JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 22 Ноябри 2018 10:16

Усулномаи истилоҳнигории тоҷикӣ

Муаллиф:

  Маҷмўи вожагон ё калимаҳои хоси ягон соҳаи илму фан, саноату истеҳсолот, касбу ҳунар, ки бо мафҳумҳои мушаххас алоқаманданд, маъмулан истилоҳот ном бурда мешаванд. Ҳар соҳаи илму фан, саноату истеҳсолот ё касбу ҳунар истилоҳоти хоси худро дорад, ки ин истилоҳот дар ҳампайвандӣ як низоми том ва муназзами истилоҳоти ҳамин соҳаро ташкил медиҳанд.

Дар забони русӣ ба ин маъно бештар истилоҳи терминология (лот. terminus – ҳад, ҳудуд ва юн. logos – калима, таълимот) истифода мешавад, ки илова бар ифодаи маънии як соҳаи муҳимми вожашиносӣ (лексикология), яъне истилоҳшиносӣ боз маҷмўи истилоҳоти забони русиро ифода мекунад.

Истилоҳоти тоҷикӣ воқеан таърихи қадиму ғанӣ дорад ва аз умқи асрҳои пешин ибтидо мегирад. Бузургтарин донишмандони миллии мо - Абурайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб-ут-тафҳим» (соли таълифаш 1029) ва Абуалӣ ибни Сино бо «Донишнома» (таълифаш байни солҳои 1023-1037) бунёдгузори истилоҳоти илмии тоҷикӣ шинохта шудаанд. Ташаккулу такомули минбаъдаи истилоҳоти илмии тоҷикӣ дар асрҳои баъдӣ дар осори Носири Хусрав, Умари Хайём, Насириддини Тўсӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ... камобеш  идома пайдо кардааст.

Ҳамчунин ҷойи таъкид аст, ки ниёгони донишманди мо - Муҳаммади Хоразмӣ, Абулмаъшари Балхӣ, Аҳмади Фарғонӣ, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абулвафои Бузҷонӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абусаиди Сиҷзӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абулфазли Ҳиравӣ ва дигарон бо таълифоти илмии худ дар ташаккули истилоҳоти илмии арабӣ саҳми назаррас доранд, ки баъдан баъзе аз ин истилоҳот ба забони тоҷикӣ ворид шуда, то ба имрўз ҷузъи муҳимми истилоҳоти илмии тоҷикиро дар илмҳои нуҷум, шумору ҳандаса, фалсафа, ҷуғрофия, тиб ва ғайра ташкил медиҳанд.

Истилоҳоти тоҷикӣ асосан дар заминаи захираи ғании луғавии дар тўли бештар аз ҳазор сол гирдомада, забони зиндаи мардум, ҳамчунин сохтан ва пазируфтани истилоҳот аз забонҳои дигар ташаккул ёфтааст.

Бояд гуфт, ки истилоҳоти тоҷикӣ дар даврони шўравӣ ҳамзамон бо пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва илму фан, ба хусус зери таъсири истилоҳоти русӣ ва забонҳои дигар такмилу такомули бештар ёфт ва равиши илмии низомманд пайдо кард.

Истилоҳ маъмулан бо роҳи ба дўши калимаҳои мустаъмал бор кардани мазмуни мафҳуми мушаххас ба миён меояд. Шарти муҳим он аст, ки истилоҳ ифодагари яке аз нишонаҳои асосии мафҳум бошад ё ба таври қатъӣ бори маънии мафҳуми мушаххас бар дўши истилоҳ вогузор карда шавад. Илова бар ин, дар ҳолатҳои истисноӣ, гоҳе истилоҳ метавонад хилофи мазмуни исмии худ бошад ва ё ба мазмуни исмии худ ягон робита надошта бошад.

Нахустин дастурамал, ки усули асосии истилоҳоти забони тоҷикиро то солҳои ҳафтодуми садаи XX муқаррар мекард, «Установкаи терминологияи забони тоҷикӣ» ном дошта, соли 1936 аз ҷониби Кумитаи марказии алифбои нав ва терминология (истилоҳот) ба тасвиб расид. Вале бояд ёдовар шуд, ки усулномаи мазкур дар рўҳияи сиёсати давр таҳия шуда, ҷанбаи заифи илмӣ дошт ва дар роҳи пешрафти забони тоҷикӣ ва истилоҳоти миллӣ дар садаи сарнавиштсози бист то андозае монеа эҷод кард.

