Библиография таъриху назария, тарҳи китобшиносӣ, василаҳои фароҳам овардани иттилоърасонии китоб, роҳҳои феҳрастнигориро меомӯзад ва ба ин асос феҳрастнигорон усули таҳия, танзиму омӯзиши феҳрастҳо, рӯйхатсозӣ ва тавсифи осори нашршударо коркард мекунанд. Ин соҳаи муҳим заминае барои муаррифии ҳарчи бештари осори интишорӣ, василаи дастрасии васеи қишрҳои ҷомеа ва соҳаҳои мухталифи он ба ин осор, гузашта аз ин, равнақу ривоҷи нақду баррасии китоб ва китобиёт, ба ин васила, ошкор кардани мазмуни он асарҳо ва боиси падид омадани баҳои воқеӣ ба онҳо мебошад. Феҳрастҳо аз рӯйи маънову вазифа ба навъҳои ахборӣ, танқидӣ ва тавсиявӣ, аз ҷиҳати мазмуну мӯҳтаво – умумӣ, махсус, тарҷумаиҳолӣ, кишваршиносӣ, аз ҷиҳати замони нашри асарҳо – ҷорӣ ва ретроспективӣ, аз ҷиҳати ҷойи нашри асарҳо – давлатӣ, маҳаллӣ ё кишварӣ дастабандӣ мешаванд.
Таърихи китобшиносӣ дар Шарқ рангину пурбор аст. Шарқиён баробари мероси бойи илмию адабӣ дастурҳои библиографӣ мерос монданд, аз ҷумла мероси китобшиносии форсӣ ва тоҷикӣ дар китобхонаҳои маъруфи Бухоро, Самарқанд, Марв ва ғ. маҳфузанд. «ал-Феҳраст»-и Ибни Надим чун қомуси пурарзиши арабӣ бо номи «Феҳрасту-л-улум» маъруф буда, дар асри Х таҳия шудааст ва манбаи муҳимму боэътимоди китобшиносӣ мебошад. Дар он китобҳои наҳву луғат, дину мазҳабу эътиқод, шеъру шоирӣ, таърих, ахлоқ ва сирати мансабдорон, калому мутакаллимин, фалсафа ва улуми қадим, достону қиссаҳо ба забони арабӣ тавсиф ва асарҳои адабиёти бостонии форсии тоҷикӣ низ муаррифӣ шудаанд (3, 142).
Дар «Кашф-уз-зунун ан асоми-л-кутуб ва-л-фунун»-и Ҳоҷӣ Халифа – дастури муҳими феҳрастнигорӣ 15 ҳазор асари адабӣ, таърихӣ, ҷуғрофӣ ва ғ. муаррифӣ шуда, асарҳо аз рӯи алифбои арабӣ шарҳ ва ҳолномаи муаллифон низ ҷой ёфтаанд.
Дигар асари муътабар «Феҳрасти мусаннафоти Розӣ» кори Абӯрайҳони Берунист. Китобхонаи Сомониён ҳам феҳрасте дошта, ки ҳарчанд то замони мо нарасида, аммо аз вуҷуди воситаҳои муайяни феҳрастнигории гузашта дарак медиҳад. Рӯйхати осори илмии Абӯмуҳаммади Шерозӣ дар «Рисолаи саргузашт»-и Ибни Сино номгӯи нисбатан мукаммали осори ин олим ва мутафаккир аст (1, 20-21).
Бархе соҳибони китобхонаҳои шахсӣ низ феҳрасти китобҳояшонро таҳия ва тасниф кардаанд. Аз ҷумла шоир, муаррих ва тазкиранигори ибтидои асри ХХ Шарифҷон-махдуми Садри Зиё асарҳои китобхонаашро бо номи «Асомӣ-юл-китоб» фароҳам овардааст. Ин асар «дорои маълумоти муҳим» (9, 41) ва «сарчашмаи муҳими таърих ва китобшиносии тоҷик» (9, 140) буда, эзоҳот ва иттилооти ҷолиб аз муаллиф ва мавзӯи китоб, соли таълифи он, хаттот ва замону макони китобат, вақту ҷой ва чигунагии хариди нусха, нархи он ва ҳоказо дорад. Феҳрастнигорон С. А. Азимҷонова ва Д. Т. Вороновский дар “Собрание восточних рукописей Академии наук Узбекской ССР” (1963), пажӯҳишгари Садри Зиё дар Эрон Сайид Алии Мавҷонӣ дар мақолаи “Китобат ва китобдорӣ дар Бухоро” (1998), пажӯҳандагон Шодмон Воҳидов ва Афтандил Эркинов дар китоби “Садри Зиё ва китобхонаи ӯ” (2007) арзиши фавқулодаи ин феҳрастро дар омӯзиши таърихи фарҳанги халқҳои Осиёи Миёна равшан муайян кардаанд (2; 5; 7).
Бахши муҳими осори адибони гузашта дар феҳрасти дастхатҳое, ки дар замони нав, тасниф шудаанд, ҷой ёфтанд. Китобшиносӣ ба маънои том дар асри ХХ вусъат пайдо кард. Хусусан, дар шӯравӣ аҳаммияти библиография чун воситаи асосии инкишофи илм, пешрафти хоҷагии халқ, боло рафтани савияи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва мадании мардум арзёбӣ шуд.
