JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 23 Ноябри 2018 08:24

Калимаҳои ифодагари ҳунарҳои мардумӣ дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»

Муаллиф:

  Аз манобеи таърихӣ маълум аст, ки тоҷикон чун миллати соҳибтамаддун дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ бо ҳунарҳои гуногуни худ саҳми арзанда гузоштаанд. Айни ҳол дар раванди ҷаҳонишавӣ мо ворисони ҳунару фарҳанги тоҷикро зарур, аст ин ҳунарҳои мардумиро боз ҳам хубтару бештар омўзем, пажўҳиш намоем ва тарғибу ташвиқ намоем. Боиси сарфарозӣ ва мояи ифтихор аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи хоса ба ҳунарҳои мардумӣ халқи тоҷик тавонист аз нав ҳунарҳои қадимии худро эҳё ва такмил созад. 

Нигоштаи мо ба шарҳу тафсири вожаҳои ифодагари ҳунарҳои мардумӣ дар забони муосири тоҷикӣ бахшида шудааст. Барои равшантар баррасӣ намудани масъалаи мазкур ба сифати манбаъ мо «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»-ро интихоб намудем. Аз он хотир, ки дар луғатнигории тафсирии тоҷик ин фарҳанг мақоми хос дорад ва яке аз дастовардҳои шоистаи илми фарҳангнигории муосири тоҷик маҳсуб меёбад. Мураттибони фарҳанги мазкур дар сарсухани луғат қайд мекунанд, ки «Бори аввал аст, ки барои тасвир ва инъикоси тағйироту таҳаввулот ва пешрафтҳое, ки дар як муддати тўлонӣ, яъне қариб як аср дар таркиби луғавии забони адабии тоҷикӣ рух додаанд, фарҳанги тафсирие бо фарогирии тақрибан 80 ҳазор калимаву ибора мураттаб ва нашр мешавад» (3.9).

Аз лиҳози илмӣ тадқиқ кардани вожаҳои соҳаҳои касбу ҳунарҳои гуногуни мардумӣ, ки аз ҷониби мардуми меҳнаткашу эчодкорамон дар давоми асрҳои зиёде ба вуҷуд оварда шуда, ҳамчун мероси пурарзиш ба мо ҳадя шудаанд, яке аз вазифаҳои таърихнопазири рўз аст. Чунки лексикаи касбу ҳунар бо фасоҳату салосати забони ноби тоҷикиро дар худ инъикос намуданаш қабати махсуси лексикаи забони адабиро ташкил дода, бо ин роҳ хусусиятҳои миллии забонамонро дар худ маҳфуз медоранд. Нахустин вожаи марбути соҳаи ҳунармандӣ, ки «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» шарҳ шудааст, «абрбандӣ» мебошад. Тафсири маъноии калимаи мазкур ба гунаи зер мебошад:

«АБРБАНДӢ боф. ҷо-ҷо бастан ва ранг кардани маштут, ки пас аз бофтан дар матоъ нақшҳои абрмонанд пайдо мешаванд (3. 31). Вожаи маштут, ки дар шарҳи мазкур омадааст, арабӣ буда маънояш «торҳои танида, ки барои бофтан ба зағўта печонда шудаанд» мебошад. Тафсири истилоҳии «абрбандӣ» бошад дар луғати мазкур «ҳунари нақшгузорӣ дар матоъ» зикр шуддаст. Аз лиҳози сохтор ин вожа омехта буда аз ду реша исми «абр» ва асоси замони ҳозираи феъл «банд», ки бо сиғаи амр баробар аст ва пасванди «ӣ» сохта шудааст, ки аз лиҳози морфологӣ исми маънӣ мебошад. Пасванди «-ӣ», ки аз пасвандҳои муштараквазифае ба шумор меравад, ки дар сохтани исму сифат фаъолона иштирок мекунад ва махсусан дар исмсозӣ, ба ақидаи аҳли таҳқиқ, сермаҳсул мебошад.

