JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:47

Ташаккули маорифпарварӣ ва равшанфикрии Аврупо

Муаллиф:

  Маорифапварӣ ва ҳаракатҳои зеҳнию маънавӣ дар охири асри 17 ва аввали асри 19 дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ба вуҷуд омаданд. Ин ҳаракатҳо идомаи гуманизм (исондўстӣ)-и замони Эҳё ва ибтидои ратсионализми муосир буда, ба пешрафти илми замона пояҳои таълимии фалсафӣ гузоштанд: рад кардани ҷаҳонбинии динӣ ва бозгашт ба хирад ҳамчун маҳаки ягонаи дониши инсон ва ҷомеа. Мафҳуми «равшанфикр» пас аз нашри мақолаи асосгузори фалсафаи классикии Олмон, И. Кант (1724-1804) таҳти унвони «Ҷавоб ба саволи: Равшанфикрӣ чист?» соли 1784 мустаҳкам гардид. Решаи истилоҳи «равшанӣ», ки аз вожаи «маърифат» (англ. Enlightenment; фарн. Les Lumières; олм. Aufklärung; итал. Illuminismo) гирифта шудааст, ба ривоятҳои қадимаи динии дар ҳар ду аҳд - Қадим ва Нав вуҷуддошта, рафта мерасад.

   Дар фаҳмиши схоластикии асримиёнагӣ Офаридгор рўшноиро аз зулмот ҷудо мекунад ва дар ин фаҳмиш худи Худо ҳамчун равшанӣ таъриф дода мешавад. Дар дини насронӣ маърифатнокии башарият аз равшании таълимоти Исои Масеҳ сарчашма мегирад. Дар дини ислом бошад, нахустасоси кулли мавҷудоти олам нури Муҳаммад аст. Чунин тарзи фаҳмиш фаҳмиши динӣ буда, моҳияти аслии равшанфикриро баён карда наметавонанд, зеро дар ҳеҷ дине инсон озод буда наметавонад. Ва агар инсон озод нест, бемуболиға вай равшанфикр нест, чунки дин ҳамчун догма хирад ва ҷаҳонбинии инсонро дар маҳдуди худ нигоҳ медорад. Сабаби асосии пайдо гардидани ҷараёни маорифпарварӣ ва равшанфикрӣ дар Аврупо ҳам бо он бастагӣ дорад, ки донишмадону мутафаккиронаш аз давраи Эҳё оғоз карда аз урфу одатҳои динӣ даст кашиданд. Маорифпарварӣ дар Англия дар охирҳои асри 17 ба вуҷуд омада, дар навиштаҷоти асосгузорони он, ба монанди Ҷ. Локк (1632-1704) ва пайравонаш Г. Болингброка (1678-1751), Д. Аддисона (1672-1719), А.Э. Шефтсбери (1671-1713), Ф. Хачесона (1694-1747) мафҳумҳои асосии таълимоти маорифпарварӣ: «некии умумӣ», «одами табиӣ», «ҳуқуқи табиӣ», «дини табиӣ», «шартномаи ҷамъиятӣ» ифода ёфтанд. Дар таълимоти ҳуқуқи табиӣ ҳуқуқҳои асосии инсон: озодӣ, баробарӣ, дахлнопазирӣ ва соҳибмулкии шахсиятро Локк дар Ду рисола оид ба идоракунии давлат (1690) ном асараш асоснок кард. Ба андешаи ў одамон ба шартномаи ҷамъиятӣ ихтиёран дохил шуда, барои таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои худ мақомот (давлат)-ро ташкил менамоянд. Вожаи шартномаи ҷамъиятӣ яке аз назарияҳои асоси ҷомеа буда, сараввал дар фаъолияти сарварони маорифпарварии Англия падид омад. Дар асри 18 маркази асосии ҳаракати маорифпарварӣ Фаронса гардида, дар марҳилаи аввал шахсиятҳои асосии ҷараёни мазкур Ш.Л. Монтеске (1689-1755) ва Ф.М. Волтер (1694-1778) буданд. Дар корҳои минбаъда Монтеске таълимоти Локк оид ба ҳуқуқҳои давлатро инкишоф дод. Дар рисолаи Рўҳи қонунҳо (1748) принсипи тақсимоти шохаҳои ҳокимиятро байни қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ асоснок намуд. Дар Мактубҳои форсӣ (1721) бошад, самти равиши тафаккури ҷараёни маорифпарварии фаронсавӣ ва эътиқодоти ақлию табиии он инъикос ёфтаанд. Аммо Волтер ақидаҳои сиёсии мухталиф дошт. Вай идеологи равшанфикрии мутлақ ва иштиёқманди ғояи монархияи равшанфикрии Аврупо буд. Волтер аз дигар рўшанфикрон бо фаъолияти зиддирўҳонӣ ва мухолифат нисбат таассуб ва мунофиқии динӣ фарқ дошта, ҳамеша волоият ва раёсати догмаҳои дину калисоро бар болои давлат ва ҷомеа таҳқир мекард. Эҷодиёти нависанда гуногунсоҳа буда, ба мавзўъҳои зерин бахшида шудааст: Афифаи Орлеанӣ (1735), Таассуб, ё Ҳазрати Муҳаммад (1742); повести фалсафии Кандид ё Оптимизм (1759), Софдил (1767); Фоҷиаи Брут (1731), Танкред (1761); Мактуби фалсафӣ (1733).