Феҳрасти маъхазҳои тазкираи Садриддин Айнӣ «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (Маскав, 1926) нахустин маҳсули китобшиносии шӯравӣ аст (12, 441). Манобеи ин асар «бо эзоҳи мухтасар» ба иттилои хоси китобшиносӣ монанд аст (3, 363-365). Дар ин эзоҳот иттилои муфид аз номи китоб, ному насаб ва замони зиндагии муаллиф, замон, макон ва таҷдиди нашри китоб ва ғайра омадаанд: «Тазкираи Давлатшоҳӣ», асари Давлатшоҳ ибни Алоуддавла Бахтшоҳи Самарқандӣ, таърихи таълиф – 893-юми ҳиҷрӣ, дастнавис (дар соли 1900 дар Лондон табъ ёфта бошад ҳам, нусхаи матбуъаш ба диёри мо наомадааст – шарҳи Айнӣ)». Иттилои асари Ҷомӣ ҷолиб аст: «Баҳористон», асари Мавлавӣ Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, таълифаш дар соли 892-юми ҳиҷрӣ, вафоти муаллиф – 898 ҳиҷрӣ. Матбӯъ бори дувум дар матбааи Нулкишвар воқеи Лакнаҳур, 1903». Ё: «Хизонаи омира» – асари Ғуломалихон Озоди Балгиромӣ, таърихи таълифаш – 1176-уми ҳиҷрӣ, матбӯъ дар матбааи муншӣ Нувил кишур, воқеи Компур, дувумбора дар соли 1900-уми мелодӣ» (3, 363). Дар маҷмӯъ, «ҷамъи манбаъҳои се қисм – 63 адад, баёзу маҷмӯаҳо низ тақрибан 17 адад» мавриди шарҳи мусанниф қарор гирифтаанд (3, 365).
Таъсиси Нашриёти давлатии Тоҷикистон (1925) заминаи муайяни нашри китоб дар замони шӯравӣ аст. Аввалин феҳрасти ин муассиса 425 номгӯй, феҳрасти дувум (1936) 618 номгӯи асарро ба тоҷикӣ фаро мегирад (12, 441).
Равнақи феҳрастнигории шӯравии тоҷик ба созмон ёфтани китобхонаҳо ва ганҷинаи китобҳои муассисаҳои илмӣ-таҳқиқӣ пайванди устувор дорад. Бунёди Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (1933) дар асоси китобхонаи шаҳрии Сталинобод ва ҳузури шӯъбаи махсуси китобшиносӣ дар он ба вусъат ёфтани феҳрастнигории соҳавӣ ва ташаккули библиографияи миллии шӯравии тоҷик мусоидат кард. Ганҷинаи мазкур имрӯз Китобхонаи миллии Тоҷикистон аст, ки феҳрастнигории тоҷикро ба марҳалаи нав расонида. Таъсиси Палатаи китобҳои РСС Тоҷикистон (1936) ба пайдоиши библиографияи сатҳи давлатӣ асос гузошт, ки то имрӯз нашри он идома дорад.
Солҳои 50-70-уми асри ХХ давраи рушди библиографияи тоҷик буд. Ба миён омадани дастурҳои ҷолиби библиографияи умумӣ «Каталоги китобҳои РСС Тоҷикистон – 1926-1956» (1960), «Китобҳои Тоҷикистони советӣ – 1951-1961» (1963), «Китобҳои Тоҷикистони советӣ – 1962-1966» (1967), нашри Палатаи китобҳои РСС Тоҷикистон ва библиографияи соҳавии филологӣ – «Таджикские советские прозаики. Критико-библиографические очерки» (И. Левшина, 1958), «Таджикская литература. Рекомендательный указатель» (З. Пономарёва, З. Чёрных, 1961), «Образи Ленин дар адабиёти бадеӣ» (Р. Шарофов, 1965), «Адабиёти бадеии тоҷик ва танқид» (Р. Шарофов, 1967), “Библиография таджикской фольклористики (1872-1968)” (дар 2 китоб, М. Неъматов, М. Левин, 1979), «Феҳрасти «Садои Шарқ» (1927-1967)» (Л. Турсунова, Ш. Шотемурова, 1973) ва... захираи библиографияи миллии тоҷикии давраи шӯравиро ғанӣ гардонидаанд.
Дар муассисаҳои илмӣ-таълимии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишгоҳ ва донишкадаҳо низ аз аввал ба муаррифии осори илмӣ дар шакли феҳрастҳои библиографӣ таваҷҷуҳ шудааст. Аз ҷумлаи ин феҳрастҳо ба «Библиография изданий Таджикской базы и Таджикского филиала Академии наук СССР», «Библиография изданий АН Таджикской СССР», «Ежегодник изданий АН Таджикской СССР», «Каталог кандидатских и докторских диссертаций, защищенных на материалах Таджикской ССР», бахши феҳрастҳои «Из истории востоковедение в Таджикистане (1917-1958, мураттибон Д. Саидмуродов, Ю. Мальцев, 1985) ва... метавон ишора кард. Донишгоҳи аввалини универсиалии кишвар – УДТ ба номи В. И. Ленин (алҳол ДМТ) аз соли 1959 ба нашри феҳрасти «Библиографический сборник Таджикского государственного университета им. В. И. Ленина» оғоз кард, ки минбаъд ҳамасола бо номи «Ежегодник изданий ТГУ имени В. И. Ленина» ба нашр мерасид. «Феҳрасти асарҳои илмии кафедраи забони тоҷикии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1948-1973)» (дар таҳияи А. Юнусов) 381 асари ҳайати устодони ин даргоҳи илмро фаро дорад. Феҳрасти «Худжандский государственный университет в публикациях» (1992) маводи илмии интишории устодони ин донишгоҳи аввали шимоли кишварро аз соли таъсиси он 1932 дар бар мегирад.
