JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 01 Апрели 2019 11:32

Вазъи библиографияи (китобдорӣ) Шаҳрисабз (Ӯзбекистон) дар аввали асри XX дар мисоли китобхонаи қозӣ Иноятуллоҳ

Муаллиф: Таҳмина Воҳидова

  Ба ҳамагон маълум аст, ҳар як давру замон шахсияту бузургони худро дорад ва чунин шахсиятҳо ва бузургон низ дар доираи маҳалли зист ва зиндагии худ ба воя мерасанд ва чун бузургони гузаштагони мо аз худ ганҷинаҳои бебаҳои худро мерос мегузоранд. Барои аҳли илму дониш ганҷинаи бебаҳо амсоли  китоб чизи дигаре вуҷуд надорад. Китоб маводи модди буда ба мо ғизои маънавӣ медиҳад, яъне китоб метавонад дар баробари маводи модди будан ҳам ғизои маънавӣ бошад, ки дар замони муосир ин бисёр муҳим аст. Инсон, низ бо ҳамингуна хислати тавонои мутолеа намудани хеш ва фикр рондан низ дар олами ҳасти аз ҷондорҳи дигар фарқ мекунад.

  Ҷомеъа барои пешрави вуҷуд доштани назму тартиб дар он аз кудакони хурдсол шуруъ намуда то ба ҳар як фарди мустақил ақлу идрок талаб мекунад, ки дар он нақши китоб муҳимияти худро дорад. Аҳамияти китобхона дар комёбиҳои кишвар хеле бузург аст[1]. Мо ҳамчун корманди Институти омӯзиши масалаҳои Осиё ва Аврупо низ  сайъу талоши худро дар беҳбудии ҷомеъ пойтахт ва кишвари худ низ бояд бигузорем. Яъне аз имкониятҳои ба мо фароҳамшуда мантиқона истифода бурда  саҳми арзандаи худро барои ояндаи кишвар ва миллати хеш гузорем. Дар ин раванд барои кор ва фаъолияти бо самари мо шароитҳои хуби корӣ муҳити илмӣ мавҷуд аст, ки ин ҳолат аз мо масъулияти хоссаро талаб мекунад.

  ... дар ҳоли ғалабаи ҳисси ватандӯстӣ инсон мехоҳад ки садоқати худро ба ватан аз тариқи бузургдошт ва қадрдонӣ намудани арзишҳои милливу фарҳангии халқи худ, мансубияти худ ба умумияте, ки шахс дар оғуши он солҳо ба камол расидааст, собит намояд, муҳаббати худро ба расму русуми аҷдодӣ, ба забону каломи модарӣ (бо дарбаргирии тамоми вожаномаи он) ба қалам дароварад.[2]

  Бо истифода аз муносибатҳои хуби ба назар расида дар чандин моҳи охири соли ҷорӣ муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мероси илмии яъне китобҳое ки дар ин минтақа то ба мо расидааст манзур менамоем.

  Шаҳрисабзӣ (30 дона китобро, ки китобат намудааст ба мо маълум аст), Ёр Муҳаммад  Қаро Шаҳрисабзӣ (1821-1826 с. “Хамса”-и Навоийро панҷ маротиба рӯнавишт намудааст) Иброҳим Девон, Мулло Дӯст Муҳаммад Шаҳрисабзий, Бобобек Иштибар, Мирзо Абдулваҳоб, Мирзо Иброҳимхӯҷа, Имомиддин Шаҳрисабзий, Раҳматуллоҳ Ғизолий Кеший, Муҳаммад Шералибек Шаҳрисабзий, Муҳаммад Раҷаб Шаҳрисабзий, Муҳаммад Обид Шаҳрисабзий, Муҳаммад Тоҳирхӯҷа Шаҳрисабзий умр ба сар бурда бо эҷодиёт машғул буданд. Дар таърихи хаттоти махсусан Абдуллоҳбек Яккабоғӣ бо мероси хосси гузоштаи худ фарқ мекунад.Ӯ дар давраи (1860-1885) амир Музаффар асир гирифташуда, ба пойтахт оварда мешавад ва дар асири бо хаттоти ва китобат машғул карда шудааст. Шогирд ва пайравони зиёди худро ба воя расонидааст.