22 июни соли 1960 бо қарори Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (рақами 276) Комитети терминология (Кумитаи истилоҳот) дар назди Раёсати Академияи илмҳо аз нав таъсис ёфт ва соли 1969 ин Кумита бо ташаббуси собиқ Президенти Академияи илмҳо - устод Муҳаммади Осимӣ, ки ҳамзамон вазифаи раисии Кумитаро ба зимма дошт, ба аъзои Кумита лоиҳаи «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ»-ро пешниҳод кард ва моҳиятан таҳияи усули истилоҳнигории тоҷикиро дар навбати аввал ба имкониятҳои худи забони тоҷикӣ марбут донист.

Усулномаи «Принсипҳои асосии терминологияи забони тоҷикӣ» соли 1971 дар зери таҳрири устод Муҳаммади Осимӣ ва Носирҷони Маъсумӣ ба нашр расид. Бояд гуфт, ки усулномаи мазкур аз тарафи Яқуб Калонтаров тартиб дода шуда, донишмандони маъруф Абдулқодир Маниёзов  ва Акбари Турсон дар таҳрири ниҳоии он ширкат варзидаанд.

Мавриди зикр аст, ки ин усулнома аз 15 усул (принсип) иборат буда, то ба имрўз дорои аҳамияти баланди илмию амалист. Вале рўзгори имрўзаи соҳибистиқлолии кишвар ва давлатдории миллӣ зарурат пеш овардааст, ки баъзе усули истилоҳнигории тоҷикӣ мавриди таҷдид, такмил ва бознигарии ҷиддӣ қарор дода шавад. Зеро, ҳангоми таҳияи усулномаи мазкур, яъне дар рўзгоре, ки идеологияи ҳукмрони шўравӣ ҳарчанд зоҳиран баробарии забонҳоро тарғиб намуда, ботинан ба густариши забони русӣ ва тарвиҷи корбасти истилоҳоти русиасл бештар машғулу манфиатдор буд, забони тоҷикӣ дар илму фан доираи фаъолияти нисбатан маҳдудтар дошт ва ҳангоми истилоҳнигорӣ ва корбасти истилоҳот ба истилоҳоти русӣ бештар афзалият ва бартарӣ дода мешуд. Ин нукта ҳам гуфтанист, ки аз 15 асли усулномаи мазкур 10 асли он (аслҳои 3, 4, 6, 7, 8, 9, 12, 13, 14, 15) бавосита ё бевосита ба забони русӣ алоқамандӣ дошт. Аз ҷумла, асли 3 «бо роҳи аз ҳисоби терминҳои забони русӣ ва дигар забонҳо бой кардани захираи терминҳои забони тоҷикӣ», асли 4 «бо роҳи аз забони русӣ айнан тарҷума кардани калима ва ибораҳо (калка)» ва асли 12 «баъзе унсурҳои калимасозии юнонию лотинӣ, ки дар терминологияи русӣ ҳастанд, дар тоҷикӣ ҳам бетағйир мемонанд» муқаррар шуда буд. Аммо, имрўз, дар даврони соҳибихтиёрии воқеии кишвар ва мақоми олии давлатӣ доштани забони тоҷикӣ фурсат фаро расидааст, ки бо таваҷҷуҳ ба меъёрҳои аслӣ ва таърихии забон усул ва равишҳои истилоҳнигории тоҷикӣ дигарбора муайян ва муқаррар карда шаванд.

Албатта, ҷойи шакку тардид нест, ки мо ҳанўз ҳам дар муҳити таъсири забон ва илму фарҳанги русӣ қарор дорем ва тору пуди ҷаҳонбинии илмӣ ва истилоҳнигории мо хоҳ-нохоҳ ғолибан бо истилоҳоти русӣ пайванд мехўрад ва ҳанўз истилоҳоти ин забон, ба хусус тарҷумаи истилоҳот аз ин забон барои истилоҳнигории миллии мо ба сифати заминаи муътамад хидмат мекунад.

