Давраҳои аввали пайдоиши ҳаёт дар замин ҳодисаҳои табиат дар ибтидо тафсири мифологӣ ва динӣ доштанд. Ба таври реалӣ илм дар асрҳои XVI- XVIII дар Аврупо, вақте ки корҳои И. Кеплер, Г. Декарт, Г. Галилей, И. Нютон ва дигарҳо пайдо гардид, ба вуҷуд омад. Аммо таъкид кардан муҳим аст, ки хеле пештар аз ин, яъне, асрҳои VII – XI дар Шарқ чун давраи равнақи илму маърифат машҳур мебошад. Масалан, Ал-Хоразмӣ муаллифи арифметика ва маънидодкунандаи алгебра ба шумор меравад. Абӯрайҳонӣ Берунӣ ченкуниҳои аниқи астрономӣ ва ҷуғрофиро гузаронидааст. Улуғбек феҳристи аниқи ситораҳо ва ҷадвали ҳаракати сайёраҳоро тартиб додааст.
Дар айни ҳол илми муосир зиёда аз 15 ҳазор фанро дар бар мегирад, ки ҳар кадом аз якдигар фарқ доранд. Қисмати асосии комёбиҳо ё асоси прогресси илмӣ — техникӣ ба асри XX рост меояд. Ин чизро ба инобат гирифта, ба хулоса омадан мумкин аст, ки илми табиатшиносӣ муҳимтарин ва асоситарин рукни маърифати башар мебошад. Дар асоси консепсияи гуманизми эволютсионӣ, инсон масъули ояндаи худ буда, ба инкишофи сайёра ҷавобгӯ мебошад. Нишонаи асосии илмҳои табиатшиносӣ аз муносибати одам бо табиат пайдо мегардад. Асоси илмҳои табииро физика, астрофизика, кимиё, риёзӣ, биология, геология ва ҷуғрофия ташкил медиҳанд.
Физикдон ва кимиёшиноси рус, асосгузори системаи даврии элементҳо Д. И. Менделеев гуфтааст: «Вақте фаро мерасад, ки ҳамаи ҷаҳон ба илми ягона, ҳақиқати ягона, саноати ягона, бародари ягона, дӯсти ягона — ба табиат соҳиб мешавад». Ин гуфта ба он маъност, ки илмҳои табиатшиносӣ сарҳад надоранд.
Агар ба таърихи фанҳои табиатшиносӣ назар афканем, мебинем, ки ҳар як илм, кашфиёт, ихтироот, соҳаи дилхоҳи истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ ва ғайра таърихи ба вуҷуд омадан ва инкишофро дорад. Бинобар ин, алҳол хроматографияи таърихи илмҳои табиатшиносӣ ҳамчун илми алоҳида шинохта шудааст.
Дар байни илмҳои табиатшиносӣ аз ҳама пештар астрономия инкишоф ёфтааст. Ин ба он вобаста мебошад, ки одамон дар аввал ба офтоб, моҳу ситораҳо мароқ зоҳир менамуданд. Сипас, баробари астрономия математикаи элементарӣ инкишоф ёфт. Баробари рушди илмҳои зикршуда, физика, кимиё, биология, геология, минералогия, физиология, растанишиносию ҳайвоншиносӣ рӯ ба тараққӣ ниҳоданд.
Дар инкишофи илми табиатшиносӣ донишгоҳи аввалини ҷаҳон дар Болонияи Италия, ки дар асри XI ба фаъолият оғоз кард, нақши бузург бозид. Баъдтар дар Париж (солҳои 1150 — 1200) ва дар Чехия Донишгоҳи Карлов (1350) кушода шуданд, ки барои илм хизмати таърихӣ сомон додаанд. Вале илм ба авҷи тараққиёт дар асри XIX ва ибтидои асри XX расид.
Ба инкишофи илми табиатшиносӣ давлатҳои дунё мароқ доранд. Фаъолияти ташкилотҳои байналхалқии ЮНЕСКО, фондҳои илмии байнахалқӣ – Корнега, Рокфелер, Сорос, Карана ба инкишофи амалии тадқиқотҳои илмӣ равона карда шудаанд. Барои мукофотонидан ва ҳавасмандгардонии тадқиқотҳои илмии олимони барҷаста мукофотҳои байналхалқӣ, миллӣ ва давлатӣ дар мамолики олам таъсис дода шудаанд. Мукофоти аз ҳама баланд Ҷоизаи Нобел ба шумор меравад.