Чанд асари библиографӣ ба муаррифии нусхаҳои хаттии муассиса ва китобхонаҳои давлатӣ ва ё шахсӣ ихтисос доранд. Аз ҷумла, дар заминаи муаррифии дастхатҳои шарқӣ таҷрибаи Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон дар солҳои 50-60-уми асри ХХ бо роҳбарии академик Абдулғанӣ Мирзоев қобили таваҷҷуҳ аст. «Каталоги дастнависҳои шарқии Академияи фанҳои РСС Тоҷикистон» дар 6 ҷилд (1960-1980) муҳимтарин дастовард дар боби муаррифии нусхаҳои хаттии ин муассиса мебошад. Минбаъд феҳрасти дастнависҳои Академияи улум дар Ҷумҳурии исломии Эрон зери назари китобшиноси маъруфи эронӣ Сайид Алии Мавҷонӣ ва нусхашиноси тоҷик Амрияздони Алимардон дар ду ҷилд ба форсӣ нашр шуд (Теҳрон: Маркази мутолиоти Осиёи Марказӣ, 1376), ки дастхатҳои моро ба алоқамандони форсизабонон муаррифӣ мекунад. Он баробари феҳрастҳои дастнависҳои шарқии марказҳои илмии собиқ шӯравӣ арзиши баланд дорад.
Дар Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ “Феҳрасти дастнависҳои тоҷикӣ-форсӣ” (се ҷилд, 1978), “Нусхаҳои хаттии “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ” (1994), “Дастнависҳои Ҳофиз” бо кӯшиши феҳрастнигори мумтоз Абдуллоҷон Юнусов, Назира Кароматуллоева ба табъ расиданд. “Нашри “Шоҳнома”-и классики барҷастаи тоҷику форс Абулқосими Фирдавсӣ ба забонҳои ҷаҳон дар ганҷинаи Китобхонаи миллии ба номи Фирдавсӣ” (С. Муҳиддинов) ба тавсифи библиографии нашрҳои ҷудогонаи ин шоҳасар ва интишори он дар маҷмӯаву матбуоти даврӣ ихтисос дорад. Дар он чораҷӯиҳои муҳим оид ба тавсифу ҳифзи нашрҳои “Шоҳнома” низ омадааст (12). “Хайямиада” – феҳрасти тарҷумаҳои рубоиҳои Умари Хайём ва таҳқиқи эҷодиёти ӯ беш аз 100 намунаро дар бар мегирад (14).
Дар замони истиқлол “Феҳрасти нусхаҳои хаттии Маркази фарҳангии ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода” дар таҳия ва таснифи адабиётшинос Б. Мақсудов (2007) ва “Китобшиносии муқаддамотии Камоли Хуҷандӣ” дар таҳияи муҳаққиқони Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Б. Раҳматов ва И. Шехимов чун замимаи “Муқаддимаи Камолшиносӣ” (8, 479-500) нашр шуданд, ки дар заминаи ошноӣ бо осоре роҷеъ ба рӯзгор ва мероси суханварони классикии форсу тоҷик арзиши баланд доранд. Дар “Китобшиносии муқаддамотии Камоли Хуҷандӣ” 128 нусхаи хаттии Девони Камол, 21 намунаи нашри ашъори Камол, 20 китобу маҷмӯа ва 227 мақола муаррифӣ шудааст.
Бузургтарин ва муҳимтарин феҳрасти ҳамасола ва ҳамамоҳа “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои риштаи филологияи тоҷик ва таърихи матбуот низ аҳаммияти хос дорад. Маводи ин феҳраст дар 4 қисм “Солномаи нашри китобҳо”, “Солномаи мақолаҳои маҷаллаҳо”, “Солномаи мақолаҳои газетаҳо” ва “Солномаи тақризҳо дар газетаҳо” табақабандӣ шудааст.
“Тоҷикистон дар матбуоти Эрон ва Афғонистон” (1975, Кароматуллоева Н.) ва “Феҳрасти маҷаллаҳои шарқи Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон” (Холов М., 1986) хонандаро бо намунаи маҷаллаҳои кишварҳои форсизабони ҳамсоя ва таҷассуми мавзӯи тоҷику Тоҷикистон дар онҳо ошно менамоянд. Маводи филологӣ низ ҷойи хос доранд. Унвони маҷаллаҳо аз рӯйи принсипи алифбоӣ фароҳам омада, рақами тартибӣ, ҷой ва соли нашр, шумора, забон ва рақами инвентарии нигоҳдории маҷалла оварда шудаанд.
