JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 30 Январи 2020 05:16

Забони тоҷикӣ – забони бумии ин марзу бум

Муаллиф: Ҳасани Султон
Забони тоҷикӣ Забони тоҷикӣ

  Забони бумӣ аслан ба маънии нисбатан васеи ин мафҳум бо мафҳумҳои забони маҳаллӣ, забони мардуми асл, забони сокинони муқимӣ муродиф дониста мешавад. Ба ин далел забони тоҷикӣ дар ин марзу бум забони бумӣ маҳсуб мешавад, зеро тоҷикон қадимтарин ва асилтарин сокинони бумии қаламрави Тоҷикистони имрӯза ва фаротар аз он, қисмати аъзами Осиёи Марказӣ мебошанд, ки дар таъриху фарҳанги мардумони ин марзу бум нақши ба истилоҳ меҳварӣ доранд.

  Аз ҳамин ҷост, ки Юсуфи Балосоғунӣ (1015-1070) ба сифати яке аз нахустин донишмандон ва муаллифони осори туркӣ, дар китоби «Қутадғу билик» («Донишҳои файзбор») (соли таълифаш 1069) тақрибан ҳазор сол пеш аз ин хондани китобҳои арабию тоҷикиро барои мардуми туркизабон оғози фаро гирифтани дониш ба қалам оварда («Арабча, тоҷикча китоблар ӯқуш, / Бизнинг тилимизга бу юмғи ӯқуш»), ба донишу хиради азалии ибратомӯзи тоҷикон аҳсант хондааст («Тоҷиклор битикдо битмиш муни, / Битикдо йӯқ арсо ким ӯқтой уни») [муфассал ниг.: Муродӣ Н. Адабиёти форсу тоҷик дар Кошғар. – Хуҷанд, 2016. с.57-59].

  Дар ойинаи таърихи бештар аз ҳазорсолаи ин марзу бум бармало метавон дид, ки забонҳои ба истилоҳ шарқию ғарбии эронӣ, аз ҷумла забонҳои шарқии эронии давраи миёнаву нав, яъне забонҳои суғдӣ, хоразмӣ, бохтарӣ, сакоӣ ё хутанӣ, забони яғнобӣ (як лаҳҷаи бозмондаи забони суғдӣ) ва забонҳои помирӣ (вахонӣ, ишкошимӣ, шуғнонӣ, рӯшонӣ, бартангӣ, рошорвӣ, язғуломӣ, сарикӯлӣ, сангличӣ ва ғ.) ва забони тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо дар канори ҳамдигар мавҷуд буда, дар раванди додугирифти забонӣ аз ҳисоби таркиби луғавии ҳамдигар дороӣ ва ғано афзудаанд.

  Шоистаи таъкид аст, ки қадимтарин намунаҳои бозмондаи назму наср ба забони модарии мо, аз ҷумла суруди мардуми Бухоро дар бораи ишқи Саид ибни Усмон бо маликаи Бухоро:

Кӯри хамир омад,

Хотун дурӯғ кунда

                                                             ё бо гунаи дигари 

Кӯри хамир омад,

Хотун дар вағи канда

     ё суруди мардуми Балх ба муносибати шикасти волии Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ аз мардуми Хатлон ва бозпас ба Балх фирор кардани ӯ, ки Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ дар се маврид дар таърихномаи худ аз он ёдовар шудааст:

Аз Хуталон омазиҳ,

Ба рӯ табоҳ омазиҳ.

Обор боз омазиҳ,

Хашак низор омазиҳ

                ё сухани қиссахоне аз Марв, ки дар «Уйуну-л-ахбор»-и Ибни Қутайба зикри он рафтааст:

Або ин тимор бояд андаке шодӣ (яъне, пас аз ин ғаму андӯҳ андаке мебояд шодӣ кард).

                ва ё суруд дар васфи Самарқанд, ки Ибни Хурдодбеҳ аз он ёд кардааст:

Самарқанди кандманд,

Базинат кӣ афканд.

Аз Шош та баҳӣ,

              Ҳамеша та хаҳӣ.                

