JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 21 Октябри 2019 07:37

Хусусиятҳои тарҷумаи ҷонишинҳои манфии забони тоҷикӣ ба забони англисӣ

Муаллиф:

 Солҳои охир таваҷҷуҳи олимони тоҷик ба таҳқиқи навъҳои гуногуни ҷонишинҳои забони тоҷикӣ дар муқоиса бо забонҳои мухталиф ва роҳҳои тарҷумаи онҳо бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла таҳқиқоти муқоисавии ҷонишинҳои саволии забони тоҷикӣ бо немесӣ Х. Сайфуллоев, бо забони англисӣ Н. Хайбатов, А. Мамадназаров, П. Авлиёева, бо забони русӣ Г. Музаффарова, бо забони ҳиндӣ Н. Бобоҷонова  ва ғайраро [8; 9; 13]  номбар кардан мумкин аст.

 Ба гуфтаи забоншиноси маъруфи рус А.И. Смирницкий “ҷонишинҳо хусусияти дар гурӯҳи умумии вожаҳо ва дар заминаи чанде аз нишонаҳои формалӣ муттаҳид шудан майл доранд. Ҳарчанд, на фақат аз ҷиҳати шаклгирӣ, балки аз ҷиҳати сохторӣ ҳам, ҷонишинҳо дар нисбати калимаҳои ғайриҷонишинии дигар, дар дохили ҳиссаҳои нутқ, хеле инфиродӣ мебошанд [11, 186].

  Таъкиди хусусияти сохтори гуногун доштани ҷонишинҳои манфӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ моро ба он водор кард, ки ҷонишинҳои манфии ин ду забонро аз назари роҳҳои тарҷумаи онҳо ба забони тоҷикӣ мавриди таҳқиқи муқоисавӣ қарор диҳем. Яъне, мақсади асосии ин мақола муайян кардани хусусияти тарҷумаи ҷонишинҳои забонҳои тоҷикӣ ба забони англисӣ мебошад.

  Ногуфта намонад, ки ҷонишинҳои манфии забони тоҷикӣ аз ҷиҳати сохтор пурраю ҳаматарафа омӯхта нашудаанд ва дар ин бобат ақидаҳои гуногуни забоншиносон вуҷуд дорад. Маълумоти умумиро дар китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ пайдо кардан мумкин аст. Мутаассифона, то имрӯз ягон тадқиқоти алоҳидае мавҷуд нест, ки ин масъаларо дар забони адабии ҳозираи тоҷиқ ва ҳам дар муқоиса бо забони англисӣ ба пуррагӣ баррасӣ карда бошад.

  Нахустин иттилооти нисбатан пурратарро дар бораи сохтори ҷонишинҳои манфӣ дар забони тоҷикӣ дар китоби дарсӣ барои мактабҳои олии соли 1956 ёфтан мумкин аст, ки дар он ҷонишини манфии ҳеҷ ва 6 шаклҳои таркиби он: ҳеҷ кӣ, ҳеҷ чӣ, ҳеҷ кас, ҳеҷ чиз, ҳеҷ як, ҳеҷ кадом таъкид шудааст. Муаллифи он С.Ҷ. Арзуманов зикр мекунад, ки бештарини ҷонишинҳои манфӣ ба воситаи ҷонишинҳои саволӣ сохта мешаванд [2, 104].

  Дар китоби дарсии мактабҳои олии соли 1982, ки боби ҷонишин дар он низ ба қалами С.Ҷ. Арзуманов тааллуқ дорад, ҷонишини таркибии ҳафтум ҳеҷ гуна ҳамроҳ шудаааст ва маълумоти бештар дар бораи сохтори ҷонишинҳои таҳқиқшаванда омадааст. Аз ҷумла зикр мегардад, ки ҷонишинҳои манфӣ аз ҷонишини ҳеҷ ва ҷонишинҳои саволии кӣ, чӣ, кадом, исмҳои кас, чиз, гуна, шумораи як сохта шудаанд Илова бар ин таъкид мегардад, ки ҷонишини ягон ва исмҳои касе ва чизе ба маънои ҷонишини манфӣ истифода мешаванд. Дар ин маврид хабари чунин ҷумлаҳо дар шакли инкорӣ меояд.