  Муҳити адабии Шаҳрисабз то нимаи дуввуми асри XX идома ёфт, намояндаҳои ин давр ба забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ эҷод менамуданд. Намояндаҳои охирини онҳо Абдураҳмон Гулшанӣ (1898-1978), Исмоилхон Иброҳимхӯҷа ӯғли Шаҳрисабзии Фақирӣ (1910-1980), Наҷмиддинхон Асирӣ (1917-1953), Салоҳиддин Маннон ӯғли- Салоҳий (1905-1977) буданд.

  Намояндаи маъруфи муҳити илмӣ ва адабии Шаҳрисабз қозӣ Иноятуллоҳ Ӯроқ ибн Азизуллоҳ Мирзо Калонхӯҷа ибн Қаландархӯҷаи Балхӣ мебошад.  Иноятуллоҳ муфтий Ӯроқ дар масҷиди Ҷомеъи Болои ҳавзи Шаҳрисабз имом хатиб буда мударриси ҳам мекард. Ӯ рӯзи якшанбеи, моҳи рабиъул аввали 1332 ҳиҷрӣ дар синнӣ 61 солагӣ вафот мекунад. Китобхонаи қози Иноятуллоҳ дар соли 1997 ба аҳли илм маълум гардид. Китобхонаи мазкур дар манзили истиқоматии муфтӣ нигаҳдорӣ шуда буд. Баъдан қисми китобҳои китобхона ба писари Файзуллохӯҷа Равнақий ва ворисони ӯ мерос мондааст.

  Соҳиби китобхона қози Иноятуллоҳ рӯйхати мухтасари китобҳои худро ба шакли мухтасар тартиб дода аст. Дар он нархи китобҳо навишта шудааст, ки низ муҳим мебошад. Рӯйхат дар кадом сол тартиб дода шудааст ба мо маълум нест. Дар феҳристи кутоҳ чунин маълумот омадаст:

“ Дар зер ҷавоҳироти маънавии Ҳақир Иноятуллоҳ, ки онро китоб меноманд чунонанд:

1.Авроди Қуръон

2.Анвори Суҳайлӣ. 12 танга

3.Анис ат-толибин. 2 танга.

4.Ахлоқи Ҷалолӣ. 8 танга.

5.Баёз муштамал бар асрори Қосимӣ. Фурухташуд

6.Баҳори дониш. Фурухташуд

7.Бурҳони қотеъ. Луғати форсӣ

8.Бӯстони Шайх Саъдӣ

9.Роят ат-таҳқиқ. 7-танга.

10.Гулистони Шайх Саъдӣ. 5 танга.

11. Дақоиқ ал-ахбор.

12. Девони Абу-л-Маонӣ Бедил.

13.Девони Мавлоно Фузулӣ

14.Ҷомиъ ар-Рамуз, чаҳор саҳифаи қаламӣ. 75 танга.

15.Ҷомиъ ар-Рамуз. Қаламӣ. Ҳашт саҳифаи қуръонӣ ба хатти насх. 42 танга.

16.Ҷомиъ ар-рамуз. Чопӣ. 8 танга.  

17.Иншооти Абу-л-Фазл. 4 танга.

18.Кашф ал-асрор. 5 танга.

19. Кофия маа мутаалиқотҳо. 30 танга.

20. Латоифи субҳонӣ.

21.Мавлавий Абдалғаффур. 20 танга

22.Мавлавий Абдалҳаким бар ҳошия. 35 танга.

23.Мавлавий Абдулмакорим “Шарҳи мухтасари виқоя”.

24.Мавлавий Аҳмад ва Мавлавий Қосим “Шарҳ ба ақоид”. Дар як ҷилд. 15 танга.

23. Мавлавий Шариф маа шарҳи абёти Мавлавий Шамс ад-дин Муҳаммад. 30 танга.