  (яъне, Эй Самарқанд. Кӣ туро ба чунин рӯз афканд? Ту аз Шош (муарраби Чоч, Тошканди имрӯза) беҳтарӣ. Ҳамеша ту хубӣ) суханони мардуми ин марзу бум буда, ҳама аз асолат ва бумӣ будани забони тоҷикӣ дар ин сарзамин то истилои араб шаҳодат медиҳанд.

  Гузашта аз ин, барои таъйини ҷуғрофияи таърихии густариш ва амалкарди забонҳои бумӣ таҳқиқи номҳои таърихии ҷуғрофӣ аз аҳамияти фаровон бархурдор аст ва бояд чунин таҳқиқ дар алоқамандӣ бо омӯзишу пажӯҳиши таъриху забони ҳар қавму миллат анҷом дода шавад. Ба баёни дигар, таҳқиқ дар ин замина ба ин сабаб муҳим арзёбӣ мешавад, ки номҳои ҷуғрофӣ таърихи зиндаи ҳар кадом забон, аз ҷумла забони модарии мо ба шумор мераванд ва дар номҳои ҷуғрофии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамҷавори он раванди таҳаввул ва вежагиҳои вожагонии марҳилаҳои таърихии рушди забони тоҷикӣ ба хубӣ мушоҳида мегардад. Масалан, агар маконвожаи Фарғона (дар санадҳои аз кӯҳи Муғ бадастомада – Паргана, Прагана) ба маънии «замини фаришта» ё «миёнкӯҳон» реша дар марҳилаи нахустини ташаккули ин забон, дар забони авастоӣ дорад, маконвожаҳои Чордара, Шоҳимардон, Қалъаи Лаби Об ва ғ. реша дар марҳилаи нисбатан нави рушду такомули забони тоҷикӣ доранд.

  Бояд таъкид кард, ки бо мурури замон баъзе номҳои ҷуғрофии асили тоҷикӣ дар баъзе минтақаҳо, ки доираи корбуди забони мо дар он ҷо бар асари сиёсатҳои давр ё ҷотабдилии қавму қабилаҳои саҳронишин маҳдуд гардид, ё тадриҷан ба нестӣ расид, гунаи асли худро аз даст доданд ва ба ҷойи онҳо дар айни замон тарҷумаи дақиқ ё озоди ин номҳои ҷуғрофӣ ба забону лаҳҷаҳои маҳаллӣ истифода мешавад. Масалан, маконвожаи Ҳафтрӯд - минтақаи ҷуғрофӣ, ки қисмати ҷанубу шарқи Қазоқистон ва шимоли Қирғизистони имрӯзаро дар бар мегирифт, имрӯз асосан бо номҳои қазоқии Жетису ва номи русии Семиречье маъруф аст.

  Ҳамчунин бо эҳтимоли қавӣ метавон гуфт, ки Тошқӯрғони имрӯза тарҷумаи туркии номвожаи Бурҷи Сангин аст. Зеро, муаллифи «Ҳудуду-л-олам» дар ин асари гаронбаҳои ҷуғрофии худ ин мавзеъро бо номи Бурҷи Сангин ёд карда, онро чунин тавсиф кардааст: «Бурҷи Сангин деҳест бузург аз Чин ва ободон ба неъмати бисёр».

  Вале номҳое, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ асолати тоҷикии худро бетағйир ё бо андак тағйироти ҷузъӣ нигоҳ доштаанд, низ кам нестанд. Масалан, номвожаҳои Сарканд, Сардор, Лангар, Ҳазорасп, Чорҷӯ, Хонобод, Сариосиё, Галаосиё, Шаҳрисабз, Деҳнав, Шеробод, Яккабоғ, Боғистон ва ғ. гунаи асли худро нигоҳ дошта, маконвожаҳои Чимканд (Чимкент, Шимкент), Чордара (Шардара), Сафедоб (Исфиҷоб), Оҳангарон (Ангрен), Сияҳоб (Сиёб), Гурганҷ (Урганҷ), Куҳнагурганҷ (Кенеургенч), Дизак (Ҷиззах) ва монанди инҳо камобеш ба тағйироти лафзӣ дучор омадаанд.