Вожаи дигаре, ки дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ба мушоҳида расид ва ифодагари касб мардумист «абрешимбофӣ» аст. Ин калима дар луғати мазкур ҳарчанд ба тариқи зерин: «АБРЕШИМБОФӢ ҳарирбофӣ, шоҳибофӣ» (3.31-32). мухтасар шарҳ ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки аз калимаи «абрешим» дар забони тоҷикӣ калимаҳои зиёде сохта мешаванд, ки аксари онҳо бо маъноҳояшон дар луғати мавриди баррасии мо оварда шудаанду марбути касби мазкуранд. чанде аз онҳоро ба гунаи мисол меорем: «АБРЕШИМБАҲО -маҷ. дастмузди навозанда, пуле, ки ба навозанда бар ивази ҳаққи кор пардохт мешавад.

АБРЕШИМБОФ ҳарирбоф, шоҳибоф.

АБРЕШИМВОР монанди абрешим; мисли абрешим нарм.

АБРЕШИМВОРӢ матоъҳои аз нахи абрешим бофташуда.

АБРЕШИМГУН ба гунаи абрешим, абрешимвор.

 Калимаи «АБРЕШИМДЎЗ» фарогири маъноии иҷрокунандаи амали нафарест, ки кораш абрешимдўзист, пешаи абрешимдўзӣ. АБРЕШИМДЎЗӢ бошад  ҳамчуни амал «нақшу нигор ба рўйи матоъҳо бо нахи абрешимӣ»-ро ифода мекунад.

Вожаи «абрешимӣ» дар фарҳанги мазкур ба маъноҳои зерин тафсир шудаст: «АБРЕШИМӢ 1. мансуб ба абрешим. 2. аз абрешим бофташуда (газвор ва монанди он): матои абрешимӣ, ҷомаи абрешимӣ (3.32).«АБРЕШИМКОР - шахси машғул ба таҳияи нахи абрешим ё хариду фурўши он» қайд шудааст. «Абрешимрес» низ аз решаи калимаи абрешим пайдо шудааст, ки алоқаманд ба соҳаи абрешимкорист «абрешимтоб, ресандаи нахи абрешим. Дар маҷмўъ калимаҳое, ки аз решаи вожаи абрешим ба вуҷуд омадаанд, дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»  21-тоанд.

 Касби дигаре, ки ба соҳаи бофандагӣ иртибот дорад, ин «адрасбофӣ» мебошад. Ин ҳунари мардумӣ ба тариқи: «АДРАСБОФӢ шуғли адрас бофтан» шарҳ шудааст (3.40). Албатта мураттибон пеш аз он ки ин касбро тафсир намояд, вожаи «адрас»-ро ки дар заминаи он ин ҳунар ба вуҷуд омадааст, тафсири маъноӣ намудаанд: «Адрас- як навъ матои дастибофи тораш абрешими пудаш аз ресмон, ки мисли беқасаб алобуло ва ё якранг мешавад»(3.40). Шарҳи иҷрокунандаи амали «адрасбофӣ» бошад, ба гунаи зер омадааст: «АДРАСБОФ он ки ба адрасбофӣ машғул аст; касе, ки адрасбофӣ пешаи асосии ўст, бофандаи адрас (3.40)

Ҳунари дигари мардумӣ ин «алочабофӣ» аст, ки решаи калима аз номи матои «алоча» ба воситаи пайвастани решаҳои «алоча» ва асоси феъли замони ҳозираи «боф» ба вуҷуд омадааст. Дар луғати тафсирии мазкур шарҳ ба гунаи зер аст: «Алоча матое, ки аз нахи пахта ё шоҳии рах-рахи рангоранг бофта мешавад; алочаи жандагии кўлобӣ як хел алочаи бонақшу нигор, ки гулҳояш чун дарбеҳ ба назар менамояд ва он пеш асосан дар вилояти Кўлоб бофта мешуд; алочаи ресмонии нуратоӣ навъе аз алоча, ки дар шаҳри Нурато бофта мешуд (3.58).Номи касби марбут ба алоча «Алочабофӣ» мебошаду тафсираш «касб ва ҷои кори алочабоф: корхонаи алочабофӣ» (3.58).

