JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 27 Октябри 2021 05:04

Забони давлатӣ дар сатҳи муҳити иҷтимоӣ (чанд андешаи мухтасар )

Муаллиф: С. Ғафурова

  Забони давлатӣ, бешубҳа, яке аз арзишҳои  бузурги миллӣ ва пояҳои давлатдории миллӣ, гузашта аз ин, нишонаи возеҳи истиқлолияти сиёсӣ ва таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Эмомалӣ Раҳмон

 Забони тоҷикӣ бузургтарин сармоя ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳо буда, дар ҳифзи асолати миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Дар давраҳои пурошӯбу пурмоҷарои таърих забони миллӣ ваҳдату ягонагии миллатро дар роҳи озодӣ ва истиқлол таъмин намудааст. Воқеан, забони миллӣ дар паҳнои таърихи бумӣ ба унвони унсури калидии миллатсозӣ ва фарҳанггустурӣ хидмат карда, имрӯз ҳам дар масири шукуфоии миллат ва таҳкими давлатдории миллӣ гомҳои устувор бармедорад. Муҳимтар аз ҳама, забони миллӣ миллатро аз газанди рӯзгор ва фишору тааррӯзи мустабидони дохилию хориҷӣ, ки асрҳо алайҳи забону фарҳанги аҷдодӣ мубориза бурдаанд, ҳифзу ҳимоят кардааст. Ин аст, ки на танҳо гиромидошт, балки муқаддас донистан ва дар ин замина мавриди корбурди ҳамагонӣ қарор додани он дар шароити феълии бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ва ташаннуҷи буҳронҳои фикрию ҳувиятӣ рисолат ва вазифаи аввалиндараҷаи мо-соҳибони забон мебошад. Агар ин вазифа ва рисолат дуруст ва ҳадафмандона иҷро нагардад, мо ба унвони миллати дорои забон ва тамаддуни даҳҳазорсола аз ширкат дар раванди тамаддунсозӣ маҳрум мемонем ва хатари азбайнравӣ ва ҳазфшавӣ таҳдидамон мекунад.

  Гузашта аз ин, солҳост, забони мо, ки мақоми давлатӣ гирифтааст, дар сатҳи иҷтимоӣ рушд намекунад ва бо он ки раҳбарияти олии давлатӣ дар симои раисҷумҳур аз забон пуштибонии ҳамаҷониба мекунанд, кор дар самти мууррифии шоистаю боистаи забони миллӣ бо ҳар ду по мелангад. Ҳанӯз ҳам забони мо дар сатҳи иҷтимоӣ мақом ва ҷойгоҳи воқеӣ ва ҳақиқӣ пайдо накардааст ва дар ин кор, ки ақибмонии фарҳангию маданиро ба дунбол дорад, ғолибан мо, фарҳангиёну зиёиён гунаҳкорем. Гап сари ин аст, ки мо ба таври бояду шояд натавонистаем, тавассути ибтикороту ташаббусоти худ забонамонро ончунон муаррифӣ кунем, ки миёни доираҳои илмию фаннӣ, ҳавзаҳои фикрию маданӣ ва умуман, ҷомеа машрӯият пайдо намояд. Ба сухани дигар, мо ҳанӯз натвонистаем, ки забони миллиро дар шакли отифӣ ва самимӣ ба фазои иҷтимоӣ ворид созем, то ин ки ҳар фарди солимақли мо, бидуни мушкил бо забони зебо ва ноби тоҷикӣ ҳарф занад, фикрашро баён созад, мукотибаю муросилот анҷом бидиҳад ва хуллас, дар сатҳи зарурӣ мукотибаю муошират намояд. Манзури мо аз ин ҳарфҳо ин аст, ки соҳибони забони миллӣ дар симои адибон, нависандагон, шоирон, олимон, рӯзноманигорон ва амсоли инҳо, ки муаррифгари аслию асосии забон дар ҷомеа шинохта шудаанд, ба таври бояду шояд дар самти муаррифии ҳадафмандонаи забон саҳм нагирифтаанд ва иқдомоте, ки дар ин замина анҷом ёфтаанд, на танҳо мушкилро ҳал накарданд, балки мушкил афзудаанд. Бояд тазаккур дод, ки забони тоҷикӣ дар давоми сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ шукӯҳи тоза ва мақому мартабаи хос касб намуда, аз ҷониби давлат ҳимоя мешавад. Исботи он қабули  як зумра қонуну фармонҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба сиёсати давлатӣ дар бораи забон,  инчунин Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2012- 2016 ба ҳисоб мераванд.
   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии ҶумҳурииТоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 таъкид карданд, ки бо мақсади боз ҳам рушд ёфтани забони давлатӣ бояд барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гиранд ва барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардида буд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 28-уми ноябри соли 2020 таҳти №647 тасдиқ гардид. Мақсади асосии барнома рушди устувор ва ҳимояи забони давлатӣ, таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба татбиқи сиёсати давлатии забон буда, аз 5 фасл ва 75 банд иборат мебошад ва масъалаҳои эҳтиром ба забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллӣ эътироф шудааст, истифодаи забони давлатӣ дар тарбияи маънавӣ, фарҳанги худшиносиву худогоҳӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи забони адабӣ аз унсурҳои ғайриадабӣ, гуфтугӯӣ ва бегона, танзими истилоҳоти соҳавӣ, эҳёи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла, номҳои тоҷикӣ, номгузории мавзеъҳои таърихӣ, хиёбонҳо, муассисаҳои таълимӣ, боғҳои фарҳангӣ бо забони давлатиро дар бар мегирад.
  Он дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия шуда, давра ба давра татбиқ гардидани сиёсати давлатӣ дар бораи забон, танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳияи барномаҳои гуногуни омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои дигарро фаро гирифтааст.
  Даврони соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин қадаме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ гузошт, дар Конститутсияи кишвар ҷойгир намудани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ буд. Мақоми забони тоҷикӣ дар Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон чунин ифода ёфтааст: “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”. Дар заминаи забони    тоҷикӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ дар асоси муқоисаи хусусияти овоӣ ва дастуриву луғавии забони тоҷикӣ сурат мегирад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯхтани забони хориҷӣ ба манфиати кор буда, шахсе, ки донандаи чанд забон мебошад, аз таъриху фарҳанги миллати дигар огоҳ аст ва таъриху фарҳанги миллиро низ ба ҷаҳониён метавонад муаррифӣ кунад. Ин нуктаро Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон ба тариқи зайл зикр карданд: «Аз худ намудани забонҳои хориҷӣ ва дар баробари ин, беэътиноӣ зоҳир кардан ба омӯзиши забони модарии худ нишонаи бефарҳангӣ ва беэҳ­тиромӣ нисбат ба миллату Ватан, модар ва таъриху фарҳанги хеш аст ва пеш аз ҳама, падару модарон масъуланд, ки ба чунин амали нораво роҳ надиҳанд. Мо бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон  нахуст  забони  модариро аз худ кунанд, ба он эҳтирому арҷ гузоранд ва сипас, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ оғоз намоянд. Дар сатҳи олӣ донистани забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он, хусусан, забони муошират, яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо мебошад».

