Ашёҳои моро иҳотакарда аз чӣ сохта шудаанд? Ашёҳову чизҳое, ки моро иҳота кардаанду онҳоро мушоҳида кардан, ламс намудан (расидан) ва эҳсос кардан имкон дорад (аз он ҷумла газ, ки эҳсосоти мо қабул намекунад). Ҳамаи инҳо ҷои муайянро ишғол менамоянд ва вазн доранд. Ҳамаи ин чизҳое, ки моро иҳота мекунанд, аз материя (ҳастӣ) иборат мебошанд. Яъне материя (ҳастӣ) – ҳамон чизҳоест, ки гирду атрофи моро иҳота кардааст. Материя (ҳастӣ) фазои муайянро ишғол мекунад, бинобар он дорои ҳаҷм ва вазн мебошад. Гоҳо истилоҳи «материал» низ истифода мешавад. Материалҳо шаклҳои гуногуни материя (ҳастӣ) мебошанд. Онҳо аз якдигар фарқ мекунанд, зеро материяе (ҳастӣ), ки…