 Дар заминаи  матои «атлас» касбӣ атласбофӣ ба вуҷуд омадааст. Вожаи атлас ба маънои аввал «як навъ матои абрешимӣ, ки як рўи он барроқ аст, дебо: куртаи атлас, либоси атлас; атласи мулъам атласи мумтоз ва олисифат, атласи баргузида; атласи румӣ матои абрешимии нафис, ки махсуси Рум будааст» ва ба маънои дуюм «навъи матои сунъӣ, ки ба матои абрешимӣ монанд аст; ◊ (ин) атласи лоҷвард осмони кабуд; атласи сабз, атласи фирўза осмон» касби «атласбофӣ -бофтани матои атлас, атлас бофтан» пайдо шудааст. Он ки касбаш бофтани атлас аст-атласбоф –мегўянд (3.93).

Калимаи дигари бисёр маълум ва машҳури соҳаи ҳунарҳои мардумӣ  ин касби баққолист, ки шарҳу тафсираш ба гунаи зер мебошад:

«Баққолӣ 1. мансуб ба баққол; амали баққол, кору касби баққол. 2. дўкони озуқафурўшӣ, макони фурўши хўрокворӣ (3.129).

 Нафари машғули ин касб: «Баққол а. дўкондори озуқафурўш, фурўшандаи озуқа (аз қабили орд, сабзавот, равған, биринҷ ва ғ.) зикр ёфтааст.

 Мутасифона, касби «беқасаббофӣ» дар ин луғати тафсирӣ шарҳ наёфтааст. Мураттибон нафари машғул ба ин корро «беқасаббоф он ки беқасаб мебофад, бофандаи беқасаб» шарҳ додаанд (3.181)

Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» ҳунари бофандагӣ ба маъноӣ дуюм номи касбро дар  ифода намудааст: «Бофандагӣ- 1.тайёр кардани матоъ аз ресмон, ҷулоҳӣ, нассоҷӣ: дастгоҳи бофандагӣ, корхонаи бофандагӣ, саноати бофандагӣ. 2. касб ва шуғли бофанда: касби бофандагӣ (3.244).

 Калимаи бофанда, низ, ки маънои иҷрокунандаи амал аст ба маънои дуюм тафсир шудааст: «Бофанда 1.сифати феълии замони ҳозира аз бофтан. 2. коргар ё устое, ки дар дастгоҳҳо аз ресмон матоъ мебофад, ҷулоҳ, нассоҷ: устои бофанда, чун (монанди) мокуи бофанда зуд рафтуо кардан» (3.244).

 Вожаи дигари дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» касбро фарогиранда гаҷкорист: «Гаҷкорӣ 1. шуғл ва касби гаҷкор. 2. аз гаҷ сохта ё бо гаҷ андова кардашуда.3. намуди маъруфи санъати амалии ороишӣ бо истифодаи гаҷ (дар иморатҳо)».Амали гаҷпазӣ ҳам дар заминаи ҳамин касб ба миён омадааст: «Гаҷпазӣ 1.амал ва шуғли гаҷпаз. 2. ҷое, ки дар он сангу гаҷро пухта, барои истифода омода мекунанд(3. 327).

Ҳарчанд касби гаҳворасозӣ миёни мардуми тоҷик маълуму машҳур аст, аммо  мутаассифона дар фарҳанги тафсирии мазкур ҳамчун ҳунар ба назар нарасид. Нафари машғул ба касби мазкур ба гунаи: «Гаҳворасоз он ки аз чўб гаҳвора месозад: устои гаҳвора» тафсир шудааст(3.359). Ҳунарҳои дигари мардумӣ аз қабили

ГУЛДЎЗӢ 1. дўхтани нақши гул ба рўи матоъ; гулдўзӣ кардан нақши гул дўхтан бар чизе. 2. гул дўхташуда, бо нақшу нигор ороишёфта(3. 351).

