JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:05

Масъалаҳои фалсафии маорифи классикӣ

Муаллиф:

  Дар замони Ренессанс (Эҳё)-и Аврупо дар инкишофи ҷамъият ва табақабандии он ба сарватмандону камбизоатҳо, томияти мақсадноки фардӣ - иҷтимоии азхудкунии таҷрибаи калонсолон, аз ҷониби ҷавонон хароб шудан мегирифт. Барои ҷавонписари оилаи ашроф, ки ҳамеша бо ҳама чизи барои беҳдошти зиндагӣ зарур таъмин буд, чунин мушкилот вуҷуд надошт. Вай ба азхудкунии донишҳо ва сайқали додани қобилиятҳо, ки арзишу аҳамияти истифодаашон барояш равшан нест, бепарво аст. Бинобар ин, ӯ маънои меъёрҳои ҷамъиятӣ ва арзишҳои фарҳангиро намефаҳмад. Ҳамин тавр, аввалин падидаи оилавии туфайлихӯрӣ пайдо шуда, баъдан ба зуҳуроти иҷтимоӣ мубаддал мешавад. Дар баробари ин, дар ҷамъият масъалаи аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб пайдо мегардад.

Аз ин рӯ, маълум мешавад, ки низоми табиии таълиму тарбияи оилавӣ бо сабаби банд будани волидон дар кори ҷамъиятӣ (сабаби объективӣ) ва ғамхориву меҳрубонии аз ҳад зиёди нисбат ба тифл рӯ ба фасодшавӣ меорад. Ин масъала пайдоиши душвориҳоро дар интиқоли рамзҳои иҷтимоии касбӣ - номӣ ифода менамояд: ҷавон мехоҳад, ки худашро дар қолаби рамзи иҷтимоии исмӣ -шахсӣ нишон дода, бартарият пайдо менамояд. Албатта, агар имконият ва хоҳиш дошта бошад, бо роҳи зоҳирии сохтани «корнамоиҳо» чунин амалро анҷом медиҳад.  

  Дар ҳамин ҳол, эҳтиёҷот ба омӯзгорон - мураббиён ба миён меояд, ки вазифаи онҳо аз бачаҳои эркаи ашроф бо роҳи ҷалб кардани онҳо ба рамзи иҷтимоии касбӣ - номӣ, тарбия кардан ва ба воя расонидани ашхоси мӯҳтарам (лашкаркашон ё сиёсатмадорон) мебошад. Бояд гуфт, ки дар он замон дар қишрҳои дигари ҷомеа ин мушкилот вуҷуд надошт. Ҳамин тариқ, талабот пешниҳодро ба миён меорад, яъне унсурҳои низоми ояндаи маориф - ниҳоди иҷтимоии мақсадноки интиқоли рамзи иҷтимоӣ, масоили анъанавии маориф пайдо мешаванд. Ҳамчунин, барои ҳалли масъалаҳои анъанавии маориф – педагогика, яъне маҷмӯи қобилиятҳои касбии педагогӣ, қоидаҳо, усулҳо ва методҳои интиқоли рамзи иҷтимоӣ низ рушд намуданд.

  Лекин, ҳанӯз дар асрҳои бостон маълум мешавад, ки анъанаҳои бадоҳатан ташаккулёфтаи маориф ба таври басанда самаранок нестанд ва талаботи ҷамъиятиро қонеъ карда наметавонанд. Масалан, файласуфи маъруфи Рими қадим Марк Фабий Квинтилиан таҷрибаи ҷазодиҳиро, ки аз шогирд ғулом месохтанд, мазаммат карда, пешниҳод намудааст, ки он бо принсипи мусобиқаварзӣ иваз карда шавад. Гап сари он аст, ки усули ягонаи омӯзгорони он давра принсипи «монанди ман амал кун» буд, ки ҳангоми омӯзиши ҳаракатҳо, бархӯрдҳо, баҳодиҳӣ ба падидаҳо, самтгирӣ дар вазъиятҳо, умуман рафтор комилан мақбул аст… Аммо вақте сухан дар бораи хоҳишҳо, мақсадҳо, эҳсосот ва махсусан афкор, яъне дар бораи фаъолият меравад, он усул хуб корбаст шуда наметавонад, зеро аз мақсади калонсол фарқ мекунад. Бинобар ин, Марк Фабий одатан ба чунин таълим муқобилият мекунад. Омӯзгор бошад, дар шахси шогирд на ҳамчун калонсоли ба худ баробар, балки навраси нодон, гапнодарову саркаш ва якравро мебинад. Аз ин рӯ, тарзи асосии ба итоати мураббиён ҷалб кардани шогирд дар он замон ҷазо ба шумор мерафт, ки гӯё он чиро устод талаб менамояд, шогирд  намехоҳад, ба иҷро расонад. Дар натиҷа иртибот вайрон мешавад ва чунин таълим аксаран на танҳо масъалаи дар наздаш гузошташударо ҳал намекунад, балки онро душвортару чигилтар месозад: устод дар назари шогирд душман мешавад. Аз ин ҷо, масъала оид ба интиқоли инсонандозагии рамзи иҷтимоӣ ба миён меояд.

