JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:55

Аз фанҳои дақиқ натарсед!!!

Муаллиф:

 Ман дар таътили тобистона бо баъзе одамоне во хӯрдам, ки то ҳол заминро дар болои шохи гов тасаввур мекунанд. Ба чунин тасаввуроти онхо хандаам омад, лек боз ғамгин гаштам, ки ҳанӯз ҳам баъзе нафарон чунин тасаввурот доранду аз тараққиёти илму техника қафо монда, оиди ҳодисаҳои табиат тамоман тасаввуротҳои хато ва хандаовар доранд. Ҳанӯзам сабабҳои ҳодисаҳои оддии дар гирду атроф рӯй медодаро намедонанд. Масалан, сабабҳои пайдоиши шабу рӯз, боридани барфу борон, ивазшавии фаслҳои сол, тағйирёбии рангҳои табиат чизҳоеанд, ки бояд ҳар як шахс донад ва дар бораи онҳо андаке ҳам бошад маълумот дошта бошад, зеро инсон аз рӯзе, ки худро шинохт ба омӯзиши ин гуна ҳодисаҳо пардохт ва дар натиҷа бисёр маълумотҳоти заруриро ба даст оварда аст.

   Мо, ки дар асри ХХ1 зиндагӣ дорем, бояд на танҳо дар бораи ҳодисаҳои табиат маълумот дошта бошем, балки сабабҳо ва истифодаи самараноки онҳоро дар ҳаёт хеле хуб донем. Яке аз мақсад ва вазифаҳои илми муосир бо харҷи камтарин фоидаи зиёдтаринро ба даст овардан аст. Ин фақат вазифаи иқтисодиёт нест, ин вазифаи фанҳои дақиқ аст. Вазифаи математикаву химияву физикаву геология. Масалан, барои он ки мо энергияи арзону босифат ба даст биёрем, бояд роҳҳои ба даст овардани онро донем ва дар натиҷаи ҳисобу китоби назариявӣ роҳи арзонтарин ва технологияи босамартарини коркарди онро ёбем, ки дар шароити Тоҷикистон истифодаи энергияи обӣ ва атомӣ аст.

 Барои он ки Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта бошад, бояд илмҳои дақиқу табиатшиносӣ рушд кунанд. Барои он ки ин илмҳо, тараққӣ кунанд, мутахассисони баландпояву таваҷҷӯҳи зарурӣ даркор. Бале, бе мутахассису бе таваҷҷӯҳ ба ҳеҷ ҷой расида наметавонем. Ҳол онки  кадрҳои асил хеле камшумору таваҷҷӯҳ рӯякӣ аст. «Таваҷҷӯҳ»-е , ки имрӯз ба фанҳои дақиқу техникӣ дода мешавад, «уштурро бо кафлес об додан аст», ҳарчанд, ки тавассути телевизиону матбуот рекламаву воҳимаи зиёд карда мешавад.

  Ман мехостам имрӯз дар матбуоти мо ба ҷуз сиёсату мадҳу таърифу танқиди мансабдорону роҳбарон, баҳси таъриху ҷанги шаҳрвандиву шеъру сухану мавзӯъҳои дигар ба масъалаҳои илмҳои табиатшиносиву тарғиби онҳо низ рӯй биёрем, то тавонем сатҳи дониши халқи  худро то ҳадде боло барем ва шавқи онҳоро ба омӯзиши фанҳои дақиқ бедор намоем.

  Ман ТВ «Баҳористон»-ро мисол меорам, ки бисёр барномаҳои аҷоиб дорад, ки бисёр чизҳову маълумотҳои илмиву истеҳсолиро ба таври соддаву оммафаҳм ва расму тасвиру наворҳои ҷолиб намоиш медиҳад, ки натанҳо кӯдакон, балки калонсолон ҳам метавонанд, аз он маълумотҳои хубе ба даст оранд. Ин корро бояд дастгирӣ кард ва дар газетаву телевизионҳои дигар идома дод.

    Дар газетаи «Ба қуллаҳои дониш» низ солҳои гузашта оиди саргузашти олимони физикаву химия силсиламақолаҳо чоп мешуд. Ҳамчунин дар ҳар шумора рӯйхати олимоне, ки дар соҳаи физика ба ҷоизаи Нобел сазовор шуда буданд, нашр мегашт. Бо ба охир расидани «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» ин анъана низ ба охир расид. 