 

   Дар марҳилаи дуюми маорифпарварӣ дар Фаронса нақши асосиро Д. Дидро (1713-1784) ва энсиклопедистҳо бозиданд. Энсиклопедия, ё Луғати тафсири улум, санъат ва ҳунармандӣ, ки солҳои 1751-80 таҳия шуд, аввалин донишномаи умумиилмӣ буда, дар он мафҳумҳои асосии физикаю риёзӣ, табиатшиносӣ, иқтисод, сиёсат, корҳои муҳандисӣ ва санъат баён карда шуданд. Илҳомбахш ва муҳаррирони энсиклопедияи номбурда Дидро ва Ж. Д'Аламбер (1717-1783) буда, дар мураттабии он Волтер, Кондиляк, Гелветсий, Голбах, Монтеске, Руссо фаъолона ширкат варзиданд. Дар аксари мавридҳо сатҳи комёбиҳои илму донишро мақолаҳо асоснок ва инъикос мекарданд. Оид ба соҳаҳои муайяни дониш мақолаҳо аз ҷониби мутахассисон - олимон, нависандагон, муҳандисон навишта мешуданд. Дар давраи сеюм яке аз шахсияҳои пешбарандаи ин ҷараён Ж.Ж. Руссо (1712-1778) буд. Ў мубаллиғи намоёни ғояи маорифпарварӣ, яке аз барандагони насри ратсионалистии унсурҳои маорифпарварӣ ва инсони суханваре низ буд. Руссо роҳи худро дар сохтори сиёсии ҷомеа пешниҳод намуд. Дар рисолаи Дар бораи шартномаи ҷамъиятӣ, ё Принсипҳои ҳуқуқи сиёсӣ (1762), ғояи истиқлолияти халқиро пешниҳод кард. Ба андешаи вай, ҳукумат ҳокимиятро аз дасти мардум дар шакли фармоиш мегирад ва он уҳдадор аст, ки вазифаҳояшро дар мувофиқа ба иродаи одамон ба иҷро намояд. Агар давлат ин ихтиёрро халалдор намояд, мардум метавонанд фаъолияташро маҳдуд, тағйир ва ё ҳокимиятро кашида гирад. Яке аз воситаҳои баргардондани ҳокимият метавонад табаддулоти давлатӣ бошад. Андешаҳои Руссо минбаъд дар инкишофи назария ва амалияи ғояҳои Инқилоби бузурги Фаронса таҳия карда шуданд. Марҳилаи ниҳоии маорифпарварӣ (охири асри 18 - ибтидои асри 19) бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Русия ва Олмон робита дорад. Адабиёти олмонӣ ва тафаккури фалсафии он ба пешрафти маорифпарварӣ такони нав бахшид. Маорифпарварони олмонӣ вориси маънавии ғояҳои мутафаккирони англис ва фаронсавӣ буданд, вале ин ғояҳо дар корҳои эшон тағйир ёфта, хусусияти амиқи миллииро гирифт. Таблиғи фарҳанг ва забони миллӣ бештар ба эҷодиёти И.Г. Гердер (1744-1803) хос буд. Асари асосии ў Идеяҳо оид ба таърихи фалсафаи башарият (1784-91) аввалин кори тадқиқотии ҳамаҷонибаи классикӣ дар Олмон буда, дар арсаи улуми таърихӣ-фалсафии ҷаҳонӣ мавқеи махсус дорад. Ҷустуҷўҳои фалсафии маорифпарварии аврупоӣ ба эҷодиёти бисёр нависандагони олмонӣ мувофиқ буданд. Баландтарин қуллаи маорифпарварии Олмон асарҳое, чун Роҳзанҳо (1781), Макр ва муҳаббат (1784), Валленштейн (1799), Мария Стюарт (1801) Фридрих Шиллер (1759-1805), Эмилия Галотти, Натани оқил Г.