“Библиография таджикской фольклористики (1872-1968)” дар 2 ҷилд бо саъйи муҳаққиқи хушкор Мардон Неъматов ва роҳнамоии Михаил Левин дар муаррифии нашр ва таҳқиқи асарҳои халқии фолклорӣ ва фолклоршиносии тоҷик маводи садсоларо ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ дар бар гирифтааст ва истифодаи он барои муҳаққиқони имрӯз хеле муфид мебошад.
“Адабиёти бадеии тоҷик ва танқид” (1967) низ феҳрасти муҳим дар муаррифии асарҳо оид ба адабиёт ва танқиди адабии тоҷик аст, ки мураттиб ва муаллифи сарсухани он феҳрастнависи маъруф Раҳимҷон Шарофов дар он 2113 маводи адабӣ ва танқидии солҳои 1955-1960-ро ҷой додааст. Дар се бахши китоб осори китобӣ ва матбуотӣ оид ба адабиёти бадеӣ ва танқид, танқид ва адабиётшиносӣ, таълими адабиёти тоҷик дар мактабҳои ҳафтсола, миёна ва олӣ муаррифӣ шудаанд.
Дар “Феҳрасти Садои Шарқ (1927-1967)” маводи 40-солаи маҷаллаи маъруф ва мӯътабари адибони Тоҷикистон фароҳам омада, ки таҳияву нашри он бо ташаббуси кормандони Китобхонаи марказии АФ РСС Тоҷикистон ба муносибати 40-солагии таъсиси маҷалла аз ҷониби феҳрастнигорон Л. Турсунова ва Ш. Шотемирова бо таҳрир ва иштироки адабиётшиноси фақид К. Юсупов анҷом ёфтааст (1973). Он 4500 номгӯйи маводи маҷалларо дар бар гирифта, аз рӯи “Дастури тавсифи библиографии асарҳои матбуот” (Л., 1964.–269 с.) фароҳам омадааст. Аммо хеле ғалату иштибоҳ дорад.
Феҳрастнигорони муассисаҳои илмии АФ РСС Тоҷикистон ва Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба таҳия ва нашри феҳрастҳои тарҷумаиҳолии шахсиятҳои илму адабиёти тоҷик саҳм гузоштанд, ки аз соли 1961 зери силсилаунвони “Олимони Тоҷикистон” нашр мешавад (аввалин феҳрасти тарҷумаиҳолӣ “Алоутдин Баҳоваддинов” будааст). Аз ин силсила феҳрастҳои тарҷумаиҳолии Р. Тальман, А. Юнусов “Рӯдакӣ” (1965), Н. Кароматуллоева “Рӯдакӣ” (1988), А. Юнусов, И. Норкаллаев “Аҳмади Дониш” (1986, 1988), З. Муллоҷонова, Ҷ. Азизқулов «Феҳрасти асарҳои С. Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ то охири соли 1961» (1963), З. Муллоҷонова ва Н. Файзуллоев «Феҳрасти асарҳои С. Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ” (1978), Н. Кароматуллоева ва Ф. Зеҳнӣ “Т. Н. Зеҳнӣ” (1976), А. Юнусов, Н. Кароматуллоева ва М. Раҳимова “Раҳим Ҳошим” (1979, 1988), М. Насриддинова “Холиқ Мирзозода” (1982), «Мирзо Турсунзода» (1953, 1981), Р. Набиева «Мирсаид Миршакар» (1960), А. Юнусов ва Ш. Ҳайдаров “Альберт Леонидович Хромов” (1983), А. Маҳмадаминов ва А. Кӯчаров “Соҳиб Шӯҳратиевич Табаров” (1984, 2003), А. Юнусов ва Д. Хоҷаев “Додоҷон Тоҷиевич Тоҷиев” (1985), Н. Кароматуллоева “Расул Ҳодизода” (1989) ва даҳҳо дигар табъу нашр шуданд (бештар ба феҳрасти олимони риштаи филологияи тоҷик ишора кардем).
