JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 17:02

Забони тоҷикиро олуда насозед.

Муаллиф:

  Чаро забони тоҷикиро маҳс бо забонҳои русиву ӯзбекӣ олуда месозем. Оре, ҳастии ҳар як миллату давлат ба забони худ вобастаги доранд. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки забони модарии худро гиромӣ дошта, дигаронро баҳри фарогирии он талқин намояд. Мо тоҷикон забони модарии худро хело ва хело дӯст медорем. Новобаста аз фишори чандинкаратаи аҷнабиён ин забон завол наёфта, асолати таърихии худро нигоҳ доштааст. Маҳз тавасути ҳамин забон мардуми тоҷик ҳастии худро ҳифз намуда аст. Чӣ хеле, ки шодравон устоди бузурги зиндаёд Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

 Заҳр бодо шири модар бар касе,

К – ӯ забони модарӣ гум кадааст.

Забон яке аз нишонаҳои муҳими шинохти миллату давлат буда, алфози ширини баёни мухобирот байни одамон аст. Инсон агар андешаи худро бо имову ишора, рафтор, кирдор, ранг, садо, формула ва ғайраҳо низ баён карда тавонад, аммо воситаи асосии ифодаи фикру андеша ин забон аст. Ба ин маънӣ Саъдии Шерозӣ гуфтааст:

Забон дар даҳон, эй хирадманд, чист?

Калиди дари ганҷи соҳибҳунар.

Забон воситаи пурарзиши мухобироти инсоният ба шумор меравад. Забони тоҷикӣ омили асосии рушду камоли миллат ва давлат мебошад. Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар шудаанд ва ҳузури ҳарду ба меҳнат вобастагӣ дорад. Забон хоси инсон буда, яке аз нишонаҳои асосии миллат яъне оини фарҳанги халқ аст. Аввалин ва муҳимтарин рукни ҳастии ҳар халқ ин забони ӯ мебошад. Забон калиди дари дониш ва маърифат аст ва дар ҳама зинаҳои инкишофи таърих метавонад ба нафъи инсон хидмат намояд. Ҳар як халқу миллати рӯйи олам дорои забони модарии хешанд, ки тӯли қарнҳову солҳо ӯ онро ҳифз кардаву аз маҳвшавӣ эмин нигоҳ доштаанд. Дар дунё зиёда 2 – 2,5 ҳазор навъи забон маълум аст, ки ҳар яке аз якдигар бо тарзу услуби баёни хеш тафовут доранд. Он воситаи рушди маънавиёт ва пояи ҳастии миллат аст.

Беҳуда устод Расул Ғамзатов нагуфтааст, ки “Агар донам, ки пагоҳ забони модарии ман аз байн меравад, ман дар ҳамон вақт омода ва тайёрам, ки имрӯз бимирам”. Забони тоҷикӣ, забони миллати мо ва забони давлатии кишвари соҳибистиқлоли маҳбуби Тоҷикистони мо ба шумор меравад.

Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” 5 – уми октябри соли 2009 қабул ва тасдиқ карда шуд. Қонуни мазкур бошад аз 7 боб ва 28 модда иборат аст.

Борҳо шоҳиди он мегардем, ки дар саҳни донишгоҳу донишкадаҳо, омӯзишгоҳову мактабҳои миёна, боғҳову паркҳо, бозору мағозаҳо ва кӯчаҳову пасикӯчаҳо шумораи зиёди одамон забони модарии худро бо забонҳои русиву ӯзбекӣ олуда сохта, боиси аз байн рафтани калимаҳои асили забони модарии худ мегарданд. Аз як нигоҳ агар гирем омехташавии калимаҳои забонҳои ғайр боиси бою рангинсозии забон гарданд, аз сӯйи дигар боиси он мегарданд, ки мо камтар калимаҳои сирф тоҷикии хешро дар забони гуфтугӯӣ мавриди истифода қарор медиҳем. Шоири товоно Мӯъмин Қаноат мегӯянд:

Баҳри ман танҳо забони модарист, ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест, чунки меҳри модар аст.

Зеро, агар худ ба тарзи гуфтори худ аҳамияти калон диҳем, бемуҳобо гуфта метавонем, ки дар як ҷумлаи гуфтаи худ кам андар кам ду ё се калимаи русӣ ё ӯзбекиро истифота хоҳем кард. Ин калимаҳоро чунон сад дар сад зиёд истифода намудаем, ки хаёлан гумон мекунем, ки аллакай аз худи забони модарии халқи мост.

