JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 07 Июли 2017 06:05

Чаро ноқилҳои электрикиро аз мис месозанд?/Оё ҳаво вазн дорад?/Вазни об чӣ қадар аст?

Муаллиф:

Чаро ноқилҳои электрикиро аз мис месозанд?

 

Нерӯи барқ аз нерӯгоҳҳои барқӣ, ки дар он ҷо истеҳсол мешавад, тавассути ноқилҳои электирикӣ ба ҷои истифодабарӣ фиристода мешавад. Барои истеҳсоли ноқилҳои электрикӣ металҳоро (қабл аз ҳама мис) истифода мекунанд. Мис яке аз беҳтарин ноқилҳои барқӣ мебошад. Ғайр аз ин аз мис нахҳои ниҳоят борик ва дарозро ҳосил намудан мумкин аст, бинобар ин онро барои истеҳсоли ноқилҳои фиристандаи шабакаи электрикӣ истифода мебаранд. Нахҳои мисин бо моддаи пластикӣ рӯпӯш карда мешаванд, ки онҳо нерӯи барқро намегузаронанд. Бе истифодаи ин гуна рӯпӯшҳо истифодаи ноқилҳои мисин хатарнок аст, зеро заррачаҳои электрикӣ боиси сӯхтани пӯст ва ҳатто марги инсон мегарданд.

 Оё ҳаво вазн дорад?

Мисли он ки моҳиён дар об зиндагӣ мекунанд, мо, одамон, ҳамчунин набототу ҳайвоноти рӯи заминро ҳаво иҳота кардааст ва мо гӯё дар ҳаво ғӯтавар мебошем Мо мавҷуд будани ҳаворо, ки бо вуҷуди дар шакли газ буданаш, дорои ҳаҷм ва вазн мебошад, ҳис намекунем. Дар фазо тақрибан 60 км ҳаво вуҷуд дорад. Вазни ҳаво дар 1 метри мукааб 1,2 кг дар рӯи замин аст. Ҳамин тариқ, агар тамоми ҳавои атмосфера дар рӯи замин як хел паҳн шавад, он гоҳ дар ҳар як метри мураббаи рӯи замин як қатораи 10 тоннагии ҳаворо, яъне ҳар як қатораи 10 000 кг вазн доштаи ҳаворо тасаввур кардан мумкин аст, ки дар муқоиса бо вазни фил хеле зиёд аст.

 

Вазни об чӣ қадар аст?

Ҳамаи мо медонем, ки об низ вазн дорад. Аммо вазни он вобаста ба ҳолаташ  (шаклаш) ва миқдори намаку моддаҳои дигари дар он маҳлулшуда тағйир меёбад. Масалан, ҳарорати 4 гр С як литр оби борон - 1кг (1000г) вазн дорад. Агар ин ҳарорат зиёд карда шавад, вазни об кам мешавад. Аз ин рӯ вазни як литр оби сард нисбат ба як литр оби гарм зиёд аст.

Хондан 2844 маротиба