Дар давраи истиқлол феҳрастҳои тарҷумаиҳолии Н. Кароматуллоева ва М. Шарипова “Хуршеда Отахонова” (1998), Г. Сатторова “Профессор Абдунабӣ Сатторзода” (2001), А. Раҳмонфар ва В. Элбойзода “Осорномаи Аълохон Афсаҳзод” (2005), А. Яздонфар, З. Ғуломова ва Х. Самад “Осорномаи Валӣ Самад” (2006), М. Раҷабова, Ш. Неъматова “Неъматов Нӯъмон Неъматович” (2007, ба русӣ), А. Маликзод “Осорномаи Муҳаммадҷони Шакурӣ” (2008), “Феҳрасти осори Худоӣ Шарифзода” (2017) дар таҳияи М. Нарзиқул ва М. Низомов ва ғайра ба алоқамандон расиданд. Дар ҳавзаи илмии Хуҷанд ба таҳияву танзими феҳрастҳои тарҷумаиҳолӣ комёб шуданд, ки дар ин замина аз феҳрасти Атахон Сайфуллоев – “Ганҷи заҳмат” (2003, мураттибон А. Қодиров ва А. Юсуфов), “Осорномаи Атахон Сайфуллоев” (нашри 1-2, 2008, 2013) дар таҳияи С. Аъзамзод, “Феҳрасти асарҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва публитсистии Аъзамов Субҳонҷон Баҳромҷонович” (2011) дар таҳияи Э. Раҷабов, “Феҳрасти осори илмӣ-публитсистии Неъматҷон Файзуллоев” (2012) дар таҳияи Ф. Баҳриев, “Осорномаи Абдулманнони Насриддин” (2013) гирдоварии Ф. Насриддинов, “Ҳазор пажӯҳиш” (феҳрасти осори профессор Абдуҷамол Ҳасанов)” дар ҷамъоварии З. Қӯрғонов (2014), “Феҳрасти мухтасари осори Сорбон” (2015, таҳияи Д. Қаюмова), “Осорномаи профессор Низомиддин Зоҳидӣ” (2017) дар таҳияи Н. Ҳамробоев, “Осорномаи профессор Матлубаи Мирзоюнус” (2018, 2019) дар таҳияи С. Аъзамзод ва Б. Раҷабов, “Осорномаи профессор Бароат Ҳоҷибоева” дар таҳияи М. Мирзоюнус ва С. Аъзамзод (2018), “Осорномаи Абдуҷамол Ҳасанзод” (2019) ва ғайра метавон ном бурд. Феҳрасти осори олимони фақиду фарҳехтаи Донишгоҳи Хуҷанд Юсуфҷон Салимов ба китоби сеҷилдаи “Ёдгори умр” (2003), Аҳмадҷон Усмонов ба “Мунтахаби осор” (2004), Саъдулло Абдуллоев ба маҷмӯаи “Маънии умр” (ба забони русӣ, 2005), Фарҳод Зикриёев ба китоби “Нури хирад” (2010), Мавлуда Файзуллоева ба рисолаи “Достони афсона дар адабиёти муосири тоҷик” (2013) ворид шуданд.
Ба ин маънӣ, дар давраи истиқлол феҳрастнигорӣ дар тамоми соҳаҳои илм ва хоҷагии халқ ба марҳалаи нави инкишоф расидааст. “Феҳрастнома. Феҳрасти таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон” (2011) дар таҳияи А. Шарифзода, Н. Муродов, А. Сафаралиев, “Эмомалӣ Раҳмон. Китобномаи шарҳиҳолӣ” (2012) ба кӯшишу эҳтимоми Ш. Комилзода муфидтарину пурарзиштарин асаранд. Китобномаи охир “бо ҳадафи танзиму феҳрастбандӣ ва мавриди омӯзиш ва тарғиб қарор додани осори арбоби барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятиву сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст”. Китобнома аз мақолаи муқаддимавӣ, 3 қисм ва 13 зерқисм иборат буда, 5215 номгӯ асарро дар бар мегирад. Феҳрасти дигари таҳиякардаи ин мураттиб “Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ” 2256 асари дорои характери адабӣ ва публитсистиро аз соли 1994 то имрӯз дар бар мегирад. Ин ду асари муҳим ва мӯътабари китобшиносии рӯзгори мост.
Феҳрасти “Наврӯз”-и Ш. Комилзода (2012) ҳам фарогири иттилооти муҳим аст. “Китоби сол” (2002) дар таҳияи профессор С. Сулаймонӣ ва Б. Аҳмадов бо ҳадафи муаррифӣ ва ошноии мутахассисон, кормандони соҳаи фарҳангу ҳунар ва олимону донишҷӯён бо тозатарин китобу мақола дар бораи фарҳангу ҳунари Тоҷикистон ба табъ расидааст. Профессор Сафар Сулаймонӣ дар таҳияи силсилаи феҳрастҳо, аз ҷумла “Китобшиносии Ирон ва Ислом” (2007) низ хидмати муҳиме анҷом додааст, ки аввалин бор дар замони истиқлол китобу мақолоти арзишманди илмиро дар заминаи мавзӯи Эрон ва Ислом ба аҳли илму адаб тақдим мекунад. Дар замони шӯравӣ ҳам чунин феҳрасте бо номи “Библиография Ирана” (1963) маъруф буд. Ин навъ китобшиносӣ илмӣ-ёрирасони гузаштанигар ба шумор рафта, ғолибан мавзӯоти густурдаеро дунбол менамояд ва таълифоти илмии солҳои 1991-2006-ро дар бар мегирад. “Китобшиносии насри муосири тоҷик (1927-2007)” дар таҳияи С. Сулаймонӣ дувумин асар баъди феҳрасти солҳои 50-уми асри гузашта дар ин замина мебошад.
Маълумотномаи библиографии “Первые русские в Таджикистане” дар таҳияи муҳаққиқон В. Дубовитский ва И. Дубовитская ҳолномаи бештар аз 100 намояндаи рустаборро, ки аз охири асри ХУ111 то солҳои 30-юми асри ХХ дар қаламрави Осиёи Миёна ба фаъолият пардохтаанд, дар бар мегирад. Аз ин феҳраст бо иддае аз алоқамандони забон, адабиёт ва таъриху фарҳанги тоҷикон метавон ошноӣ пайдо кард.