  Файласуфони Юнони атиқа маҷмӯи томи чунин таъсир ба шогирдро меҷустанд, ки барои дар шахси шогирд тарбия кардани инсони идеалӣ ва шаҳрванди намунавӣ мусоидат намояд. Мутафаккирони юнонӣ онро пайде - муҳити фарҳангӣ, ки ғояи инсонандозагиро дар ҳудуди пурааш амалӣ мегардонад, меномиданд, Дар инсон аз ҳар ҷиҳат мустақилӣ, қобилияти ҳал кардани ҳама масъалаҳо дар мувофиқат бо анъанаҳо ва манфиатҳои ҷамъиятӣ, бомаданиятӣ, тарбиятнокӣ, рағбат ба санъатҳо, тарбияи ҷисмониро ташаккул медиҳад. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар замони муосир ин мавзӯъро муаррихи олмонии педагогика Вернар Йегор тасдиқ мекунад. Масалан, Афлотун чунин меҳисобид, ки ба бачагон омӯзонидани намудҳои зарурии фаъолият бояд танҳо тадриҷан сурат гирад, то ки дар онҳо якбора вокуниши сахти манфӣ ангехта нашавад. Арасту аллакай ҳадафҳои умумии маорифро бевосита ифода карда буд: дар шогирд ташаккул додани қобилиятҳои зеҳнию амалӣ, инчунин сифатҳои ахлоқӣ, ки минбаъд масъалаи асосии методологии педагогикаро муайян кард: таҳияи усулҳои таълимие, ки мутобиқати мутаносиби ин се ҷанбаро бо дарназардошти тафовутҳои иҷтимоии шогирдон тибқи хусусиятҳои фарҳангӣ-миллии ҷомеа дар ҳар марҳилаи инкишофи он кафолат медиҳад, - ҳамин мӯҳтавои мафҳуми «пайдея»-ро ифода мекунад.

  Дар асарҳои миёна, дар шароити ҳукмронии дину мазҳаб мақсади маориф ба тарбияи маънавӣ - ахлоқӣ нигаронида мешавад, ки моҳияти он аз ташаккулу такомули бошууронаи фармонбардорӣ, тобеияти бечунучаро ва хизмат ба Худованд ва подшоҳ иборат буд, маҳз ҳамин сифатҳо маънои инсонандозагиро ифода мекарданд. Фаъолияти калисо назорат аз болои интиқолоти тағйирии рамзҳои иҷтимоӣ, манъи интиқолоти тағйирие, ки ҳудуди сохтори иҷтимоии ҷомеаро вайрон менамуданд (мубориза зидди бидъатҳоро фаро мегирифт), буд. Маҳз дар ҳамин давра дар мактабҳои дайрӣ маорифи низомӣ ва усулӣ, бисёрзина, вале албатта, на он қадар оммавӣ ташкил меёбад, ки имкон медод бидуни заҳмат бо истифодаи манфиатҳои шахсии шогирдон, болаёқатҳоро аз белаёқатҳо ва баландболаёқатҳоро аз камлаёқатҳо ҷудо карда, ба ин васила талаботи касбиву иҷтимоии калисоро қонеъ намояд. Шакли ягонаи азхудкунии донишҳо ба хотирагирии низомҳои анъанавии мафҳумӣ - Библия ва тафсирҳои расмии он мешавад.

  Инқилоб дар маориф ба давраи Эҳё рост меояд, ки он вақт талабот ба шумораи зиёди инсонони маълумоти касбидошта пайдо мешавад: инро ҳам касбҳои инкишофёбанда, ҳам иқтисодиёт, ҳам соҳаи иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ва ҳам илми босуръат вусъатёбанда тақозо намуд. Аврупо оҳиста-оҳиста ва бо мушкилӣ аз арзишҳои асримиёнагӣ даст мекашид, он гуна, ки тамоми ҳаёти ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ, рамзҳои иҷтимоӣ ва фаҳмиши инсонмеъёрӣ ба интиқолоти тағйирии нав дучор мегарданд: рамзи иҷтимоии универсалӣ - мафҳумӣ (аврупоӣ), ки ба қобилияти кори зеҳнӣ - мафҳумӣ такя мекунад, асосӣ мешавад. Зимнан рамзи иҷтимоии пешинаи касбӣ - номӣ ба универсалӣ - мафҳумӣ тобеъ ва вобаста карда шуд, ҳарчанд онҳо ба таври ногусастанӣ алоқаманданд. Ин ҳарчӣ бештар дар ҷудо шудани меҳнати фикрӣ аз ҷисмонӣ, назария аз амалия ифода меёбад.

