JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Апрели 2020 07:28

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан…

Муаллиф:
Ҳамасола дар Тоҷикистон 14 апрел ба сифати Рӯзи илм таҷлил карда мешавад. Дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни мамлакат, ки 18 марти соли 2020 баргузор гардид, ба масъалаи зарурати пешрафти илм, бахусус вобаста ба Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон шудани солҳои 2020-2040 ба пешрафти илмҳои номбурда дар мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд. Дар зер дар робита ба Рӯзи илм ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни…
Дар адабиёти муосири тоҷик зиёд адибоне ҳастанд, ки дар инкишофи забони тоҷикӣ саҳми босазо гузоштаанд, ки яке аз ин қалашкашони хушбаён Абдулҳамид Самад мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ҳар як аз асарҳои Абдулҳамид Самад махсусиятҳои забонии худро соҳибанд. Аз ин рӯ, таҳқиқу баррасӣ намудани хусусиятҳои забонии осори ин адиб барои муайянсозии ҷойгоҳи адиб дар такмили забони муосири тоҷик қобили таваҷҷуҳ мебошад. Ҳадафи мо дар ин мақола арзёбии хусусияҳои услубии зарбулмасалу мақолҳо дар романи «Гардиши девбод»-и ин нависандаи хушбаён мебошад.
Панҷшанбе, 30 Январи 2020 13:15

Дунявият ва ҷомеаи илммеҳвар

Муаллиф:
Яке аз хусусиятҳои зотии инсон хирадгароиву маърифати олам аст, вале дар тӯли замон на ҳамаи масоилро инсон аз роҳи ақлу хирад ҳал намудааст. Зеро шинохти воқеияти олам ба инсон якбора ба даст намеояд, балки зина ба зина ва насл ба насл пурратару комилтар шуда, ба ифодаи воқеияти олам баробар мешавад. Дониш инъикоси олам буда, нахуст дар шакли тасаввуроти ибтидоӣ зуҳур мекунад. Донишҳои инсонӣ метавонанд дониши илмӣ ва ё дониши ғайриилмӣ бошанд. Инсоният то ба марҳилаи донишҳои илмӣ расидан раванди тӯлониеро пушти сар намудааст.
Забони бумӣ аслан ба маънии нисбатан васеи ин мафҳум бо мафҳумҳои забони маҳаллӣ, забони мардуми асл, забони сокинони муқимӣ муродиф дониста мешавад. Ба ин далел забони тоҷикӣ дар ин марзу бум забони бумӣ маҳсуб мешавад, зеро тоҷикон қадимтарин ва асилтарин сокинони бумии қаламрави Тоҷикистони имрӯза ва фаротар аз он, қисмати аъзами Осиёи Марказӣ мебошанд, ки дар таъриху фарҳанги мардумони ин марзу бум нақши ба истилоҳ меҳварӣ доранд. Аз ҳамин ҷост, ки Юсуфи Балосоғунӣ (1015-1070) ба сифати яке аз нахустин донишмандон ва муаллифони осори туркӣ, дар китоби «Қутадғу билик» («Донишҳои файзбор») (соли таълифаш 1069) тақрибан ҳазор…