Маҷлиси солонаи Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маърӯзаи Ноиби президенти АМИТ, Раиси Шуъбаи илмҳои биология, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Саидов А.С. оғоз гардид, ки дар он оиди дастовардҳои олимон дар соли сипаригашта ва дурнамои кашфиётҳои илмӣ дар оянда таҳлил гаштанд. Чи тавре, ки маърӯзачӣ қайд намуд, дар соли сипарӣ шаш муассисаи илмии зертобеи Шуъбаи илмҳои биологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯи 20 мавзӯъ, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, корҳои илмӣ-таҳқиқотиро анҷом доданд.
Дар соли ҷорӣ аз тарафи олимон муайян карда шуд, ки дар минтақаи дар оянда зери об мондаи обанбори Роғун ва гирду атрофи он 1142 намуд растаниҳо, ки ба 83 оила ва 423 авлод тааллуқ доранд, нашъунамо менамоянд. Дар байни онҳо 24 намуд растаниҳое ба қайд гирифта шуданд, ки ба “Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохил карда шудаанд. Ҳангоми экспедитсияҳои олимон зиёда аз 100 намунаи тухмиҳои растаниҳои нодир, эндемикӣ ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дошта ҷамъоварӣ карда шуда, дар Боғи ботаникии ш.Кулоб шинонда шуданд.
Олимон мониторинги рушду нумўи растаниҳои лўбиёгӣ дар чарогоҳҳои зимистону баҳории қаторкӯҳҳои Сарсарак, Санглох, Табақчӣ гузарониданд. Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ бо сабаби иқлими сард ва хушк дар солҳои 2020-2021 нашъунамои номўътадили растаниҳои чарогоҳҳо ба қайд гирифта шуд. Дар чарогоҳҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат ҳосили умумии алафи хушк ба ҳисоби миёна 6.5-9.6 с/га ва ҳосили алафи хушк- 12.5-14.5 с/га-ро ташкил дод, ки ин нисбати солҳои пешин хело кам аст. Дар асоси таҳқиқи истифодабарии аломатҳои озмунии физиологӣ ва фотосинтетикӣ якчанд генотипҳои ояндадори пахтаи миёнанах интихоб карда шуданд ва дар коллексияи Институт нигоҳ дошта мешаванд. Дар қитъаи таҷрибавии Институт коллексияи растаниҳои субтропикии мандарин ва афлесун бо мақсади дар оянда зиёд намудан ва омӯзиши хусусиятҳои физиологии онҳо ташкил карда шуд.
Бо истифодаи якҷояи аломатҳои физиологию биохимиявӣ ва усулҳои биотехнологӣ якчанд навъҳои сермаҳсул ва ба омилҳои стрессӣ устувори картошка, аз қабили навъҳои “Тоҷикистон”, “Файзобод”, “Рашт”, “АИ-1” ва “Дўстӣ” дар истеҳсолот татбиқ ва дар масоҳати зиёда аз 3000 га дар хоҷагиҳои деҳқонии ҷумҳурӣ парвариш карда мешаванд. Барои супоридан ба «Комиссияи давлатии санҷиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд навъҳои нави сермаҳсул интихоб карда шуданд.
Дар коллексияи Институт навъу дурагаҳои картошка ва картошкаи ширин (батат), ки аз Маркази байналмилалии картошка CIP (Перу) дастрас карда шуданд ва навъҳои ояндадори маҳсули селексияи олимони Институт дар шароити «in vitro» нигоҳ дошта мешаванд, ки онҳо минбаъд дар таҳқиқотҳои генетикӣ, селексионӣ ва тухмипарварӣ истифода хоҳад гашт.
Линияҳои интихобшудаи ояндадори гандум, ки барои парвариш дар шароити иқлими гарми ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ мутобиқ мебошанд, барои супоридан ба «Комиссияи давлатии санҷиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд карда мешаванд.