ГИЛЕМБОФӢ амали бофтани гилем (3.333)

ГУЛОБГИРӢ амал ва шуғли гулобгир; гирифтани гулоб(3. 352)

ДУРЕДГАРӢ касбу кори дуредгар, наҷҷорӣ(3. 499)

ЗАРГАРӢ 1. касби заргар; ҳунари истеҳсоли маснуоти бадеӣ аз филизоту ҷавоҳирот ва ғ. 2. мансуб ба заргар. 3. дўкон ва растаи заргарон дар бозор(3.531)

ЗАРДЎЗӢ 1.пешаи зардўз; навъе аз ҳунармандист, ки аҳли он бо торҳои симу зар дар порчаҳо гулу нақшҳои гуногун медўзанд. 2. бо торҳои зарину нуқрагин нақшу нигор дўхташуда, зардўзишуда: тоқии зардўзӣ(3.533)

ИСЛИМӢ  яке аз навъҳои нақшу нигор дар кандакории чўбу гаҷ, ки иборат аз гиреҳ ва печу хамҳои занҷирмонанди шабеҳ ба унсурҳои табиат аст(3.580)

КАЛОБАРЕСӢ исми амал аз калоба ресидан(3.607).

КАНДАКОРӢ наққошӣ дар чўбу санг, гаҷу устухон ва ғ., ҳаккокӣ; дари кандакорӣ даре, ки дар он нақшу нигорҳо канда шудааст(3.618).

КАФШДЎЗӢ касбу шуғли кафшдўз(3.629)

КОРДСОЗӢ мансуб ба кордсоз, амали кордсоз(3. 652)

КОШИКОРӢ бо кошӣ оро додашуда; кошикорӣ кардан бо кошӣ зинат додани деворҳо (3.658).

КУЛОЛГАРӢ 1. ниг. кулолӣ. 2. коргоҳи кулол.

КУЛОЛӢ шуғл ва касбу ҳунари кулол; сохтан ва дар кўра пухтани зарфҳои сафолӣ. (3.660).

ҚАДОҚГАРӢ І шуғли коғазпеч кардану фурўхтани чой.

ҚАДОҚГАРӢ II шуғли васлу таъмир кардани зарфҳои чинӣ ва филизӣ (3.685)

ҚАДОҚГАР I.таър. коргаре, ки дар қадоқхона чойро баркашидаву ба коғазҳо печонда барои фурўш тайёр мекард.

ҚАДОҚГАР II он ки ба васлу таъмир кардани зарфҳои шикаста ё кафида машғул аст(3.685)

ҚОЛИНБОФӢ 1. исми амал аз қолин бофтан; кору касби бофандаи қолин. 2. ҷой ва дастгоҳе, ки дар он қолин мебофанд: комбинати қолинбофӣ (3.719)

МИСГАРӢ 1.касбу кори мисгар; ҳунари аз мис сохтани асбоби рўзгор, аслиҳа ва ашёи гуногун. 2. растаи мисгарон (3.844).

МУҲРАКАШӢ касб ва кори муҳракаш(3.914)

МУҲРАЗАНӢ шуғли муҳразан, муҳра задан, суфта кардани чиз

НАБОТПАЗӢ набот пухтан, ҳалвогарӣ (3.919).

НАҚҚОРӢ а. кит. 1. кандакорӣ дар санг ва чуб. 2. навозандагӣ дар доираву табл.

НАҚҚОШӢ 1.ҳунар ва амали наққош. 2. нақшнигорӣ, гулкории рўи чизҳо, расмкашӣ: санъати наққошӣ(3.934).

НАҚШАНДОЗӢ кит. суратгарӣ, суратбардорӣ, наққошӣ(3.935)

НАМАДМОЛӢ намад тайёр кардан(3.936)

ПОЙАФЗОЛДЎЗӢ 1.шуғл ва амали пойафзолдўз; пойафзол дўхтан. 2.ҷой ва макони дўхтани пойафзол (4.107)

ПЎСТИНДЎЗӢ шуғли пўстиндўз; пўстин дўхтан: корхонаи пўстиндўзӣ (4.134)

РАҒЗА матои дурушти дастӣ бофташудаи шол, ки аз он деҳқонон либоси корӣ медўзанд.

