JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 25 Ноябри 2019 04:14

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ - рушди илми тоҷик

Муаллиф: Абдуллаев С.Ф

   Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст:«Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад».

  Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст баъд аз ба даст овардани истиқлолияти миллат тоҷиконро ба ҷанги бародаркуши оварданд. Агар ин ваҳдати миллии тоҷикон намебуд мо ба вартаи ҳалокат дучор мегардидем. Ин ваҳдат бузургтарин ва тақдирсозтарин ва арзандатирин дастоварди бузурги халқи тоҷик буд ки он маҳз бо кӯшишу талошҳою ҷонбозиҳои  Пешвои миллати тоҷикон ба амал тадбиқ шуд. Феълан дар минтақаҳои гуногуни олам ҷанги шаҳрванди давом дорад ва месазад, ки ин таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ин кишварҳо барои ба даст овардани сулҳи бардавом тадбиқ шуда мавриди омӯзиши дигар кишварҳо гардад. Бист соли охир тоҷикон дар фазои сулҳи бардавом, бовари ба ояндаи дурахшон умр ба сар мебаранд, ҳар яке дар ҷои кори худ фаъолияти пурсамари худро давом дода шукрона аз истиқлолият, шукрона аз ваҳдати пойдори миллати куҳанбунъёди худ мекунанд. Бигузор ин ваҳдат абадӣ бошад.

  Мехостам дар бораи он дастовардҳое, ки мо дар давраи истиқлолият ва ваҳдати миллати тоҷик ноил гардидем каме ёдовар шавам.

  Соли 1984 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров гурӯҳи "Оптикаи атмосфера" дар ҳайати лабораторияи Гелиотехника ташкил карда шуд ки роҳбари он олими ҷавон Баҳрон Исломович Назаров буд ва баъдан соли 1986 бо кӯшишҳои шодравон Абдуҳаким Ҳамроевич Шукуров  ва дастгирии академикҳо Обухов А.М. Зуев В.Е. Марчук Г.И., Голицын Г.С., Осими М.С. ва Адхамов А.А. ин гурӯҳ ба лабораторияи физикаи атмосмфера  табдил дода шуд. Кормандони лаборатория дар экспедисияҳои байналмилали оиди омӯзиши Арктика дар солҳои 1986 -1988 ва таҳқиқотҳои газию-атмосферӣ дар киштии илми таҳқиқотии академик Королев гирдогирди Замин иштирок намуданд. Бо ташаббуси роҳбарияти лаборатория моҳи сентябри соли 1989 дар Тоҷикистон  экспедисияи байналмиллали оиди омӯзиши буҳрони чангу ғубор дар минтақаи хушк ташкил карда шуд. Дар ин экспедисия 9 нафар олимони ИМА, 1 олими Фаронса ва зиёда аз 40 нафар олимони Шӯрави иштирок намуданд. Мақсади ин экспедисия омўзиши манбаи бӯҳрони чангу ғубор, хусусиятҳои оптикӣ, микрофизикӣ, кимиёвӣ ва таъсири он ба иқлими минтақа буд. Натиҷаҳои таҳқиқот ба шакли китоб ба забони русӣ ва англисӣ баъдан солҳои 1992-1993 дар Санкт-Петербург ба чоп расид. Ин таҳқиқот як такони азиме дар рушди таҳқиқотҳои лабораторияи физикаи атмосфера гардид, зеро ба лаборатория таҷҳизотҳои беҳтарини омӯзиши аз ҷумлаи расади Офтобӣ, спектрометрҳо монохроматорҳои истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ ворид гардид. Акнун лаборатория омӯзиши аэрозоли атмосфераро дар соҳаи дарозии мавҷҳои 0.25-25 микрон бо истифода аз таҷҳизотои замонавӣ ба роҳ монда буд. Таҳқиқотҳо давом доштанд. Вале афсӯз, бар асари ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон солҳои 1991-1997 ҳамаи таҷҳизотҳои лаборатория аз дасти силоҳбадастони номаълум ба яғмо бурда шуда бундгоҳи лаборатория дар теппаи шарқӣ юриши Сталинградро ба хотир меовард. Ва ҳоло низ баъди гузашти чандин солҳо яке аз биноҳои ин лаборатория дар ҳамон ҳолати ногувор мондааст, ки ин нишона аз ваҳшонияти он рӯзҳоро ба хотир меорад. Хидмати бузурги пешвои миллат ин ба даст овардани сулҳи тоҷикон буд, ки дар натиҷаи он бесарусоминиҳо, ваҳшониятҳои рухдодаи давраи ҷанги шаҳрванди хотима ёфтанд.

 Баъд аз ваҳдати миллиро ба даст овардан кишвари мо оҳиста-оҳиста ба рушди ҳамаи соҳаҳои фаъолият муяссар гардид. Мо низ дар лаборатория барои гузоштани саҳми худ ба ин раванди ваҳдат кушидем ки таҳқиқотҳоро аз нав эҳё кунем. Бо ин мақсад мо чанд лоиҳаро коркард ва пешниҳод намудем ва соли 2009 хушбахтона ғолиби лоиҳаи Маркази байналмилали илми техникӣ (МБИТ) гардидем. Ин лоиҳаро олимони ИМА (АERONET Network NASA).,Фаронса (Лабораторияи оптикаи атмосфераи Lilee University)., Португалия (EvoraUniversity) дастгирӣ карданд. Ва лоиҳаи дуюми МБИТ  (2013-2016) низ бо дасгирии ин олимон асосан иҷро гардид. Маблағгузории ин ду лоиҳа аз тарафи Созмони Аврупо ва ИМА ба иҷро расонида шуд. Ба шарофати ваҳдати миллии тоҷикон тибқи ин ду лоиҳа мо дар лаборатория соҳиби таҷҳизотҳои замонавӣ гардидем ва таҳқиқотҳои худро дар сатҳи баланди умуиҷаҳонии пешрафта гузаронида истодаем. Бояд қайд намуд, ки ҳар ду ин лоиҳа бо дастгирии бевоситаи собиқ президенти Академияи илмҳо академик Илолов М, директори институт, узви вобастаи АИҶТ,  профессор Муминов Ҳ.Ҳ., ва директори бахши Тоҷикистонии  МБИТ, профессор Ҳоҷи Муҳабатшоҳ Ҳикматов  амалӣ гардиданд. 

Тибки ин ду лоиҳа лабораторияи мо дорои шабакаи интернети гардид ва ба шабакаи NASA AERONET Network ҳамроҳ шуд. Таҳқикотҳои бефосила аз июли соли 2010 оғоз гардида то ин дам зиёда аз 98000 ченкуниҳои 18 параметри атмосфера гузаронида шудааст. Ин таҳқиқотҳо дар шабакаи лаборатория:

https://aeronet.gsfc.nasa.gov/cgi-bin/type_one_station_opera_v2_new дастраси ҳамагон аст.

Бо дастгири бевоситаи президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ ҳанӯз моҳи октябри соли 2014 байни Тоҷикистон ва Олмон  яъне байни Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарова АИ ҶТ ва институти таҳқиқотҳои тропосферии ба номи  Лейбнитси Олмон  шартномаи ҳусни тафоҳум ва ҳамкории илми оиди таҳқиқоти якҷояи буҳрони чангу ғубор  дар Тоҷикистон баста шуда буд. Ин лоиҳа бо  дастгирию маблағгузории Вазорати маориф ва илми Олмон муяссар гардид. Тибки ин лоиҳа таҳқиқоти атмосфера бо фотометри офтобӣ ва лидар дар давоми солҳои 2014-2016 гузаронида шуд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар шабакаи зерин дастраси ҳамагон аст:

http://polly.rsd.tropos.de/?p=bilder&lambda=1064&Jahr=2015&Monat=8&Tag=9&Ort=10#bildanker .

 Баъд аз ба итмом расонидани ин лоиҳа ҳисоботи он ба Вазорати маориф ва илми Олмон фиристода шуд. Ин ҳисоботро чун натиҷаи беҳтарини ҳамкории илмии Олмон бо Тоҷикистон Вазорати маориф ва илми Олмон ба ҳамаи Вазоратҳо ва Донишгоҳу Донишкадаҳои Олмон фиристонид. Вазорати маориф ва илми Олмон тасмим гирифт, ки  чунин Лидарро барои Тоҷикистон ба лабораторияи мо дар охири соли 2018 аввали соли 2019 тақдим намояд.