Аз тарафи олимони институт зиёда аз 40 навъу намунаҳои коллексионии гандумҳои аз Қазоқистон, Россия, Ӯзбекистон, ВМКБ ва дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ворид гардида, дар шароитҳои гуногуни агроэкологӣ (Душанбе, 840 м, Данғара, 650 м, минтақаи Зиддии ноҳияи Варзоб, 2300 м аз сатҳи баҳр баланд) омўхта шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АМИТ дони гандуми навъҳои Истаравшан, Карснодарская-99 ва ҷави Ченад -345-ро бо элементи радиоактивии Сезий-137 коркард намуда, дар қитъаи илмӣ-таҷрибавии Институт кишт гашта, натиҷаҳои арзишманд ба даст оварда шуданд.
Мушоҳидаҳои фенологӣ оид ба омӯзиши рушд, афзоиш, нишондиҳандаҳои биометрӣ ва ҳосилнокии 42 намунаи сабзавот ва зироатҳои полезӣ, аз ҷумла 24 намунаи селексияи хориҷӣ ва 18 намунаи селексияи Тоҷикистон ва ИДМ гузаронида шуданд. Навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзӣ барои муайян намудани мавҷудияти организмҳои тағйирдодашудаи генетикӣ (ОТГ) ташхис карда шуданд ва дар қитъаи таҷрибавии Институт парвариш карда мешаванд.
Олимон дар қаторкўҳи Ҳазратишоҳ аввалин маротиба 5 намуди шапалакҳои гуногун ошкор карда шуд. Фаунаи шапалакҳои водии дарёи Оби Мазор таҳқиқ карда шуд. Маълум карда шуд, ки дар ин водӣ 50 намуди шапалаки рўзгард, ки ба 5 оила мансуб мебошанд, вомехўранд. Барои фаунаи Тоҷикистон як намуди нави шапалак, ки ба оилаи нимфалидҳо мансуб мебошад, ошкор карда шуд. Дар биотопҳои гуногуни иборат аз юған ва намудҳои гуногуни камол бори аввал душманони табиии момохолаки ҳафтхол - канаи сурхи даранда ошкор карда шуд. Муқаррар карда шуд, ки дар шароити табиӣ ва лабораторӣ ин намуди кана дар як шабонарўз аз 1 то 2 фарди момохолаки ҳафтхолро нобуд месозад. Дар боғи анори ш. Норак дар майдони 20 га маводи микробиологии дар асоси бактерияҳои Bacillus thuringiensis бар зидди ҳашароти зараррасони оташаки анор истифода бурда шуд, ки самаранокии он 92 - 98%-ро ташкил дод.Тибқи мушоҳидаҳои бисьёрсола собит гардид, ки солҳои охир аз сабаби тағйирёбии иқлим давраи аввали инкишофи малах ба моҳҳои феврал ва март рост меояд.
Олимон–зоологҳои АМИТ дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкатҳои шикорӣ баҳисобгирии саршумори бузи пармашох (морхўр) ва гўсфанди кўҳии бухороӣ (уриал) гузаронида шуд. Дар маҷмўъ 5086 сар бузи пармашох ва 2792 сар гўсфанди кўҳии бухороӣ (уриал) ба қайд гирифта шуд.Муайян карда шуд, ки зичии миёнаи популятсияи сангпушти осиёимиёнагӣ дар қаторкӯҳи Қаротови Панҷ 34.42 фард/га-ро ташкил медиҳад. Барои табобати ҳайвоноти гирифтор ба касалии тейлериоз (чорвои калони шохдор) доруҳои зиддипротозоии ДАТС ва Бутачем-50, Трипонил супер истифода карда шуданд. Самаранокии доруи ДАТС 85% ва аз Бутачем, Трипонил супер ба 100%-ро ташкил дод.
Новобаста аз дастовардҳо дар самти мубориза ва элиминатсияи бемории вараҷа, хатари аз нав барқароршавии он дар ҷумҳурӣ, хусусан дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳанўз ҳам баланд арзёбӣ карда мешавад. Таҳқиқотҳо дар шохобҳои дарёҳои Вахш, Ҳакимӣ ва Муҷахарв гузаронида шуда собит намуданд, ки дар ин дарёҳо танҳо намудҳои моҳиҳои реофилӣ - ширмоҳии муқаррарӣ, савғанмоҳии самарқандӣ, лаққачаи туркистонӣ ва мормоҳии тибетӣ вомехӯранд.
