JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 27 Августи 2019 10:26

Рушди илмҳои академӣ дар алоқамандӣ бо дигар илмҳо

Муаллиф: Рауфи Абдуғаффор

 Ҳар мамлакати рӯ ба тараққӣ оранда дар баробари самаранок истифода бурдани омилҳои иқтисодӣ бо ёрии омилҳои ғайримоддӣ, ки онҳоро қувваҳои харакатдиҳанда ва ҳавасмандкунанда низ меноманд, тавонистанд на танҳо вайронаҳо ва умуман душвориҳои зиндагиро бартараф намоянд, балки бо муъҷизоти худ дар соҳаи тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ оламро ба ҳайрат оранд. Хусусияти муҳимтарини мамлакатҳои рӯ ба тараққии иқтисодӣ оварда дар он аст, ки онҳо ба пешрафти системаи илму маориф диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Масалан, дар Германия ба пешрафти маърифатнокии аҳолӣ ҳанӯз дар асри ХV1 диққати махсус доданд. Дар он вақт нисбат ба дигар мамлакатҳо дар Германия кори маълумотгирӣ бисьёр такмил ёфта буд: соатҳои дарсӣ ва фанҳои омӯзиш зиёд буданд, донишҷӯён бодиққат таълим мегирифтанд ва омӯзгорон бо масъулияти баланд кор мекарданд. Кори маълумотгирӣ дар Англия вазифаи шахсии ҳар як фарди алоҳидаи ҷамъият ҳисоб мешуд ва ба мактабҳо ва университетҳои хусусӣ нигаронида шуда буд. Дар Штатҳои Муттаҳидаи Америка баъди истиқлолият гирифтан дар мамлакат муносибатҳо нисбати маълумотнокшавии аҳолӣ тамоман тағйир ёфтанд. Аз нимаи асри 19 сар карда дар ин ҷо масъалаи ҳатман гирифтани маълумоти умумӣ васеъ ҷорӣ гашт ва ҳозир Штатҳои Муттаҳидаи Америка ҳамчун Германия ба системаи маълумотгирии ҳамаро фарогиранда гузаштанд [2, 123, 124].

  Дар Япония модели ҳатман гирифтани маълумоти умумӣ ҷорӣ карда шуд. Ҳукумати мамлакат аз Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Европа муаллимонро даъват мекард, ки ба японҳо идеяҳо, методҳо ва технологияи навро омӯзонанд. Ҳанӯз соли 1925 99, 4 фоизи наврасони Япония ба мактабҳо ҷалб карда шуда буданд ва соли 1927 аллакай 93 фоизи японҳо маълумотнок буданд. Ҳозир ҳам дар Япония ба кори илму маориф диққати аввалиндараҷа дода мешавад ва мардуми Япония ният доранд, ки Японияро ба мамлакати бузурги илмӣ-техникӣ табдил диҳанд. Онҳо бо боварии пурра изҳор менамоянд, ки маҳз илму маърифат асоси пешравӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият мебошанд ва дар ҳақиқат, таҷрибаи худи Япония ва дигар мамлакатҳои тараққикардаи дунё инро исбот менамояд [2, 123, 124].

  Мамлакатҳои навиндустриалӣ, ки баъди ҷанги дуюми ҷаҳон аз системаи мустамликадорӣ озод шуда, истиқлолият ба даст оварданд, барои таъмини тараққиёти иҷтимоӣ -иқтисодии мамлакати худ дар навбати аввал ба равнақ додани маърифатнокии аҳолӣ диққати махсус доданд. Масалан, дар Тайван ҳар соле ҳазорҳо ҷавононро ба хориҷа барои хондан мефиристанд ва аз онҳо ҳамагӣ 20 фоизашон баргашта ба ватанашон меоянд. Вале ҳукумати Тайван ҷудо кардани маблағро барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҳозиразамон дареғ намедорад, чунки ҳамон 20 фоизи мутахассис шуда баргашта омада ҳамаи хароҷотҳои мамлакатро чандин баробар пӯшонида, боз фоида меоранд. Аз ин ҷост, ки тайваниҳо агар солҳои 50-ум ба ҳар сари аҳолӣ 50 доллари америкоӣ маҳсулот мебароварданд, дар ибтидоӣ солҳои 90-м бошад 6 ҳазор долларӣ, яъне қариб 100 баробар зиёд маҳсулот мебаровардагӣ шуданд. Онҳо мақсад доранд, ки солҳои 2000-ум истеҳсоли маҳсулотро ба ҳар сари аҳолӣ ба 13 ҳазор доллари америкоӣ расонанд [3, 215, 216].