  Дар грамматикаи академии соли 1985, ки боби ҷонишинҳо дар он ба қалами Б. Сиёев тааллуқ дорад, мушкил будани таснифоти сохтории ҷонишинҳо таъкид шуда омадааст, ки ҷонишинҳои забони тоҷикӣ аломатҳои морфологӣ надоранд ва аз ин рӯ, онҳоро аз рӯи сохти морфологиашон ба гурӯҳои муайян ҷудо кардан душвор аст. Ҷонишинҳоро аз ҷиҳати калимасозӣ ҳам ба гурӯҳо ҷудо кардан имконнопазир аст, чунки ҳар кадоми онҳо аз ҷиҳати сохт аз якдигар фарқ мекунанд [10, 157]. Дар асари дигар худ, ки махсусан ба таърихи ҷонишинҳои забони тоҷикӣ бахшида шудааст, муҳақиқ Б. Сиёев ҷонишинҳои манфиро низ таҳқиқ карда, диққати хонандаро ба сохтори ҷумла, ки дар он ҷонишиҳои манфӣ истифода мешаванд, ҷалб менамояд. “Ҷонишини “ҳеч” дар насри асри Х мисли забони адабии ҳозираи тоҷик пеш аз исмҳо омада набудани предмет ва ё аломати предметро қайду таъкид мекунад. Дар ин маврид, ҳамчун қоида, хабари ҷумла дар шакли инкорӣ истифода бурда мешавад [9, 198].

  Дар байни ақидаҳои забоншиносон, ки ба ҷонишинҳо даст задаанд, назари муҳақиқи рус В.С. Расторгуева бояд таъкид кард. Муҳақиқ дар забони тоҷикӣ ҷонишинҳои манфиро алоҳида ҷудо накарда, онҳоро аз ҷиҳати маъно ба гурӯҳи ҷонишинҳои номуайянӣ (неопределенные местоимения) дохил мекунад, вале дар бораи сохтори ҷонишинҳои манфӣ ҳеҷ иттилое наовардааст [20, 51].

  Забоншинос Р.Л. Неменова бошад, дар таснифоти худ гурӯҳи ҷонишинҳои манфиро алоҳида ҷудо карда бошад ҳам, таъкид мекунад, ки “ба вазифаи ҷонишини манфӣ ҷонишини номуайянии ҳеҷ истифода бурда мешавад, агар ҷумла инкорро ифода кунад” [19, 450]. Яъне, Р.Л. Неменова амалан ақидаи забоншинос В.С. Расторгуеваро дастгирӣ карда, ҷонишини “ҳеҷ”-ро ҷонишин номуайянӣ номидааст.

  Илова бар ин, Р.Л. Неменова таъкид мекунад, ки “дар ҷумлаҳои инкорӣ ба маънои ҷонишинҳои инкорӣ ҳамчунин исмҳои кас ва чиз бо пасванди –е – касе, чизе истифода мешавад: касе наомад” (яъне ҳеҷ кас намомад Б.М.) [19, 451]. Ин нуктаро С.Д. Арзуманов низ таъкид мекунад: “Ҷонишинҳои номуайянии касе ва чизе дар ҷумлаи хабараш манфӣ кор фармуда шаванд, маънои ҷонишини манфиро медиҳанд: Касе ҳам ба вай аҳамият намедод” (яъне ҳеҷ кас аҳамият намедод Б.М.) [2, 104].

 Дар асари бунёдии “Основы иранского языкознания”, муаллифон В.А. Ефимов, В.С. Расторгуева, Е.Н. Шарова дар таснифоти худ ҷонишинҳои манфиро дар забонҳои форсӣ, тоҷикӣ ва дарӣ махсусан ҷудо накардаанд ва дар бораи сохтори ҷонишинҳои манфии таркибӣ низ маълумоте навоварданд. Муаллифон фақат ҷонишини манфии ҳеҷро дар бахши ҷонишинҳои номуайянӣ (неопределенные местоимения) оварда, маъно ва тарзи истифодаи онро шарҳ додаанд. Аз ҷумла омадааст, ки ҳеҷ бо шакли инкории феъл маънои никакой-ро дорад. Ҷонишини ҳеҷ бо калимаи вақт маънои никогда ва ни в кое мере-ро дорад. Ҷонишини ҳеҷ ҳамчун зарф низ бо маънои вовсе, совсем бо шакли инкории феъл истифода мешавад: ҳеҷ ӯро надам. Ғайр аз ин ҷонишини ҳеҷ маънои когда нибудь, как нибудь, вообще (дар сурти дар шакли тасдиқӣ омадани шакли феъл) –ро дорад. Ҳеҷ ӯро дидӣ? [6, 122].

