JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 29 Августи 2019 04:34

Мулоҳизаҳо атрофи абёти тозаёфтшудаи ашъори Рӯдакӣ

Муаллиф:

  Бо он ки доир ба осору рӯзгор, мероси адабӣ ва таъсири шеъри устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) ҳанӯз аз замони зиндагии ин суханвари сутург аввалин андешаҳои монданӣ рӯйи коғаз омада буданду минбаъд то ба ҳол идома доранд, ба сабаби аз байн рафтани иддаи бештари онҳову ба риштаи таҳқиқи илмӣ-муқоисавӣ кашида нашудани баъзе маъохизи дастрас ва гузашта аз ин, ҳанӯз ба пуррагӣ пайдову мавриди омӯзиш қарор нагирифтани сарчашмаҳое, ки дар синаи худ порашеърҳои маликушшуарои аҳди Сомониёнро ниҳон медоранд, дар масъалаи рӯдакишиносӣ, бахусус матншиносии осори бозмондаи ӯ душвориҳои зиёде пеши рӯй меоянд. Вақте мо ба осори бозмондаи устоди шеъри Аҷам ва дар ҳамин замина ба зиндагиномаи вай баҳои дурусти дархурди илмӣ дода метавонем, ки ақалан нусхаи қаламии ба забонҳои форсии тоҷикӣ ва арабии дар ҷаҳон маҳфузбуда ва шояд ин ҷо нусхаҳои қаламии туркӣ низ истисно набошанд, омӯхтаву баррасӣ гарданд. Ба гумони банда мо бояд аз ҳамин қуллаи баланди душворрас ба рӯзгори сипаришудаи устод Рӯдакӣ, ба шеъри устод Рӯдакӣ, ба осори бозмондаи устод Рӯдакӣ нигоҳи амиқи ҷамъбастӣ намоем, ки ин бешак аз заҳамоти рӯдакишиносони оянда хоҳад буд.

 Бо ин ҳама дар муддати беш аз 250 сол дар атрофи асосан шеъри устод Рӯдакӣ, зиндагинома ва замони ӯ корҳои зиёди ҷолиби мутааддиде аз ҷониби адабиётшиносону муаррихон ва шарқшиносон анҷом пазируфта, чеҳраи адабии ӯро ба мо кушодаанд, ки шоистатарини онҳо мақолаи бузургҳаҷми мусташриқи олмонӣ Ҳерман Эте «Рӯдакӣ шоири Сомониён» [1], устод Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» [2], Саъид Нафисӣ «Аҳвол ва ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакии Самарқандӣ» (ду нашр) [3], «Осори Рӯдакӣ» [4], Абдулғанӣ Мирзоев «Абӯабдулло Рӯдакӣ» [5], Абдурраҳмон Тоҳирҷонов «Рӯдакӣ» [6], Аълохон Афсаҳзод «Одамушшуаро Рӯдакӣ» [7] ва чанди дигар мебошанд. Дар ҳамин заминаи мӯътамад минбаъд нашрҳои ҷомеи ашъори боқимондаи устод Рӯдакӣ бо номҳои «Осори манзум» бо тарҷумаи русӣ таҳти назари И. Брагинский [8], «Шеърҳо» бо тавзеҳу шарҳи луғот ва таҳияи У. Каримов ва С. Саъдиев [9], «1000 мисраи Рӯдакӣ» [10] дар таҳияи Расул Ҳодизода ва Ансор Афсаҳов, «Ашъор» дар таҳияву тарҷума тавзеҳот ва муқаддимаи Л.И. Брагинская [11], «Гузидаи ашъори Рӯдакӣ» бо пажӯҳиш ва шарҳи Ҷаъфари Шоир ва Ҳасани Анварӣ [12], «Девони Рӯдакии Самарқандӣ» [13], «Девони Рӯдакӣ» дар таҳияи Манучеҳри Донишпажӯҳ 14], «Насими Мӯлиён» дар таҳияи Асрори Раҳмонфар [15], Рӯдакӣ «Девон» дар таҳияи Саъидрасули Мӯсавӣ, Масъуд Қосимӣ ва Азиз Мирбобоев [16], дар Тоҷикистону Эрон ва Русия интишор ёфтанд, ки дар матншиносии осори Рӯдакӣ зина ба зина қадамҳои боварибахшу устувор ба шумор мераванд. Доир ба ин нашрҳои ҷомеъи ашъори бозмондаи устод Рӯдакӣ, ба истиснои «Насими Мӯлиён» ва «Девон» (чопи «Пайванд», 2000), муҳтарам Абдулманнони Насруддин андешаҳои ҷолиби илмӣ пеш гузошта, ба таври зайл хулоса менамояд, ки «...бо вуҷуди он ки донишмандони зиёде дар кори ҷамъоварӣ, тавзеҳу тасҳеҳ ва табъу нашри Рӯдакӣ хидмати шоиста анҷом додаанд, ҳамоно на ҳамаи ашъори бозмондаи Рӯдакӣ аз сарчашмаҳо ҷамъоварӣ шудаанд, на ҳамаи матнҳо муҳаққиқона сурат гирифтаанд. Агарчи дар боби нақду баррасии матни ашъори Рӯдакӣ донишмандони рус И. Брагинский, Д. С. Комиссаров Л. И. Брагинская бештар аз ҳамаи донишмандони дигар иқдоми муҳим кардаанд, дар ин бобат низ ҷойи матни илмӣ, мунаққаҳ ва ҷомеи ашъори Рӯдакӣ холист» [17].

 Расидани мавриди мувофиқ ва тақозои давру замон боис шуд, ки банда ва профессор Расул Ҳодизода ба таҳияи матни илмии осори бозмондаи устод Рӯдакӣ дар асоси матнҳои анҷомёфта ва маъохизи тоза камари ҳиммат бандем. Тайи ин се-чаҳор соле, ки мо бо осори бозмондаи устод сарукор доштем, тавонистем ба матни осори бозмондаи Одамушшуаро то ҷое бо чашми матншиносии муосир нигоҳ намоем ва заҳамоти худро бо номи «Ашъор» ҷамъбаст созем, ки рӯзҳои ҷашни 1150 солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дастраси ҳамагон гардид [18].

 Банда ин ҷо дар бораи равиши кор, чаҳорчӯбаи матншиносии осори бозмондаи устод Рӯдакӣ ва фарқияту душвории он аз матншиносии маъмулӣ суханро ба мавриди дигар мавқуф гузошта, сари мақсади ба мавзӯъ алоқаманд чанд андешаи худро иброз доштаниям.

 Баъд аз Ҳерман Этеи олмонӣ ба матншиносии осори бозмондаи устод Рӯдакӣ адабиётшиноси эронӣ Саъид Нафисӣ ҷиддан машғул гардида, кори сангину мураккаберо анҷом дод, ки натиҷаи он барои ҳамагон маълум аст. Чун нахустин иқдом заҳамоти Саъид Нафисӣ бо ҳама пурқиматӣ, аз нигоҳи таҳияву тадвини матн дар ҷодаи рӯдакишиносӣ аз камбудиҳо барӣ набуданд, он аҳодифи неке, ки донишманди эронӣ гузошт, мебоист аз ҷониби баъдинагон бо матни осори бозмондаи Рӯдакӣ алоқаманд идома меёфт, такмил мегардид ва натиҷаҳои хубтаре аз пештар бор меовард. Аммо имрӯз мебинем, ки он нотамом мондаву корҳое, ки баъд аз таҷлили ҷашни 1100 солагии Одамушшуаро доир ба ашъори бозмондаи шоир ба субут расонида шудаанд, ба истиснои пайдо намудани чанд байти тозаи устод, дуруст хондани баъзе таркибу ибораҳо, ҳамоно матни таҳиякардаи Саъид Нафисиро поя ва асос қарор додаанд. Аз корҳои анҷомёфта дар атрофи ашъору осори бозмондаи устод Рӯдакӣ, ба истиснои матни илмӣ-интиқодии Л. И. Брагинская, ки он ҳам фарогири на ҳамаи сарчашмаҳои мавҷуда мебошад, асосан матнҳои оммавиянду барои хонандаи умум таҳияву тадвин шудаанд.

 Зарурати нав кардани матни илмии осори бозмондаи устод Рӯдакӣ моро дар баробари истифодаи ҳамаҷониба аз сарчашмаҳои мавҷудаву маълум ба ҷустуҷӯйи маъохизи тоза равона намуд, ки ин ҷустуҷӯҳо, хушбахтона, баъзан натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Дар ин бора таваҷҷуҳ шавад ба мақолаи банда «Назаре тоза дар тасҳеҳи ашъори устод Рӯдакӣ» [19].

 Барои боваринокии андеша дар ин ҷо овардани чанд мисолро мақсаднок медонем.