   Ман ба газетаи «Ба қуллаҳои дониш» як пешниҳод доштам, ки як гӯшаеро барои пурсу посух ҷудо кунанд ва бигзор ба саволҳои хонандагон олимони варзида, профессорону устодони соҳибтаҷриба ҷавоб гӯянд. (Метавон, ки телефони редаксияро барои қабули саволҳо истифода бурд). Бо ин робитаи газета бо хонандагону робитаи хонандагон бо илм ва ҷустуҷӯҳои илмӣ зич мешавад. Ҳудуди саволҳо метавонад ҳама соҳаҳоро дар бар гирад. Масалан ба саволҳои «Оё дар Тоҷикистон сохтани нерӯъгоҳи атомӣ имкон дорад?», «Чӣ тавр бояд зарари хушксолиро дар соҳаи кишоварзӣ пешгирӣ кард?» , «Ҳар сол ба Тоҷикистон чӣ қадар сайёҳ меояд?» ва ғ. агар мутахассисон ҷавоби мухтасару бо мазмун гӯянд, хонандагон ба бисёр саволҳои хеш ҷавоб гирифта метавонанд.

   Масалан  ман як мисол меорам:

   Савол: Барои чӣ шабу рӯз мешавад?

    Ҷавоб: Ҳама медонем, ки Замин дар гирди Офтоб давр мезанад. Барои содда карда фаҳмонидан Заминро ҳамчун тӯб ва офтобро ҳамчун чароғ  тасаввур менамоем, ҷоёе, ки чароғ равшан менамояд рӯз асту тарафи дигараш шаб. Дар натиҷаи гардиши Замин дар гирди меҳвараш мавқеи шабу рӯз тағйир меёбад. 

   Ин намуд саволҳо бисёранд ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи мову шумо бисёр во мехӯранд.

   Имрӯз дар дунё бисёр китобҳо ва маҷмӯаҳои илмӣ-оммавӣ чоп шудаанд, ки ҳам тарзи навишташон содда ва ҳам бо мисолҳои шавқовару мушаххас мукаммал гардонида шудаанд, ки кас метавонад ба саволҳои гуногуни худ ҷавоб ёбад, вале бо забони тоҷикӣ ёфтани асарҳои илмӣ-оммавии фанҳои дақиқ хело душвор аст. Ҳатто, чӣ хеле, ки устод Боймурод Алиев дар шумораи гузаштаи «Ба қуллаҳои дониш» гуфтаанд, дар «китобҳои дарсии забон мисолҳо аз фанҳои дақиқ оварда намешавад» (Устоди гиромӣ сатҳи имрӯзаи фанҳои дақиқро воқеъбинона баён кардаанд).  Бинобар ин олимону мутахассисони илмҳои табиатшиносӣ (физика, химия, биология, геология ва ғ.)-ро зарур аст, барои оммафаҳм гардонидани илм кӯшанд. Чунки имрӯз қисми зиёди ҷавонон фанҳои математикаву химияву физикаро бад мебинанд, зеро метарсанд. Аз формулаву ҳисобу китоб метарсанд (дар ҳақиқат баъзе формулаҳо душворанд, лек…). Китоберо, ки дар он формула навишта шуда бошад ба даст намегиранд. Ҳол онки қариб тамоми қонуниятҳои табиат формулабандӣ шудаасту тавассути он шарҳ дода мешавад. Бинобар ин мо бояд барои ба дигарон (онҳое, ки формулаҳоро бад мебинанд) фаҳмонидан аз формула истифода набарем. Зеро то ҳадде шарҳ додани ҳодисаҳои табииву физикӣ бе ёрии формула имкон дорад. Ин барои тарғибу ташвиқи илм кӯмак менамояд. Инчунин аз рӯзгори олимон, таърих ва тарзи кашфиётҳо, истифодаи илм дар ҳаёти ҳаррӯза, оиди сохтани асбобҳо додани маълумотҳои шавқовар аз манфиат холӣ нест. Бо ин роҳ мо метавонем ҳама ҳодиса ва асрори табиатро содда ва ба ҷаҳонбинии хонанда мувофиқ карда шарҳ диҳем, яъне илмро оммавӣ гардонему оммаро ба сӯи илм раҳнамо созем.

                            Ризои Баҳромзод,

Хондан 2857 маротиба