  Дар забони англисӣ аксари забоншиносон гурӯҳи ҷонишинҳои манфиро алоҳида ҷудо карда ба ин гурӯҳ ҷонишинҳои no (ҳеҷ, ҳеҷ гуна ҳеҷ як), none (ҳеҷ чиз, ҳеҷ кас, ҳеҷ як), nobody (ҳеҷ кас), no one (ҳеҷ кас), nothing (ҳеҷ ҷиз) ворид кардаанд.

  Муҳаққиқон Б.С. Хаймович ва Б.И. Роговская ба гурӯҳи ҷонишинҳои манфии забони англисии дар боло зикришуда ҳамчунин ҷонишини манфии nowhere (ҳеҷ куҷо) дохил мекунанд, ки дигар забоншиносон ин ҷонишинро зикр накардаанд. Дар таснифоти худ ин муҳақиқони ҷонишнҳои манфии забони англисиро ба ҷонишинҳои манфии исмӣ – nobody, nobody’s, none, neither, nothing; ҷонишинҳои манфии сифатӣ – no, neither; ҷонишинҳои манфии зарфӣ – nowhere ва ҷонишинҳои манфии шуморӣ – none ҷудо мекунанд [14, 112]. Бояд зикр кард, ки аксари муҳақиқон дар забони англисӣ фақат ҷонишинҳои манфии сифатӣ ва исмиро ҷудо мекунанд.

  Диққати бештари забоншиносон ба таснифоти маънои ҷонишинҳои манфӣ ва вазифаҳои синтаксисии онҳо ҷалб шудааст ва аз ин рӯ баъзе забоншиносон ба сохтори ҷонишинҳои манфӣ он қадар аҳамият намедиҳанд [11, 189-190]. Аз ҷиҳати сохтор ҷонишинҳо инкорӣ дар забони англисӣ ба се гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: сода no (ҳеҷ, ҳеҷ гуна ҳеҷ як), none (ҳеҷ чиз, ҳеҷ кас, ҳеҷ як), мураккаб nobody (ҳеҷ кас), nothing (ҳеҷ ҷиз) ва таркибӣ no one (ҳеҷ кас).

  Аз назари муқоисавию типологӣ ва роҳҳои тарҷумаи онҳо баъзе ҷонишинҳои манфии забони англисӣ ва тоҷикӣ дар адабиёти мавҷуда дар бахшҳои ҷоншинҳои номуайянӣ баррасӣ мешаванд .

  Аз ҷумла М. Шахобова дар асари ба таҳқиқоти муқоисавии забонҳо англисӣ ва тоҷикӣ бахшидаи худ, ҷонишинҳои манфиро мушаххасан баррасӣ намекунад, вале баъзе ҷонишинҳои манфӣ, мисли none (ҳеҷ кас) ва niether (ҳеҷ яке аз) –ро дар бахши ҷонишинҳои номуайянӣ дохил мекунанд, ки дар ҷумлаҳои инкорӣ истифода мешаванд [13, 126].

  К. Усмонов ҳам чанде аз ҷонишинҳои манфиро дар бахши ҷонишинҳои номуайянӣ ҷойгир карда, ҷонишинҳои манфии сохти мураккаберо мавриди таҳқиқ қарор медиҳад, ки аз ҷонишинҳои номуайяни no (ҳеҷ, ҳеҷ як, не) – nobody (касе, ҳеҷ кас), nothing(ҳеҷ чиз, ягон чиз), none (ягонто, ҳеҷ, ҳеҷ як, ҳеҷ кадом) сохта мешаванд. Дар ин бахш ҳамчунин ҷонишини икории neither (ҳеҷ яке аз, ҳеҷ кадоме аз) омӯхта шуда муродифҳои тоҷикии он муайян карда мешавад [12, 60-70].