 Ба рубоии зер, ки дар тамоми нашрҳои ашъори шоир, аз нашрҳои Саъид Нафисӣ сар карда, то чопҳои имрӯза ҷой дорад, таваҷҷуҳ намоед:

Чун рӯз алам занад, ба номат монад,

Чун якшаба шуд моҳ, ба ҷомат монад,

Тақдир ба азми тезгомат монад,

Рӯзӣ ба ато додани омат монад.

  Ин рубоиро мо дар «Чаҳор гулзор»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, нусхаи қаламии Тошканд, ба таври зайл дарёфтем:

Чун рӯз алам зад, ба ҳисомат монад,

Чун якшаба шуд моҳ, ба ҷомат монад,

Тақдир ба азми тезгомат монад,

Рӯзӣ ба ато додани омат монад [20, варақи 5 б.].

  Дар ин мисол баҳси мо атрофии мисраъи аввали рубоӣ аст. Дар чопҳои пештара омада, ки «Чун рӯз алам занад, ба номат монад». Дар «Чаҳор гулзор» мисраъ ин тавр хонда шуд: «Чун рӯз алам зад, ба ҳисомат монад». Ҳисом – ин ҷо ба маънии шамшер аст ва агар ба муҳтавои умумии шакли дувуми пайдокардаи мо таваҷҷуҳ шавад, маълум мешавад, ки ин порашеър аз рубоиҳои васфияи шоир аст дар сифати яке аз мамдӯҳҳояш. Пас матни сиҳҳат ва боварибахшу мантиқан барҷой он матнест, ки мо аз «Чаҳор гулзор» пайдо намудем. Аҷиб аст, ки Саъид Нафисӣ дар ҳар ду нашри асари худ «Чаҳор гулзор»-ро ба сифати маъхаз нишон медиҳад, аммо нусхаи асари Хоҷа Ҳасани Нисорие, ки ӯ мавриди истифода қарор додаст, маълум мешавад, дигар будааст. Аҷибтар он ки ягона маъхази ин рубоӣ ҳамин «Чаҳор гулзор»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ асту халос.

  Ахиран бо заҳмати корманди илмии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон Нуриддин Шаҳобуддинов ду байти тозаи устод Рӯдакӣ зимни яке аз тафсирҳои форсии «Қуръон» ба даст омад, ки он нусхаи қаламӣ зери рақами 1394 дар Ганҷинаи осори хаттии Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии кишвар нигоҳдорӣ мешавад. Мусаннифи номаълуми он нусха ҳангоми тафсири сураи «ал-Ъалақ», ки дар он зикри «қалам» омадааст, барои таъйиди фикраш роҷеъ ба шарҳу эзоҳи калимаи «қалам» аз ашъори устод Рӯдакӣ иқтибос оварда, мегӯяд: «Чунон ки Рӯдакӣ ба назди амири Хуросон даромад ба рӯзи Наврӯз ва дар даст қаламу шамшер ва гуфт:

Сухан овардаму шамшеру қалам наврӯзӣ,

То ба дастат бувадо мояи ҳар пирӯзӣ.

Ба сухан ме ба забон бошу ба шамшер бирез,

Хуни аъдову ба тавқеъи қалам деҳ рӯзӣ!

Пас амир ба ӯ ҳазор динор фармуд...» [21, варақи 162 б].

  Ин дастхат тақрибан дар асрҳои ХI-ХII милодӣ қаламӣ шуда, ҷузве аз тафсири Қуръон дар он аҳд будааст. Пас ин тафсир аз назари замонӣ дар радифи қадимтарин маъхазҳои ашъори бозмондаи Одамушшуаро, ҳамрадифи «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, «Тарҷумону-л-балоға»-и Родиёнӣ ва ғайра қарор хоҳад дошт. Бешубҳа, ин порашеър моли устод Рӯдакӣ аст.

  Дар ҳамин нусхаи қаламии тафсири форсии Қуръон поёнтар аз абёти фавқ як қитъаи шоир ба таври зайл омадааст:

Гунги фасеҳ аст, гӯш неву суханёб,

Ланги раванда-ст, чашм неву ҷаҳонбин.

Тезии шамшер дораду равиши мор,

Колбади ошиқону гунаи ғамгин.

  Ин қитъаи шеър, ки тоза пайдо шуд, дар 12 маъхаз, ду нашри Саъид Нафисӣ, «Осори Рӯдакӣ» (соли 1958) ва чопи Л. И. Брагинская ин тавр забту сабт шудааст:

Ланги раванда-ст, гӯш неву суханёб,

Гунги фасеҳ аст, чашм неву ҷаҳонбин.

 Тезии шамшер дораду равиши мор,

                         Колбади ошиқону гунаи ғамгин! [21, варақи 162 б-163а].

