JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:13

Қуввати мағриб аз илму фан аст

Муаллиф:

 Дар 107 соли охир аз миллати яҳуд 184 нафар соҳиби ҷоизаи Нобелӣ шудаанд. Имрӯз аз мусулмонон, ки зиёда аз 1,45 миллиард нафаранд, танҳо чор нафар соҳиби ин ҷоиза гардидаанду халос.

 Инсоният бо такя намудан ба таҷриба, донишҳои илмии далелбунёд, андешаҳои мутобиқи низоми мантиқӣ дар таҳияи манзараи олам тавонист амиқтару бештар табиатро дарк намуда, барои пешбурди тамоми соҳаҳои фаъолияти хеш ин донишҳоро истифода барад, ки яке аз ҳадафҳои асосии илм низ ҳамин аст. Бар асари фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва зеҳнӣ ва ба ҳошия рафтани донишҳои динӣ гузариш ба сатҳҳои нави иқтисодиёт ва технология муяссар гардид. Ҷавҳари асосӣ дар иқтисодиёти инноватсионӣ зеҳни инсон аст ва дар навабати худ маҳсули зеҳн, технологияҳои инноватсионӣ аст.  

 Пешрафти ҳастии ҷамъиятӣ дар ҳар замону макон ба захираҳои зеҳнии ҷомеа, равшанфикрону зиёиён ва нобиғаҳои илмӣ вобастааст. Вале дар кишварҳое, ки ҷаҳонбинии динӣ аз илмӣ бартарият дорад,  нақши асосиро анъанаву рамзҳо мебозанд ва натанҳо ба арзишҳои дунявӣ эҳтиром гузошта намешавад, балки онҳо қобили қабул нест аммо зери таҳдид қарор мегиранд.

Дар ҷаҳони дини ислом захираи зеҳнӣ ва равшанфикрию зиёӣ имрeз коста шудааст ва ҷои онро ба исломисозию тундгароӣ ва хурофот иваз намудааст.  Худ қазоват кунед! Дар ҷаҳон бештар аз 13 миллион нафар яҳудион зиндагонӣ мекунанд ва онҳо, аслан парокандаанд. Ба ин нигоҳ накарда, яҳудиҳо чанд маротиб аз тамоми мусулмонони ҷаҳон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ба хусус илму технологияи муосир  бартарӣ  доранд. Ин ҷо савол ба миён меояд, ки чаро ин тавр? Ҷавоби савол шояд чунин бошад, ки онҳо аз мусулмонон дида хеле барвақт арзиши вақт ва илмро хуб дарк кардаанд ва наҷоти худро дар пешрафти илм дарёфтаанд.

Дар «Одами аср» ва «Олими муътабартари ҳар замон» - и маҷаллаи «Timе», Алберт Эйнштейн ва падари равоншиносӣ Зигмунд Фрейд дар ҷои авваланд. Боз номи Карл Маркс, Пол Самуэлсон ва Милтон Фридман низ дарҷ шудааст. Дар поён номи бархе аз шахсиятҳои миллати яҳуд, ки дар тарақққиёти илми ҷаҳонӣ саҳми бештар доранд ва аз маҳсули меҳнаташон мавриди истифодаи тамоми соҳаҳои иҷтимоии инсоният аст. Бо вуҷуди он, ки мусулмонон онҳоро ба қуфру бидъат муттаҳам месозанд, аз маҳсули меҳнаташон баҳра мебардоранд. Яҳудиён дар кашфи технологияи нав пешсафанд ва технологияи муосирро бе хизмати онҳо тасаввур карда намешавад. Ба монанди:

Стенли Мезор- ихтироъкори микрочип.      

Лео Стсиллард- аввалин такмилдиҳандаи реактори ҳастаӣ (ядроӣ).      

Чарлз Адлер- чароuи раҳнамо. 

Бено Штраус- пўлоди зангназананда.

Чарлз Гинзбург- видеомагнитофон.

Дар 105 соли охир аз милати яҳуд, 184 нафар соҳиби ҷоизаи Нобилӣ шудаанд. То ҳол, аз мусулмонон, ки зиёда аз 1,5 миллиард нафаранд, танҳо чор нафар соҳиби ин ҷоиза гардидиданду халос.

