Солҳои охир таваҷҷуҳи олимони тоҷик ба таҳқиқи навъҳои гуногуни ҷонишинҳои забони тоҷикӣ дар муқоиса бо забонҳои мухталиф ва роҳҳои тарҷумаи онҳо бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла таҳқиқоти муқоисавии ҷонишинҳои саволии забони тоҷикӣ бо немесӣ Х. Сайфуллоев, бо забони англисӣ Н. Хайбатов, А. Мамадназаров, П. Авлиёева, бо забони русӣ Г. Музаффарова, бо забони ҳиндӣ Н. Бобоҷонова ва ғайраро [8; 9; 13] номбар кардан мумкин аст. Ба гуфтаи забоншиноси маъруфи рус А.И. Смирницкий “ҷонишинҳо хусусияти дар гурӯҳи умумии вожаҳо ва дар заминаи чанде аз нишонаҳои формалӣ муттаҳид шудан майл доранд. Ҳарчанд, на фақат аз ҷиҳати шаклгирӣ,…