JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 30 Майи 2019 13:05

Олим, омӯзгор ва ходими ҷамъиятӣ

Муаллиф: МАМАДҶОНОВ Ю.М., НИЁЗОВ А.С., ҲОҶИЕВ А.К.

(ба муносибати 90 - солагии профессор Бобохоҷаев Суннат Мадалиевич)

  25 майи соли равон ба зодрӯзи олими шинохта, яке аз петрологҳои намоёни Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, доктори илмҳои геология-минералогия, академики Академияи муҳандисӣ, профессор, Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абуали ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, устоди зиндаёд Бобохоҷаев Суннат Мадалиевич 90 сол пур шуд.

  Ҳар гоҳ ки номи Бобохоҷаев Суннат Мадалиевичро ба забон меорем, пешорӯйи мо симои фарзонамарде зуҳур мекунад, ки як давраи илми геологияи муосири тоҷик бо ӯ робитаи зич дорад.

  Бобохоҷаев С.М. ба арсаи соҳаи геологияи муосир солҳои 50-уми асри гузашта бо як илҳоми худодод ва дилбастагиву ҷасорат ворид гардид, ки камтарин муҳаққиқони муосири илми геологияи мо ин сифатҳоро фарогир буданд. Устод дар ҷодаи илми петрология ва геохимия ба ҳар чӣ муяссар гардидааст, ин пеш аз ҳама ба кӯшишу ҷасорат, омӯзишу матонат ва илҳоми худододиву рисолати шахсияш вобаста будааст.

  Бобохоҷаев С.М. зода ва парвардаи шаҳри бостонии Конибодом буда, баъди хатми Донишгоҳи Осиёимиёнагии шаҳри Тошкент (ҳозира Донишгоҳи миллии Узбекистон ба номи М.Улуғбек) ба Душанбе (он замон Сталинобод) омада, то вопасин нафасаш ба яке аз соҳаҳои муҳими илми геология – петрология ва геохимияи ҷинсҳои магматикӣ чун муҳаққиқи борикбину борикназар ва олими арзанда хизмат кардааст.

  Дар замони донишҷӯӣ ӯ аз олимон – геологҳои шуҳратманд, ба мисли академикон Ҳабиб Мухаммедович Абдуллоев, Владимир Иванович Попов, Иброҳим Ҳамробоевич Ҳамробоев сабақ омӯхта, чун як мутахассиси ҷавон ба зодгоҳ баҳри хизмат ба ватану миллат баргашт.

  Бобохоҷаев С.М. фаъолияти кори хешро баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси мутахассиси ҷавон – корманди хурди илмӣ дар Институти геологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, то ба дарҷаи доктори илм ва профессор рушду нумӯъ ёфтааст.

  Соли 1951, бо ташкили Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон Суннат Мадалиевич аввалин аспиранти Институти геология аз рӯи ихтисоси «петрография ва канданиҳои фоиданок» буд. Ҳамзамон дар лабораторияи петрография ва канданиҳои фоиданоки Институт ба сифати ходими хурди илмӣ фаъолият менамуд. Мавзӯи илмии олими ҷавон ба таҳқиқи дақиқи ҷинсҳои магматикӣ ва кону зуҳуротҳои маъдани ҳавзаи дарёи Такоби Ҳисори Ҷанубӣ бахшида шуда буд. Дар натиҷаи заҳматҳои зиёд олими ҷавон соли 1956 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Маҷмааҳои магмавӣ ва бархе паҳлуҳои металлогенияи мавзеи Такоб (Магматические комплексы и некоторые вопросы металлогении Такобского района)» зери роҳбарии олими машҳури шуравӣ - академик Ҳабиб Мухаммедович Абдуллоев дар шаҳри Тошканд ҳимоя намуда, ба унвони номзади илмҳои геология ва минералогия ноил гардид.

  Пас аз анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва барқароркунию рушди хоҷагии халқ, Тоҷикистон дар миқёси ИҶШС яке аз ҷумҳуриҳои муҳими стратегӣ оид ба истеҳсоли ашёҳои маъдании гуногун – волфраму сурбу руҳ, флюорит ва ғайра ба ҳисоб мерафт. Яке аз мавзеъҳои бо канданиҳои фоиданоки худ дар миқёси шуравӣ маъмул дар шимоли ҷумҳурӣ кӯҳҳои Қаромазор ва Муғул мебошанд, ки онро одатан дурдонаи Тоҷикистон, ҳатто Урали дуюм меноманд. Институти геология бо дастури ҳукумати вақт ба омӯзиши ҳаматарафаи калонмиқёси ин минтақа сафарбар карда шуд. Роҳбарияти Институт ин кори ҷиддиро ба зимаи олими ҷавон Суннат Мадалиевич вогузор намуд. Ҳамин буд, ки коллективи геологҳое, ки ӯ роҳбарӣ менамуд, дар солҳои аввали тадқиқот ба натиҷаҳои ҳам илман ва амалан самаранок ноил гардид.