Бархе аз феҳрастҳои олимони тоҷик дар Ҷумҳурии исломии Эрон нашр шудаанд, ки дар байни онҳо “Китобшиносии ҷомеи Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ” дар таҳияи Лайло Оҷулу ва зери назари профессор Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ (1984) феҳрасти комили нусхашиносӣ баробари феҳрасти Маҳдии Муҳаққиқ мебошад. “Китобшиносии тавсифии Тоҷикистон” дар таҳия ва таснифи феҳрастнигори эронӣ Ноҳид Ҳабиби Озод (Душанбе, 2002) феҳрасте аст, ки дар он маводи марбут ба соҳаҳои мухталифи марбут ба тоҷикону Тоҷикистон, забон, адабиёт ва матбуоти тоҷик дар Эрон муаррифӣ ва тавсиф шудаанд. Маҳсули дигари ӯ “Китобшиносии нусхаҳои хаттии Камолиддин Масъуди Хуҷандӣ дар китобхонаҳои Эрон ва дигар кишварҳо” аст, ки онро Эҳсон Оқил баргардонидааст (Хуҷанд, 1998).
Ин ҷо метавон аз замимаи китоби забоншинос ва феҳрастнигор Ш. Ҳайдарӣ “Аз таърихи омӯзиши антропономияи забонҳои эронӣ” (Перм, 2009) – “Феҳраст оид ба антропонимикаи забонҳои эронӣ” ном бурд, ки наздик ба 1400 номгӯ асари илмӣ дар ин заминаро аз асри ХУ111 то соли 2008 дар бар мегирад ва хеле муфиду арзишманд аст.
Бархе асарҳои илмӣ ва илмӣ-публитсистӣ феҳрасти мавзӯӣ доранд. Дар замони шӯравӣ китобҳои бунёдии Б. Ғафуров “Таърихи мухтасари халқи тоҷик” (1947), “Тоҷикон” (1972, 1983-1985), З. Раҷабов “Аз таърихи афкори сиёсиву иҷтимоии халқи тоҷик дар охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ” (1957) ва ғайра чунин хусусият доштанд. Аз ҷумла, ба асарҳои муҳими адабиётшиносӣ ва танқиди адабӣ “Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик” (дар ду қисм, 1956-1957) ва “Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо” (дар 4 ҷилду 5 китоб, 1978-1984) феҳрастҳои ҷудогонаи мавзӯӣ пайваста шудаанд. Аз ҷумла, “Феҳрасти асарҳо, номҳо ва персонажҳо”-и китоби академик Р. Амонов “Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо (ҷилди 6, 1982) маҳсули таҳияи Н. Файзуллоев мебошад.
Дар замони истиқлол низ дар китобҳои бархе муҳаққиқон ин анъана идома ёфтааст. Муҳаққиқи таърихи матбуоти тоҷик Мирзоалӣ Ҷӯраев ба китоби “Овози тоҷик” ва худшиносии миллӣ” (2009) феҳрасти комили маводи нашрияи мазкурро дар робита ба мавзӯи фавқ фароҳам оварда, ки барои муҳаққиқони давраи ҳассоси марзбандии Осиёи Миёна дар солҳои 20-уми асри ХХ хеле муфид аст.
“Осорномаи Абдураҳим Ҳоҷибоев” (1924-1934) аввалин феҳрасти нисбатан комили асарҳои аввалин раиси Шӯрои нозирони халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон – рисола, маҷмӯа, мақола, мусоҳиба, маърӯза, муроҷиатнома ва адабиёт дар мавриди фаъолияти сиёсӣ, раҳбарӣ ва ҷамъиятии ӯ мебошад, ки дар китоби “Абдураҳим Ҳоҷибоев: Осор ва пайкор” (таҳияи матн, таҳқиқ, тавзеҳот ва таълиқоти Б. Ҳоҷибоева, М. Мирзоюнус, С. Аъзамзод.–Хуҷанд: Ношир, 2010.–С. 586-656) ҷой дода шудааст. Замимаи китоби бузургҳаҷми профессор Усмонҷон Ғаффоров “Лоиқ Шералӣ” (нашри 3.–Душанбе, 2012) феҳрасте аст, ки қариб ҳазор номгӯи адабиётро дар бар мегирад. Чунин замима ба китоби дигари мавсуф “Сотим Улуғзода” (Душанбе, 2014) низ пайваста шудааст.
Дар таҳия, танзим ва нашри феҳрастҳои адабиёт саҳми феҳрастнигорони номӣ ва мумтоз чун Р. Шарофов, К. Юсуфов, В. Белан, З. Муллоҷонова, А. Юнусов, Н. Кароматуллоева, Т. Исроилова, Л. Турсунова, Х. Валихӯҷаева, С. Сулаймонӣ ва даҳҳо дигарон қобили зикр буда, имконот ва дастовардҳои мактаби феҳрастнигории онон сазовори омӯзиши хосанд. Хизматҳои В. Белан дар таҳия ва нашри чанд феҳрасти муҳим арзишманданд, ки дар байни онҳо “Таджикская советская литература в социалистических странах” (1971) маводи солҳои 1948-1970, “Таджикистан в литературе на иностранных языках” (1969) маводи солҳои 1961-1965 ва “Таджикистан в литературе на иностранных языках” дар ду қисм маводи интишории солҳои 1966-1970-ро фаро мегиранд. Корҳои феҳрастнигории В. Белан аз ҷониби муҳаққиқон баҳои сазовор дарёфтааст.