  Рушди фарҳанг ба ду тамоюл - ҳифзи анъанаҳо ва инкишоф ҷудо мешавад. Дар маориф ва педагогика ин тамоюлҳо ду самтро тавлид кардаанд, ки то ҳол мавҷуданд. Самтҳои мазкур бо он тафовут доранд, ки чиро асосӣ ҳисобидан лозим – ташаккули қобилиятҳои анъанавӣ дар қаъри асрҳо санҷидашудаи барои ҷомеа зарурии шахс ва сифатҳои ахлоқии ӯ, ки пеш аз ҳама, ба ҳифзи анъанаҳо (рамзҳои иҷтимоии асосӣ) нигаронида шудаанд ё ташаккули тамоюлоти эҷодӣ, ки ба барҳам задани анъанаҳо, эҷоди тарзҳои сифатан нави интиқолоти тағйирии рамзҳои иҷтимоӣ ва сифатҳои нав, ки барои татбиқи онҳо мусоидат менамояд. Бинобар ин, барои равияи аввалӣ, яъне классикӣ, низоми маориф муҳим аст, ки ихлосмандии инсонро ба тартиботи мавҷудаи иҷтимоӣ ҳамчун арзиши олӣ ташаккул диҳад, дар айни замон барои равияи дуюмӣ, ғайриклассикӣ,низоми ба инкишофи шахсӣ, фардӣ, эҷодӣ мусоидаткунанда муҳим аст. Ин равияҳо дар тӯли таърихи минбаъда зуҳур карданд, инкишоф ёфтанд ва ба мухолифат дучор шуданд.

  Дар чорчӯбаи равияи классикӣ педагоги шаҳири чех Ян Амос Каменский (асри XVII) кор мекард, ки асосҳои педагогикаи анъанавии Аврупоро дар муттако ба идеалҳои давраи Эҳё оид ба принсипҳои умумият, усулият ва марҳиланокӣ гузошт. Ғояи асосии асари машҳури Я.А. Каменский «Пампедия» дар он аст, ки ба қобилиятҳои беинтиҳои рӯҳи инсонӣ танҳо таълими ҳама, роҷеъ ба ҳама ва ҳамаҷониба тавъам мебошад. Зимнан ӯ ба иртибот, яъне муносибатҳои нек дар байни омӯзгор ва шогирд таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир менамуд ва моҳиятан консепсияи ба замонаи мувофиқи пайдеяро, ки тарбияро аз таълим ҷудо намекард, таҳия сохт.

  Аммо тараққиёти саноат таълими оммавӣ ва босуръати технологиро тақозо мекард, ки ин ба соддакунии назарраси маориф оварда мерасонид. Саноати бошиддат рушдёбандаи капиталистӣ (сармоядорӣ) на инсонҳои идеалӣ, балки кормандонеро талаб мекунад, ки қобилиятҳои оддитарин ва қобилият ба гапдароӣ доранд ва ҳамин масъалаҳо, яъне тобеъияти тарбия ба таълим нақши муайянкунанда касб менамояд. Қадами ҷиддиро дар технологикунии низоми таълим, яъне ғайришахсикунонии шогирд ва устод, файласуфи машҳури Англия Ҷон Локк (нимаи дуюми асри XVII) ниҳод. Локк асоси ҳама гуна азхудкунии донишҳоро на дар маҷбуркунии бевосита, балки дар такрори бисёркарата ва усулии ғайритаҳлилӣ меҳисобид, ки дар натиҷаи он шогирд бояд худаш зарурияту ногузирии азхудкунии маводи таълимиро дарк намояд, амалиёти таълимиро такрор карда ва онро одатӣ гардонад. Ҳамин тавр, дар шогирд ҳам сифатҳои иродавӣ ва ҳам ақлӣ ташаккул меёбад, ки қобилияти баҳо додан ба ҳама рӯйдодҳоро дорад. Зимнан омӯзгор аз муносибати шахсӣ бо шогирд наҷот меёбад: ӯ танҳо қобилиятҳои шогирд - интизом, фармонбардорӣ ва муваффақиятҳои вайро баҳогузорӣ мекунад, яъне иртибот ва тарбия расмию аз муносибату эҳсосоти шахсӣ новобаста мешавад.

  Чунин низоми маориф хеле пешқадам менамуд, зеро «боадабҳо» ва инсонҳои кордонро омода мекард ва дар зимни усулҳои иҷбории дар ҳамон вақт мавҷудбудаи таълим башарпарварона низ буд. Он дар Англия, қисман дар Аврупо ва баъдан дар Россия паҳн гардид.