Э. Лессинг (1729-1781) ва махсусан осори Фауст (1808-1832) ва И.В. Гёте (1749-1832) шўҳрати ҷаҳонӣ касб карданд. Дар ташаккули афкори маорифпарварӣ файласуфоне ба монанди Г.В. Лейбнитс (1646-1716) ва Кант нақши муҳим бозиданд. Зеро барои рушди ояндаи маорифпарварӣ асари «Нақди хиради ноб»-и Кант анъана гардид. Дар саросари рушди ҷараёни маорифпарварӣ ва маркази муҳокимаи идеологҳои он мафҳуми асосӣ «хирад» буд. Хирад дар тасаввури инсони равшанфикр мақоми одамро дар таркиби ҷамъият ҳамчун як ҷузъи ҷомеа нишон медиҳад. Ҳам ҷомеа ва ҳам инсон метавонанд ҳамдигарро нисбат ба чизи дигар беҳтар тағйир диҳанд ва мукаммал гардонанд. Ҳамин тариқ барои мудаллал сохтани афкори пешрафта дар доираи хирад, ба сифати роҳи бебозгашти раванди таърих аз торикӣ ва нодонӣ ба рўшноӣ ва донишмеҳварӣ, детерминизми эҳтмолиро қабул кард. Баландтарин ва самараноктарин шакли фаъолияти хирад баррасӣ ва дарки дониши илмӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин давра сайёҳатҳои баҳрӣ аҳамияти бузурги систематикӣ ва илмӣ пайдо карданд. Кашфиётҳои географӣ дар уқёнуси Ором - ҷазираҳои Пасхи, Таити ва Гавай, соҳили шарқии Австралия аз ҷониби Я. Роггевена (1659-1729), Ҷ. Кук (1728-1779), Л.А. Бугенвиля (1729-1811), Ж.Ф. Лаперуза (1741-1788) сабабгори асосӣ барои омўзиши мунтазам, азхудкинии амалии минтақа ва рушди илмҳои табиӣ гардиданд. Дар ташаккули илми ботаника К. Линней (1707-1778) саҳми бузург дорад. Вай дар асари Намудҳои растанӣ (1737), ки оид ба тавсифи ҳазорон намуди олами набототу ҳайвонот бахшида шудааст, ба ҳамаи растаниҳо ду ном, аз ҷумла номи лотинӣ гузошт. Ж.Л. Бюффон (1707-1788) ба илм истилоҳи «биология» ворид кард, ки он маънои «илм дар бораи ҳаёт»-ро дорад. Аввалин назарияи таҳаввулотро Ж.Б. Ламарк (1744-1829) пешниҳод намуд. Дар риёзӣ бошад, И. Нютон (1642-1727) ва Лейбнитс қариб ҳамзамон ҳисобкунии дифференсиалӣ ва интегралиро кашф карданд. Ба инкишофи таҳлили риёзӣ Л. Лагранж (1736-1813) ва Л. Эйлер (1707-1783) мусоидат намуданд. Асосгузори кимиёи муосир А.Л. Лавуазе (1743-1794) нахустин рўйхати элементҳои кимиёвиро тартиб дод. Ҳамин тавр, хусусияти хоси андешаи илмии маорифпарварӣ ба истифодаи амалии дастовардҳои илм ба манфиати рушди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Вазифаи маърифатноккунии мардум, пеш аз ҳама танзим худи маърифатпарварон ва таваҷҷўҳи махсус ба робитаи байниҳамдигарии масъалаҳои тарбия ва таълим аст. Аз ин рў, бояд оғози дидактикии қавӣ, на танҳо дар осори илмӣ, балки дар адабиёт низ нишон дода шавад. Локк ҳамчун прагматики ҳақиқӣ, дар рисолаи Ақидаҳо оид ба тарбия (1693) ба фанҳои барои инкишофи саноат ва тиҷорат зарурӣ аҳамияти бузург зоиҳр кард. Романи Ҳаёт ва саргузашти ҳайратангези Робинзон Крузо (1719) Д. Дефо (1660-1731)-ро бемуболиға асари тарбиявӣ номидан мумкин аст. Асари мазкур ифодакунандаи намунаи рафтори як фарди соҳибхирад буда, мавқеи дидактикии аҳамияти дониш ва меҳнатро дар ҳаёти ҷудогонаи шахсият нишон медиҳад. Дидактика дар романҳои асосгузори романҳои психологии анлисӣ С. Ричардсон (1689-1761) Памела, ё Подоши некўӣ (1740) ва Кларисс Гарлоу, ё Таърихи одамони ҷавон (1748-50) таҷассуми беҳтарини худро оид ба маърифатнокии шахсият ёфтааст. Дар бораи нақши ҳалкунандаро бозидани маорифпарварии фаронсавӣ ҳаминро илова кард, ки К.А. Гелветсий (1715-1771) дар асарҳои Оид ба хирад (1758) ва Дар бораи инсон (1769), таъсири «муҳит»-ро ба тарбия, яъне таъсири шароити зиндагӣ, сохтори ҷамъият, урфу одат ва русумро ба тарбия исбот намудааст. Руссо бар хилофи маорифпарварони дигар маҳдудияти хирадро иқрор мекард. Вай дар рисолаи Оид ба илмҳо ва санъатҳо (1750) робитаи шубҳаи илми илоҳӣ ва оптимизми беҳудудро бо имконияти пешрафт ба назар гирифта, мансубияти рушди тамаддунро аз каммазмунии фарҳанг нишон додааст. Руссо муътақид ба он буд, ки алоқамандии бозгашт ба табиатро даъват менамуд. Вай дар китоби Эмил, ё Оид ба тарбия (1762) ва романи Юлия, ё Элоизаи ҷадид (1761) консепсияи тарбияи табииро дар асоси истифодаи қобилияти табиии кўдак инкишоф дода, баъдтар камбудиҳои таваллуд ва хислатҳои бадро дар зери таъсири ҷомеа муайян кард. Ба андешаи Руссо бояд фарзандон дар алоҳидагӣ ҷудо ҷамъият, як ба як бо табиат тарбия карда шаванд. Дар маҷмўъ афкори маорифпарварӣ ба сохтани моделҳои хаёлӣ, ҳамчун давлати идеалӣ ва шахсияти идеалӣ равона гардида буданд. Аз ин рў, асри 18-ро метавон «асри тиллоии утопия» номид. Дар фарҳанги аврупоӣ дар ин вақт шумораи зиёди роман ва рисолаҳои бузурге, аз қабили Васиятнома Ж. Меле (1664-1729); Кодекси табиат, ё Рўҳи ҳақиқии қонунҳои он (1773) Морелли; Дар бораи ҳуқуқҳо ва ўҳдадориҳои шаҳрванд (1789) Г. Мабли (1709-1785); Соли 2440 (1770) Л.С. Мерсе (1740-1814) ба вуҷуд омаданд, ки оид ба маърифатнокунии ҷаҳон мувофиқи қонунҳои хирад ва адолат қисса мекарданд. Ҳамзамон романи Сайёҳати Гулливер (1726)-и Ҷ. Свифт (1667-1745)-ро метавон ҳам утопия ва ҳам антиутопия баррасӣ кард, чунки ғояҳои асосии маорифпарварӣ дар он, ҳамчун мутлақияти донишҳои илмӣ ва боварӣ ба қонунияти табиат ва инсони табиӣ нишон дода шудаанд.