Китобшинос А. Юнусов шеваи муҳим ва нерӯманди феҳрастнигориро дар кишвар пай гирифта буд, ки ҳосили заҳмати ӯ дар таҳия ва нашри чанд феҳрасти соҳавӣ, аз ҷумла «Феҳрасти асарҳои илмии кафедраи забони тоҷикии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1948-1973)» (1974) “Феҳрасти синтаксиси ҷумлаҳои мураккаби забони адабии тоҷик” (1982), “Таърихи забоншиносии тоҷик” (дар 5 ҷилд, ки танҳо 2 ҷилд нашр шуд), “Нусхаҳои хаттии «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ” (1994), “Дастнависҳои Ҳофиз дар Китобхонаи давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”, феҳрасти осори адибону олимон “Рӯдакӣ” (1965, 1988), “Абдураҳмони Ҷомӣ” (1989), “Аҳмади Дониш” (1986, 1988), “Раҳим Ҳошим” (1979, 1988), “Додоҷон Тоҷиевич Тоҷиев” (1985) ва ғайра ба шумор мераванд. Як силсила феҳрастҳои номатбӯъ, ки таҳияву таснифи онҳоро шодравон А. Юнусов анҷом додааст, дар таърихи феҳрастнигории муосири тоҷик арзиши муайян дошта, сазовори нашранд: “Абулқосим Фирдавсӣ” (3 ҷилд, 25 ҷ. ч.), “Камоли Хуҷандӣ” (10 ҷ. ч.), “Забоншиносони тоҷик” (дар 2 ҷилд, 20 ҷ. ч.), “Таърихи забоншиносии тоҷик” (ҷилдҳои 3-5, 25 ҷ.ч.), “Таълими забон ва адабиёти тоҷик дар мактабҳои миёнаю олӣ” (6 ҷ. ч.), “Авторефераты диссертации учённых Таджикистана по языкознанию” (8 ҷ. ч.), “Тоҷикистон дар матбуоти Эрон ва Афғонистон” (қисми 2, 6 ҷ. ч.), “Ҳилол Карим” (6 ҷ. ч.) ва ғайра.
Чун аз феҳрастҳои номатбӯъ гап рафт, диққати хонандагонро ба санади ҷолиби таваҷҷӯҳе ҷалб карданием. Адабиётшиноси фақид Кенҷабой Юсупов бо ҳамкории феҳрастнигор Шаҳодат Самеъҷонова ҷилди дувуми “Феҳрасти адабиёти советии тоҷик (1941-1956)”-ро таҳия кардаанд. Алҳол аз тақдири ҷилди аввали ин феҳраст – маводи адабиёт дар матбуоти то соли 1941 огаҳ нестем. Ҷилди дувуми феҳраст 600 саҳифаи чопи мошиннавис дар зери таҳрири академик М. Шукуров барои чоп дар нашриёти “Дониш” омода шуда, аммо аз нашр бозмондааст. (Ин маҳсули феҳрастнигорӣ бо сабабе ба дасти профессор Н. Файзуллоев расида ва эшон онро аз бойгонии хеш лутфан дар ихтиёри мо гузоштаанд).
Феҳрастнигорӣ дар Китобхонаи оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии вилояти Суғд низ дар сатҳи муайяне қарор дорад ва ходимони он низ дар таҳияи чанде аз феҳрастҳои марбут ба адабиёт ва матбуоти тоҷик саҳм доранд. Дар ин раҳгузар аз нишондиҳандаҳои библиографии “Тошхоҷа Асирӣ – шоир ва маорифпарвари халқи тоҷик” (Л. А. Ремизова, Ш. Мирзоева, 1982), “Раҳим Ҷалил дар саҳифаҳои матбуоти Ленинобод” (А. З. Дун, Л. А.Ремизова (1969), “Раҳим Ҷалил дар саҳифаҳои матбуоти Ленинобод (1969-1999)” (М. Умарова, Г. Чернова, Х. Зарипова (1999), “Муҳиддин Аминзода” (Х. Зарифова, М. Ҳошимова, 2004), “Марди кор – марди эҷод” (феҳрасти осори Муҳиддин Хоҷазод, таҳияи Б. Мирсаидов, Х. Зарипова, Т. Чернова, М. Ҳошимова, 2008), “Ҳамрози қалам” (феҳрасти осори Мубинҷон Юсуфов (Х. Зарифова, М. Ҳошимова, 2008), “Нури сухани офтобӣ” (феҳраствораи навиштаҳои илмиву адабии Нуралӣ Нурзод, таҳияи М. Ҳошимова, М. Бобохонова, 2014) ёд кардан бамаврид аст.
Имрӯзҳо яке аз тадбирҳои муҳим ба вуҷуд оварда шудани силсилаи феҳрастҳои электронӣ дар баробари феҳрастҳои анъанавӣ мебошад, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва глобализатсияи иттилоот хеле муфид аст. Ин амал мушкилоти иттилоърасии хонандаро ба маротибае осон менамояд.