  Ҳозир дар ҳамаи мамлакатҳои мутараққӣ ва рӯ ба тараққӣ оварда ҳар соле барои корҳои илмӣ маблағҳои зиёде аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ҷудо карда мешаванд. Бо вуҷуди душвориҳои молиявии давраи гузариш ба тараққӣ додани ин соҳаҳо дар Тоҷикистон корҳои зиёде карда мешаванд. Мутаасифона таҷриба нишон медиҳад, ки махсусан ба илм маблағҳои ҷудо шуда натиҷаҳои дилхоҳро намедиҳанд. Масалан, соли 2010 дар Тоҷикистон ба илм 0, 09% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ [6, 131, 357]. , дар Россия – 1, 24, дар Франсия ва ШМА – 3, дар Япония – 3, 39, дар Хитой – 2 ва дар Исроил – 5% маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҷудо шуда буд [1, 20].

  Вобаста ба зинаҳои тадқиқот ва дар амал тадбиқ намудани комёбиҳои илмӣ хароҷоти илмӣ тағйир меёбад. Масалан, чуноне профессор В. Терешенко қайд менамояд, дар ШМА агар барои тадқиқоти фундаменталӣ 1 доллар хароҷот намоянд, он гоҳ барои тадқикоти амалӣ 10 доллар ва барои дар амал ҷорӣ намудани натиҷаҳои илмӣ 100 доллар хароҷот менамоянд. Яъне дар амал тадбиқ намудани комёбиҳои илмӣ лаҳзаи муҳимми ҷараёни инноватсионӣ ҳисоб меёбад [5, 31].

  Тадқиқҳо нишон медиҳанд, ки дар ШМА, Япония ва дигар мамлакатҳои мутараққӣ дар афзоиши иқтисодиёт ҳиссаи пешрафти илмӣ -техникӣ дар солҳои 60-70-уми асри 20-ум 40-50 фоиз, дар солҳои 80-ум ва нимаи аввали 90-уми асри 20-м 70 фоиз ва дар солҳои минбаъда 85-90 фоизро ташкил медод. Дар баъзе соҳаҳои истеҳсолии илмталаб бошад бо пуррагӣ афзоиши иқтисодиёт аз ҳисоби пешрафти илмӣ -техникӣ таъмин мегардад. Мувофиқи маълумотҳои академик Д. Гвишиани, ки муовини аввали раиси Комитети давлатии СССР оид ба илм ва техника дар назди Шӯрои Вазирони СССР буд, истифодаи комёбиҳои илмӣ дар хоҷагии халқи СССР дар солҳои 1965-1990 ҳар соле ба ҳисоби миёна ҳамагӣ 0, 6 фоизро ташкил медод [4, 137].

  Қайд кардан бамаврид аст, ки тадқиқоти илмӣ ба ду гурӯҳӣ калон ҷудо мешаванд: тадқиқоти фундаменталӣ ва тадқиқоти бевосита аҳамияти амалӣ дошта. Ба тадқиқоти фундаменталӣ асосан муассисаҳои илмии Академияи илмҳо ва лабораторияҳои проблемавии мактабҳои олӣ машғуланд Дар солҳои Ҳокимияти Шӯравӣ фаъолияти чунин тадқиқҳо аз тарафи Комитети давлатии СССР оид ба илму техника ба нақша гирифта мешуд ва маблағгузорӣ ҳам характери мутамарказонидашударо дошт, чунки Академияи илмҳо ва мактабҳои олӣ муассисаҳои ҷумҳуриявӣ -иттифоқӣ ҳисоб мешуданд. Онҳо дар як вақт қисми таркибии вазорату соҳаҳои Иттифоқ буданд.