  Аз рӯйи мантиқу маънӣ матни нусхаи тозапайдошуда ба гумонам рӯшантар менамояд.

  Метавон ин ҷо намунаи дигареро аз ашъори тозапайдои устод Рӯдакӣ пешкаш намуд, ки онро низ аз нусхаи қаламии «Чаҳор гулзор»-и Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дарёфтаему аз моли сухансарои панҷрӯдӣ буданаш наметавонад шубҳае ҷой дошта бошад, зеро дар он забони баёну сабки эҷодии устод усутувору барҷост. Он намуна ин байт аст:

Аё, ғазал бисаро, ай ғазалсарои бадеъ,

Бигир чанг, ба чанг андару ғазал бисарой! [22, варақи 15а].

  Баъди пайдо намудани ин байт ба хулосае метавон омад, ки нусхаи «Чаҳор гулзор»-и мавриди истифода қарордодаи Саъид Нафисӣ дигар будаасту ин нусхаи қаламии тошкандӣ дигар ва ё рӯдакишиноси эронӣ аз маҳсули эҷоди устод Рӯдакбадани ин байт шубҳа доштааст. Ин баҳси хурд он вақт роҳи ҳалли худро меёбад, ки ҳар ду нусхаро дар ихтиёр дошта бошем.

  Нимаи дувуми соли гузашта (2016) дар шаҳри Теҳрон «Шаби Рӯдакӣ» баргузор шуда буд. Дар он ҷо донишманди эронӣ Масъуд Қосимӣ зимни суханронияш иттилоъ додаст, ки «…боз як байти то кунун номаълуми падари шеъри форсӣ устод Рӯдакӣ бо талошу ҷустуҷӯҳои донишманди эронӣ Хатибӣ аз фарҳангномаи форсии «Адоту-л-фузало» таълифи Қозихон Бардмуҳаммади Деҳлавӣ пайдо шуд. Дар ин бора дар маҷаллаи «Бухоро» хабар дода шудааст» [23, 1]. Байти мавриди назари Рӯдакӣ чуни наст:

Дар зери фалак нишоти мо чист?

Рақси бараву дукони қассоб [23, 1].

  Бояд гуфт, ки пайдо шудани байти нави шеъри Рӯдакӣ баёнгари он аст, ки дар натиҷаи ҷустуҷӯҳои дилгармонаву олимона метавон аз маъхазҳо байтҳои парокандаи нав ба нави устод Рӯдакиро дарёфт ва девони ашъори ӯро пурбортар намуд.

  Илова бар он ҳама дар заминаи ҷустуҷӯҳо аз кутуби чопҳои сангии «Матлаъу-л-улум»-и Муҷмалӣ як байт, «Ҳафт қулзум» ду байт ва «Эъҷози хусравӣ»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ ду байт, ҷамъан панҷ байти мансуб ба устод Рӯдакӣ пайдо гардид, ки ин мутун чандон ба сабки нигориши суханвари панҷрӯдӣ мувофиқат намекунанд. Метавон ҳадс зад, ки ин абёт мансуб ба устод Рӯдакӣ дониста шудаанд ва ё боз барои баёни ҳақиқати ҳол дар атрофи онҳо боястӣ пажӯҳишро идома дод. Ҳамин аст, ки айни ҳол аз овардани матни он панҷ байт сарфи назар шуд.

  Дар ин ҷо як масъалаи муҳимми рӯдакишиносиро, ки дар заминаи ҷустуҷӯ ва муқобалаву муқоясаи осори бозмондаи устод Рӯдакӣ дар мутуни чопҳои гуногуни он ба чашми мо расиду аз он мебояд ҳатталимкон худдорӣ кард, ин таҳрири қиёсӣ даровардан ба матн мебошад.

  Эҷодиёти боқимондаи устод Рӯдакӣ, ки худ ками андар кам то ба замони мо омада расидааст, таҳрири қиёсиро намеписандад. Агар баъзе абёт ё мисраъи шеъри Одамушшуаро, калимаву таркибу иборае аз онҳо ҳанӯз торику нофаҳмост, боястӣ то пайдо намудани сарчашмаи асл дар ҳамон шакл, бо дар паҳлӯяш гузоштани аломати суол дар қавсайн нигоҳ дошта шаванд. Вагарна таҳриру қиёсан ислоҳ намуданҳо ба ҳукми анъана даромада, баъди гузаштани садаҳои дигар матн асли худро гум мекунад. Ба ин ҳамаи матншиносони осори бозмонади устод бояд аз рӯйи инсоф риоя намоянд. Дар навбати худ абёту қитъашеърҳои тозаи аз маъхазу сарчашмаҳо ёфташударо бояд дақиқан омӯхт, ба моли устод Рӯдакӣ будани он боварӣ ҳосил кард, бо хушӣ истиқбол намуд ва бад-ин роҳ «Девон»-и устодро ҳарчи пурратару мукаммалтар сохт. Дар ин ҷода матншиносон ва масъулини баъдинаро зарур аст ботаҳаммулу бурдбор ва корозмуда бошанд. Зеро матншиносии осори бозмондаи падари шеъри Аҷам хеле ва хеле сангин асту заҳмати дигареро мехоҳад.

