Тоҷикистон бо кӯҳсораш, бо меваҳои шаҳдбораш, бо обҳои зулоли чашмасоронаш ва бо табиати биҳиштосояш дар дунё ҳамто надорад.
Яке аз гӯшаҳои зебоманзару бо гуногунии бойи биологиаш ва табиати афсонавиаш, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъмул аст ин водии Рашт ба шумор меравад, ки дар масофаи бештар аз 200 км аз шаҳри Душанбе, дар қисми шарқии кишварамон ҷойгир аст. Сокинони ин водии зархез дар рушду нумӯи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишварамон саҳми аразанда доранд. Бояд қайд намуд, ки деҳқонон ва мардуми меҳнатқарини ноҳияи Рашт аз қадимулайём ба зироатчигӣ, чорводорӣ ва боғдориашон дар кишварамон шӯҳрати хоса доранд. Меваҳои шаҳдбори боғбонони водии Рашт дар таърихи тӯлонӣ зеби дасторхони мардуми Осиёи Марказӣ ва берун аз он буданд. Месазад ёдовар гашт, ки меҳнаткашони ноҳияи Рашт, ки яке аз ноҳияҳои дар бахши кишоварзӣ маъруфгашта ба шумор мераванд ва ҳамасола нақшаҳои истеҳсолии маҳсулоти кишоварзиро пурра ва барзиёд иҷро намуда, дар таъмини амнияти озӯқавории мамлакат ҳиссагузоранд.
Барои мардуми меҳнатқарин ва меҳмоннавози ноҳияи Рашт, ки дар ин ҷо рӯзи 26 июни соли 2019 Ҷашни Ваҳдати миллӣ бо роҳбарӣ ва ба дастгирии ҳаматарафаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид дар таърихи навини Тоҷикистон бо хатҳои заррин сабт гардид.
Инчунин соли гузашта гурӯҳи олимони шинохтаи Академияи милли илмҳои Тоҷикистон (дар ҳайати бештар аз 45 нафар олимон) бори аввал дар таърихи илми табиатшиносии Тоҷикистон як экспедитсияи гуногунҷабҳаи илмиро дар ҳудуди ноҳияи Рашт анҷом доданд.
Дар ҳайати экспедитсияи комплексии илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) олимон аз Институтҳои ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ; зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н, Павловский; геология, сохтмони ба заминҷумбӣ тобовар ва сейсмология; масалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, инчунин аз Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ, Маркази пиряхшиносӣ, Амнияти ядроӣ ва дигарон шомил буданд.
Дар рафти экспедитсияи илмӣ махсусан, тавсифи гуногунӣ ва гуногунрангии табиати афсонавии ноҳияи Рашти ботстонӣ, алахусус мавзеи хушманзари Камароб, Боғи ботаникии деҳаи Ҷафр ва дигар мавзеҳои кӯҳии водии Рашт диққати олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистонро сахт ба худ ҷалб намуд.
Олимони АМИТ натиҷаҳои омӯзишу хулосабандии хешро доир ба боигариҳои табиӣ, обу ҳаво ва гуногунии набототу ҳайвоноти як гӯшаи кишвари азизамон дар китоби тозанашри Камароб хулосабандӣ намуда, онро ба хонандагон пешниҳод карданд. Дар китоби Камароб натиҷаҳои илмии экспедитсияи олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ҷамъбаст гардида, оиди мавқеи ҷойгиршавӣ, шароитҳои табиӣ ва иқлимӣ, сохти геологӣ, ҳолати сейсмикӣ, олами набототу ҳайвонот, захираҳои обӣ ва вазъи радиатсионии мавзеи Камароб ва дигар мавзеҳои нотакрори ноҳияи Рашт маълумоти муҳими илмӣ гирд оварда шудаанд.
Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон барои анҷоми чунин таҳқиқотҳои муҳими илмӣ дар ҳудуди ноҳияи Рашт ва чопи чунин як китоби пурарзиши илмӣ, миннатдорӣ ва арзи сипоси хешро баён намуда, дар корҳои ояндаи эшон бурдбориҳои нав ба нави илмиро орзуманд намуд.
Бахшида ба Экспедитсияи илмии олимони Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ба Раштонзамин, ки рӯзҳои 17-22 моҳи июли соли 2019 амалӣ гашта буд.
Дараи Камароб кӯҳу об дорад,
Аз накҳати гулҳо асалоб дорад.
Нони бобогиву шакароб дорад,
Ҳам ширу қаймоқу қурутоб дорад.
Олимон рафтанд ба сӯи Камароб,
Онҳо диданд ҳам барфу тармаву об.
Кабку товус, гӯнҷишкакону ӯқоб,
Ҳам шикори гургу рӯбоҳу санҷоб.
Роҳбалади кор Фарҳод Раҳимӣ буд,
Мурратиб Абдусаттор Саидӣ буд,
Дӯъогӯй Шоистаи Рӯшонӣ,
Муққариз Холназари Раштӣ буд,
Пешвозгир Раҳимҷони Муқимӣ буд,
Дар дасташ нону намаки Раштӣ буд.
Ки ин ҳурмат ба илму олимӣ буд,
Қалбашон саршори меҳру шодӣ буд,
Олимон хаймаҳоро заданд қатор,
Чун турнаҳое дар фасли баҳор.
Шитоб намуданд онҳо аз пушти кор,
Фурсате нишастанд дар лаби ҷӯйбор.
Омӯхтанд буттаҳову набототро,
Олами парандаву ҳайвонотро.
Ёфтанд аз зери об ҷавоҳиротро,
Гулмоҳии ширину хӯрданибобро.
Нӯшиданд онҳо оби Камаробро,
Хӯрданд нону кулчаву сихкабобро,
Диданд осмон, ситораву Моҳтобро,
Шӯҳраи макон, гулмоҳии обро.
Паланг дар пушти санг зиракӣ мекард,
Муши мирон дар хок сӯрохӣ мекард.
Чокак дар куҷое чок-чокӣ мекард,
Ситора дар осмон чашмакӣ мекард.
Дар Ҷафр онҳо чунин гирдбоғ диданд,
Ҳам ободиву, ҳам роҳу роғ диданд.
Дарахти баландро дар кӯҳсори баланд,
Боғбон-Мирзошоҳро дар гулбоғ диданд.
Олимон гирд оврданд омӯхтаро,
Ҳама ёду диди он навиштаро.
Ҳолату манзари дар ёд мондаро,
Рӯзу шаби аз ёд намерафтаро.
Онҳо ҷамъ шуданду садо намуданд,
Баҳсу талош, ҳарфу имло намуданд.
Китоби Камароб иншо намуданд,
Онро дар дилу ҷон маъво намуданд!
Камароб бо зинаташ дар китоб монд,
Садои обаш дар тори рубоб монд.
Парвози ёдаш дар пари уқоб монд,
Сирру асрори он дар мавҷи об монд.
Орзумандем, Камароб обод бошад,
Сарзаминаш пурфайзу сероб бошад.
Макони нону қурутоб бошад,
Мардумаш доим хонаобод бошад!
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ (Қурбоналии ВАТАН)–
мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи растаниҳои
Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ,
доктори илмҳои кишоварзӣ.