  Ҳозир корбарӣ бо ҳамаи муассисаҳои илмӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳангии мамлакат дар худи хамин ҷо – дар Тоҷикистон мегузарад. Бинобар ин мақомотҳои дахлдори идоракунандаи ин соҳаҳо кори ба тартиб даровардани фаъолияти онҳоро мувофиқи талаботҳои мамлакат дар шароити иқтисодиёти бозорӣ ба ҷо меоранд.

  Дар ин ҷо, дар навбати аввал, мақомотҳои давлатӣ масъалаҳои стратегӣ ва ҷории мамлакатро муайян менамоянд ва мувофиқан дар назди муассисаҳои илмӣ -тадқиқотӣ вазифагузорӣ мекунанд. Дар ин асос кори муассисаҳо ба нақша гирифта шуда, барои иҷрои мавзӯи корӣ аз тарафи давлат ҳамчун фармоищгар маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд. Аз тарафи дигар, корҳое, ки бо ташаббуси худи тадқиқотчиён иҷро мегарданд, бо мақомотҳои давлатӣ мувофиқа карда мешаванд ва барои иҷрои онҳо аз ҷониби давлат маблағ ҷудо кардан мумкин аст.

  Бояд хотиррасон намоем, ки дар шароити иқтисодиёти бозорӣ байни давлат ва иҷрокунандагони кор муносибатҳои бозаргонӣ ҷой дошта метавонанд. Давлат ба сифати харидор ва тадқиқотчиёну дигар кормандони муассисаҳои илмию таълимӣ ҳамчун фурӯшандагони натиҷаҳои корашон муносибат менамоянд. Дар ин ҷо ҳар як коркун маҳсули меҳнати илмии худро чун моли тайёр мефурӯшад ва давлат арзиши молро ба назар гирифта ҳақи меҳнат муайян менамояд.

 Тадқиқоти амалӣ бошанд дар навбати худ ба ду қисмат ҷудо мешаванд: тадқиқоти таълимӣ ва тадқиқоти соҳавӣ .

 Тадқиқоти таълимӣ дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ -тадқиқотии педагогӣ гузаронида мешаванд. Натиҷаҳои онҳо бевосита дар мактабҳои олӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёна ҳамчун восита ва дастурҳои таълимӣ истифода мегарданд. Одатан ин гунна корҳо дар шакли китоби дарсӣ, воситаҳои методӣ -таълимӣ, воситаҳои айёнии таълимӣ ва дигар намудҳои дастурӣ барои истифодабарӣ дар ҷараёни таълим нашр карда мешаванд.

 Тадқиқоти соҳавӣ дар муассисаҳои илмӣ -тадқиқотии дар назди вазорату соҳаҳои гуногун буда иҷро карда мешаванд. Ин гуна муассисаҳои илмӣ -тадқиқотӣ асосан ба коркардҳои амалӣ алоқаманданд ва онҳо масъалаҳои дар наздашон гузоштаи мақомоти болоии худро ҳал менамоянд. Нигоҳдории ин муассисаҳо на танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, балки асосан онҳо дар асоси корҳои иҷро мекардаашон мувофиқи шартнома бо харидорони тадқиқоти илмӣ барои худ маблағи даркориро меёбанд.

 Одатан натиҷаҳои тадқиқоти фундаменталӣ аз тарафи тадқиқотчиёни амалӣ – таълимӣ ва соҳавӣ истифода карда мешаванд. Онҳо натиҷаҳои тадқиқоти фундаменталиро таҳқиқ карда, барои дар соҳаҳои таълимӣ ва соҳаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ мувофиқан истифода бурда тавонистани дастовардҳои фундаменталӣ корҳои тадқиқотӣ мебаранд.

  Бояд қайд кард, ки тадқиқҳои фундаменталии академӣ ба се самт ҷудо шуда метавонанд: тадқиқоти фундаменталии илмҳои техникӣ, тадқиқоти фундаменталии илмҳои табиӣ ва тадқиқоти фундаменталии илмҳои ҷамъиятӣ. Дар ҳар самти тадқиқот мувофиқи талаботи тадқиқҳои фундаменталии академӣ бояд натиҷаҳои илмии дақиқи асоснокшудаи назариявию методологӣ ба даст оварда шаванд.