  Дар ин мақола роҳҳои тарҷумаи ҷонишинҳои манфии забони тоҷикӣ ба забони англисӣ баррасӣ мегарданд. Дар раванди муқоиса ва таҳлил муодилҳои мушаххас муайян гардиданд. Яъне, мақсади таҳқиқ муайян кардани роҳҳои дурусти ҷарҷумаи ҷонишинҳои манфии забони тоҷикӣ дар заминаи ин муодилҳо ба забони англисӣ мебошад. Мисолҳои ҷамъовардаи мо аз мавҷуд будани гурӯҳҳои зерини ҷонишинҳои манфии забони тоҷикӣ ва ҳамгунаҳои англисии онҳо шаҳодат медиҳанд:

Ҳеҷ ~ no, never, at least:

  Ҷонишини содаи ҳеҷ дар ҷумлае кор фармуда мешавад, ки хабари он низ ба шакли манфӣ омадааст. Ба ин хусусияти сохтории ҷумлаҳои манфӣ ҳангоми тарҷума бояд диққат дод, зеро дар забони тоҷикӣ ҳам фелъ ва ҳам ҷонишин дар шакли манфӣ истифода мешаванд, яъне дар ҷумлаи тоҷикӣ ду маротиба омадани инкор ҳатмӣ аст. Дар забони англисӣ инкор фақат як маротиба, яъне фақат ҷонишини манфӣ истифода мешавад, вале феъл дар шали тасдиқӣ роиҷ аст:

 Аммо чашми худро аз он чӯбҳо, хусусан аз он чӯби дароз, ки ба cap то сари мактаб мерасид ва ба ҳеҷ бача амон намедод, … намекандам... [5, 6]. ~ But I still could not tear my eyes away from those canes, particularly the long one that reached from one end of the room to the other and from which no boy could escape, ... [18, 225].

 Ҷонишини ҳеҷ метавонад ҳамчун зарф низ истифода шавад. Дар ин сурат бо зарфи never дар забони англисӣ тарҷума мешавад:

 Маърӯзачӣ дар бораи ин гуна фикру хиссиёт доштани мо дуру дароз гan зад, вале ҳеҷ гуна роҳҳои амалӣ нишон надод, ҳеҷ нагуфт ки мо чӣ кор кунем. ~ He talked so much of the wonderful things we ought to think and feel and be, but he never told us practically what we ought to do.

 Ҷонишин ҳеҷ бо шакли инкории феъли будан (ҳеҷ набошад) вазифаи пайвандакро низ иҷро мекунад ва дар ин шакл муодили пайвандаки at least мебошад:

 Ба як танга чор дуо? Боз бачаҳоро озод кунам? Ин намешавад, ҳеҷ набошад, боз як тангаи дигар диҳед, – гуфт мактабдор [5, 27]. ~ You want me to give you four prayers and let the boys go, for one tanga? Oh no, that will cost you at least another tanga, – the teacher replied [5, 237].

 Ҷонишини ҳеҷ чӣ бо шакли инкории феъл ба забони англисӣ бо ҷонишини манфии nothing тарҷума мешавад:

 Ҳеҷ чӣ нашудааст, аммо бесавод аст, – гуфт падарам ва илова кард [5, 41]. ~ Nothing’s the matter, except that he’s illiterate, – my father replied [18, 246].

 Шумо чӣ посух додед, духтархонум? Ҳеҷ чӣ; ман кампалро ба болоям кашида, тарафи девор рӯ гардондам [13, 39]. ~ What did you say, Miss? Nothing: I covered my face with the bedclothes, and turned from her to the wall [13, 61].

 Ҳеҷ кас ~ nobody, no one, anyone, none:

 Ҷонишини манфии таркибии ҳеҷ кас ва муодилҳои англисии он nobody, no one, anyone, none ба набудани шахс далолат мекунад ва чунон ки аз мисолҳои зерин аён аст бо исмҳои танҳо ва ҳам ҷамъ истифода бурда мешавад.

 Лекин ҳеҷ кас ба ӯ талабгор набаромад ва ҳама метарсиданд, ки харашон аз хари ӯ пас мемонад ва гаравро бой медиҳанд [3, 88]. ~ Istam challenged anyone to ride against him for a stake of two hundred tangas. Nobody accepted, since all feared their own mounts were no match [16, 136].

ҳеҷ кас дар ин деҳа писари худашро мударрис карданӣ нест [5, 41]. ~ Nobody in this village is going to make his son a madrasa teacher [18, 246].