РАҒЗАБОФӢ исми амал аз рағза бофтан,  бофтани рағза (4.142).

САБАДБОФӢ 1.амали сабадбоф. 2. ҷои бофтани сабад: дўкони сабадбофӣ. (4.185)

СОБУНПАЗӢ 1.амал ва шуғли собунпаз. 2. ҷое ё муассисае, ки дар он ҷо собун истеҳсол карда мешавад (4.261)

СЎЗАНИДЎЗӢ шуғли сўзанидўз.

СЎЗАНКОРӢ гулдўзӣ (4.287)

ТАБАҚТАРОШӢ амали тарошидани табақ аз чўб (4.292).

ТАНЎРСОЗӢ амал ва шуғли танўрсоз(4.318).

ХАЙМАДЎЗӢ амал ва шуғли хаймадўз; хайёмӣ, чодирдўзӣ,хиргоҳдўзӣ (4.434)

ХОТАМБАНДӢ санъати аз дандони фил, устухони уштур ва ё аз чўб кандакорӣ ва нақшу нигор бастан.

ХОТАМКОРӢ ба вуҷуд овардани гулҳо ва нақшҳо аз устухон, чўб ва ғ. дар рўи чизе(4.470)

ХОТАМСОЗӢ ниг. хотамкорӣ

ЧЎЯНГУДОЗӢ гудохтани чўян, об кардани чўян.

ЧЎЯНРЕЗӢ. 1.об кардани чўян. 2. ба қолаб рехтани олоти чўянӣ(4.596).

ҶОМАБОФӢ кит. амал ва шуғли ҷомабоф; бофандагӣ (4.626).

ҶОМАДЎЗӢ ҷома дўхтан: кори (касби) ҷомадўзӣ, ҷомадўзӣ кардан (4.627).

ҶУВОЗКАШӢ ба воситаи ҷувоз равған кашидан (4.633).

ҶЎРОББОФӢ амал ва шуғли ҷўроббор, ҷўроб бофтан, ҷўроб тайёр кардан: дастгоҳи ҷўроббофӣ, коргоҳи ҷўроббофӣ(4.640).

ШЕРОЗАДЎЗӢ  амал ва шуғли шерозадўз(4.666).

ШИШАПАЗӢ шуғли шишапаз; шишагарӣ, шишабарорӣ (4.679).

ШОНАТАРОШӢ амал ва шуғли шонатарош; сохтани шона аз чўби махсус (4.683)ва монанди инҳо дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ мукаммалу фаҳмо ва мушаххас  шарҳ шудаанд, ки онҳоро дар боло ба гунаи тафсиршудашон овардем.

 Мавриди зикр аст, ки пасванди «-гар» дар забони муосири тоҷикӣ ба гурўҳи пасвандҳое дохил мешавад, ки исми шахс месозанд. Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» пасванди мазкур бо исмҳои маънӣ омадааст ва номи касбҳои мардумии: мисгарӣ, наългарӣ, оҳангарӣ, рехтагарӣ, чармгарӣ, читгарӣ, шишагарӣ ва ғайраро сохтааст. Калимаҳои зерин далели вазифаи пасванди мазкур мебошанд:

РЕХТАГАР-он ки филизотро гудохта, ба қолибҳо рехта, асбоби гуногун месозад, оҳангудоз.

РЕХТАГАРӢ 1.амали рехтагар, гудохтани филиз ва сохтани асбобу дастгоҳҳои филизӣ, оҳангудозӣ. 2. корхонаи рехтагарӣ, рехтагархона (4.163)

НАЪЛГАРӢ касби наълсозӣ ва наълзанӣ (3.950)

ОҲАНГАРӢ 1 касбу кори оҳангар, сохтани олату анҷоми гуногун аз оҳан. 2. мансуб ба оҳангар: кўраи оҳангарӣ, устохонаи оҳангарӣ (4.45).