Феҳрастнигорӣ заҳмати зиёд дошта, аз таҳиягар вақту имконияти васеъ, ҷустуҷӯи пайдарҳам, диққату таваҷҷӯҳи кофӣ, майдакорӣ ва ғайра талаб дорад. Аз ин сабаб аст, ки феҳрастҳо дар баробари дарбаргирии арзиши муайяни библиографӣ як қатор иштибоҳу норасоиҳо низ доранд. Ин гуна осор дар бештар маврид ғолибан комил набуда, феҳрастнигор аз сабаби дастнорас будани мавод наметавонад тамоми асноди марбут ба мавзӯъро мавриди муаррифӣ қарор диҳад. Ба ин маънӣ, ба феҳрастҳо на ҳамаи маводи нашрӣ ворид мешаванд. Сабаби аслии аз номнависӣ берун мондани тамоми мавод пеш аз ҳама дар замон интиқол нашудани тамоми маҳсулоти чопии қаламрави ҷумҳурӣ аз ҷониби муассисаҳои интишоротӣ ба ҳайси нусхаҳои ҳатмӣ ба шумор меравад. Теъдоди ками нашри китоб низ имкони дастрасиро душвор мекунад ва монеи феҳрасти комил мегардад.
Аз ҷониби дигар, гоҳо дар феҳрастҳо бо намунаҳои ахбори носаҳеҳи китобшиносӣ, зикри ғалати замону макони чопи асар, сабти нодурусти сол, шумора ва саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо, гузашта аз ин, гоҳе мансубияти иштибоҳангези номи муаллифон бармехӯрем. Бо вуҷуди ин, феҳрастҳои замони муосир аз лиҳози дарбаргирии маводи муҳим ва рафъ кардани мушкилоти иттилооти марбут ба мавзӯъ арзиши фаровон доранд.
Дар маҷмӯъ феҳрастнигорӣ ҷузъи кори иттилоърасонӣ буда, идома додани он барои ошноӣ бо иттилооти бештари китобшиносӣ хеле муфид мебошад. Муҳаққиқони ҷавон, магистрантон ва донишҷӯён бояд ба ин рукни муҳими иттилооти китоб ошноии бештар дошта бошанд. Дар китобхонаҳо аз маводи шӯъбаҳои хизматрасонии иттилоотӣ ва феҳрастнигорӣ бештар истифода кунанд. Онҳо барои омодагӣ ба таҳқиқ худашон ба таҳияи намунаи феҳрастҳо ба таври таҷрибавӣ машғул шаванд, ки барои такмили кори таҳқиқоти илмӣ самарабахш мебошад.
Субҳони Аъзамзод
Фаслномаи илмӣ-адабии “Камоли Хуҷандӣ” (2018, №4(16), с. 49-62)
Бознашр: https://www.facebook.com/story.php?story_fbid=3012852775431224&id=100001195947286
Китобнома:
1. Абӯалӣ Сино. Рисолаи саргузашт / Тарҷумаи С. Шаҳобиддинов.–Осори мунтахаб. Ҷилди 1 (Иборат аз 10 ҷилд).–Душанбе: Ирфон, 1981.–С. 15-26.
2. Азимҷонова, С. Вороновский, Д. Собрание восточних рукописей Академии наук Узбекской ССР.–Востоковедные фонды крупнейших библиотек Советского Союза.–Москва, 1963.–С. 119.
3. Айнӣ, С. Намунаи адабиёти тоҷик / Бо кӯшиш ва зери назари К. Айнӣ ва Н. Қосим.–Куллиёт. Ҷилди 16.–Душанбе, 2010.–420 с.
4. Айнӣ, К. ал-Феҳраст ё Феҳраст-ул-улум.–Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Дар се ҷилд. Ҷилди 1.–Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик, 1988–С. 142.
5. Воҳидов, Ш., Чориев, З. Садри Зия и его библиотека.–Тошканд, 2007.
6. Комилзода, Ш. Эмомалӣ Раҳмон: Китобномаи шарҳиҳолӣ.–Душанбе: Эр-граф, 2012.–662 с.
7. Мавҷонӣ, Сайид Алӣ. Китобат ва китобдорӣ дар Бухоро // Садои Шарқ.–1999.–№10-12.–С. 114-120.
8. Муқаддимаи Камолшиносӣ / Таҳияи Б. Раҳматов ва И. Шехимов.–Хуҷанд: Ношир, 2015.–504 с.
9. Феҳрасти «Садои Шарқ» (1927-1967) / Тартибдиҳандагон Л. Турсунова ва Ш. Шотемирова, зери таҳриру иштироки К. Юсупов.–Душанбе: Дониш, 1973.–448 с.
10. Шакурӣ, М. Садри Бухоро. Чопи дувум бо тасҳеҳ, такмил ва иловаҳо.–Душанбе: Деваштич, 2005–330 с.
11. Шарофов, Р. Адабиёти бадеии тоҷик ва танқид (1955-1960). Феҳраст. –Душанбе: Ирфон, 1967.–160 с.
12. Шарофов, Р. Библиография.–Энсиклопедияи советии тоҷик.–Дар 8 ҷилд. Ҷилди 1.–Душанбе: Сарредаксияи илмии ЭСТ, 1978.–С. 441-442.
13. Мухиддинов, С. Р. Издание «Шах-наме» великого таджикско-персидского классика Абулкасима Фирдоуси на языках мира в фондах Национальной библиотеки им. Фирдоуси - gpntb.ru
14. История Таджикистана - wikipedia.org/wiki/
15. Хайямиада. Русские стихотворные переводы рубаи Омара Хайяма, исследование о его творчестве // Электронная библиотека Книги для читателей - biblioteka.org.ya/book.php
16. История таджикской советской библиографии в 1960-1981 гг. - Web ИРБИС - lib.sgap.ru/cgi-bin/irbis64r_01cgi…