Бино бар ин, дар зер чанд асли истилоҳнигории тоҷикӣ, ки ба андешаи мо, ба табиати забони тоҷикӣ ва истилоҳнигории он созгории бештар доранд ва бархе аз ин аслҳо дар усулномаи дар боло ёдшуда низ таъкид шудаанд, ба доварию қазовати мутахассисону алоқамандони соҳаи истилоҳнигорӣ вогузор карда мешавад. Зимнан барои дарки осонтари матлаб дар баъзе маврид истилоҳоти тоҷикӣ дар қиёс бо истилоҳоти русӣ ифода мегардад.

Мусаллам аст, ки истилоҳнигорӣ аслан фаъолияти огоҳонаи сохтан, пазируфтан ва мавриди истифода қарор додани истилоҳот мебошад. Усул ё аслҳои асосии истилоҳнигории тоҷикиро дар заминаи меъёрҳои аслӣ ва таърихии забон метавон аз инҳо иборат донист:

Асли 1. Истифодаи босамар аз калимаҳои захираи луғавии забони тоҷикӣ, ки дар осори илмию адабии ниёгон ё дар забони зиндаи мардум маҳфуз мондаанд ва маънои истилоҳро ба пуррагӣ ифода мекунанд. Масалан: замин, осмон, ситора, кўҳ, дара, чашма, дарё, садаф, нуқра, бузургӣ, сафеда, биринҷӣ, заъфарон, гаҳвораҷунбон, шудгор, ҳастӣ, сулола  ва ғ.

Асли 2. Ба маънии истилоҳи мушаххас кор бастани вожа ё калимаҳое, ки дар забон маъмул мебошанд. Бо истифода аз ин асл ба дўши калимаҳои  маъруф ё номаъруфи забон бори ифодаи маънии истилоҳи мушаххас гузошта мешавад. Масалан: бозор (бозори пул, бозори мол, бозори кор, бозори коғазҳои қиматнок, иқтисоди бозорӣ), девон (девони вазирон), бозаргонӣ (бизнес), бозаргон (бизнесмен) ва ғ.

Асли 3. Сохтани истилоҳи нав бо риояи қатъии қолабҳои таърихии калимасозӣ ва иборабандии забони тоҷикӣ.

Дар ин асл ҳамаи шеваҳои шашгонаи калимасозии тоҷикӣ, яъне 1) шеваи сарфӣ: а) сохтани калима бо пешванд;  б) сохтани калима бо пасванд; 2) шеваи наҳвию сарфӣ: а) сохтани калимаҳои мураккаб;  б) сохтани калимаҳои мураккаби омехта; 3) шеваи сарфию наҳвӣ, яъне аз як ҳиссаи нутқ ба ҳиссаи дигари нутқ гузаштани калима бидуни вандафзоӣ ва ё воситаи дигар, ки ин шеваро дар забоншиносӣ вогардонӣ (конверсия) ва ҷотабдилӣ (транспозитсия) низ мегўянд; 4) шеваи луғавию наҳвӣ, яъне ба вожаи мураккаб табдил шудани ибораи изофӣ; 5) шеваи луғавию маъноӣ ва 6) калимасозӣ тавассути ихтисора мавриди истифода қарор доранд.

Илова бар ин дар забони тоҷикӣ боз як шеваи хоси наҳвии истилоҳсозӣ – сохтани ибораистилоҳҳо: а) сохтани ибораҳои истилоҳии изофӣ ва б) сохтани ибораҳои истилоҳии пешояндӣ  низ мавҷуд аст.

Аз ин хотир шеваҳои асосии истилоҳсозии тоҷикӣ аз инҳо иборат дониста мешаванд:

1) шеваи сарфӣ ё вандафзоӣ:

а) сохтани истилоҳ бо пешванд: абарсахт (сверхпрочный), абарсадо (гиперзвук), абармард (сверхчеловек), андарёфт, барсў, беандоза, боздошт, фаросавт, фурўсў, ҳамчанд, норост, нопазиро, по(д)заҳр ва ғ.;

б) сохтани истилоҳ бо пасванд: гўша, даҳа, овеза, асбак (чека), хиштак (диоптр), раванда, хазанда, дарозо, жарфо, паҳно, гардон, нуҳгона (ададҳои нуҳгона, яъне ададҳои аз 1 то 9), ҷисмонӣ, дарёбор, астурлобгар, расадгоҳ, тиҳигоҳ, сангистон, шўристон, варзиш, якӣ, сардсер, гармсер ва ғ.;

2) шеваи наҳвию сарфӣ:

а) сохтани истилоҳоти мураккаб: буновар (абцесс), говмеш, дупайкар, сангпушт, туршширин, дарозмиёна, донишнома, тандуруст, ёддошт, сурхраг, сесў, ҳазорпо, сарсом, мардумгиёҳ, ситораёб, шаборўз, шоҳбалут ва ғ.;

б) сохтани истилоҳоти мураккаби омехта: уштурговпаланг, бодреса, модаронбў, сангберуноранда (гиёҳ), дувоздаҳангуштӣ (рўда) ва ғ.;

3) шеваи сарфию наҳвӣ, яъне маънои истилоҳ пайдо кардан ҳангоми аз як ҳиссаи нутқ ба ҳиссаи дигари нутқ гузаштани калима бидуни вандафзоӣ ва ё воситаи дигар: нимбурид, пурӣ, ростпаҳлу (аз сифат), истода, овеза, орамида, баранда, гарданда, гиранда, раванда, паранда (аз сифати феълӣ), гузар, шумор (аз асоси замони ҳозираи феъл), дошт, хост (аз асоси замони гузаштаи феъл) ва ғ.;

4) шеваи луғавию наҳвӣ, яъне ба истилоҳи мураккаб табдил шудани ибораи изофӣ ё ҷумлагуна: мурғобӣ, бўйимодарон, дорчинӣ, нимасб, канорирўзӣ, каноришабӣ, кичуман, чуманкидид ва ғ.

Шоистаи зикр аст, ки истилоҳи гиёҳшиносии кичуман (кӣ+чу+ман) ба сурати киҷуман ба забони арабӣ ворид шудааст ва гунаи чуманкидид (чу+ман+кӣ+дид) ба арабӣ айнан дар шакли ман роа мислӣ (кӣ дид мисли ман) тарҷума гардидааст;

5) шеваи луғавию маъноӣ, ки дар ин шева ҳодисаи ба чанд маъно истифода шудани як истилоҳ ба назар мерасад. Масалан, калимаи маъруфи сутун дар ҳандасаи қадим ба сифати истилоҳ ба маънии устувона (цилиндр) корбаст шудааст: сутуни рост (прямой цилиндр), сутуни каж (наклонный цилиндр); калимаи тир ба сифати истилоҳ ба маънии меҳвар (ось): тири сутун (ось цилиндра) омадааст. Калимаҳои сурхӣ ба маънии шиҳоб (метеор), баландӣ ба маънии зирва (апогей), хирман ба маънии ҳола (ореол) ба сифати истилоҳи нуҷумӣ ба кор рафтаанд.

Ҳамчунин феълҳои  костану афзудан  дар илми шумор (арифметика) ба маънии ҷамъу тарҳ ва дар илми нуҷум ба маънии нуқсону зиёдат истифода шудаанд;

6) шеваи наҳвӣ:

а) сохтани ибораҳои истилоҳии изофӣ: адади аввал, адади мураккаб, адади том, бурҷи гардон, касри даҳӣ, Роҳи Каҳкашон, хатти рост, инқилоби зимистонӣ, эътидоли баҳорӣ, ихтилофи манзар (параллакс), фалаки ҳомил (деферент), фалаки тадвир (эпитсикл), қуввати ёддошт, қутби шимол, дарди дандон ва ғ.;

б) сохтани ибораҳои истилоҳии пешояндӣ: афзунӣ ба адад, доира бар шакл, шакл бар доира, пайванд ба паҳно ва ғ.;

7) истилоҳсозӣ тавассути ихтисора: α-зарра, β-шуоъ, НБО-и Роғун, д.и.ф. (доктори илми филология), км/с ва м/с (километр/соат ва метр/сония), АИ ҶТ (Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), МУ СММ (Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид)  ва ғ.

Ёдоварӣ мебояд, ки шеваҳои луғавию наҳвӣ ва истилоҳсозии ихтисораҳо дар истилоҳсозии тоҷикӣ ниҳоят каммаҳсул мебошанд.