ЧАРМГАРӢ 1. кор, касби чарм тайёр кардан. 2. корхона ва коркарди чарм; пўсташро аз чармгарӣ меёбӣ а) дар бораи ҳайвоне, ки ҳатман кушта мешавад; б) дар бораи чизе, ки ба нест шудан маҳкум аст (4.560).

ЧАРМГАР он ки касбаш чарм омода кардан аст.

ЧИТГАРӢ бофандагӣ, нақшу нигор андохтан ба чит: сехи читгарӣ (4.580).

ЧИТГАР бофанда, он ки ба чит нақшу нигор меандозад (дар бофандагии дастӣ).

ШИШАГАРӢ 1.касбу кори шишагар.  2. коргоҳи шишасозӣ (4.679).

ШИШАГАР шишасоз, коргари коргоҳи шишабарорӣ (4.679).

Аз таҳлилу баррасии калимаҳои ифодагари ҳунарҳои мардумӣ дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» метавон чунин хулосабардорӣ кард:

  • аз таҳқиқ маълум гардид, ки дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» бештар аз 60 калимаҳои ифодагари касбу ҳунарҳоӣ мардумӣ шарҳ дода шудааст;
  • маълум гардид, ки дар сохтани ин калимаҳо асосҳои феълии замони ҳозираи «боф», «дўз» «соз», «паз», «тарош» фаъол мебошанд: шишапазӣ, ҷуроббофӣ, сўзанидўзӣ, рағзабофӣ, собунпазӣ, табақтарошӣ, танўрсозӣ ва ғайраҳо;
  • муайян гардид, ки дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» номи касбу ҳунарҳои мардумии аксиягўӣ, дўғкашӣ, гўшворасозӣ, дегдонсозӣ, зулфороӣ, канаббофӣ, коғазгарӣ, қуроқдўзӣ, мўйбофӣ, наългарӣ, паловпазӣ, созтарошӣ, суманакпазӣ, ҳавлогарӣ, наҷҷорӣ ва монанди инҳо тафсир наёфтаанд. Бо вуҷуди ин баъзе аз ин касбу ҳунарҳои мардумӣ бо калимаи синонимиаш шарҳ шудасту баъзеи дигараш умуман зикр наёфтаанд.
  • айни замон «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» як манбаи асосӣ барои шарҳу тафсири калимаву истилоҳоти забони муосири тоҷикӣ мебошад, ки ин далелро баррасии калимаҳои ифодагари ҳунарҳои мардумӣ собит намуд.

Фирдавс Мирзоёров

мудири шуъбаи луғат ва истилоҳоти

Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рўдакии АИ ҶТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (12), 2018

 РЎЙХАТИ АДАБИЁТИ ИСТИФОДАШУДА

  1. Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексикология, фонетика, морфология, қисми 1, нашриёти «Ирфон», Душанбе, 1973.
  2. Раҳмонӣ Р. Фарҳанги мардумӣ оинаи рўзгори тоҷикон буда, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ як ҷузъи арзишманди он аст.// http://khovar.tj/2017/12/far-angi-mardum-oinai-r-zgori-to-ikon-buda-sajyo-va-unar-oi-mardum-yak-uzi-arzishmandi-on-ast/.
  3. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). (нашри дувум).Ҷилди I. -Душанбе: Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти Рўдакӣ, 2010. -996 с.
  4. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). (нашри дувум).Ҷилди II. -Душанбе: Пажўҳишгоҳи забон ва адабиёти Рўдакӣ, 2010. -1091 с.
  5. Хонхўҷаева А.Хусусияти лексикӣ – семантикии калимаҳои соҳаи бофандагӣ//ХX Международная научно-практическая интернет-конференция 27–28 февраля, 2014 .http://conferences.neasmo.org.ua/ru/art/279
  6. Шарофов Н.,Ҷўраев Т.Қ. Лексикаи касбу ҳунар-сарчашмаи терминологияи техникии тоҷик, -Душанбе, 1991.-92 с.
Хондан 3064 маротиба