Лекин ҳеҷ кас ба ӯ талабгор набаромад ва ҳама метарсиданд, ки харашон аз хари ӯ пас мемонад ва гаравро бой медиҳанд [3, 88]. ~ Nobody accepted, since all feared their own mounts were no match. [16, 136].

Муродифи ҷонишини ҳеҷ кас – nobody, no one мебошад, ки дар забони англисӣ истифодаи баробар доранд ва дар мисолҳои ҷамъвардаи мо шумораашон қариб як хел аст. Яъне ҳангоми тарҷума вобоста ба сохтори ҷумла ҳеҷ кас – nobody ё no one тарҷума мешавад.

Акнун аз нисфирузӣ боз тақдири мо ба ҳам пайвастааст. Ҳеҷ касе нест, ки ба доди яке аз мо бирасад [15, 63]. ~ Now, we are joined to­gether and have been since noon. And no one to help either one of us [19, 62].

Ҳеҷ кас набояд дар пирӣ танҳо бошад, – фикр кард ӯ [15,. 59]. ~ No one should be alone in their old age, he thought [19, 58].

Кубиши дар ҳанӯз давом мекард, аммо ҳеҷ кас ҷасорат намекард, ки дарро кушояд [5, 11]. ~ The pounding at the door continued, but no one dared to open it [18, 228].

Ҳеҷ кас аз онҳо иқрор намешуд [8, 621]. ~ None of them has acknowledged it [8, 621].

Дар мисоли поён ҷонишини номуайянии anyone ҳамчун муодили ҷонишини манфии ҳеҷ кас тарҷума шудааст, зеро чунон ки таъкид гардид дар забони англисӣ дар ҷумла инкор метавонад фақат як маротиба истифода шавад, яъне маънои инкор бо шакли инкории масдар ифода шудааст:

Ин хатро ба Ҳабиба деҳ ва ҷавобашро гирифта биёр. Эҳтиёт кун, ки ба ӯ хат доданатро ҳеҷ кас набинад [3, 63]. ~ Give this to Habiba and bring me her reply. Take care not to let anyone see you giving it to her [16, 104].

Ҳеҷ чиз ~ nothing, anything:

Ҷонишини манфии ҳеҷ чиз ва муодили англиси он – nothing ва ҷонишини номуайянии anything, нисбати предметҳои ғайришахс ва фақат дар шакли танҳо истифода бурда мешаванд.

Nothing was seen in the room [12, 65]. ~ Дар хона ҳеҷ чиз наменамуд [12,К. 65].

Ҳеҷ чизи мушаххас дина рух надод [12, 66]. ~ Nothing special happened yesterday. [12, 66].

Дар мисоли поён ҷонишини номуайянии anything ҳамчун муодили ҷонишини манфии ҳеҷ чиз омадааст, зеро чунон ки таъкид гардид дар забони англисӣ дар ҷумла метвонад фақат як инкор истифода шавад, яъне маънои инкор бо шакли инкории феъл ифода шудааст:

Онҳо ба ту ҳар чизро тутивор ёд кунондаанд аммо ҳеҷ чизро ёд надодаанд... [5, 40]. ~ They have taught you to repeat everything like a parrot, but they haven’t really taught you anything [18, 244].

Ҳеҷ кадом ~ none, not one, not any:

 Ҷонишини манфии ҳеҷ кадом ва муодилҳои англисии он – none, not one, not any ҷонишинҳои исмӣ мебошанд, ки ҳам бо исмҳои шахс ва ҳам ғайришахс дар шакли ҷамъ истифода мешаванд:

 Бузғолагон ва баррагони дар вақти чаро аз модар дур монда аз қафои рама баъосзанон медавиданд, аммо ҳеҷ кадоми инҳо намеғалтиданд [3, 21]. ~ The young goats аnd the lambs that had wandered off to graze far from their mothers would run bleating after the flock – and none of them ever stumbled [16, 51].

Аммо дили ман ба ҳоли онҳо месухт, зеро ҳеҷ кадоми онҳо ба бозӣ рахбарӣ накарда буданд... [5,15]. ~ I felt sorry for these boys, because none of them was a ringleader … [18,230].

Бо вуҷуди ин ҳеҷ кадомашон ҳеҷ кадоми инҳоро дӯст намедоштанд [А.1, 60]. ~ Nevertheless, none of them liked either of the two girls [16, 100].

