JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:08

Идея ва татбиқи он

Муаллиф:

  Дар ҷаҳони муосир соҳаҳои мухталиф дар асоси барномарезиҳои муайян пешрафти худро таъмин менамоянд. Ин барномарезиҳо маҳз аз идеяҳои гуногуни пешниҳодшуда, сарманшаъ мегиранд. Кам нафарон ғояҳои доҳиёна эҷод менамоянд. Дар аксари мамолики пешрафта 33% аз маблағи умумие, ки барои татбиқ гардидани идея сарф мешавад, ба соҳибони идея тақдим карда мешаванд.

  Дар роҳи амалишавии ин ё он идея ва ба ҳаёти воқеӣ татбиқ намудани он мамониятҳои зиёд ҷой дорад:

  1. Пеш аз ҳама барои ба даст овардани боварии маблағгузорон ба лоиҳа аз нигоҳи иқтисодӣ (характери бозоргирӣ, рақобат, арзиши воҳиди маҳсулоти бадастмеомада ё амали иҷромешуда нисбат ба бозор), илмӣ (ба принсипҳои муайяни илмӣ ҷавобгў) ва техникӣ (вобаста ба технологияи ҷорӣ)  бо арқоми дақиқ ва возеҳ ба роҳ монда шавад.
  2. Ҳизбҳои сиёсӣ ба татбиқшавии он зиддият нишон медиҳанд, зеро вазъияти ба вуҷудмеомада барои аз даст додани қудратҳои сиёсии онҳо мусоидат менамояд. Ҳалҳои дурустро одтан нафароне пешниҳод менамоянд, ки онҳо дар сохторҳои сиёсӣ фаъолият наменамоянд.
  3. Марҳилаҳои татбиқии идеяи нав вақти зиёдро талаб менамоянд ва эҳтимолияти амалӣ нашудани он ҷой дорад.

Аз идея то татбиқи он ва ба ҳаёти инсон мавриди истифода қарор гирифтан одатан даҳсолаҳо зарур аст.

Мисол, агар худи ҳозир синтези термоядроии арзон ба роҳ монда шавад, баъд аз бист соли татбиқи он ба иқтисоди ҷаҳонӣ таносуб пайдо менамояд.

Дар поён моделсозии як раванди аз ҳама зиёд ба ҳақиқати воқеӣ наздик нишон дода шудааст. Баъд аз ихтирои биосӯзишворӣ аз обсабзҳои баҳрӣ, ки бо роҳи арзон сўзишворӣ ба даст меояд,  маблағгузорон барои ба истеҳсолот татбиқ намудани он корро оғоз намуданд. Барои дар сатҳи калон санҷидани таҷриба, иҷозат гирифтан аз муассисаҳои экологӣ ва аз ҳукумат гирифтани замин ва то ба истеҳсолот татбиқ намудани он қариб 20 сол сарф мешавад.

Дар натиҷа, раванди татбиқшавии ғоя дар ҳолати бо муваффақият ба роҳ мондани корҳо 20 сол тӯл мекашад. Тақрибан иҷрои 90 % - чунин лоиҳаҳо то ба охир намерасанд.

Мисолҳои воқеии лоиаҳои инноватсионӣ

Лоиҳа

Оғоз

Нақшаи пешрафт

Вақти амалишавии лоиҳа

Муфассал

1

Лоиҳаи ширкати Nanosolar, фурӯши батареяҳои офтобии арзон

Ширкат соли 2000 оғоз ёфт. Истеҳсоли фотоэлементҳои тунук ба роҳ монда шудааст. Дар соли 2006 ба маблағи беш аз 100 миллион доллар ба истгоҳи аввалини худ бо иқтидори 450 мегаватт маблағгузориро қабул кард.

Нақшаи ба таври экспоненталӣ инкишоф додани истеҳсолот, лек бӯҳрони иқтисодӣ, рақобат ва масоили техникӣ суръати корро боз дошт.

 

 

 

 

 

15 сол

Моҳи апрели соли 2010 ба ширкат як чанд кӯмакҳо расонида шуд, лек ба ин нигоҳ накарда аз нақшаи некбинонаи худ дур монда буданд.