26.Мавлавий Асомаддин. 6 танга.

27.Мавлавий Аҳмад бар ҳошия. 8 танга.

28. Мавлавий Аҳмад бар ҳошия. Ба домулло Ҳамдам амонат додашуд.

29.Мавлавий Қул Аҳмад ала Абдалҳаким. Ҳошия. 35 танга.

30.Мавлавий Қул Аҳмад. Ба домулло мударрис Абд ул-Ҷаббор амонат додашуд.

31.Ду дафтари Мавлвий Фасиҳад. 30 танга.

32.Мавлоно Абдалҳаким бар ақоид.

33. Маҷмуа. Латоифи субҳонӣ. 2 танга.

34. Маҷмуа. 3 танга.

35. Маҷмуаи Мулло Ҳусайн. Қаламӣ. Дастхати тартибдиҳанда.

36.Маҷолис ул-ушшоқ. 10 танга.

37.Мактуботи Шарифи Имом Раббонӣ муҷаддади алфи сонӣ.

38.Маслак ал муттақин. Қаламӣ. Аз мулло салим барои иҷора гирифташуд.

39.Матлаъ ал-улум. 21 танга. Фурухташуд.

40.Мизон ат-тиб. 3 танга.

41.Мир ҷамил маа такмила. 3 танга.

42. Мир Зоҳид ва қози бар шарҳи ҳадис. 8 танга.

43.Мир Саййид Шариф “Шарҳи Мишкоти Шариф”

44.Мирзо Зоҳид (ба) қозӣ.

45. Мо яқрау фи ҳазиҳи-л-авқот. 2 ҷилд.

46.Муаййад ал-фузало. 14 танга.

47.Муаммиёт.

48.(Тарихи) Муллозода.

49.Мутун.

50.Мухтасар ал-Виқоя. Бо хатти Роқим. 10 танга.

51.Мухтасар ал-Виқоя. Хушхат. 10 танга.

52.Нукоти Бедил.

53.Расойил ва руқоти туғро. 10 танга.

54.Рисола бар илми тасаввуф.

55.Рисола асос ал-аҷоид ли Махдум қозӣ Ғанӣ.

56.Саъдия шарҳи зинҷонӣ маа ғоя. 1 ҷилд.

57.Сироҷ ал-луғот. 15 танга.

58.Суллам ал-улум. 7 танга.

59.“Тавзиҳ шарҳи Танҷиҳ” маа “Талвиҳ”. Қаламӣ.

60.Такмилаи “Нафаҳот ал-унс” ли Мавлоно Абдалғаффур. 7 танга.

61.Танқиҳ Фатовии Ҳомидия. Нашри Миср. 29 танга.

62.Тарҷимаи “Рашаҳоти арабӣ”. 10 танга.

63.“Тарихи Саййид Роқим” маа муқаддимаи “Зафарномаи Темурӣ”. 13 танга.

64.Тафсири Азизӣ. Ду пораи Охир. Ба забони форсӣ.

65.Тибби Акбарӣ.

66.Туҳфат ал-ошиқин. 4 танга.

67.Фарид малозим ал-муфтӣ. 25 танга.

68.Фаридат ал-аҷойиб. Арабӣ.

69. Фатовии Қозихон. Чопӣ.

70.Фатовии Оламгирӣ. Ду ҷилд. 55 танга.

71.Фатовии Хайрӣ. 1 ҷилд. 25 танга.

72.Фиқҳ. Мусанниф Мавлавӣ Шариф Бухорӣ. 2 танга.

73.Фусулӣ Имодӣ. Қаламӣ. 1 ҷилд. 30 танга.

74.Ҳавошия.

75.Ҳайват ал-ҳайвон. Қолабӣ. Мисрӣ. 20 танга.

76. Ҳашт биҳишти Шайх Низомӣ. 10 танга.

77. Ҳидояи Шариф. 2 дафтар. 70 танга.

78.Ҳусн ал-ҳиссин. 8 танга.

