи хуби табиати забони тоҷикии форсианд. Имрӯз истилоҳҳое, ки эшон ба тоҷикӣ тарҷума ё ихтироъ кардаанд, эрониҳо низ писандидаанд. Ва ё истилоҳҳои тиббие, ки имрӯз табибон ба тоҷикӣ истифода мекунанд, махсусан, дар Маркази бемориҳои дилии ҷумҳурӣ, худи табибони мутахассиси забони модариашонро хуб фаро гирифта тарҷума ва ё ихтироъ карданд, ки бисёр дақиқу тоҷикианд. Вақте мутахассис забони модаришро хуб фаро мегирад, худаш истилоҳотро ба шакли аҳсан дар қолабу табиати забони модариаш тарҷума мекунад ва забони илм низ ташаккулу тавсеа меёбад.

Аз ин рӯ, барои ин ки бихоҳем забони илм низ дар Тоҷикистон рушд кунад, тадриси забони тоҷикиро беҳтар ба роҳ монем ва ҳамзамон ҳамчун дарсҳои факултативӣ омӯзиши алифбои ниёгонро ҷорӣ намоем.

Аз тарафи дигар мо набояд маорифро танҳо иҷрокунандаи вазифаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа арзёбӣ намоем. Албатта, мактаб ба таври суннатӣ ҳамчун манбаи таълими неруи корӣ шинохта мешавад. Зеро аз мактаби ибтидоӣ сар карда, то муассисоти таҳсилоти олӣ низоми маориф, пеш аз ҳама, ба ҳайси низоми тарбияи кадрҳо шинохта шудааст. Аз ин ҷост, ки талабот ба донишомӯз ва донишу малака ва самтгирии ӯ аз ҳамин меъёр ташаккул меёбад. Аммо дар шароити имрӯз, ки ҳаёти иқтисодӣ ва фарҳангӣ – маънавии ҷомеа сареъан тағйир меёбанду буҳрони иҷтимоӣ – фарҳангӣ тамоми соҳаҳои зиндагии ҷомеаро фаро гирифтааст, зарурати ҳатмии интихоби модели иҷтимоӣ – фарҳангии маориф пеш омадааст. Зеро низоми маорифи муосир бояд посухгӯи он масоиле бошад, ки барои ҷомеаи замони нав, яъне ҷомеаи фароиндустриалӣ равона шудааст (талоши ҷомеаи Тоҷикистон низ ба ҷомеаи индустриалӣ ва фароиндустриалӣ бояд равона шавад, на ҷомеаи аграриву масрафкунанда).

Аммо ба таври умум, низоми маорифи мо, ҳамон низоми аврупоист, ки усули он аз тарафи Каменский, Песталотси ва амсоли эшон тарҳрезӣ шудааст. Дар ин низоми таҳсилӣ донишомӯз унсури ғайрифаъол ва омӯзгор унсури фаъол ба шумор меравад. Аз ин рӯ, вақте ки донишомӯз баъд аз хатми мактаб бо низоми тестӣ ва таҳсили кредитии мактаби олӣ бархурд мекунад, дар ибтидо онро дарк карда наметавонад. Зеро дар низоми кредитии таҳсил донишҷӯ ҷӯянда ва фаъол аст, яъне дар дарс 80% фаъолият аз донишҷӯст ва устод нақши роҳнамо ва ҳамоҳангсозро ифо мекунад, зеро устод ба фаъолияти донишҷӯ дар ҷараёни дарс хол мегузорад. Мутаассифона, чунин донишҷуёни пӯё ва фаъол дар ҳар як гурӯҳи академӣ андгуштшуморанд ва иллати онро мо бояд дар барнома ва низоми дарсии макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ҷустуҷӯ намоем.

Имрӯз дар ҷомеаи фароиндустриалӣ мутахассисе, ки дар рӯҳияи иҷрокунандаи ғайрифаъол тарбия ёфтааст, харидор надорад. Зеро дар иқтисоди муосир, маҳаки асосӣ барои як мутахассис мустақилона масъалагузорӣ карда тавонистан ва ёфтани роҳҳову тарзи ҳалли масъала мебошад. Аз инҷост, ки мутахассиси муосир бояд пайваста худомӯзӣ кунад, ба ҳаллу фасли ин ё он масъала ба таври эҷодкорона муносибат намуда, манбаъҳои иттилоъро пайдо ва доимо дар ҷустуҷӯи навгониҳо бошад.

Дар чунин шароит зарурати консепсияи нави маориф ва ислоҳоти бунёдии мактабҳо ба миён меояд. Асос ва пояи ин ислоҳотро ғояи рушду тарбияи инсони бофарҳанг ташкил медиҳад. Зеро вазифаи асосии низоми маорифро ғояи созандагиву эҷодгарӣ ташкил медиҳад, ки ҳадафи аслии фарҳанг низ мебошад. Чунки инсони муосир бояд бо хислати умумиинсонии фарҳанги муосир ҳамоҳангӣ дошата бошад. Ин бад-ин маъност, ки фаъолияти истеҳсолии ӯ, на танҳо ба анҷоми вазифаҳои муайяни технологӣ (фановарӣ) вобаста аст, балки моҳияту аҳамияти иҷтимоиро низ дорост. Ин раванд бо ҷараёни ҷаҳонишавӣ ва экологикунонии иқтисод, сиёсат ва шуури инсон робитаи қавӣ дорад.

Ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилот, ки иборат аз масоили технологӣ, ахлоқӣ, экологӣ ва иҷтимоист, барои як мутахассиси имрӯзӣ амри зарурӣ маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, маориф на фақат василаи фарогирии дониш, балки омили тағйирдиҳандаи муносибати инсон ба муҳити табиӣ ва рафтори ӯ дар муҳити иҷтимоӣ низ ҳаст. Зеро ба ақидаи аксари донишмандон, маориф на танҳо фарогирии малакаҳои муайяни ақлониву истеҳсолист, балки шароити фарҳангии зиндагиву фаъолияти фард, яъне наздикшавии шахс ба арзишҳои олии маънавию ақлонӣ низ маҳсуб мешавад [4,93]. Паёми Президенти кишвар низ дар мавриди рушди маориф, ҳидоят ба самтгирӣ барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ мебошад.      

 Пайнавишт:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҶТ. Шаҳри Душанбе. 23.01.2015с.// Омӯзгор №5 (11969). 30.01.2015.
  2. Болонский процесс: информация к размышлению. Санкт-Петербург
  3. Раҳмон Эмомалӣ. Фарҳанг ҳастии миллат. Душанбе:  “Матбуот”:2001.
  4. Культурология в вопросах и ответах. Под редакцией доктора философских наук, профессора Г.В. Драча. Ростов на-Дону:“Феникс”, 1999.

Олимҷон Хоҷамуродов - д.и.ф.,профессор

 Илм ва Ҷомеа

 Маҷаллаи академии илмию оммавӣ  №1 (5), 2017

Хондан 2573 маротиба