2

Реакторҳои ядроии модулӣ “Гиперион”. (Hyperion modular nuclear reactors)

Баромади сӯзишворӣ – 75 мегаватт, иқтидори электрикӣ– 25 мегаватт. Реактор аз ҷиҳати техникӣ бехатар буда, хизматрасонӣ лозим нест, зеро онро дар таги хок гӯр кардан мумкин аст. Ивази сӯзишворӣ дар корхона ба роҳ монда мешавад. Патент – 2003. Миқдори зиёди маблағгузориҳои венчурӣ – 2008 ­– ум сол

Соли 2013 ҳама корҳо аз рӯи нақша анҷом дода шуд ва соли 2015 дар ҳаҷми 100 дона реактор истеҳсол шуд, вале ба бозор бароварда нашуд.

12 сол

Соли 2009 бо сабабҳои сиёсӣ ширкат аз ба бозор баровардани реакторҳои пурсамар ба таври расмӣ даст кашид ва ҳоло реакторҳои анъанвиро ба фурӯш мебарорад

3

Системаи ба газ табдилдиҳии ангишт (Line Energy Underground Coal Gasifi­cation and Coal to Liquids production)

Соли 2000 – ум ширкат сохта шуд. Корхонаи азим барои истеҳсоли синтез – газ  соли 2003 – юм сохта шуд. Корхонаи азимтар барои истеҳсоли гази моеъ  соли 2008 –ум сохта шуд.

Истеҳсоли тиҷоратии 20 ҳазор баррел дар як рӯз – соли 2011. 400 ҳазор баррел дар як рӯз – соли 2015. 4 млн баррел дар як рӯз – соли 2020.

15 сол

Соли 1920 Ленин дар бораи дар зери замин ба газ табдил додани ангишт ҳамчун роҳи озод гардидан аз меҳнати гарони физикӣ навишта буд.

Ин ҷо дар бораи идеяҳое, ки характери истеҳсолӣ доранд ва аз дастовардҳои навини илму техника бархурдор бошанд,  сухан меравад. Олмон ва Ҷопон, ки баъд аз Чанги дуюми ҷаҳонӣ ба харобазор табдил ёфта буданд ва тавонистанд, ки дар муддати кўтоҳ, маҳз бо такя намудан ба дастовардҳои навини илмӣ, татбиқи онҳо дар соҳаҳои мухталифӣ техникӣ, маблағгузории ба соҳаи илм ва маориф  болои вайронаҳои худ иқтисодҳои бузурги ҷаҳониро офаранд.

Дар кишвари мо раванди бархўрди илм бо истеҳсолот на онқадар қавӣ аст. Эҷод гардидани идея ва татбиқ гардидани он низ дар раванди боло зикршуда дохил мешавад. Идеяи аз тарафи олимон ва ё шахсони дигар пешниҳодгардида ё ба талаботҳои дар боло зикргардида ҷавобгў нест ва ё соҳибкори ватанӣ аз муҳтавои асосии дастовардҳои навтарини илм фарсахҳо дур аст. Соҳибкорони ватанӣ фикр менамоянд, ки татбиқи ин ё он лоиҳаи иноватсионӣ бояд ба монанди киштнамоии пиёз бошад, яъне дар баҳор кишт намоӣ ва дар охири сол ба бозор бароварда, маблағ ба даст орӣ. 

Барои то сатҳи иқтисодӣ татбиқ намудани ин ё он лоиҳа, ки барои пешрафти иқтисоди кишвар таносуб пайдо хоҳад кард, пеш аз ҳама менеҷероне (дерек) лозиманд, ки байни олим ва соҳибкор робита барқарор намоянд. Муҳтавои асосии идея ва тақсимоти бадастоии маблағ бо гузашти вақтро бифаҳмонад. Вобаста аз имкониятҳои ҷуғрофии маҳал ва бароварда намудани мушкилотҳо мо бояд идеяҳо пешниҳод гарданд ва корҳои илмӣ тадқиқотӣ ба роҳ монда шаванд. Дар роҳи татбиқ намудани идея то сатҳи бозорӣ нақши соҳибкорони ватанӣ арзанда аст. Пас, соҳибкорони ватанӣ низ бояд аз паси ҷустуҷўи идеяҳои характери истеҳсолӣ дошта ва аз дастовардҳои фановарии ҷадид бархурдорбуда, бошанд.

Қурбониён Меҳрдод Субҳонӣ

 

 

Хондан 1769 маротиба