Борҳо дар кӯчаву пасикӯчаҳо, бозору мағозаҳо ва паркҳову боғҳои истироҳати шоҳиди гуфтугӯи шумораи зиёде аз шахсон мегардему аз тарзи гуфтугӯи онҳо фикр ба он мекунем, ки онҳо бо кадом забон муошират карда истода бошанд?

Зеро, агар як калима тоҷикӣ бошад, калимаи дигараш русист ё ӯзбекист, аз он ҷумла “русӣ: главний корпус меравӣ, зачота гирифтӣ, баҳои егзамиата нагирифтӣ, да университетдаӣ, иниститут нарафтӣ, дар зал маҷлис рафтейстад, пригмахердаӣ, салон красотадаӣ, акаи красавчик, ака приветь, читатта хушрӯй кун, то рӯзи понаделник, дисвителна кор кардетон, бале маладсӣ, насамдела рост, срочна даркорай, капуста ҳастай, одами никанкретний будагӣ, хай пака, даже ҳамин қадар, уже дер шудагӣ, вай проблемаи ту, завтра абизателна мебинем, алакай позна, астановкаба маънуш кун, сиветафорба бест, пешихода маън кун ва ӯзбекӣ: кор бормӣ, шумо яхшимӣ, бир гапе, ёқ шав, корҳо тузукмӣ, қалайми шумо, улоқ мешавадмӣ, ту каттазанӣ, биёед ачоқ кунем, кани қаробақӯлтуқ кунем, аз юрушат маълумай” ва ғайраҳоро мо дар ҷараёни сӯҳбат кардан истифода мебаранд.

Бо ин манзур ман гуфтанӣ нестам, ки набояд ба ғайр аз забони тоҷикӣ бо дигар забон ҳарф зад, зеро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфтан бо забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ, англисӣ, франсузӣ, форсӣ, чинӣ ва ӯзбекӣ мамнӯъ нест. Баръакс, мехоҳам инро қайд намоям, ки модоме мехоҳем бо забони дигаре сухан ё ҳарф занем, ё хоҳиши забонеро ба воситаи сухан гӯфтан байни ҳамдигар аз худ кардан хоҳед, пас чаро забони тоҷикиро низ бо он омехта менамоеду баъдан ҳарф мезанед? Бояд ҳар як инсоне, ки бо дигар забонҳои бегона муошират мекунад, пас то охири суханаш бо ҳамон забон ҷамъбаст кунад ва дигар забонҳоро олуда накунад. Баъди рӯй овардан ба луғати фарҳанги забони тоҷикӣ аз калимаҳои нави бори аввал шунида дар шигифт хоҳем монд.

Моро мебояд ҳар чӣ бештар бо забони адабии гуфтугӯии худ сухан намудаву фонди луғавии забондонии модарии хешро бой ва ғани гардонем. Дар ҳолате, ки чанд забони хориҷиро донему бо онҳо сӯҳбати озодона карда ҳам тавонем, агар рафти ҷараёни сӯҳбат бо забони модарии хеш ба мушкилие бархӯрем, ин амали нобахшиданиест, баҳри ҳар як соҳибзабон ва инсонҳое, ки бо забони модарии худ сӯҳбат мекунанд.

Зеро, забон асоси рукни давлатдории ҳар як миллату давлати рӯйи ҷаҳон ба шумор меравад. Забони адабии ҳозираи тоҷик яке аз забонҳои пурсарвати дунё буда, таърихи тӯлонӣ ва ғанӣ дорад. Баробари пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт, илм, техника, адабиёт, санъат, маданият, фарҳанг, иқтисодиёт ва сиёсат забон низ такмил, рушду нумӯъ меёбад, таркиби луғавӣ бой мегардад, аз захираҳояш вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногун истифода мекунанд, меъёрҳои муқаррарӣ устувортар мегарданд, сатҳи забондониву маданияти нутқи соҳибзабонон баланд мешавад. Илова бар ин, лозим аст, ки ба забони давлатии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро забон пурарзиштарин мероси гузаштагони мо ба наслҳои оянда хоҳад буд.

Шервони УМРИДДИН
журналист
 
Хондан 6887 маротиба