Бо ташабуси Д-р Дитрих Алтхаузен мо ҳамроҳ як лоиҳае оид ба баргузории конфоронси байналмилалӣ дар Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши чангу ғубори Осиёи Марказӣ ба Институти ТРОПОС, Вазорати маориф ва илми Олмон ирсол намудем. Хушбахтона ин лоиҳа аз тарафи Бунёди Фолксваген маблағгузори гардид ва мо 8-12 апрели соли ҷорӣ дар Академияи илмҳои ҶТ конфронси байналмилалиро бо иштироки 80 нафар олимон аз 20 давлати дунё баргузор намудем. Ин конфронс дар ВАО-и ҶТ дар шабакаҳои интернети муаррифӣ карда шуд.

Ва инак тарафи Олмон иқдоми деринаи худро иҷро намуд ва ба лабораторияи физикаи атмосфера Лидар барои омӯзиши солҳои минбаъда туҳфа гардид. Маъракаи ифтитоҳи Дидар санаи 27 июни соли ҷорӣ бо иштироки президенти АИ ҶТ академик Фарҳод Раҳимӣ, Раёсати АИ ҶТ, сафири Олмон дар Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илми Олмон, олимони хориҷӣ ва дохили дар озмоишгоҳи лабораторияи физикаи атмосфера доир гардид.

Коркарди ин Лидар дар охири соли гузашта шурӯъ гардидааст. Баъд аз ба итмом расидани ин лоиҳа лабораторияи физикаи атмосфера ба  лоиҳаи байналмилалии Аврупоии ГОРИЗОНТ2020 -АСTRIS 2 шомил гардид. Дар чаҳорчӯбаи ин барнома таҳқиқотҳои атмосфера то аввали солҳои 2035-ум давом хоҳад ёфт.

Тибқи ин лоиҳаҳо лаборатория дорои фотометри офтобӣ ва радиометр истеҳсоли Фаронса, ҳисобкунаки аэрозоли андозаҳои 0.3-1 мкм, расади Офтобӣ, пиранометр, албедометр, пергелиометр, спектрометри рентгенофлуоресценсии Спектроскан MAKS-G шуд. Ин таҷҳизотҳо имконият медиҳанд, ки таҳқиқотҳо дар сатҳи баланди байналмилалӣ гузаронида шавад.

Таҳқиқотҳои лабораторияи физикаи атмосфера ба омӯзиши омилҳои ба таъғирёбии иқлим таъсиркунанда: газҳои гулхонагӣ (CO2,O3,H2O), xусусиятҳои радиасионии атмосфера (интенсивнокии пурра, инъикос, парокандашавӣ ва рости радиасияи офтоб), албедои замин ва таъсири  аэрозол ба иқлими минтақа алоқаманданд.

Феълан бо истифода аз методҳои спектроскопияи инфрасурх, фотоакустики, флуориметрияи лазерӣ ва рентгенофлуоресенсӣ бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир таркиби молекулавӣ, кимиёвӣ, элементӣ, изотопӣ ва минерологии чангу ғубор омӯхта шудааст. Ҳамчунин таъсири аэрозол ба иқлими минтақа баҳо дода шуда, таъсири хокбориш ба ҳосилнокии баъзе аз зироатҳои хоҷагии қишлоқ баҳо дода шудааст.

Лаборатория бо хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовирии директори он академик Негматуллоев С.Ҳ. ҳамкории судманд дорад. Мо дар ҷодаи пешгуии зилзилаҳои кутоҳмуддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем. Ба ин истифодаи таҳқиқотҳои бефосилаи ҳам Хадамоти геофизикӣ ва ҳам лабораторияи физикаи атмосфера замина гузоштанд. Бо истифода аз омори бундгоҳи хадамот ва маълумотҳое ки аз таҳқиқотҳои атмосфера мо чанд омилҳоро пайдо намудем ва ба таври комплекси онҳоро омӯхта истодаем. Ин омилҳо вайрон шудани қонунияти зидди фазагии таъғйирёбии ҳарорати ҳаво ва фишори атмосферӣ мебошад, яъне пеш аз оғози зилзила аниқтараш 3-5 рӯз пештар пиёда гаштани ин омилро мушоҳида кардан мумкин аст. Ин омилро устод Негматуллоев С.Ҳ. ва шогирдонашон ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта кашф карда буданд. Маълум гардидааст ки ин омил яквақта дар ҳамаи стансияҳои обуҳавосанчии наздики манбаи зилзила ба вуқӯъ мепайвандад. Дар атмосфера яквақта бо вайрон шудани қонуни зиддифазагии ҳарорат ва фишор дигар омилҳо низ ғайримуққарарӣ таъғир меёбанд ин аз қабили:  ғафсии оптикии атмосфера (шаффофии атмосфера), ғафсии оптикии зарраҳои хурду калони атмосфера, консентрасияи буғи об, озон ва дуоксиди азот дар сутуни амудии атмосфера, таъғйирёбии параметри Ангстрем. Дар сурати мавҷудияти фотометри офтобӣ, стансияи ионосферӣ ва сейсмикӣ дар якчанд минтақаҳои Тоҷикистон (масалан Помир, Рашт, Шаартуз, Душанбе, Айнӣ, Хуҷанд) имконияти пешгӯии зилзила имконпазир шуданаш мумкин аст, ки он таҳқиқотҳои бефосилаи давомдорро талаб менамояд.