  Шакли олии инкишофи ин низомро дар асри XIX дар Олмон Иоганн Фридрих Гербарт корбаст намудааст. Ӯ мехост, ки таълим ва тарбияро дар чорчӯбаи маориф бо асосҳои илм муттаҳид созад. Дар давраи ривоҷи бошиддати ҷомеаи сармоядорӣ илм асоси ягонаи умуман соҳибфарҳангӣ эътироф гашт, касбият ва маълумотнокии илмӣ муродифи ҳамдигар шуданд. Омӯзгорӣ бошад, нуфузи касби давлатиро касб намуд. Маҳз аз ин сабаб асоси низоми маориф дар консепсияи Гербарт илм шуд. Ба асоси усулии он ҷадвали инкишофи шуури олим гузошта шуд, ки барои ӯ тадқиқот аз наврасӣ муҳимтарин рағбати ҳаётӣ мебошад. Гербарт дар такя ба ривоятҳи атиқӣ, асари «Одиссея»-и Гомерро намунаи беҳтарину олитарини ахлоқӣ - тамоюл ба афзалиятдошта медонад. Барои он ки аз шогирд олим ба воя расад, бояд ба ҳисси кунҷковии табиии ӯ такя кард ва онро ба ҳар васила сайқал дод. Устод ҳаргуна кашфиётиро, ки шогирд мустақилона ба вуҷуд меовард, ҳавасманд менамуд. Зеро чунин ҳисобида мешуд, ки ин шавқу рағбати таҳқиқгарии ӯро таҳрик медиҳад ва худтакмилдиҳӣ водораш месозад. Барои инсони таълимгиранда ҳушмандӣ сифати асосии шахсияти ӯ мешавад, ин чунин маънӣ дорад, ки масъалаи инкишофи зеҳнӣ ва тарбия худ ба худ ҳал мегардад. Чунки инсони ҳушманд дар ҳама ҳолат ҳалли дуруст меёбад ва дуруст рафтор мекунад. Дорошавӣ ва ҳушмандӣ, яъне қобилияти истифодабарии ҳуш, мувофиқи зинаҳои худи илм ҷараён мегирад: таҳлили мавод «возеҳӣ», ҷудо кардани умумӣ «ассосиатсия», ошкор сохтани қонунҳо «низом», таҳияи назария «усул»; он чунин марҳилаҳо дорад: тасвирӣ, таҳлилӣ, омезишӣ. Зимни чунин маориф дар асоси кунҷковии табиӣ зеҳн бемаҳдудият инкишоф меёбад, инсонро ба ҳамаҷонибагии шууру шахсияташ, фаъолиятмандӣ, принсипҳои ахлоқӣ, комёбиҳои ҳаёт таъмин месозад.

  Низоми Гербарт дар маорифи Аврупо ва Америка муддати мадид ҳамчун низоми пешбар боқӣ монд. Аммо инкишофи пурвусъати саноат дар асри ХХ, аз миёнравии касбҳои анъанавӣ ва ташаккулёбии дигар касбҳо донишу малакаҳои дигареро тақозо мекунад. Эҳтиёҷот на танҳо ва на он қадар ба инсонони аз илм воқиф, балки ба бунёдкорони истеҳсолот, тоҷирон, кормандони молия, умуман – ба онҳое, ки донишҳои илмиро дар амал татбиқ карда метавонанд, меафзояд: муҳандисон, техникҳо, коргарон пайдо мешавад. Ҷавоб ба ин ниёзи ҷамъиятӣ дар Америка низоми педагогии Ҷон Дюи шуд, ки ӯ маънои маорифро умуман дар ташаккулёбии инсони аз ҷиҳати иҷтимоиву иқтисодӣ озод ва кордоне медид, ки барои ӯ кор барои худ ва барои ҷомеа баробармаъност. Ин чунин маъно дошт, ки маорифро бояд аз фаъолияти илмӣ ба амалӣ нигаронида шавад: танҳо донишҳое ба азхудкунӣ меарзанд, ки том, рӯзмарра фанианд ва натиҷаи амалӣ медиҳанд. Зарур аст, ки ба кӯдак на ҳамту донистан, балки, пеш аз ҳама, бо истифодаи донишҳо амал кардан омӯзонида шавад, - танҳо дар ҳамин ҳолат ӯ метавонад ҳаёти худро мустақилона барпо созад, муваффақият ёбад ва дар ҷомеа мақоми шоиста ишғол кунад (ки ин ҳавасмандии табииро ба омӯхтан аз ҷониби ӯ таъмин менамояд). Ғояҳои мушобеҳро дар Аврупо Вилгелм Август Лай, ки консепсияи «Мактаби амал»-ро таҳия кард, инкишоф медод.

 Номвар ҚУРБОНОВ

 

 

Хондан 2198 маротиба