Дар маҷаллаи мазкур яҳудиҳое, ки дар самти фаъолияти иқтисодӣ (чӣ давлативу чӣ хусусӣ) дар сатҳи ҷаҳонӣ қарор доранд, оварда шуддааст:

Ралф Лорен (Polo); Левис Страус (Lеvis); Говард Шултс (Staқӣucks); Сергей Брин (Google); Майкл Делл (Dell Computeқs); Лари Элисон (Oқacle); Донна Каран (DKNY); Ирв Роббинс (Ӣaskins & Қoӣӣins); Билл Розенберг (Dunkin Donuts);

Исми Яҳудиёнеро, ки дар муайян кардани тамоили сиёсати байналмилалӣ саҳм доранд, метавон овард:  

Генри Киссинджер (котиби аввали ИМА); Аллан Гринспен (системаи федералии бехатарӣ); Р. Рейген, Ҷ. Буш, Б. Клинтон ва Ҷ. Буши хурдӣ (президентони ИМА); Ҷозеф Либерман, Мадлен Олбрайт (собиқ котибони аввали ИМА); Каспер Вайнбергер (собиқ вазири мудофиаи СССР); Максим Литвинов (вазири корҳои хориҷаи собиқ СССР); Девид Маршал (аввалин вазири Сингапур); Айзек Айзекс (собиқ генерал- губернатори Австралия); Бенҷамин Дизраели (собиқ сарвазири Англия); Евгений Примаков (собиқ сарвазири Федератсияи Россия); Барри Голдатер, Хорхе Сампайо (собиқ прездентони Португалия); Пер Мандес (собиқ сарвазири Фаронса); Майкл Говард (вазири корҳои дохилии Британияи Кабир); Бруно Крайски (канслери Австрия); Роберт Рубин ( собиқ вазири иқтисодии ИМА).

Яҳудҳо молики машҳуртарин воситаҳои ахбори умум (ВАО) дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд, аз ҷумла:

Волф Блиттсер (CNN); Барбара Уотерс (AӢC Nеws); Юджин Мейер, Кетрин Грэхем (Вашингтон пост); Генри Грюнвалд (сармуҳарири маҷаллаи Timе); Ҷозеф Лелийелд (муҳаррири масъули Ню-Йорк Таймс).

Кӣ машҳуртарин саховатманд (соҳибэҳсон) дар таърихи башар аст? Боз яҳуд, Ҷорҷ Сорос!  Ў 4 млрд доллар амрикоиро барои олимони ҷаҳон ва баланд бардоштани сифати макотиби олӣ ҳадя намудааст. Дар ҷои дуюм низ яҳуд қарор дорад: Валтер Анненберг 2 млрд долларро барои сохтани зиёда аз 100 китобхонаи бузург дар мамолики ҷаҳон туҳфа намудааст.

Фаромӯш набояд кард, ки намояндагони миллати яҳуд бузургтарин назарияпардозони илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ мебошанд:

Алберт Эйнштейн (физик – теоретик) – яҳуд;                                                                    

Зигмунд Фрейд (равоншинос) – яҳуд;

Бенджамин Рубин – ихтироъкори сӯзандоруи эмкунӣ;

Аарон Бек –муҳаққиқи бузург дар соҳаи равоншиносии когнитӣ;     

Андрей Шалли – тадқиқотчии бузург дар самти тарзи кори майнаи инсон ва эндокринология;                                                                                            

Барух Блумберг – таҳқиқоти бемориҳои сироятиро гузаронида, ваксина барои гепотит «В» - ро кашф намуд;

Гертруда Элион -  дору бар зидди хунсафедшавиро ёфт;

Грегори Пинкус - кашшофи контратсепти даҳонӣ;

Иля Мечников – олим, тадқиқотчии комёб дар силсилаи иммунитет;

Ҷонас Салк – ваксина бар зидди фалаҷро коркард намуд;

Ҷорҷ Уолд – аввалин таҳқиқотчии биохимияи майнаи сар ва сохти чашми инсон, ки тарзи кори онро фаҳмонида буд;

Пол Эрлих – дору бар зидди бемории оташак (сифилис) – ро аввалин маротиба таҳия кард;

Стенли Коэн – таҳқиқотчии бузурги эмбриология;

Уилям Клоффкам – муҳаққиқи комёб дар самти кори гурда.

Яҳудиён дар бозиҳои олимпӣ низ uолибанд:

Марк Шпиттс – қаҳрамони ҳафткаратаи бозиҳои олимпӣ, яъне дорандаи 7 медали тиллои бозиҳои олимпӣ. Ленни Крайзенбург, Спиттс Крайзелбург, Боррис Букке – дорандаи 3 медалии тиллоӣ.

Оё медонед, ки аз ҷумлаи ситораҳои кино ҳунармандони миллаташон яҳуд низ зиёданд?

Харрисон ФордҶорҷ Бенс; Тони Кертис; Чарлз Бронсон; Сандра Баллок; Белли Кристалл; Вуди Аллен; Пол Нюмен; Питер Сллерс; Дастин Хоффман; Майкл Дукгалс; Бен Кингсли; Кирк Дуглас; Голди Он; Кэри Грант; Уилям ШатнерҶерри Люис ва Питер Фалк.

