Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 декабри соли 2019 ироа гардид, ба масъалаи аз худ намудани донишҳои замонавӣ, пурзӯр кардани таълими фанҳои табиатшиносӣ бештар таваҷҷуҳ карда шуд. Ин буд, ки бо пешниҳоди Президенти мамлакат солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардид. Вобаста ба ин, тибқи нақша, ҳар сол гузаронидани олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаи таҳсилот дар назар аст. Биноан, дар зер мехоҳем перомуни ба вуҷуд омадан ва дастовардҳои илмҳои табиатшиносӣ…