Маънои ҷонишини манфии ҳеҷ кадом ҳамчунин дар забони англисӣ метавонад бо ҳиссачаи инкории not ва one тарҷума шавад:

Аммо ҳеҷ кадоми онҳо ба касе шогирд нашудаанд ва аз якдигар дида омӯхтаанд… [3, 42] ~ … but not one of them was ever apprenticed to anyone – they learned from watching one another [16, 77].

 Ҷонишини манфии ҳеҷ кадом ҳамчунин ба забони англисӣ тавассути муродифи ҷонишини манфии none not any тарҷума шавад, зеро ҳиссачи инкорӣ пеш аз феъл омадааст.

Ман ба ҳеҷ кадоми пурсишҳои падарам чавоб дода натавонистам [5,39]. ~ I could not answer any questions by my father, because I did not know what those things were [18,246].

Ҳеҷ як ~ none, no, anyone:

 Ҷонишини манфии ҳеҷ як ва муодилҳои англисии он – none, no, anyone, ҷонишини исмӣ мебошанд, ки ҳам бо исмҳои шахс ва ҳам ғайришахс дар шакли ҷамъ истифода мешаванд:

 Доғҳо аз рухсора то ба гардан мерасиданд, дар кафи дастони пирамард пайи амиқи буриши ресмон менамуданд, ки бар асари кашидани моҳиҳои бузург пайдо шуда буданд. Аммо ҳеҷ яке аз он захмҳо тоза набуданд [15, 7]. ~ The blotches ran well down the sides of his face and his hands had the deep-creased scars from handling heavy fish oil the cords. But none of these scars were fresh [19, 6].

Ӯ маҳз ҳамон чизеро мегӯяд, ки бояд гуфта шавад ва ҳол он ки ҳеч яке аз мо ба гуфтани он ҷуръат намекард [4, 116]. ~ He says things which need saying and which none of us have had the courage to say [17, 156].

Оё ин сурат ба ҳеҷ яке аз касоне, ки шумо мешиносед, монандӣ надорад? [4, 183] ~ Is it at all like anyone you know? [17, 156]

 Дар забони тоҷикӣ ҷонишини манфӣ метавонад ба воситаи калимаи гуна ва ҷонишини манфии ҳеҷ низ таркиб меёбад. Месазад хотирнишон кард, ки ҳеҷ гуна дар гурӯҳи ҷонишинҳои манфӣ дар забони тоҷикӣ фақат аз тарафи СД. Арзуманов ва Б. Сиёев оварда шудааст [10, 171]. Ҷонишини манфии ҳеҷ гуна ва ҳамгунаи англисии он any, nor any ҳамчун ҷонишни исмӣ ва ҳам сифатӣ истифода бурда мешаванд.

 Бе ҳеҷ гуна машқ ба даст қалам гирифта бо дастҳои ларзон он харфҳоро дар коғазе сархатвор навиштам [3, 75]. ~ Without any prior practice, I picked up a pen and with a quivering hand wrote the letters straight onto the fair-copy paper [16, 121].

 Акнун заврақ сабуктар мерафт ва ӯ дар бораи чизе фикр намекард ва ҳеҷ гуна эҳсос ҳам надошт [15, 159]. ~ He sailed lightly now and he had no thoughts nor any feelings of any kind. [15, 158]

Касе (ҳеҷ кас) ~ no-one, no one, anyone:

 Дар забони тоҷикӣ исми касе ба маънои ҷонишини манфӣ низ меояд ва дар ин сурат хабари чунин ҷумлаҳо дар шакли инкорӣ меояд. Аз таҳлили мисолҳои мо бармеояд, ки касе бо шакли инкории феъл бо ҷонишини манфии no-one тарҷума мешавад.

 Ман рост ба лаби руд рафтам, ки дарахтҳои канори вай аз пеши хавлии мо намуда меистод. Дар ин тараф – дар тарафи чанубии руд касе набуд [3, 21]. ~ I went straight to the water’s edge, to where I could see the trees standing when I looked from the edge of our house. On this side of the south bank of the canal there was no-one in sight. [16, 51].

 Охир кори он бой ба дарачае расидааст, ки касе хизматгорӣ ва ятимии ӯро қабул намекардагӣ шудааст, хар касеро, ки ба хизмати худ таклиф кунад [3, 29]. ~ In time the landlord’s tactics became so widely known that no one trusted him or would work for him [16, 62].