Таҳқиқотҳо оид ба таъсири омилҳои экологии баландкӯҳ ба ҷараёни расиш, ҳосилнокӣ, хусусиятҳои физиологию биохимиявӣ ва морфогенентикии растаниҳое, ки дар баландиҳои гуногуни Помири Ғарбӣ нашъунамо мекунанд, гузаронида шуданд. Дар барги растании гандуми навъи Бобилло дар баландии 2320 м аз сатҳ баҳр дар давраи панҷаронӣ дар хроматограммаҳо 4 зона муайян карда шуд, ки расиши майсаҳои гандумро дар биотест ба танзим медароранд. Масоҳати барги навъҳои гибридии помидор дар шароити гармхонаҳои геотермалӣ дар давраи гулкунӣ муайян карда шуд. Ҳосилнокии нисбатан баланд аз помидори навъи Магнетик ба даст оварда шуд, ки он ба 1.3 кг аз як растанӣ баробар буд..
Таҳқиқотҳо нишон доданд, ки дар байни анвои мевадиҳандаи ёбоии Бадахшони Кўҳӣ навъҳои дарахтоне нодире вомехўранд, ки аз дигар навъҳои минтақа фарқ мекунанд. Масалан, дар деҳаи Нисури водии Бартанг дар баландии 2600 м аз сатҳи баҳр себи дуҳосила вомехўрад. Дар ноҳияҳои Ванҷ ва Шуғнон шакли чормағзи юнонӣ ба қайд гирифта шуд, ки бо тарзи меваи хўшамонанд дошта, дар як хўша аз 8 то 20 дона мева дорад. Аз рўйи чунин хусусият аҳолии маҳаллӣ онро ангурчормағз меноманд. Дар рафти таҳқиқот маълум карда шуд, ки дар ҳудуди ВМКБ зиёда аз 350 намуди растаниҳои эндемикӣ вомехўранд. Дар шароити Боғи набототи Помир 30 намуд, зиёда аз 100 навъи растаниҳои гулдору ороишӣ, ки ба 20 оила тааллуқ доранд, омӯхта шуданд. Дар парваришгоҳи санҷишӣ баҳогузории ниҳоии 10 навъ ва дурагаи картошкаҳои пайдоишашон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ гуногун гузаронида шуд. Бо мақсади омӯзиши касалии зангзании гандум барои таҳқиқот 9 навъи гуногуни гандумҳои маҳаллӣ истифода бурда шуданд. Собит гардид, ки намнокии зиёди мавсими тирамоҳу тобистон осеббинии гандумро аз замбурўғи зангаи зард ва хокистарранг аз 52 то 78% зиёд менамояд. Дар қитъаҳои таҷрибавии Маркази инноватсионии биологӣ ва тиббӣ барои зиёд намудани тухмиҳои навъҳои гуногуни гандум, аз ҷумла навъҳои Сомонӣ, Ормон, Ориён, Фалғар, Лалмикор-1, ИЗ-80, Сурхаки Бадахшонӣ, Безостая, Старшина, Юбиленая, Ласточка линияҳои изогении “АНК-17В”, “АНК-26А”, “Н-67” ва “Суперпшениса” кишт карда шуданд.
Бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати кишвар кормандони Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе) аз 15 то 17 майи соли 2021 бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин аксбардории фазоии мавзеъҳои аз офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вахши вилояти Хатлонро гузарониданд, ки онҳо хело зарур ва арзишманд ба шумор мераванд.
Картошкаи навъҳои Тоҷикистон, Файзобод ва Рашт, ки маҳсули селексияи Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ мебошанд дар майдони 12 га дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар баландии 2100 метр аз сатҳи баҳр ва дар қаламрави Бадахшони Афғонистон дар масоҳати 25 га кишт карда шуд шуд. Ҳосилноки картошкаи навъҳои Тоҷикистон, Файзобод ва Рашт дар қаламрави Бадахшони Афғонистон 37 т/га-ро ташкил дод.
