Дар замони Ренессанс (Эҳё)-и Аврупо дар инкишофи ҷамъият ва табақабандии он ба сарватмандону камбизоатҳо, томияти мақсадноки фардӣ - иҷтимоии азхудкунии таҷрибаи калонсолон, аз ҷониби ҷавонон хароб шудан мегирифт. Барои ҷавонписари оилаи ашроф, ки ҳамеша бо ҳама чизи барои беҳдошти зиндагӣ зарур таъмин буд, чунин мушкилот вуҷуд надошт. Вай ба азхудкунии донишҳо ва сайқали додани қобилиятҳо, ки арзишу аҳамияти истифодаашон барояш равшан нест, бепарво аст. Бинобар ин, ӯ маънои меъёрҳои ҷамъиятӣ ва арзишҳои фарҳангиро намефаҳмад. Ҳамин тавр, аввалин падидаи оилавии туфайлихӯрӣ пайдо шуда, баъдан ба зуҳуроти иҷтимоӣ мубаддал мешавад. Дар баробари ин, дар ҷамъият масъалаи аз…