Асли 4. Истилоҳи нав бо унсури зинда ва маънодори забон сохта мешавад ва мутобиқи қоидаи маъмули истилоҳнигорӣ истилоҳ бояд таркибпазир буда, дар заминаи он барои сохтани истилоҳоти дигар имкон мавҷуд бошад. Масалан: сармоя (сармоягузор, сармоягузорӣ, сармоядор, сармоядорӣ, сармояфизоӣ, сармояи иҷтимоӣ, сармояи қарзӣ, сармояи аслӣ, сармояи эълоншуда, сармояи инсонӣ, сармояи аввалия, сармояи саҳмӣ, сармояи табиӣ, сармоягузории мустақил, сармоягузории дохилӣ, сармоягузории хориҷӣ, сармоягузории мустақим, сармоягузории воқеӣ), паймон (паймонгар, паймонкор, паймонкорӣ, паймоншикан, паймоншиканӣ), саҳмия (саҳмиядор, саҳмиядорӣ, саҳмияфурўшӣ, саҳмияи номӣ, саҳмияи одӣ, саҳмияи имтиёздор) ва ғ.

Сохтани истилоҳ бо калима ва унсурҳои калимасози давраҳои бостон ва миёнаи забонҳои эронӣ, ки маънову моҳияти худро гум кардаанд, мувофиқи мақсад дониста намешавад.

Асли 5. Тарҷумаи дақиқи истилоҳ, яъне сохтани истилоҳоти нав бо роҳи тарҷумаи дақиқи истилоҳот аз забонҳои дигар, ба хусус аз забонҳои русӣ ва ингилисӣ. Масалан: заринбарг (золотолистник), худнавис (самописец), ашёи камбаҳову зудфарсо (малоценные и быстроизнашивающие предметы),  сабти дугонаи ҳисобдорӣ (двойная бухгалтерская запись), адади дурақама (двузначное число), ҷадвали зарб (таблица умножения),  бузургии мутлақ (абсолютная величина), вазни қиёсӣ (удельный вес), нақлиёти роҳи оҳан (железнодорожный транспорт), сарви ҳамешабаҳор (вечнозеленный кипарис), арзиши изофаи мутлақ (абсолютная прибавочная стоимость), арзиши аслӣ (себестоимость), ҳуқуқи иҷора (арендное право), иҷорагир (арендатор) ва ғ.

Аслан ба тарҷумаи дақиқ ва муваффақонаи истилоҳот ноил омадан хеле душвор аст, аммо шарти муҳим он аст, ки ҳангоми тарҷумаи истилоҳот аз тарҷумаҳои дурушту дағал сарфи назар карда шавад.

Асли 6. Тарҷумаи озоди истилоҳ, яъне сохтани истилоҳоти нав бо роҳи тарҷумаи озоди истилоҳот аз забонҳои дигар, ба хусус аз забонҳои русӣ ва ингилисӣ. Масалан: ҳаққи иштироки афзалиятнок (квалифицированная доля участия), меъёрҳои мақбул (пруденциальные нормативы), иқоматнома (вид на жительство), биманома (страховой полис), қарзи худтаҷдид (автоматически возобновляемый кредит), ва ғ.

Асли 7. Тарҷумаи маънои истилоҳ ё сохтани истилоҳи нав бо роҳи баёни мафҳуми истилоҳ аз забонҳои дигар. Масалан: иқрори ихтиёрӣ (явка с повинной), рўёнидан бо қарори суд (отсуждение), табақаи зерхок (подпочва) ва ғ.

Асли 8. Сохтани истилоҳи нав бо роҳи ҳамроҳ кардани калима ва унсуру воситаҳои калимасози тоҷикӣ ба истилоҳи забонҳои дигар. Масалан: дуатома (двухатомный), карбиди оҳан (железистый углерод), даҳанаи вулқон (жерло вулкана), оҳанубетон (железобетон) ва ғ.

Асли 9. Сохтани истилоҳи нав бо роҳи ба таркиби истилоҳи русӣ ё забони дигар ҳамроҳ кардани унсуру воситаҳои калимасози тоҷикӣ. Масалан: бонкдорӣ, бетонрез (бетонщик), бомбаандоз (бомбардировщик), мошинрон (машинист), пианинонавоз (пианист), футболбоз (футболист) ва ғ.

Асли 10. Бо калимаи мураккаб ифода кардани истилоҳе, ки дар забони русӣ ва забонҳои дигар дар қолаби ибора таркиб ёфтааст. Масалан: садоафкан (акустический излучатель), садопарда (голосовая связка), ангиштсанг (каменный уголь), намаксанг (каменная соль), мағзпарда (мозговая оболочка), ҳароммағз (спинной мозг), сарсатр (красная строка), сиккахона (монетный двор), тирреша (стержневой корень) ва ғ.