79.Шифо фи ҳуқуқ ал-Мустафо ли қози Аёз.

80.Ҳошия. Нархаш 35 танга.

81.Ҳошияи Қутбӣ маа Мир. 30 танга.

82. Шабистон (и хаёл) маа аруз. 30 танга.

83. Шарҳи мароҳ. 4 танга.

84.Шарҳи Мулло Али Қорӣ бар “Мухтасари виқоя”. 35 танга.

85.Шарҳи “Таҳзиб”. Ба Эшон домулло ... амонат.

86.Шарҳи “Фароиз ли Саййид Қара”. Чоппӣ. 8 танга.

87.Шарҳи “Фиқҳи Кайдонӣ”. 2 танга.

88.Шарҳи “Ақоиди Насафӣ маа Хаёлӣ”. 10 танга.

89.Шарҳи Виқоя.

90.Шарҳи қасидаи Бурда.

91.Шарҳи “Мавоқиф”

92.Шарҳи “Матолиъ”

93.Шарҳи Мулло Ҷалол ала ақоиди Аздия маа Охунд Юсуф мусаммий ба Хонқаҳӣ.

94.Шарҳи Мулло. 50 танга.

95.Шарҳи “Таҳзиб маа Мирзо Зоҳид”. 8 танга. Чопӣ.

96.Шарҳи “Тазҳиби Охунд бар қозӣ Ҷамол маа хоҷа ва Юсуф Қаробоғӣ”.

97.Шарҳи таълимал-мутааллимин. Арабӣ.

98.Шарҳи Фароиз.

99.Шарҳи чиҳил ҳадис ли Ҳусайн Воиз Кошифӣ. 15 танга.

100.Шофия.4 танга.

101.Шоҳ ва дарвеши Ҳилолӣ.

 Имрӯзҳо қисми китобҳои дар рӯйхат тартибшуда дар дасти писари Иноятуллоҳ Файзуллохӯҷа, ки бо тахаллусҳои “Равнақӣ” ва “Рамзӣ” эжод мекард нигаҳдори мешавад. Пас аз вафоти ӯ дар дасти ворисони ӯ нигаҳдори шудаистодааст.

 Файзуллохӯҷа Равнақий (1890-1978) соли 1919 пас аз хатми мадраса дар Бухоро ба ҳайси қози дар Шаҳрисабз фаъолият мекунад. Дар давраи Шурави низ дар идораҳои суд кор мекунад. Соли 1962 ба  нафақа мебарояд.То охири умри худ бо хаттоти ва муҳркани машғул шудааст.

   Айни замон дар китобхонаи Файзуллохӯҷа ибн Иноятуллоҳ ба ғайр аз китобҳои чопи сангӣ (аз 500 дона зиёд) 52 дона ба забони форси, 45 донаба забони араби, 11 дона ба забони форсӣ-арабӣ, 4 дона ба забони ӯзбекӣ-форсӣ, 2 дона дастхат ба забони ӯзбекӣ, форсӣ ва арабӣ ба мо расидааст.

Онҳо:

1.Аломат аш-шамсия

2.Анвори ҷоҷгӯ. Асари Мулло Муҳаммад Собир Масалагӯ ибн Мулло Боқӣ Тошкандӣ.

3.Анис ат-толибин. Азони Мирзошоҳ Маҳмуд.

4.Асомии ҳазрати Хоҷагони силсилаи нақшбандӣ

5.Бадоеъ ал иншо.

6.Баёз.Муҳаррир Файзуллохӯҷа ибн Иноятуллоҳ Равнақӣ.

7.Баёз. Муҳаррир Файзуллохӯҷа ибн Иноятуллоҳхӯҷа Равнақӣ.

8.Бидон.

9.Бидон.

10.Вуҷуд ал-ошиқин.Асарҳои Садруддин Абулфатҳ Бандагӣ ва Саййид Муҳаммад Гесудароз.

11.Вуҷуд ал-ошиқин. Асарҳои Садруддин Абулфатҳ Бандагӣ ва Саййид Муҳаммад Гесудароз.