  Тавре  ки мусаллам аст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои рушди забони миллӣ ва забони давлатӣ, баланд бардоштани мақому мартабаи он дар давраи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон хизматҳои бесобиқа намуда,  заҳмати зиёде ба харҷ дода истодааст.

  Мутаассифона, аз қабули Қонуни забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои зиёд  сипарӣ шуда бошад  ҳам, то ҳол аҳли ҷомеа дар навишту  гуфтор  меъёри забони адабӣ- забони давлатиро  риоя намекунанд, ҳол он ки ҳар мутахассис, новобаста аз соҳаи фаъолияташ бояд забони адабиро хуб донад ва дар муоширати рӯзмарра васеъ истифода намояд.

    Махсусан, ҷавонон  байни  худ бо забони хеле коста ва дағал, ба қавле бо жаргон суҳбат мекунанд, ки бисёр нигароникунанда аст. Ин ҳодисаи номатлуб якчанд сабаб дорад:

- муоширати рӯзмарраи интернетӣ;

- истифодаи зиёди шеваю лаҳҷа;

- фориғболии хонавода дар тарбияи забонӣ ва ахлоқии фарзанд ва мактаббача;

- сатҳи пасти дониши мактаббачаҳо дар  макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ.

  Ҷавонони мо аз фарҳанги истифодаи интернет бархӯрдор нестанд ва аз ҳамин сабаб соатҳо тавассути компютер ва телефонҳои мобилӣ нишаста, бо алфози номатлуб бо якдигар мукотиба мекунанд. Инчунин солҳои охир таъсири шеваю лаҳҷа ба забони тоҷикӣ хеле зиёд шудааст. Аз мактаби миёна бошад, баъзе довталабон бо сатҳи пасти  дониш ба мактаби олӣ меоянд, ҳатто дуруст хондаю  навишта наметавонанд, вале дар бисёр ҳолат, ба  сабаби камбуду  норасоии довталаб ин тоифа донишҷӯ мешаванд ва ҷиҳати боло бурдани сатҳи савод ва маърифат иқдом намеварзанд. Бархе аз донишҷӯён, ки забони модариашон тоҷикӣ нест ва бо дигар забон таҳсил кардаанд, забони давлатиро намедонанд ё каму беш бо лаҳча гуфтугӯ мекунанд. Суҳбат бо иддае аз донишҷӯён маълум кард, ки ба дар бисёр маворид хонандагонро дар муассисоти таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанни забону адабиёт на омӯзгори фанни забони тоҷикӣ, балки омӯзгорони дигар фанҳо дарс медодаанд ва табиист, ки ин навъ омӯзгорон худ забони давлатиро ба дараҷаи кофӣ намедонанд. Аз ин рӯ, хуб мешуд, чунин донишҷӯён чанд моҳ курсҳои иловагии забони тоҷикиро омӯзанд.