  Дар айни замон коркунони муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии фундаменталӣ ва соҳавию таълимӣ метавонанд дар баробари кори асосии фармоишӣ аз рӯи шартнома коркардҳои иловагиро барои корхонаҳо, вазорату соҳаҳо иҷро намоянд, ки маблағи кори иҷрошударо худи харидор аз ҳисоби худаш медиҳад. Чунин корҳо, аз як тараф, барои тараққиёти соҳаҳо дар асоси истифода бурдани комёбихои навтарини пешрафти илмӣ -техникӣ ёрии калон мерасонанд, аз тарафи дигар, манбаи даромади иловагии коркунони илму маориф мешаванд. Барои амалӣ шудани ин корҳо лозим аст, ки коркунони тарафҳои дахлдор муносибатҳои бозаргониро нағз дарк намуда, дуруст истифода баранд, то ки ҳамаи рафтори онҳо мувофиқи қонунҳои иқтисодиёти бозорӣ ва тартиботҳои қабулшудаи ҷамъият бошанд.

  Воқеан, қайд кардан лозим аст, ки дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ ҳама гуна чизҳои эҳтиёҷоти одамонро қонеъ гардонанда мол аст ва хариду фурӯш мешаванд. Бинобар ин маҳсули меҳнати кормандони интеллектуалӣ мол ҳисоб шуда, коркунони ин соҳа бояд натиҷаи кори худро чун истеҳсолкунанда мувофиқи шарту талаботҳои истеъмолкунандагон - харидорон тайёр намоянд, яъне мувофиқи эҳтиёҷот ва қобилияти харидории истеъмолкунандагон арзону хушсифат бароранд. Даромади коркунон на аз ҳисоби баланд бардоштани нархи фурӯши маҳсулот, балки дар натиҷаи зиёд кардани иҷрои корҳо меафзояд. Чунин рафтор хоси иқтисодиёти бозор аст.

  Барои гирифтани натиҷаҳои баланди тадқиқоти илмӣ ҷалб ва истифодаи мутахассисони сатҳи баланд лозим мешавад. Тайёр кардани мутахассисони бомаърифат, ки ҷавобгӯи талаботи имрӯза бошанд, яке аз вазифаи муҳимтарин дар пешрафти ҷамъият аст. Ҳозир таълим дар мактабҳои олӣ ҳам аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби ғайрибуҷетӣ мегузарад. Вобаста ба ин таълимгоҳҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ амал мекунанд. Дар таълимгоҳҳои тиҷоратӣ хароҷоти таҳсил аз ҳисоби маблағҳои худи донишҷӯён аст. Як қисми донишҷӯён маблағро аз ҳисоби худашон ва қисми зиёд аз ҳисоби корхонаҳо мегузаронанд. Дар навбати худ дар таълимгоҳҳои давлатӣ дар баробари гурӯҳҳои буҷетӣ гурӯҳҳои тиҷоратӣ низ ҷой доранд ва сол ба сол шумораашон зиёд мегарданд.

  Бояд қайд кард, ки ҳозир шумораи таълимгоҳҳои олӣ нисбат ба аввали солҳои 90-ум зиёд шудаанд ва аксари онҳо тиҷоратианд. Инчунин филиалҳои донишгоҳу донишкадаҳо низ афзудаанд. Вале вақти он расидааст, ки мувофиқи эҳтиёҷот ва имкониятҳои мамлакат миқдор, ҷойгиркунӣ ва ба намудҳои ихтисос тақсимкунӣ ба тартиб дароварда шаванд.