 

   Дар фарҳанги бадеии маорифпарварӣ на сабки ягонаи замонӣ, балки забони бадеии умумӣ вуҷуд дошт. Дар ин давраи таърихӣ шаклҳои мухталифи сабкҳо, ба монанди бароккои бомавқеъ, рококо, класситсизм, сентиментализм, предромантизм арзи вуҷуд карданд. Ҳамзамон равобити байниҳамдигарӣ намудҳои гуногуни санъатро тағйир доданд. Дар аввал нақши мусиқӣ ва адабиёт, баъдтар нақши театр таъсиргузор гардид, чунки раванди тағйирот иерархияи жанрӣ ба амал омад. «Сабки бузург»-и наққошиҳои таърихӣ ва асотирии садсолаи 17-ум ба мавзўъҳои ҳаёти хонаводагӣ ва панду андарз бахшида шуданд ва намояндагони асосии он Ж.Б. Шарден (1699-1779), У. Хогарт (1697-1764) ва Ж.Б. Грез (1725-1805) буданд. Дар жанри потрет бошад, хизматҳои T. Гейнсборо, (1727-1788) ва Д. Рейнолдс (1723-1792) бағоят бузург аст. Дар театр жанри ҷадиди буржуазии драмаю комедия ба вуҷуд омада, дар саҳна қаҳрамонҳои нав нишон мешуданд, ки машҳуртарини асарҳои вақт Сартарош аз Севил (1775), Издивоҷи Фигаро (1784)-и П.О. Бомарше (1732-1799) ва Хизматгори ду хоҷа (1745-48), Трактиршисе (1753)-и К. Голдони (1707-1793) буданд. Дар ташаккули театри ҷаҳонӣ Р.Б. Шеридан (1751-1816), Г. Филдинг (1707-1754) ва К. Госси (1720-1806) саҳми бағоят бузург доранд. Санъати мусиқӣ низ дар давраи маорифпарварӣ ба инкишофи бесобиқаи худ ноил гардид. Баъд аз гузаронидани ислоҳот К.В. Глюк (1714-1787) операро ҳамчун санъати синтетикӣ инкишоф дода, робитаи онро бо намоишҳои мусиқӣ, овозхонӣ ва маҷмўи чорабиниҳои драмавӣ кор карда баромад. Санъати классикиро бошад, Ф.Й. Гайдн (1732-1809) ба воситаи асбобҳои мусиқӣ ба сатҳи аъло расонид. Кунгураи волои фарҳанги мусиқӣ ба фаъолияти эҷодии И.С.Бах (1685-1750) ва В.А. Мотсарт (1756-1791) пайванди ногусастанӣ дорад. Ғояи маорифпарварӣ махсусан дар операи Найи дилрабо (1791)-и Мотсарт ба таври возеҳ, яъне дар он мақоми хирад, рўшноӣ, фаҳмиши инсон ҳамчун гунбази афлок нишон дода шудааст. Ҳамин тариқ, ҷараёни маорифпарварӣ дар марҳилаҳои муайяни таърихӣ бо ҳамон принсипҳои асосӣ дар кишварҳои мухталиф ба вуҷуд омада, боиси пешрафти илму техника ва фарҳангу маданият гардид. Раванди маорифпарварӣ дар ҳар як давлат вобаста аз шароитҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва инчунин, хусусиятҳои миллиаш ташаккул ёфт. Дар таърихи ташаккули маорифпарварии ҷаҳон метавон чаҳор марказҳои асосии рушди ин ҷараёни прогрессивии донишмеҳвару башардўстро аз ҳамдигар фарқ кард. Маорифпарварии Англия. Ташаккули мафкураи маорифпарварӣ дар Англия ба асрҳои 17-18 рост меояд. Инқилоби буржуазии Англия дар миёнаи асри 17 боиси пайдоиши ҷараёни маорифпарварӣ дар ин ҷазира гардид. Он замон, бо вуҷуди ҷанги шаҳрвандӣ ва дигар шаклҳои бетаҳаммулии динӣ, мардуми англис барои расидан ба суботи сиёсӣ ва зиндагии осуда шитоб мекарданд, на ба тағйироти қатъӣ дар системаи мавҷудаи давлатдорӣ.