  Суннат Мадалиевич нақшаи нави пайдарпайии пайдоиши комплексҳои интрузивии Қаромазорро, ки ба ақидаи ӯ сарчашмаи канданиҳои фоиданоки маъданӣ ба ҳисоб мераванд, ҳамчун роҳнамо ба корҳои ҷустуҷӯӣ-иктишофӣ таҳия ва пешниҳод намуд. Ӯ ҳамчунин диққати асосиро ба махсусияти геохимиявӣ ва металлогении ҷинсҳои интрузивӣ бахшида, дар ин соҳаи геология аввалин шуда, меъёрҳои тахассусияти геохимиявии комплексҳои интрузивиро барои элементҳои маъдантавлидкунандаи минтақаи мазкурро коркард кард.

  Дар асоси натиҷаҳои бадастомада С.М. Бобохоҷаев соли 1972 рисолаи доктории худро дар мавзӯи «Петрология ва хусусиятҳои тахассусияти геохимиявии маҷамааҳои интрузивии Қаромазори Шарқӣ (Тоҷикистони Шимолӣ) ҳимоя намуд. Аз рӯи таҳқиқоти  бисёрсолаи ҷанбаҳои геологии ин сарзамини дилрабои кишвар С.М.Бобохоҷаев соли 1975 монографияи худро  нашр намуд, ки то кунун аҳамияти илмию амалии худро гум накарда аст.

  Яке аз муаллифон солҳои тулонӣ бо устод Суннат Мадалиевич дар Институти геология, дар лабораторияи петрология фаъолият дошт. Устоди зиндаёду накуном дар ҳар вохӯрӣ, ҷаласаҳои лаборатория аз мутахассисони ҷавон хоҳиш мекарданд, ки дар кор бо дилу нияти нек шуруъ кунем ва аз таҷрибаи ҳаёт суде бигирем. Дар навбати худ мо ҷавонон бо як шавқу завқ ба кор шуруъ мекардем, зеро ҳамроҳи чунин устодон, барои худ маҳорату малака андӯхтан бароямон мояи ифтихор буд. Имрӯз, бо гузашти айём ба андеша меравем, ки он рӯзҳо воқеан даврони хуби фаъолият будааст, ки аз чунин донишмандони арзанда таҷрибаву маҳорат ва малакаи касбӣ андӯхтем. Аксарияти ин устодони дунёдидаву пуртаҷриба имрӯз дунёро падрӯд гуфта бошанд ҳам, насиҳат ва панду андарзҳои эшон барои мо беҳтарин роҳнамои зиндагӣ маҳсуб буданд, зеро онҳо бо малакаи роҳбарӣ ҳаммаслак ва беҳтар аз дӯсти содиқ буданд.

  Барои муаллифи дигари ин мақола ифтихори бузурге буд, ки ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ шарафи шиносоӣ бо устод С.М. Бобохоҷаев насибаш гардида буд. Дар соли дуюми таҳсил дар магистратура, ҳанни машғулият, устод вориди синфхона шуданду аз геологи машҳури вақт Дронов Владимир Иванович, ки дарс мегуфтанд, аз ҳоли донишҷӯён  пурсон шуданд. Чу Дронов В.И. моро  муаррифӣ намуданд, устод ба мо оиди касби пурифтихору вале мушкили геолог нақл намуда, ба мо муваффақиёт талабгор шуданд.

  Устод, профессор Бобохоҷаев С.М. асарҳои зиёде таълиф намудаанд, аз ҷумла 7 монография, зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва илмӣ-оммавӣ. Асарҳои устод дар шакли мақолаю гузоришҳо, фишурдаҳо ва  монографияҳои илмӣ интишор шудаанд. Дастурҳои таълимию методӣ, барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён ба чоп расидаву дастраси хонандагон, донишҷӯён, муаллимон ва муҳаққиқону ҳаводорони соҳаи заминшиносӣ гардидаанд. Унвони профессориро ба устод  КОА  Федератсияи Россия бо назардошти хизматҳои шоистаи илмию педагогӣ додааст.

  Профессор Суннат Мадалиевич Бобохоҷаев солҳои тулонӣ ба донишҷуён аз фанҳои гуногуни риштаи геология дарс гуфтаанд ва ба таҳқиқотҳои илмии аспирантон ва унвонҷӯёни соҳаи илми петрология роҳбари кардаанд.

  Хизматҳои шоистаи олим-геологи намоёни Тоҷикистон, доктори илмҳои геологияю минералогия, профессор Суннат Мадалиевичро ба назар гирифта,  ӯро бо ҷоизаи давлатӣ - Ҷоизаи давлатии ба номи Абуали ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва бо унвони Ходими хизматнишондодаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ кардаанд.

  Суннат Мадалиевич Бобохоҷаев олими намоёни соҳаи илми петрология ва геохимия шинохта шуда, чун инсони оқилу хирадманд, фурӯтан, омӯзгори  сахтгиру меҳрубон дар хотири ҳампешагон, ёру рафиқ  ва шогирдони худ нақш мондааст.

 

 МАМАДҶОНОВ Ю.М

номзади илмҳои геология ва минералогия,

мудири лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ

НИЁЗОВ А.С.

номзади илмҳои геология ва минералогия,

корманди пешбари илмӣ лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ

ҲОҶИЕВ А.К.

 магистри геология,

корманди калони илмӣ лабораторияи геодинамикаи фанерозой ва петрогенезиси

Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ.

Хондан 1370 маротиба