JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 19 Апрели 2017 16:08

Кӣ нурҳои рентгениро ихтироъ намуд?

Муаллиф:

   Оё Шумо медонед, ки таърихи нурҳои рентгенӣ зиёда аз 100 сол қабл аз ин оѓоз гардидааст? Дар миёнаҳои асри 19 шахсе бо ном Генрих Гейслер кашф намуд, ки ҳангоми ҷараёни электрики баланди барқӣ аз дохили мили вакуумӣ гузаштанаш, эффекти базеби рӯшнои ба вуҷуд омада буд. Дертар Сэр Уилиям Крукс исбот намуд, ки сабаби ин ҳамаи ин ҳодиса заррачаҳои электрнокшуда буданд.

 

   Минбаъд Генрих Гертс нишон дод, ки ин нурҳо имконияти аз дохили тилло ва платина гузашта метавонанд. Шогирди вай Ленард аз ин ашёҳо «Тирезаҳо» сохт, ки ин нурҳо аз дохили мил ба сӯи ҳавои кушод баромада тавонанд. Анна акнун мо ба кашфи аслии нурҳои рентгенӣ наздик шудем. Соли 1895 Вилгелм Рентген бо яке аз чунин милҳо озмоиш мегузаронид, вале ягон «тиреза» надошт. Вай аҳамият дод, ки кристаллҳои наздики онҳо Буда дурахшон шуданд. Аз сабабе, ки Рентген медонист, ки нурҳои катодии пештарак кашфгардида аз дохили шиша гузашта наметавонанд, ӯ тахмин кард, ки ин нурҳо – нурҳои намуди нав мебошанд. Ин нурҳои ноайёнро, ки аз дигар нурҳо ва аз рӯшноӣ фарқ мекарданд, фаҳмонда намешуд ва аз ин рӯ, ӯ онҳоро Х-нурҳо номид. Нурҳои рентгениро дар мили рентгенӣ ба даст меоранд. Қисми зиёди ҳаво аз дохили он гирифта шудааст. Ба он ду электрод пайвасткарда шудаанд ва электронҳо аз яктоаш (катод) ба дигараш (анод) ҳаракат менамоянд. Ҷавшани хурд яку якбора ҳаракати онҳоро боз медорад. Қисми зиёди нерӯҳои онҳо ба гармӣ мегузаранд, аммо баъзеашон радиатсияи рентгениро пахш мекунанд. Нурҳои рентгенӣ аз дохили ашёҳо барои он гузашта метавонанд, ки дарозии мавҷи онҳо хеле кӯтоҳ аст. Чӣ қадаре, ки дарозии мавҷҳои онҳо кӯтоҳ бошад, ҳамон қадар қувваи гузариши онҳо аз дохили ашёҳо, зиёд аст.

Хондан 6057 маротиба