Олимони Институти иологии Помир барои хоҷагиҳои деҳқонӣ 3.1 т тухмии навъи гандуми тирамоҳии Блудон, 1.5 т навъи Пандакӣ, 1.2 т навъи Садираси сафедхўша, 1.0 т навъи Сафедаки ишкошимӣ, 4.4 т лўндаҳои тухмии навъҳои картошкаи Наврўзӣ пешкаш намуданд. Барои боғпарварон ва сабзавоткорон беш аз 70 000 адад ҳашароти габрабракон, 10000 адад тиллочашмак парвариш карда шуда, дар майдонҳои кишти сабзавот ва боғҳои ноҳияҳои Шуғнон, Роштқаъла, ҳудуди Боғи ботаникии Помир, дар парваришгоҳи Варсушчдашт сар дода шуданд, ки онҳо аҳамияти илмӣ ва амалиро доро мебошанд.
Дар маҷлис қайд гардид, ки то 1 декабри соли 2021 дар 6 муассисаи илмии зертобеи Шуъба дар маҷмўъ 345 корманд, аз ҷумла 23 нафар докторони илм, 63 нафар номзадҳои илм фаъолият менамоянд.Ба аъзои Шуъба 4 нафар академикҳо ва 10 нафар узви вобаста шомил мебошанд. Дар муассисаҳои илмии зертобеи Шуъба 24 нафар аспирант, 26 нафар магистрант ва 10 нафар доктор аз рўи ихтисос (РhD) таҳсил мекунанд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби олимони муассисаҳои илмии зертобеи Шуъба 9 монография, 3 китоб, зиёда аз 305 корҳои илмӣ, аз ҷумла 14 мақола дар маҷаллаҳои хориҷи кишвар, 115 фишурдаи маърўзаҳо дар конференсияҳо ва семинарҳо, 1 атлас, 1 тавсиянома, 2 дастурамал, 1 биобиблиографияи илмӣ, 1 брошюра ва беш аз 90 мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ба нашр расонида шуданд.
Дар маҷлиси ҳисоботии олимон-биологҳои тоҷик барои рушди минбаъдаи таҳқиқотҳо чунин самтҳои афзалятнои илмиро ба нақша гирифтанд: равона намудани нерўи илмии муассисаҳои илмии зертобеи Шуъба барои татбиқи ҳадафҳои стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар; ба роҳ мондани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омўзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба гуногунии биологӣ, экосистемаҳо, захираҳои табиӣ ва зироатҳои кишоварзӣ; татбиқи технологияҳои инноватсионӣ барои ихтироъ намудани навъҳои серҳосил ва ба шароитҳои маҳал ва иқлим тобовари зироатҳои кишоварзӣ; мукаммал гардонидани татбиқи усули интегратсионии мубориза бар зидди зараррасонҳои зироатҳои кишоварзӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ; тақвият бахшидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба омўзиши маводи фаъоли биологӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ ҷиҳати татбиқи амалии онҳо дар саноати дорусозии кишвар; тақвият бахшидани корҳои илмӣ-озмоишӣ оид ба муайян намудани организмҳои аз лиҳози генетикӣ тағйир дода шуда (ГМО) дар таркиби маводи ғизоӣ, тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва дигар маводи биологӣ; тайёр намудани мутахассисон аз рўи ихтисосҳои “вирусология” ва “эпидемиология” дар зинаҳои магистратура, доктор аз рўи ихтисос (PhD) ва тавассути бозомўзӣ дар хориҷи кишвар; таъсиси шўрои диссертатсионӣ дар назди Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ аз рўи ихтисосҳои “Экология” ва “Генетика” ва ғайраҳо.
Ҳамин тариқ, маҷлиси солонаи Шуъбаи илмҳои биологияи АМИТ нишон дод, ки дастовардҳои олимон-биологҳои тоҷик назаррас буда, минбаъд олимон кушиш ба харҷ медиҳанд, ки дар рушди иқтисодиёти кишвар ва таъмини амнияти озўқаворӣ саҳмгузор бошанд.
Қурбоналӣ ПАРТОЕВ – мудири озмоишгоҳи генетика ва селексияи
Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ,
доктори илмҳои кишоварзӣ, аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон