JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 04 Январи 2018 10:31

Дастоварҳои илмии озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнология

Муаллиф:

 Бояд қайд намуд, ки озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнология дар назди Институти биофизика ва физиологияи растаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИБФГР АИ ҶТ) ҳанӯз дар соли 1972 таъсис дода шудааст. Ҳоло дар Озмоишгоҳ бештар аз14 нафар кормандон ба корҳои илмӣ банд мебошанд.

Дар муддати солҳои охир озмоишгоҳ бештар аз 40 нафар номзадҳо ва докторони илм рисолаҳои илмии хешро бо муваффаққият дифоъ намуда, ҳоло дар муассисаҳои илмӣ, дар донишгоҳҳо ва ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ кору фаъолият менамоянд. 

 Самтҳои асосии корҳои илмии олимони озмоишгоҳ – омӯзиши биогенези дастгоҳи фотосинтетикӣ, хусусиятҳои биологии растаниҳо, гузаронидани корҳои селексионӣ, солимгардонии тухмии картошка ва дигар зироатҳои кишоварзӣ аз касалиҳо бо истифодаи усулҳои биотехнологияи муосир, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва кӯмак расонидан дар ташкили системаи илман асосноки тухмипарварии зироатҳо дар кишвар мебошад. 

Корҳои тадқиқотӣ-илмии озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнология доир ба ба даст овардани навъҳо ва гибридҳои ояндадори картошка, батат, топинамбур ва гандум равона карда шудааст. Таи солҳои охир олимони озмоишгоҳ як чанд навъҳои нави картошка, батат ва топинамбурро ба даст оварда, дар истеҳсолот ҷорӣ намудаанд. Олимони озмоишгоҳ аввалин маротиба нақшаи омезиши усулҳои селексияи анъанавӣ ва биотехнологияи муосирро дар картошкапарварӣ ҷорӣ намуданд. 

Дар озмоишгоҳ олимон яке аз аввалинҳо шуда, усули парвариши решанавдаҳои картошка (столонҳо) дар шароити in vitro ва истифодабарии он дар биотехнологияи тухмии картошкаи солимгардонидашуда коркард карда шудааст, ки нақшаи аз касалиҳо озод намудани тухмии картошкаро ба роҳ монданд.

Бо усули технологияи ҳуҷайравӣ растанӣ-регенерантҳое, ки ба стресси хушкӣ, шурии хок ва ҳарорати баланд устуворнокии баланд зоҳир менамоянд, ба даст оварда шудааст. Дар шароити хушкӣ растанӣ-регенератҳо бо хусусияти миқдори зиёди пролин, глутамин, аспаргин ва якчанд аминокислотаҳои дигар, намнокии зиёд ва қобилияти обнигоҳдории баргҳо фарқ мекунад, ки ин аз дараҷаи баланди устувории онҳо ба таъсири омилҳои номусоид шаҳодат медиҳад.

Ҳамин тариқ, дар муддати солҳои 2000-2017 ба олимони озмоишгоҳ муяссар гардид, ки усулҳои инноватсионии селексия, биотехнология ва тухмипарварии зироатҳои картошка, батат, топинамбур ва ғалладонагиҳоро истифода бурда, навъҳои ояндадори ин зироатҳоро дар истеҳсолот ҷорӣ намоянд, ки онҳо ҳоло дар майдони бештар аз 3 ҳазор гектар дар ноҳияҳои гуногуни мамлакат кишт карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки олимони озмоишгоҳ дар муддати солҳои 2005-2015 бо олимони Маркази умумҷаҳонии картошка (Перу) ҳамкорӣ намуда, дар омӯзиши баштар аз 60 навъу намунаҳои (генотипҳои) картошка ба як қатор муваффаққиятҳо ноил гаштанд.  Ҳоло ҳамкориҳои олимони озмоишгоҳ бо олимону мутахассисони давлатҳои Перу, Россия, Ҳиндустон, Чин, Олмон, Ҳоланд ва ғайраҳо бо мувафаққият давом доранд. Ҳар сол чандин нафар донишҷӯён аз мамлакатҳои Олмон, Шведсария, Полша, Чехия, Франсия ва ғайраҳо ба озмоишгоҳ барои таҷрибаомӯзӣ меоянд ва ҳамкорӣ менамоянд.

Дар ин ҷо месазад ёдовар гашт, ки натиҷаҳои илмии ба даст овардаи олимону мутахассисони озмоишгоҳ метавонанд дар селексия ва системаи тухмипарварии солими элитавии картошка, ки аз вирусҳо ва касалиҳо дар асоси истифодабарии усулҳои нави биотехнологӣ дар оянда всеъ истифода гарданд. Технологияи нави ба даст овардани тухмии солим, ки ба даст оварда шудааст, мӯҳлати ба даст овардани тухмии солими элитавии картошкаро се маротиба кӯтоҳ намуда, ба даст овардани навъҳои нави картошкаро, ки ба омилҳои стресӣ тобовар ва серҳосиланд метезонад. Олимони озмоишгоҳ, ҳоло корҳои илмиро дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз қабили ноҳияи Лахш (дар баландии 2700 м аз сатҳи баҳр), дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ (дар баландиҳои 2300-2500 м аз сатҳи  баҳр), дар мавзеи «Канаск»-и шаҳри Ваҳдат (дар баландии 2520 м аз сатҳи баҳр), дар ноҳияи Мурғобу Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ( дар баландиҳои 3600 ва 3890 м аз сатҳи баҳр), дар ноҳияи Деваштич (дар баландии 2000 м аз сатҳи баҳр) ва чанде аз ноҳияҳои Вилояти Хатлон ва водии Ҳисор ва ғайраҳо ба омӯзиши коллексияҳо навъҳои гуногуни картошка, топинамбур, батат, инчунин навъҳои зироатҳои ғалладонагиҳо ва хӯроки чорво шуғл меварзанд, ки онҳо дар доираи  омӯзиши қобилияти мутобиқшавии навъҳо ба тағирёбии иқлим аҳамияти хоса доранд.

Ҳамин тариқ, мақсади кули тадқиқотҳои илмии олимони озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва биотехнологияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона карда шудааст, ки дар оянда дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъҳои серҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва мусоидат намудан ба ҳифзи амнияти озӯқавории кишварамон равона гардидааст.

 Алиев Қ.-доктори илмҳои биологӣ,

Партоев Қ.-доктори илмҳои кишоварзӣ,

 озмоишгоҳи биологияи молекулавӣ ва

биотехнологияи ИБФГР АИ ҶТ

Хондан 2184 маротиба

Китобҳо