  Дар робита ба маконвожаҳои Шимкент ва Шардара (Қазоқистон) бояд тавзеҳ дод, ки асли ин ду астионим Чимканд (чим+канд) ва Чордара (чор+дара) буда, бар асари талаффузи забони қазоқӣ ва дар ин забон ба овози «ш» мубаддал шудани овози «ч» тағйири шакл кардаанд. Чимканд ё Чимкент аз вожаи «чим» - шибар, сабзаи сероб, алафи бисёрсолаи сабз, яъне марғзор, сабзазор ва маконванди -канд, ба маънии мавзеъ, ҷой, шаҳр таркиб ёфтааст.

 Бояд ёдовар шуд, ки дар «Ҳудуду-л-олам» чор гунаи ҳамин маконванди -канд: -канд (Узканд, Сакалканд); -кат (Ахсикат, Бунҷикат); -кас (Уркас); -қанд (Самарқанд) ба назар мерасад. Шакли -кент гунаи панҷуми ин маконванд аст, ки шояд ба таъсири забонҳои ҳамҷавор ба миён омадааст.

  Вожаи «чим» дар маконвожаҳои Тоҷикистони имрӯза ҳам дар номҳои Чимтеппа, Чимқалъа, Чимтарға мушоҳида мегардад.

 Астионими Шардара дар асл Чордара буда, аз ду вожаи асили тоҷикӣ: «чор» ва «дара» иборат аст ва ба дар байни чор дара воқеъ будани ин мавзеъ далолат мекунад. Дар айни замон дар ин мавзеъ, шаҳр, обанбор ва НБО-и Шардара (Чордара) бунёд шудааст.

 Маконвожаи Исфиҷоб гунаи муарраби калимаи тоҷикии Сафедоб, Ангрен гунаи мухаффафи Оҳангарон, Урганч шакли таҳрифшудаи гунаи муарраби Гургон - Гурганҷ, Кенеургенч гунаи таҳрифшудаи Куҳнагурганҷ, Ҷиззах шакли таҳрифшудаи Дизак ё Дижак мебошад.

 Дар иртибот ба номвожаи Ҳазорасп бояд таъкид кард, ки номе ба чунин зебоию шевоӣ аслан кам ба назар мерасад. Ҳазорасп аз шаҳрҳои Хоразм аст ва дар ашъори шоироне чун Адиб Собири Тирмизӣ ва Рашиди Ватвот истифода шудааст. Мегӯянд, ки дар рӯзгори ҳукумати Султон Санҷар ва Отсизи Хоразмшоҳ Адиб Собир бо рубоии зер Султон Санҷарро ба фатҳи Ҳазорасп ташвиқ кард:

Эй шоҳ ҳама мулки замин ҳасб турост,

Аз давлату иқбол ҷаҳон касб турост.

Имрӯз ба як ҳамла Ҳазорасп бигир,

Фардо Хоразму садҳазор асб турост.

Рашиди Ватвот, ки дар рикоби Отсизи Хоразмшоҳ буд, барои таслияти хотири ӯ ин рубоиро гуфт:

Эй шаҳ, ки ба ҷомат майи софист, на дурд,

Аъдои туро зи ғусса хун бояд хӯрд.

Гар хасми ту, эй шоҳ, шавад Рустами гурд,

Як хар зи Ҳазораспи ту натвонад бурд.

  Чунонки ба мушоҳида мерасад, ҳар ду шоир ба аслу решаи номвожа: «ҳазор» ва «асп» ишора кардаанд.