  Бисёриҳо ақида доранд, ки агар таҳсил аз ҳисоби худи одамон ё корхонаҳо гузарад, пас чӣ зарар дорад, бигузор чи қадаре хоҳанд шудан гирад. Лекин набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи хароҷотҳои ғайрибуҷетӣ ва хам аз буҷети давлатӣ қисми таркибии даромади миллии мамлакат мебошанд. Бинобар ин ҳама гуна хароҷоти беҳуда новобаста аз манбааш зарар ба боигарии ҷамъият, ба сарватҳои миллии мамлакат аст. Дар айни замон бояд ба назар гирифт, ки аксари таълимгоҳҳои навташкил ва филиалҳо шароитҳои даркории моддию техникӣ ва интеллектуалӣ надоранд. Бинобар ин гуфтан душвор аст, ки дар онҳо мутахассисони бомаърифат тайёр мешаванд.

 Ҳозир дар бисьёр таълимгоҳҳои олӣ ва миёна кори таълиму тарбия мувофиқи талабот нест. Аз ин истифода бурда хоҳишмандони гирифтани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ оид ба хатми мактабҳо зиёд мегарданд. Вале дар бораи оқибатҳои фоҷиавии чунин ҳуҷҷатҳои бемағз, ки соҳибони онҳо бемаърифатанд, андеша накардан мумкин нест.

 Таҷрибаи мамлакатҳои тараққикарда ва рӯ ба тараққӣ оварда исбот менамояд, ки танҳо ва танҳо дар натиҷаи васеъ истифода бурдани навтарин комёбихои илму техникаи муосир, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии одамон пешравии ҷамъиятро таъмин намудан мумкин аст. Дар шароити имрӯза методҳои нави хоҷагидорӣ заруранд, ки онҳо бо тарзу усулҳо, нигоҳу ақидаҳо ва рафторҳои кӯҳнаи корбарӣ амалӣ шуда наметавонанд.

  Дар аввали солҳои 90-ум дар Академияи хоҷагии халқи назди Шӯрои Вазирони СССР як миллиардери италиявӣ қайд кард, ки даромади солонаи консернаш 40 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад. Вале ман беҳад аз он дар ташвишам, ки дар Италия қариб 5 сол боз ислоҳоти мактабҳои умумӣ гузаронида нашудааст, яъне барномаи таълимии 5 сол пеш қабул шуда, барои имрӯз аллакай кӯҳна шудааст ва ҷавобгӯи талаботҳои нав нест. Ин бошад, сатҳи интеллектуалии италиявиҳоро паст мекунад ва албатта, дар ниҳоят ба ҳосилнокии кори одамон таъсири манфӣ мерасонад [4, 144-145].

  Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки барои таъмини пешрафти ҷамъият дар баробари омӯхтан ва истифодаи малака ва таҷрибаи пешқадам ба навтарин комёбиҳои илму техникаи муосир такя карда, мувофиқи талаботи нав фаъолият намоем. Набояд фаромӯш кард, ки мо асри 20 - асри табаддулоти илмӣ -техникиро паси сар кардаем ва дар асри 21 мебошем, ки аксари мамлакатҳои пешрафта марҳилаи тараққиёти индустриалиро алакай гузаштаанд ва дар марҳилаи тараққиёти ахборотӣ мебошанд. Пас бояд аз худи ҳозир ба тарбия ва истифодаи мутахассисони соҳиби илму маърифати ҳозиразамон рӯ оварем.

Рауфи Абдуғаффор

Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2017, №3 (247)

 

Адабиёт

  1. Вечканов Г. Инвестиции: объмы, динамика, структура/ Г. Вечканов // Экономист. – 2012. - №3. – С. 16-28.
  2. Мир на рубеже XXI века. – М. :Политиздат, 1990. - 410 с.
  3. Несбитт Д. , Что нас ждет в 90-е годы. Мегатенденция: Год 2000/ Д. Несбитт, П. Эбурдин. - М.: Республика, 1992. – 415 с.
  4. Рауфӣ А. Бо ваҳдат ба бозор / А. Рауфӣ // Зери таҳрири умумии д. и. и. , проф. И. А. Асроров. – Душанбе: «Дониш», 2006. – 244 с.
  5. Терещенко В. И. Беседы экономиста/ В. И. Терещенко. - М.: Знание, 1991. – 64 с.
  6. Тоҷикистон: 20-соли истиқлолияти давлатӣ: маҷмӯи оморӣ. - Душанбе: АО назди Президенти ҶТ, 2011. – 832 с. 
Хондан 1375 маротиба