Қуттӣ ва ё бонкаҳои тунукагин нӯшоба ва шарбатгирӣ аз чӣ сохта мешаванд?
Нӯшобаҳои гуногунро ба зарфҳое мегиранд, ки дар шакли лӯла ва силиндр, аз латун ё алюминий (арзиз) сохта шудаанд. Латун аз гудохтаи ду металл- мис ва қалъагӣ (синк) тайёр карда мешавад. Ин гудохтаи сабук ва мустаҳкам мебошад. Алюминий низ мустаҳкам ва сабук мебошад. Ин металҳоро чунон тунук кардан мумкин аст, ки ҳатто ба осонӣ қайчӣ карда мешаванд. Одатан, деворҳои ин зарфҳоро аз латун ва сарпӯшашонро аз алюминий месозанд. Онҳо хеле сабук буда, ба осонӣ ҳамлу нақл мешаванд.
Металҳо ва гудохтаҳои онҳо ғайр аз хусусиятҳои дигар боз ду хусусияти фарқкунанда доранд:
Онҳоро метавон ба пластинаҳои тунуктарин ва нахҳои гуногун табдил дод. Хусусияти аввал чаккушхӯр (тунукшаванда) дуввумин бошад, нарм ва ё мулоим ном доранд.
Шиша сахт аст ё алмос?
Шиша барои истеҳсоли тиреза ва зарфҳои дигари шишагӣ истифода мешавад. Вай ҷисми сахт буда, буридани он хеле душвор аст. Металли аз ин сахттаре вуҷуд дорад, ки ба осонӣ шишаро мебурад. Ин алмос аст.
Алмос ашёи аз ҳама сахттарин дар табиат мебошад. Барои он, ки шишаро буранд, пораи алмосро истифода мекунанд.
Ҳамадон бош!. – Душанбе: «Баҳманрӯд», 2012. - 248 саҳ.