  Масъалаи таъсирпазирии мустақими таркиби луғавии забонҳои туркии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла забонҳои қазоқӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ аз забони тоҷикӣ ҷойи баҳс надорад. Дар ин замина танҳо овардани як намуна кофист, ки калимаи маъруфи тоҷикии сартарош ба узбекӣ дар шакли сартарош, қазоқӣ – шаштараз, қирғизӣ – чачтарач, туркманӣ – сертараш ё деллек (даллок) ифода карда мешавад. Гунаҳои шаштараз, чачтарач ва сертараш шакли таҳрифшудаи ҳамон вожаи асли тоҷикии сартарошанд. Гунаи асли деллек вожаи арабиасли даллок аст, ки дар осори назму насри мо ба маънии молишгар, сартарош ва ҳаҷҷом корбурди зиёд дорад.  

  Гузашта аз ин, аксари вожаҳои арабиасл, ки дар ин забонҳо то ба имрӯз мавриди истифода қарор доранд, тавассути забони тоҷикӣ ба ин забонҳо ворид шудаанд.

  Ин нукта ҳам шоистаи зикр аст, ки дар номи пойтахти ҳар панҷ ҷумҳурии имрӯзаи Осиёи Марказӣ, яъне Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бунёди тоҷикӣ ба мушоҳида мерасад. Ногуфта намонад, ки номи худи ин ҷумҳуриҳо низ дар қолаби вожасозии тоҷикӣ бо таваҷҷуҳ ба номҳои қаблан дар забони мо мавҷудаи Табаристон, Туркистон, Хузистон... сохта шудааст. Номҳои дигари манотиқи туркизабони Русия (Тотористон, Бошқирдистон, Доғистон) ҳам ба ҳамин шева ба миён омадаанд.

  Аз ҷумла, пойтахти нави Қазоқистон аз 6 майи соли 1998 то 23 марти соли 2019 Остона ном дошт, ки аз забони тоҷикӣ ба қазоқӣ дар шакли «астана» ба маънии пойтахт ворид шудааст, «Остона» вожаи асили тоҷикист, ки дар луғату фарҳангномаҳо бештар ба маънии даргоҳ, гузаргоҳ, кафшкан, чӯби зери дар ё дарвоза ва маҷозан ба маънии боргоҳи мулук, пойтахт омадааст. Дар шеъри устод Рӯдакӣ ин вожа ғолибан ба маънии чӯби зери дар корбаст шудааст:

Биҳиштойин сароеро бипардохт,

Зи ҳар гуна дар ӯ тимсолҳо сохт.

Зи уду чандан ӯро остона,

Дараш симину заррин болкона.

Дар «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ низ ин вожа ба маънии кафшкан ва пеши дару даргоҳ аст:

Остона садр дар маънӣ куҷост?

Мову ман ку он тараф, к-он ёри мост.

  Бо чунин ном дар асрҳои миёна дар қаламрави Қазоқистони имрӯза шаҳраке мавҷуд будааст, ки харобаҳои он то замони мо боқӣ мондаанд.

  Айни замон Остона ба ифтихори пешвои имрӯзаи мардуми қазоқ Нурсултон Назарбоев ва Нур-султон тағйири ном кард. Вале бояд таъкид кард, ки номвожаҳое маъруфе чун Нурсултон, Нурмуҳаммад, Нуралӣ, Динмуҳаммад… ҳам дар қолаби калимасозии тоҷикӣ тавассути факки изофат сохта шудаанд, ки гунаи асли онҳо «нури султон», «нури Муҳаммад», «нури Алӣ», «дини Муҳаммад»… мебошад.

  Маконвожаи Тошканд аз ду таркиб: тош ва маконванди -канд иборат мебошад. Асли ҷузъи аввали ин маконвожа ҳамон вожаи маъруфи Чоч аст, ки дар катибаи шоҳи Сосонӣ Шопури I (соли 262 мелодӣ) дар Каъбаи Зардушт ба сифати ҷузъи Эроншаҳр ба назар мерасад.

  Ин маконвожа дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба сифати шаҳри қадиму ободон доираи корбурди васеъ дорад:

В-аз он пас бузургон шуданд анҷуман,

Зи Омуй то шаҳри Чочу Хутан…

Чунон буд ҳама шаҳрҳо то ба Чоч,

Ту гуфтӣ арӯсест бо тавқу тоҷ.