12.Гиреҳбанди Мавлавӣ.Роҷа Соҳиб.Котиби Воиз Маҳмуд Китобӣ.

13.Дар баёни ҳал-л-луғоти сӯфия.

14.Дастур ал-қузот.Саҳҳоф Мир Солиҳ.

15.Дастур ал-қузот. 2 нусха.

16.Девони Афзалӣ.

17.Девони Ибн Ямин.

18.Достони Сайқалӣ.

19.Ҷомиъ ар-рамуз.

20.Ҷоми ар-рамуз. Мавлоно Шамсиддин Муҳаммад Кӯҳистонӣ. Котиби Назар ибн Усто Назар Каратконӣ.

21.Каломи Ҳакимон.

22.Қасидаи ғавсия.

23.Қасидаи мармуз (Асрори ҳақиқат), Фаридуддин Аттор.

24.Китоб маони ал-ахбор.

25.Китоб фи баёни маони ал-луӯот ва-л-аҳком.

26.Китоб фиқҳ ал-акбар.

27.Китоби Фарои ал-фавоид.

28.Китоби ҳандаса ва риёзиёт.

29.Қозӣ Ҳамиддадин Ногурӣ (Фатовии Ҳамидия). Котиби Файзуллоҳ Балхӣ.

30.Қофия маа ҳидоят ан-наҳв.

31.Қуръон.

32.Маҷмаъ ар-расойил. Саҳҳоф Мулло Шарофаддин.

33.Маҷмаъ ар-расоил. Абу Наср Ҳусайн Муҳаммад Булғорӣ.

34.Маҷмуаи расойил бар сарф ва наҳв.

35.Маҷмуаи расойил. Саҳҳоф Мулло Амин.

36.Мактуботи Саййид шайх Абдулқодир Ҷелонӣ ва Муҳйиддин Ҷелонӣ. Котиби Воиз Китобӣ.

37.Мактуботи Шайх Абдулқодири Ҷелонӣ

38.Мактуботи  Шайх Абдулфоруқи Нақшбандӣ. Муҳаррир Ёр Муҳаммад ал-Ҷарир Бадахшӣ Толеқонӣ.

39. Манқабати Ҳазрати ёздаҳум Пири Дастгир.

40.Маориҷ ан-нубуват фи мадориҷ ал-футувват. Муин ад-дин Фароҳӣ.

41.Марғуб ал-қулуб. Муаллиф Шамс ал-Табрезӣ.

42.Масмуот. Мир Абдуллаввал Нишопурӣ.

43.Маснавии маънавии Ҷалоладдин Румӣ. Котиби Абдалҳамид ибн Мулло Мир Шариф.

44.Маснавии Шоҳ Абу Али Ҷаландар.

45.Масоил.

46.Масоили ҷувози зикри ҷаҳри ҳазрати Султон ал-машоих Хоҷа Аҳмад Яссавӣ

47. Матлаъ ат-таъбир. Ҳабиб ибн Фулод Самарқандӣ. Китоби Мулло Муҳаммад Собир Масалагӯ ибн Мулло Боқӣ Тошкандӣ.

48.Мисбоҳ ал-Ошиқин.

49.Мухтасар.

50.Нисоб ас-сибён. Муаллифи Абу Наср Фарёбӣ. Котиб Муҳаммад Юнус.

51.Пандномаи Фаридаддин Аттор.

52.Рамуз ал-ҳақиқат. Муаллиф Хоҷа Абдуллоҳ Ансорӣ.

53.Риёз ал-аброр фи илми ал-қироат.

54.Рисола дар баёни ақсоми азкор ва-л-ашъор ва тасаввурот ва мушоҳидот.

55.Рисола дар илми ҳисоб.

56.Рисола фи тасаввуф.

57.Рисола.

58.Рисола. Муҳаммад ибн Абдаррашид ас-Сиҷовандӣ.

59.Рисолаи муаммо ва луғз. Мавлоно Абдураҳмон Ҷомӣ. Котиб Муҳаммад Замон.