  Хулоса, мо метавонем дар оянда низ ба пайдо шудани пораҳои шеъри нави устод Рӯдакӣ умед бандем. Аз ин рӯ, ҷустуҷӯро хастанопазирона бояд идома дод.

Алии Муҳаммадии Хуросонӣ

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2017, №3 (247)

 

Адабиёт

  1. 1. H. Ethe. Rudagi der Samanien Dicher. Nachrichter von Konigiichen gesellchft der Wissanachafter und der G. A. Ғniyer zi Gottengen, № 25, 12, November, 1873.
  2. С.Айнӣ. Намунаи адабиёти тоҷик. – Москва, 1926.
  3. Саъид Нафисӣ. Аҳвол ва ашъори Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳамма-ди Рӯдакии Самарқандӣ. Теҳрон, чопи аввал, солҳои 1309-1313, чопи дувум 1341 (1963).
  4. Абӯабдулло Рӯдакӣ. Осор. – Сталинобод, 1958.
  5. 5. Абдулғанӣ Мирзоев. Абӯабдулло Рӯдакӣ. – Сталинобод, 1958.
  6. Абдураҳмон Тоҳирҷонов. Рудаки. – Ленинград, 1968.
  7. Аълохон Афсаҳзод. Одамушшуаро Рӯдакӣ. – Душанбе: Адиб, 2003.
  8. Рудаки. Стихи. Редакция и комментарии И.С.Брагинского. – Москва: Наука, 1964.
  9. Рӯдакӣ. Шеърҳо. Бо муқаддим тартиб ва тавзеҳи У. Каримов ва С. Саъдиев. – Душанбе: Ирфон, 1973.
  10. 1000 мисраи Рӯдакӣ. Таҳияи матн аз Р. Ҳодизода ва А. Афсаҳов. – Душанбе: Ирфон, 1984.
  11. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. Ашъор. Таҳияи Л. И. Брагинская. – -Душанбе: Ирфон, 1978 (бо ҳуруфи ниёгон).
  12. Гузидаи ашъори Рӯдакӣ. Пажӯҳиш ва шарҳи доктор Ҷаъфари Шоир ва доктор Ҳасани Анварӣ. – Теҳрон, 1365.
  13. Девони Рӯдакии Самарқандӣ. Дар асоси нусхаи Саъид Нафисӣ ва И. С. Брагинский. – Теҳрон, 1373.
  14. Рӯдакӣ. Девон. Бо шарҳу тавзеҳи Манучеҳри Донишпажӯҳ. – Теҳрон, 1373.
  15. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Насими Мӯлиён. Дебоча ва танзиму тавзеҳи А. Раҳмонфар. – Душанбе, Адиб, 1999.

16 Рӯдакӣ. Девон. Дар таҳияи Саъидрасули Мӯсавӣ, Масъуд Қосимӣ ва Азиз Мирбобоев. – Душанбе: Пайванд, 2000.

  1. Абдулманнони Насруддин. Рӯдакӣ. – Хуҷанд, 1999, саҳ. 40.
  2. Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ. Ашъор. – Душанбе: Адиб, 2007.
  3. Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. Назаре тоза дар тасҳеҳи ашъори устод Рӯдакӣ // Маҷл. «Рӯдакӣ», соли шашум, шумораи 8-9, тирамоҳ ва зимистони 2005-2006. – Душанбе, саҳ. 111-119.
  4. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ. Чаҳор гулзор. Нусхаи қаламии Тошканд, варақи 5 б.
  5. 21. Нусхаи қаламии зери рақами 1394 Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Тоҷикистон, варақи 162 б.
  6. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ. – Нусхаи қаламии Тошканд, варақи 15 а.
  7. Боз як дурдона аз дарёи ашъори Рӯдакӣ // Рӯз. «Адабиёт ва санъат», 26 январи соли 2017, №4 (1871). – 16 с.
Хондан 2106 маротиба