Лабораторияи физикаи атмосфера бо марказҳои илмии зерини кишвар ҳамкорӣ дорад:

  • Хадамоти Геофизикии АИ ҶТ
  • Агентии обуҳавошиносии ҶТ
  • Агентии амнияти ядрои АИ ҶТ
  • Маркази пиряхшиносии АИ ҶТ
  • Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хисрав
  • Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Гафуров,
  • Донишгохи Давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ
  • Шуъбаи Душанбегии Донишгоҳи Давлатии Москва
  • Факултаи физикаи ДМТ

Ҳамчунин лаборатория бо муассисаҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ дорад, аз ҷумла:

  • ИМА (AERONet NASA),
  • LOA-PHOTONS гурӯҳи Universite des Sciences and Technologies Lille Laboratoire d'Optique Atmospherique, 
  • Институти Таҳқиқотҳои Тропосфераи ба номи Лейбнис(TROPOS, Лейптсиг, Олмон) -барномаи аврупоии ACTRIS-2
  • дар доираи лоиҳаи МАГАТЭ - EVT1705868 RER7011 TC, ҷаъм намунаи аэрозоли андозаи то5мкм идома дорад
  • Коллеҷи илмҳои атмосфераи Донишгоҳи Ланчжоу (Хитой).
  • Лабораторияи калидии омӯзиши криосфера ва тағйирёбии иқлими Ланчжоу Чин.
  • Институти физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Чин ба лаборатория равандҳои атмосфераи Расадхонаи асосии геофизикии ш.Санкт-Петербург
  • Институти физикаи атмосфера ба номи А.М. Обухови  Академияи илмҳои Россия 
  • Бо маркази имконоти факултаи геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Санкт-Петербург
  • Маркази федералии илмии минералогия ва геоэкологияи филиали Урали Академияи илмҳои Россия
  • Институти физикаи ядро ва зарраҳои Гресия

  Бо шарофати ваҳдати миллӣ ки яке аз дастовардҳои бузургтарини тоҷикон аст лаборатория мо  ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд: дар ин муддат 2 рисолаи докторӣ, 5 рисолаи номзадӣ ҳимоя шуда, 1 рисолаи докторӣ ва 3 рисолаи номзадӣ барои ҳимоя омода карда шудааст. Кормандони лаборатория 7 монография ва зиёда аз 350 мақолаҳои илмӣ дар кишвар ва берун аз он ба нашр расониданд. Се нафар олимон барои таҳқиқотҳои назаррас дар соҳаи физикаи атмосфера ғолиби ҷоизаи АИҶТ ба номи С.У.Умаров дар соли 2019 гардиданд. 

 Ин дастовардҳои лабораторияи мо танхо ва танхо маҳсули ваҳдати миллӣ аст ки бо ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти Чумхурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст, ки 30-солагии ин рўзи тақдирсози миллати тоҷикро мо 9 сентябри соли 2021 ҷашн мегирем.

  Дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки кулли кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистрон ва бахусус лабораторияи физикаи атмосфера дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи ормонҳои миллат, таҳкими сулҳу суббот ва ваҳдати миллат, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, фарҳанг, тарбияи мутахассисони дилсӯзу садоқатманд пайваста кӯшиш намуда, баҳри ободӣ, шукуфоии Ватани азиз ва ба як кишвари пешрафта, мутамаддин ва мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони азиз ва дарёфти мақоми шоистаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат хоҳанд кард.

 Абдуллаев С.Ф

мудири лабораторияи физикаи атмосфераи ИФТ ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор.

Хондан 1792 маротиба