Башарият дар тӯли таърих тамоми мушкилот: дарду ранҷ, заъфу нотавонӣ, мусибату хатарот, яъсу ноумедӣ, бархӯрди нобаробару номутавозин бо ҳаводиси даҳшатбори табиӣ, фалокату фоҷеот ва амсоли инҳоро бо неруи ақлу хирад ва илму дониш таҳаммул ва ҷуброн намуда, ҷараёни муқовимату муборизаҳои худро алайҳи мушкилоти рӯзгор то имрӯз идома дода истодааст ва ин раванд оянда низ вусъат хоҳад ёфт. Ногуфта намонад, ки дар ҷаҳони муосири мутамаддин, бо назардошти шароити фаннию техникӣ ҷараёни муборизаи инсони боақл, ҳушманд, донишманду бофаросат суръати тоза касб мекунад. Аммо, мутаассифона, протсесси муҷаҳҳазшавӣ бо илму дониши зинда ва замонавӣ дар аксари кишварҳои пасошӯравӣ кунду…