  Маконвожаи Чоч шояд баъдан дар рӯзгори футуҳоти исломӣ бар асари таъсири забони арабӣ ё бо сар даровардани қазоқҳо ба ин сарзамин гунаи Шош ва Шошканд пайдо карда, дар асрҳои миёна бо таваҷҷуҳ ба ҳамовозию ҳамхонии ҳарфҳои «т» ва «ш» дар забонҳои туркӣ ба сурати Тошканд ва Тошкент даромадааст.

  Асли маконвожаи Ашқобод - Ишқобод буда, аз калимаи «ишқ» ва маконванди маъруфи тоҷикии «обод» иборат аст. Зимнан бояд афзуд, ки ин маконванд дар сохтани номвожаҳо нақши фаъол дорад ва маконвожаҳои имрӯза, ки бо истифода аз ин маконванд сохта шудаанд, дар Осиёи Марказӣ зиёд ба чашм мерасанд: Бегобод, Шеробод, Даштобод, Дӯстобод, Халқобод, Миробод, Юнусобод (дар Ӯзбакистон), Балканобод, Туркманобод (дар Туркманистон), Ҷалолобод (дар Қирғизистон ва Афғонистон), Файзобод, Нуробод, Тоҷикобод, Зафаробод, Муъминобод, Навобод, Мискинобод (дар Тоҷикистон). Ба вожаи “Ашк” – номи саромади хонадони подшоҳии Ашкониён иртибот доштани ҷузъи аввали ин маконвожа гумонангез ба назар мерасад.

  Номи пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек низ реша дар забони тоҷикӣ дорад. Соли 1998 академики Академияи миллии илмҳои Кирғизистон Долотбек Сапаралиев дар заминаи таҳқиқоти чандсолаи худ ба чунин натиҷа расид, ки асли вожаи Бишкек (Пишкек) Пешкӯҳ аст. Ба андешаи ин донишманд мавзеи мазкур бо таваҷҷуҳ ба кӯҳи наздики он (Байтик), ки дар сари он кӯҳ дар рӯзгори қадим маросими динию мардумӣ (қурбонӣ, никоҳ, ҷашнҳои мардумӣ) анҷом дода мешуд, Пешкӯҳ номгузорӣ шудааст.

  Эҳтимоли дигаре ҳам дар робита ба асли ин маконвожа мавҷуд аст. Азбаски шаҳри Бишкек дар ҷойи қалъаи харобшудаи Пишпек қомат афрохтааст, эҳтимол меравад, ки асли номи он қалъа Пешпайк ба маънии қалъа ё истеҳкоми низомии марзбонӣ (форпост) аст. Шоир ва донишманди тоҷик Рустами Ваҳҳоб низ ҳамин андешаро ҷонибдорӣ мекунад.

  Номи пойтахти Тоҷикистони имрӯза, шаҳри Душанбе ба номи маъруфи тоҷикии рӯзи ҳафта бастагӣ дорад.

  Дар маконвожаҳои қаламрави Тоҷикистон низ метавон гуфт баъзе номҳои ҷуғрофӣ, аз қабили номвожаҳои тоҷикии Дубеда, Дуоба, Даштобод, Шаҳринав, Мазори Ҳазрати Султон... шакли асли худро нигоҳ доштаанд ва баъзе маконвожаҳои дигар, мисли Дебаланд, Деҳавз, Демнора, Курӯд... бо таваҷҷуҳ ба вежагиҳои овоии забон тағйир  пазируфтаанд.

  Дар маҷмӯъ, таърихи ин марзу бум бо таърихи ташаккулу такомули забони тоҷикӣ бастагию пайвастагии ногусистанӣ дорад, Пас аз варақгардони ҳатто чанд варақи ин таърих ва назари мухтасар ба забону фарҳанги мардумони он барои забони бумӣ будани забони тоҷикӣ дар ин марзу бум ҷойи шак боқӣ намемонад.

    

Ҳасани Султон,

узви вобастаи АИ

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хондан 1897 маротиба