Масъалаи дигари мушкилоти забон тарзи нодурусти истифодаи калимаҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо, радиою телевизион, лавҳаю овезаҳо ва китобҳо мебошад. Ба ҳамаи мо маълум аст, ки ҳисси биноӣ дар дарк кардани ҳодисаю воқеа ва ашё нақши муассир дорад. Вақте ки мактабиён, ҷавонон, донишҷӯён навишти ин ё он калимаро дида ҳамон тавр менависанд, чунин  навишти калима дар хотирашон нақш мебандад.

 Барои саводнок шудани мардум таълими фанни забон ва адабиёт нақши муҳим мебозад ва бунёди таълиму тадриси забонро маводи адабиёт фароҳам меорад, аммо  ҳам фанни забон ва ҳам адабиёт бояд дар алоҳидагӣ омӯхта шаванд. Масалан, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъатт Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, ки даргоҳи фарҳангу ҳунар ба ҳисоб меравад, чанд соати ночизе барои омӯзиши адабиёт аз ҳисоби соатҳои интихобӣ ва факултативӣ ҷудо шудаасту халос.  Шояд мутасаддиёни соҳа фикр кунанд, ки соатҳои мактаби миёна барои таълими фанни адабиёт кофӣ аст. Аввалан, таърихи адабиёти мо маводи ниҳоят зиёдеро дар бар мегирад, сониян, хонандаи мактаб аз уҳдаи таҳлили амиқи илмии асарҳои адабӣ намебарояд.   

 Ҳамин тариқ, ҷиҳати беҳтар кардани вазъи тадриси забони тоҷикӣ дар шароити имрӯзӣ пешниҳодоти зайл мусоид буда метавонанд:

      а) сатҳи касбияти муаллимони ҳамаи фанҳо, билхусус омӯзгорони фанни забони давлатӣ аз ҳисоби омӯзиши таҷрибаи пешқадам тариқи сафар  ба давлатҳои пешрафта бояд баланд бардошта шавад;

    б) ба талаботи замон ва вазъи кунунӣ мувофиқ сохтани барномаю китобҳои дарсӣ амри зарурист;

    в) тарзу усулҳои  фаъоли таълими забону адабиётро ҷустуҷӯ намудан ба мақсад мувофиқ аст;

    г) таваҷҷуҳ ба осори гаронарзиши адабӣ-бадеии гузаштаю имрӯзӣ сатҳи огаҳии омӯзгоронро баланд бардошта метавонад ва дар ҷараёни тадриси муваффақи забони давлатӣ  мусоидат мекунад;

     ғ) аз технологияи навин самаранок истифода бурдан зарур аст, зеро ки дар шароити муосири ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ ба тарзи суннатӣ дарс гузаштан муассир нест;

     д) ба кормандон ва рӯзноманигорони телевизиону радио ва дигар Васоити ахбори омма, ноширон  зарур аст, ки ба омӯзиши имлои забони тоҷикӣ диққати ҷиддӣ диҳанд ва бад-ин васила дар тарғиби сиёсати миллии забонӣ саҳми бориз бигиранд;

   е) аҳли ҷомеа аҳамияту зарурати саводомӯзиро бояд дарк кунанд ва дар ин ҷабҳаи мушкил, қабл аз ҳама, омӯзгорони забону адабиёти тоҷик масъуланд. Ин аст, ки мо – омӯзгорони фанни забони давлатиро масъулияти ниҳоят муҳими маърифатӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ --- тарбияи забонии насли ҷавони ҷомеаи тоҷикистонӣ бар дӯш аст.

 Иҷрои муваффақи ин масъулият ва рисолат, ки аз талабот ва муқтазиёти замонию маконӣ бармеояд, забони давлатиро аз муҳитҳои тангу маҳдуди филологӣ ва фаннию ихтисосӣ берун карда, ба сатҳи иҷтимоӣ мерасонад. Аз тарафи дигар, барномарезиҳои ҳадафмандонаи забонӣ ва тадриси муваффақи забони давлатӣ дар муассисоти таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ сатҳи забондонӣ, хушгуфторӣ, фасеҳбаёнӣ ва такаллуми миллиро боло бурда, дар шаклгирии ҷомеаи забонӣ мусоидат мекунад. Танҳо дар ин сурат аст. ки ҷомеа бидуни мушкил дар муоширату муносибати рӯзмарра аз назокату фасоҳати забон истифода бурда метавонад ва забони давлатӣ миёни қишрҳои иҷтимоӣ ва умуман, ҷомеаи тоҷикӣ маҳбубият пайдо менамояд.

С. Ғафурова

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

                                               Адабиёт:

  1. Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллат – ҳастии миллат. – Душанбе: 2020.- 432 саҳ.
  2. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатӣ дар бораи забон. – Душанбе: 2018. 232 саҳ.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д.,
  4. Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. Д.: Ирфон, 2007.
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон». – Душанбе: 2010. 24 саҳ.
  6. Лутфуллоев М. Забон ва масъалаҳои таълими он. Д.: Маориф ва фарҳанг, 2010.
  7. Шукуров М. Забони мо – ҳастии мост. Д.: Маориф, 1991.

 

Хондан 1057 маротиба