Асли 11. Дар қолаби ибора ифода кардани истилоҳе, ки дар забони русӣ ва забонҳои дигар дар қолаби калима, калимаи сохта ё мураккаб таркиб ёфтааст. Масалан: ситораи думдор (комета), кишти дубора (пересев), кишти илова (подсев), таъсири мутақобила (взаимодействие), муҳлати эътибор (давность) ва ғ.

Асли 12. Дар ҳолатҳои истисноӣ  мавҷуд будани имкони ифодаи як мафҳуми илмӣ бо ду ё се истилоҳи ҳаммаънои иқтибосӣ ё тоҷикӣ, дар сурати ба қоидаҳои дастурии забони тоҷикӣ мувофиқ будани ин истилоҳот.  Масалан: Хирси Калон, Дубби Акбар, Ҳафтдодарон (Большая Медведица); кусуф, гирифтани Офтоб (солнечное затмение), хусуф, гирифтани Моҳ (лунное затмение); ҳаракат, ҷунбиш (движение); пудина, ҳулбўй (мята); тир, меҳвар (ось) ва ғ.

Аз ҷумла, имкон дорад дар баробари корбасти номи тоҷикии бурҷҳои дувоздаҳгона номҳои арабиасли ин бурҷҳо низ мавриди истифода қарор бигирад:

1. Бара (Ҳамал); 2. Гов (Савр); 3. Дупайкар (Ҷавзо); 4. Харчанг (Саратон); 5. Шер (Асад); 6. Хўша (Сунбула); 7. Тарозу (Мизон); 8. Каждум (Ақраб); 9. Тирандоз ё Камонвар (Қавс); 10. Бузғола (Ҷадй); 11. Обрез (Далв); 12. Моҳӣ (Ҳут).

Ё номҳои асили сайёраҳои манзумаи Офтоб, ки дар осори пешиниён истифода шуда, ба шеъри арабӣ низ роҳ ёфтаанд, дар баробари номҳои арабиасли ин сайёрагон истифода карда шаванд: Моҳ (Қамар), Кайвон (Зуҳал), Тир (Уторид), Ҳурмуз (Муштарӣ), Ноҳид (Зуҳра), Баҳром (Миррих). 

Асли 13. Иқтибос гирифтани истилоҳот вобаста ба табиат ва қоидаҳои дастурию овоии забон аз забонҳои дигар. Яъне, дар сурати мавҷуд набудани муодили тоҷикии истилоҳ ва имкон надоштани истилоҳсозии нав дар ин замина истилоҳ ба таври мустақим аз забони асл, ё ғайримустақим ба воситаи забони севум иқтибос гирифта мешавад. Масалан: академия, кумита, аспирант, докторант, полковник, сулфур, карбон, оксиген, ҳидроген, бонк, мониторинг, ҳолдинг, трансферт, форвард ва ғайра.

Муҳим аст, ки ҳангоми иқтибос гирифтани истилоҳот бояд хусусиятҳои дастурӣ ва овоии забон аз мадди назар дур намонад.

Асли 14. Асли муҳимми дигари истилоҳнигории тоҷикӣ, ки ба дигар ҳама усули дар боло номбурда бастагии ногусастанӣ дорад, риояи шевоӣ, назокат ва фасоҳати забони тоҷикист. Яъне, дар забони тоҷикӣ истилоҳнигор илова бар дониши олии забонӣ бояд дорои табъи салим ва завқи баланди сухансанҷию суханшиносӣ бошад. Зеро, ба истиснои баъзе истилоҳоти дурушт, ки дар даврони мавҷудияти Шўравӣ ва солҳои охир сохта шудааст, дар забону адабиёти илмию адабии бештар аз ҳазорсолаи мо истилоҳоти дурушту дағал ва душворнавису душворбаён ба мушоҳида намерасад.

Умед аст, ки мутахассисону алоқамандони соҳаи забон ва истилоҳнигорӣ дар такмили ин усулнома кўшиши бештар ба харҷ хоҳанд дод ва дар ин ҷода қадами пештар ва боз ҳам устувортар хоҳанд ниҳод.

Ҳасани СУЛТОН

узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№4 (12), 2018

Хондан 3332 маротиба