Қувваи барқие, ки бо аккумуляторҳо ё динамо-мошинҳо истеҳсол мегарданд, бо воситаи симҳои металлӣҷараён ёфта, барои гармидиҳӣ, рӯшноидиҳӣ ё барои коркунии механизмҳои гуногун истифода мешаванд. Калимаи «барқ» (электричество) решаи юнонӣ дошта, маънояш қаҳрабо (янтарь) аст. Аллакай дар қадимулайён олими математеки юнонӣ Фалес тасаввурот оиди барқро дошт. Чӯбиқаҳрабоиро бар пашм молида, ӯ онро гӯё бо барқи статикӣзаряднок менамуд. Ҳангоми ба сар наздик намудани ин чӯб, он ба худ мӯйҳои сарро ба худ мекашид.