60.Рисолаи Мавлоно Мир Зоҳид дар қавоиди Қуръон. Котиб Муҳаммад Юсуф мирохур.

61.Рисолаи муаммо. Шаҳобуддин Муаммо

62.Рисолаи Абу Саъид Аҳмадӣ.

63.Рисолаи ал-ҷабр.

64.Рисолаи мадинат ар-руҷол, яъне шаҳри Термиз. Муаллифи Хӯҷа Али Термизӣ.

65.Рисолаи мантиҷ. Котиби Саййид Муҳаммад ибн Хоҷагӣ.

66.Рисолаи Ниёз Алӣ Аҳмадӣ Алавӣ Қодирӣ.

67.Рисолаи фиқҳӣ

68.Савол ва ҷавоб дар сарфу наҳв. 2 нусха.

69.Савол ва ҷавоби Анушервон ва Бузарҷмеҳр.

70.Салавоти Масъудӣ. Масъуд ибн Маҳмуд ибн Юсуф Самарқандӣ.

71. Салавоти Масъудӣ. Масъуд ибн Маҳмуд ибн Юсуф Самарқандӣ. Котиб Маҳмуд Ғафур ибн Шоҳ Муҳаммад Кулобӣ.

72.Субҳат ал-аброри Мавлоно Абдураҳмон Ҷомӣ. Котиб Муҳаммад Юсуф мирохур ибн Мирзо Раҳматуллоҳ ал-Кешӣ.

73.Тазкираи Бағрохонӣ. Абдулҳомид Самарқандӣ. Котиб Иноятуллоҳ.

74.Таърихи Муллозода. Аҳмад ибн Маҳмуд маъруф ба Муин ал-Фуқаро.

75.Таърихи Самарқандӣ (Самария). Абу Тоҳирхӯҷа. Котиб Исохӯҷа ибн Мӯсохӯҷа Қаршигӣ.

76.Тафсири Қуръон.

77.Тафсири сураи “Ёсин”

78. Туҳфаи Қодирия. Котиб Воиз Китобӣ

79. Туҳфат ал-вузаро. Муаллиф Хондамир.

80. Туҳфат ал-Қодирия.

81.Усули ҷамъ ал-усул.

82.Фарзи айн.

83.Ҳафтяк. Маҷмаъ ад-дуо.

84.Ҳашт биҳишт. Муаллиф Амир Хусрав Деҳлавӣ. Котиб Мулло Абдалкарим.

85. Ҳизб ал-баҳр.

86.Ҳикмат ал-айн. Муҳаммад ибн Муборакшоҳ ал-Бухорӣ.

87.Ҳикмат ал-айн. Муҳаммад ибн Муборакшоҳ ал-Бухорӣ.

88.Ҳошия Абдулҳаким.

89.Ҳошия Абдулӯғафури Лорӣ.

90.Ҳошия Абдулҳаким бар “Фусус”.

91.Ҳошия Мир бар шаҳри шамсия. Котитб Абдулваҳҳоб.

92.Ҳошияи Хаёли бар ақоиди ал-имом Насафӣ. Котиб Садраддин Бухорӣ.

93.Шаҷараи Қодирия.

94.Шаҷараи Чиштия.

95.Шамоили набавӣ. Абу Исо Муҳаммад ибн Исо ат-Термизӣ.

96.Шарҳи ақоиди мавлавӣ Аҳмад Алӣ.

97.Шарҳ бар асари қози Байзовӣ ва тафсири Зоҳидӣ.

98.Шарҳ бар шарҳи сарф ва наҳв. Охунд Мулло Ҳофиз Кӯҳакӣ.

99.Шарҳ бар шарҳ Виқоя. Мулло Фахруддин.

100.Шарҳ. Иброҳим ибн Исо Муҳаммад ибн Шоҳ ал-Исфароиний.

101. Шарҳи авомил.

102. Шарҳи аузу биллоҳ.