 Фаромӯш накунед, ки аслан, Ҳолливудро яҳудиён ташкил намудаанд ва дар байни филмсозон ва режиссёрони ин ташкилоти бонуфуз яҳудиҳо бисёранд, аз ҷумла:

Стивен СпилбергМел Брукс; Оливер СтоунАарон Спеллинг (Беверли Хиллз 90210); Нил Саймон (The Odd Couple); Эндрю Вайна (Қemӣo 1/2/3); Майкл Мен (Staқsky and Hutch); Милош Форман (Oneт flue oveқ the Cuckoo s Nest); Дуглас Фэрбанкс (The thief of Ӣaghdad); Иван Реитман (Ghostӣusteқs).  

 Оё медонед, ки Уилям Ҷеймс Сидисро инсони оқилтарини ҷаҳон эътироф намудаанд, аз санҷишҳои тестӣ маълум гардид ки IQ (intelligence quotient – коэфитсиенти инкишофи ақлонӣ ) - и он ба 250-300 баробар аст.

Дар ҷаҳони ислом (57 кишвар, бо зиёда аз 1,4 млрд нафар аҳоли) тақрибан 500 донишгоҳ аст, ки ягонтои инҳо ба қатори 500 донишгоҳи беҳтарини дунё  шомил нест. Дар ИМА 5750 ва дар Ҳиндустон бошад, 8407 донишгоҳ аст, ки 16 – 20 маротиба аз ҷаҳони ислом дида зиёд аст. Вале ба ҷойи донишгоҳҳои пешрафта дар Тоҷикистон 5500 масҷидҳои расмию айрирасмӣ фаъолият мекунанд. Сафи ҳоҷиён низ сол аз сол меафзояд, ки ин боиси ифтихори мо гаштааст. Аммо оддитарин молро аз ҷаҳони ғайриислом ба даст меорем. Сатҳи маърифати мо чунин аст, ки моро бо дасти худамон абарқудратҳо қатл месозанд ва аз тараққиёт боз медоранд. Ва барои анҷом додани ин амал на аз илм, балки аз диндории мо истифода мебаранд. Ҳамин аст яке аз тафовутҳои мо аз яҳуду насронӣ. Худ қазоват кунед?

Дар мамлакатҳое, ки ғайриисломианд, сатҳи миёнаи саводнокӣ 90% аст, ки ин нишондод дар мамлакатҳои мусулмоннишин 40 %-ро ташкил медиҳад. Дар кишварҳое, ки қисми зиёди аҳолиаш насронист, қариб 98 % -и аҳолиаш мактаби миёнаро хатм менамоянд. Барои мусулмонон бошад, ин нишондиҳанда 50 % аст.

Дар мамолике, ки қисми зиёди аҳолиаш мусулмон аст, ба сари ҳар 1000000 (миллион) нафар 230 олими соҳаҳои гуногун рост меояд. Дар ИМА бошад, ба сари ҳар як миллион аҳолӣ 5000 олим рост меояд.

Дар кишварҳое, ки қисми зиёди аҳолиаш насрониҳоянд, тақрибан 40 % - и аҳолиаш донишгоҳро хатм ва ё дар донишгоҳҳо таҳсил намуда истодаанд. Аммо ин нишондод дар мамлакатҳое, ки қисми зиёди аҳолиаш мусулмононанд, ҳамагӣ ба 4 % рост меояд. Ба ҳисоби миёна дар ҷаҳони ислом ҳамагӣ 0,2 % - и ММД барои бешбурд ва корҳои таҳқиқотии илмӣ ҷудо карда мешавад. Дар ҷомеаи ғайримусулмонӣ ин нишондиҳанда ба ҳисоби миёна 5 % аст. Ин чунин маъно дорад, ки олими насронӣ 25 маротиба бештар аз мо ба илм uамхорӣ менамоянд.

Чунин аст имрӯз таносуб миёни ҷаҳони яҳудиву насронӣ ва ислом.

Ба қавли Аллома Иқбол:

Қуввати Маuриб на аз чангу рубоб.

На зи рақси духтарони беҳиҷоб.

На зи сеҳри coҳиpoни лоларўст,

На зи урёнсоқу не аз қатъи мўст.

Маҳкамии ў на аз лодинӣ аст.

Не фурўuаш аз хати лотинӣ аст.

Қуввати Маuриб аз илму фан аст,

В-аз ҳамин оташ чароuаш равшан аст.

Ҳикмат аз қатъу буриди ҷома  нест,

Монеи илму ҳунар аммома нест.

Илму фанро, ай ҷавони шухшанг,

Маuз мебояд, на малбуси фаранг.

 Ба таваҷҷуҳ ба ин, моро зарур аст,, он аз ҳолати хурофоту таассуби динӣ – мазҳабӣ берун оем ва сарнавишти худро ба дасти худ, бо истифода аз илму дониш ва мантиқ бозсозӣ кунем:

"Илм ва Ҷомеа"- Маҷаллаи академии илмию оммавӣ №1 (5), 2017 119-122 саҳ.

Қурбониён Меҳрдод
     табиатшинос
Хондан 2430 маротиба