 Касе ҳамчун ҷонишини манфӣ метавонад ҳамчунин бо ҷонишини номуайянии anyone, ки бо феъл дар шакли инкорӣ маънои манфӣ дорад, тарҷума шавад:

 То вакти мурданам диҳед, мешавад, лекин Алихон нафаҳмад, – гуфт падарам. Ту ҳам ба касе нафаҳмон [3, 14.]. ~ Do not let my younger brother Alikhon know about it. And added my father. Don’t you tell anyone, either.

Чизе ~ anything, nothing:

 Дар забони тоҷикӣ исми чизе, мисли исми касе ба маънои ҷонишини манфӣ низ меояд ва дар ин сурат хабари чунин ҷумлаҳо дар шакли инкорӣ меояд. Аз таҳлили мисолҳои мо бармеояд, ки чизе бо шакли инкории феъл бо ҷонишини манфии anything тарҷума мешавад. Вале дар сурати дар шакли тасдиқӣ истифода шудани феъл калимаи чизе ба ҷонишни манфии nothing тарҷума мешавад.

 Ҳоло аз ваҷҳи он кори ман ба касе чизе гуфтан дуруст нест. Ту ҳам аз он ваҷҳ, ба касе чизе нагуй [3, 51]. ~ This isn’t the time to tell anyone anything about what I have done; do not you tell anyone, either [16, 91.].

 Лекин ман он вакт ҳам барои наранҷонидани ту ва ҳам барои наранҷонидани модарат, ки ба рузадории ту хеле шавк дошт, чизе нагуфта будам [3, 98 ]. ~ But I did not say anything at the time, so as not to upset either you or your mother [16, 150].

 Шеър хам агар ба некӣ кор фармуда шавад, хуб аст, аммо агар ба бадӣ кор фармуда шавад, аз вай бадтар чизе нест [3, 93]. ~ Likewise if poetry is used for good ends it is good, but if it is used for evil ends there is nothing worse [16, 145].

 Дар натиҷаи таҳқиқи хусусияҳои тарҷумаи ҷонишинҳои манфӣ дар забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ чанде аз ҳусусиятҳои умумӣ ва вижагиҳои ин ҷонишинҳо аз ҷиҳати шумора ва сохти таркибии онҳо ва тарзи тарҷумаи онҳо ба забон англисӣ муайян гардид.

 Забони англисӣ ва ҳам забони тоҷикӣ дорои системаи муайяни ҷонишинҳои манфӣ мебошанд, ки аз ҷиҳати сохтор, тарзи истифодабарӣ ва ҳам маъно хусусиятҳои умумӣ ва фарқкунанда доранд.

 Ҳангоми тарҷума аз забони тоҷикӣ ба забони англисӣ бояд хусусияти асоси фарқкунандаи истифодабарии ҷонишинҳои манфии забони англисиро дар назар дошт, зеро ҷонишинҳои манфии забони англисӣ – no (ҳеҷ, ҳеҷ гуна ҳеҷ як), none (ҳеҷ чиз, ҳеҷ кас, ҳеҷ як), nobody (ҳеҷ кас), no one (ҳеҷ кас), nothing (ҳеҷ ҷиз) бо феъли шакли тасдиқӣ истифода мешаванд. Дар забони тоҷикӣ баръакс, ҷонишинҳои манфӣ бо феъли шакли инкорӣ истифода мешаванд.

 Дар забонҳои муқоисашавандаи англисӣ ва тоҷикӣ теъдоди муайяни ҷонишинҳои манфӣ вуҷуд доранд, вале аз ҷиҳати шумораашон аз ҳам фарқ доранд, яъне ҷонишинҳои манфӣ дар забонҳои таҳқиқшавнада фарқияти шуморӣ доранд. Дар забони англисӣ 6 ва дар забони тоҷикӣ 11 ҷонишини манфӣ вуҷуд доранд ва ҳангоми тарҷума интихоби муодили дурут хеле муҳим аст.