103.Шарҳи Ҷалолӣ ва ҳошия.Котиб Муҳаммад Шариф ибн Тилло Асадуллоҳ Каттақӯрғонӣ. Барои Қозӣ Муҳаммад Шариф Бухорӣ рӯнавишт шудааст.

104.Шарҳи Зинҷонӣ.

105.Шарҳи Кофия. Муҳаммад Қосим ибн Абулқосим Бухорӣ.

106.Шарҳи Мавлавӣ Шариф бар шарҳи Мулло. Муҳаммад Шариф ибн Мавлоно Муҳаммад ал-Ҳусайн. Котиб Иноятуллоҳ.

107. Шарҳи Мулло Ҷомӣ. Котиб Мулло Муҳаммад Мӯсо ибн Муҳаммад Исо Хӯқандӣ.

108.Шарҳи Мулло. Абдулҳаким ибн Шамсиддин.

109.Шарҳи Шамсия. Муаллиф Султонхӯҷа аълам ал-Бухорӣ.

110.Шуълаи рангин. Муаллиф Носир Алӣ.

111.Юсуф ва Зулайхо. Мавлоно Абдураҳмон Ҷомӣ. Котиб Мирзо Муҳаммад Умар Хатлонӣ.

  Дар китобхонаи Исмоилхон Фақирӣ, ки ҷияни Равнақӣ мебошад 47 ҷилд китоб ба забони форсӣ-тоҷикӣ, арабӣ, туркӣ  навишташуда маҳфуз аст. Бояд зикр кард, ки мероси илмӣ ва адабии китобхонаи Исмоилхон Фақирӣ дар китоби “Баёзи Фақирӣ” (Тошкент. Адолат,2004) омӯхташуда аст.

 Нақши назарраси  маълумотҳои зикр гардида ба мо маълум гардид, ки гузаштагони мо ба китоб, китобат ва библиография (китобдорӣ) бефарқ набудаанд. Яъне, зёиёнамон аз аҳли китоб ва китобдӯстанд. Таърихи китоб ва китобат дар Шаҳрисабз ва Китоб анъанаҳои китобдорӣ (библиография) барои омӯхтани минтақаҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти зиёд дорад.

 Таҳмина Воҳидова

Ходими хурди илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо

Китобнома:

1.Шаръи Хӯҷа Азим. Тазкират уш-шуаро. FF Дастхат.Академияи илмҳои ӮзбекистонИнститути ба номи Абу Райҳон Берунӣ, № 3393F3.

2.Қори Раҳматуллоҳ Возеҳ. Туҳфат ул-аҳбоб. Тошкент, 1332 F1913-1914.

3.Абдуллоҳ Хӯҷа Абдий. Тазкират уш-шуарои мутаахирини Бухоро. Дастхат. Академияи илмҳои ӮзбекистонИнститути ба номи Абу Райҳон Берунӣ, № 64.

4.Vahidov Sh.,Erkinov A/ Le fihrist (cataloque) de la biblioteque de Sadri Ziya^ une image de la vie intellectuelle dans  le Mavarannahr (fin XIXt-deb.Xxe s.) //Cahiers d`Asie Centrale, 1999, nc 7.P. 141-174.

5.Муаззамхон А. Воҳидов Ш. Пешвои миллат ва эҳёи фарҳанги миллӣ.-Хуҷанд,2018.244с. (+48)

6. Ҳодизода Р. Источник к изучению таджикской литературҷ второй половинҷ века. Сталинобод, 1956.

7.  Кедров Б.М. Классификация наук. В 3-х томах. – Москва: Мысль, 1961-1965. – С 52.

8. Ибн Надим. Китоб ал-фехрист (библиография). – Қоҳира, 1958.   

 

[1] Сӯфизода. Ш,. Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад. // Илм ва Ҷомеа (маҷаллаи академии илмию оммавӣ), №2(6) 2017

[2] http://anrt.tj/tj/khabar-o/1255-oini-vatandor-rushdi-davlati-mill-va-omeai-madan

Хондан 2075 маротиба