Дар байни илмҳои табиатшиносӣ физика нақши пешбарандаро мебозад. Олими италиявӣ Галилео Галилей асосгузори илми табиатшиносӣ ба шумор меравад, чунки ӯ физикаро ҳамчун илм инкишоф дод. Ин нуктаро низ қайд кардан бамаврид аст, ки дар соҳаи физикаи ядро ва зарраҳои бунёдӣ то ҳол қариб 350 кашфиёт карда шудааст. Дар солҳои 70- и асри гузашта дар илмҳои физикаю кимиё равияи нави илмӣ бо номи «Синергетика» оғоз гардид. Таълимоти эволютсионӣ дар асри ХХ ба таври интенсивӣ аввал дар илми биология инкишоф ёфта, баъдтар ба дигар фанҳои табиатшиносӣ дохил гардид, аз ҷумла, дар геология консепсияи континентҳо тасдиқ шуд.
Доир ба таърихи инкишофи фанҳои табиатшиносии дигар ба таври мухтасар гуфтан мумкин аст, ки омӯзиши гардиши хун дар бадани одам соли 1550, кӯшиши аввалини таснифоти растаниҳо — 1590, барқароршавии кимиё ҳамчун илм — 1650, инкишофи таҳлили математикӣ — 1710, инкишофи гидродинамика — 1750, инкишофи физиология, алалхусус омӯзиши ҷараёни нафасгирӣ — 1760, таъсиси харитаи геологӣ — 1820, назарияи ҳуҷайрагии тухмҳуҷайраи ғизогирандаҳои хурд — 1835, инкишофи бактериология — 1845, назарияи бавуҷудоии намудҳои Дарвин бо роҳи интихоби табиӣ — 1856, назарияи дигари Ч. Дарвин дар бораи пайдоиши одам ва интихоби ҷинсӣ — 1870, қонуниятҳои асосии ирсият – 1865 ва инкишофи палентология соли 1855 пешниҳод гардиданд.
Вақте ки олимон ба татқиқоти протсесҳо дар микроолам шурӯъ карданд, вазъият тағйир ёфт. Ибтидои асри ХХ кашфиётҳои муҳимтарин карда шуданд, ки онҳо дар илми табиатшиносӣ инқилобро ба вуҷуд оварданд. Пеш аз ҳама, кашфиёт дар бораи сохти модда ба алоқамандии модда ва энергия вобаста мебошад. Дар асри ХХ таълимоти эволютсия ба таври интенсивӣ аввал дар биология инкишоф ёфт.
Барои инкишофи илмҳои табиатшиносӣ дар ҷумҳурӣ аҳамияти зарурӣ дода мешавад. Дар мактабҳои олии мамлакат доир ба ҳамаи соҳаи илм мутахассисон тайёр карда мешаванд. Қайд кардан зарур аст, ки дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ саҳми олимони намоёни тоҷик А. Адҳамов, Б.Нарзуллоев, Ф. Ҳакимов, Ҳ. Маҷитов, С. Бандаев, М. Холназаров, А. Тураев, Ф. Раҳимов, А. Абдурасулов, ва ғайраҳо бузург аст. Чанд сайёраи хурде, ки астрофизикони америкоӣ кашф карданд, ба шарафи олимони астрофизики тоҷик П. Бобоҷонов, Ибодинова, Доброволский ва дигарон номгузорӣ шудаанд. Татқиқоти олимони тоҷик дар соҳаи астрофизика дар арсаи байналхалқӣ маълуму машҳуранд.
Таърихи тараққиёти илмҳои табиатшиносӣ ба таърихи ҷамъият робитаи зич доранд, чунки сатҳи инкишофи ҷамъият ба инкишофи илмҳои табиатшиносӣ таъсир мерасонад.
Муродалӣ ҲОШИМОВ,
Сунатулло САИДОВ,
муаллимони ДДТХ
http://sadoimardum.tj/maorif/ilm-oi-tabiatshinos-va-rushdi-on-dar-to-ikiston/