 Хусусияти дигари ҷонишинҳои манфӣ, ки донистани он ҳангоми тарҷума зарур аст аз он иборат аст, ки дар ҳарду забон муродифот ё синонимикаи ҷонишинҳои манфӣ ба назар мерасад. Дар забони тоҷикӣ исмҳои чизе (something, anything) ва касе (somebody, anybody), бо шакли инкории феъл, муродифи ҷонишинҳои манфӣ мебошанд, яъне вазифа ва маънои ҷонишинҳои манфиро иҷро мекунанд. Дар забони англисӣ бо дарназардошти он ки дар ҷумла фақат як унсури инкорӣ истифода бурда шада метавонад (яъне, ё феъл дар шакли инкорӣ, ё ҷонишини манфӣ), ҷонишинҳои номуайянӣ – anybody, anything бо шакли тасдиқии феъл ҳамчун муродифи ҷонишинҳои манфӣ тарҷума мешаванд.

 Муродов Бадриддин

Адабиёт

 

  1. Авлиёева П. Семантические особенности личных местоимений в английском и таджикском языках / П. Авлиёева. Вестник Таджикского национального университета. – №4/2(199). – Душанбе, 2016. – C. 141-148.
  2. Арзуманов С. Ч. Ҷонишин / С. Ч. Арзуманов // Забони адабии ҳозираи тоҷик. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. Қ. 1. – Душанбе, 1983. – С. 215-
  3. Айнӣ С. [А. 1.] Ёдоштҳо (чаҳор қисм) / C. Айнӣ. – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, 2009. – 680 с.
  4. Айнӣ С. [А. 2.] Мактаби кӯҳна / C. Айнӣ // Акнун навбати қалам аст / С. Айнӣ. Ҷ. 2. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 464 с.
  5. Айнӣ С. [А.3.] Аҳмади девбанд // Акнун навбати қалам аст / С. Айнӣ. Ҷ. 2. – Душанбе: Ирфон, 1978. – 464 с.
  6. Ефимов В.А., Расторгуева В.С., Шарова Е.Н. Персидский, таджикский, дари // Основы Иранского языкознания/ новоиранские языки. –М.: Наука, 1982. – С. 115-123.0
  7. Мамадназаров А. [TED]. Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ. – Душанбе: Эр-граф, 2015. – 1016 с.
  8. Мамадназаров А., Авлиёева П. Семантические особенности указательных местоимений в таджикском и английском языках/ А. Мамадназаров, П. Авлиёева. Вестник национального университета. - №4/3(203). – Душанбе, 2016. – С. 115-121.
  9. Сиеёв Б. Таърихи ҷонишинҳои забони тоҷикӣ / Б. Сиеёв.–Душанбе: Дониш, 1972.–238 с.
  10. Сиёев Б. Ҷонишин / Б. Сиёев // Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ. – Душанбе, 1985. Қ. 1. – С. 156 – 171.
  11. Смирницкий А. И. Морфология английского языка / А. И. Смирницкий. – М.: Издательство литературы на иностранных языках, 1959. – 440 с.
  12. Усмонов К. Морфологияи муқоисавии забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ [У.К]. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ / К. Усмонов. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2015. – 230 с.
  13. Шахобова М.Б. Опыт сопоставительного исследования таджикского и английского языков / М.Б. Шахобова. – Душанбе: Дониш, 1985. – 252 с.
  14. Хаймович Б.С., Роговская Б.И. Теоретическая грамматика английского языка/ Б.С. Хаймович, Б.И. Роговская. –М.: Высшая школа, 1967. – 298 с.
  15. Ҳемингвей Э. [Ҳ.]. Пирамард ва баҳр. (Матн ба забони тоҷикӣ ва англисӣ) / Э. Ҳемингвей. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 168 с.
  16. Aini S. [A.1.] The Sands of Oxus. Boyhood Reminiscences of Sadriddin Aini/ S. Aini. Translated from the Tajik Persian with an Introduction by John R. Perry and Rachel Lehr. USA. Mazda publishers 1998. – 277 pp.
  17. Aini S. [A.2.] Ahmadi Devband/ S. Ainin // Translated by John R. Perry. University of Chicago. USA. USA. Mazda publishers 1998. – 277 pp.
  18. Aini S. [A.3.] The Old School/ S. Aini. Translated by John R. Perry. The Sands of Oxus. USA. Mazda publishers 1998. – 277 pp.
  19. Hemingway E. [H.] “The Old Man and the Sea. – Душанбе: Бухоро, 2013. – 168 с.
  20. Rastorgueva V.S. A Short Sketch of Tajik Grammar. Indiana University, Bloomington, 1963. – 110 pp.
Хондан 3177 маротиба