   Аз ин рў, мақсади асосии маорифпарварии Англия ба вуҷуд овардани эътидол ва таҳаммул буд. Хусусияти миллии Англия, пуританизм дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири қавӣ дошт, чунки эътиқод ба имкониятҳои беохири хирад ва афкори маорифпарварии мутафаккирони англис бо фаҳмишҳои амиқи динӣ омехта гардид. Маорифпарварии Фаронса. Маорифпарваронӣ фаронсавӣ ба ҳама масъалаҳои хусусияти сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта бештар назари радикалӣ доштанд. Мутафаккирони фаронсавӣ таълимот эҷод ва моликияти хусусӣ инкор мекарданд (Руссо, Мабли, Морелли) ва аз биниши атеистӣ дифоъ менамуданд. Маҳз ҳамин буд, ки Фаронса маркази асосии афкори маорифпарварӣ гардида, ба паҳншавии босуръати ғояҳои равшанфикрӣ дар Аврупо - аз Испания то Русия ва Амрикои Шимолӣ мусоидат кард. Ин андешаҳои илҳомбахш ва идеологҳои Инқилоби бузурги фаронсавӣ сохтори иҷтимоӣ ва сиёсии Фаронсаро куллан тағйир доданд. Маорифпарварии Олмон. Дар рушди маорифпарварии олмонӣ таъсири парокандагии сиёсӣ ва ақибмондагии иқтисодии Олмон, ки он асосан аз ҷониби маорифпарварони кишвар муайян карда мешуд, хуб ба назар мерасид ва он на ба масоили иҷтимоӣ-сиёсӣ, балки ба масъалаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва маориф алоқаманд буд. Варианти хоси маорифпарварии Аврупо ҷараёни адабии «Тўфон ва тазйиқ» буд, ки ба Гердер, Гёте ва Шиллер тааллуқ дошт. Баръакси эшон буданд, онҳое, ки ба парастиши хирад ва ибтдои афзалияти принсипи нафсонӣ дар инсон муносибати манфӣ доштанд. Хусусияти маорифпарварии Олмон низ инкишофи андешаҳои фалсафӣ ва эстетикӣ буд, ки намунаи олитарини он асарҳои Лаокоон, ё дар бораи ҳудуди наққошӣ ва зебоӣ (1766) Г. Лессинг ва Таърихи санъати бостон (1764) И. Винкелман мебошанд. Маорифпарварии Амрико. Ҷараёни маорифпарварии амрикоӣ ба муборизаи зидди мустамликаҳои англисӣ дар Амрикои Шимолӣ барои ба даст овардани Истиқлолият (1775-83) ва таъсиси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зич алоқаманд аст. Барномаҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ, ки барои бунёди давлати мустақил асоси назариявӣ доштанд, аз ҷониби Т. Пейн (1737-1809), Т. Ҷефферсон (1743-1826) ва Б. Франклин (1706-1790) таҳия ва омода карда шуданд. Ин барномаҳои назарӣ: Эъломияи истиқлолият (1776) ва Конститутсия (1787) санадҳои асосии қонунгузории давлати ҷадид гардиданд.

Номвар ҚУРБОНОВ

Хондан 13216 маротиба
Маводҳои дигар дар ин бахш: Аз фанҳои дақиқ натарсед!!! »