Олиҷанобон, муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Шуморо ба Тоҷикистон, ки нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ мекунад, самимона хайрамақдам мегӯям.
Ин Конфронс қадами муҳим дар самти татбиқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад.
(гузориши ихтисосрӣ аз ҷараёни баргузории маҳфили илмӣ таҳти унвони “Ҷойгоҳи антропология дар системаи илмҳо” ба ифтихори 50-солагии фаъолияти илмию эҷодии доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)
Гузаронидани маҳфилу нишастҳои илмию фарҳангӣ ва мубоҳисоти фалсафӣ дар марказ ва пажуҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромадааст ва чанд соли ахир дар Раёсати АМИТ Маҳфили илмии “Хирад” таъсис ёфта, дар доираи он бо ҳузури донишмандону муҳаққиқон, магистрону коршиносону донишҷӯён силсиласуҳбату гузоришҳои хуби илмӣ ироа мегарданд.
(бардоштҳо аз китоби Марк Закари Тейлор зери унвони “Сиёсатгузориҳои навоварӣ: чаро дар илму технология баъзе кишварҳо аз дигарон беҳтаранд”)
Дар доираи омӯзиши масоили рушди иқтисодӣ, пештар чанд маводи илмиеро мавриди таҳлил қарор дода будем, ки ҳар яке ба кулбори дониш оид ба ин мавзуъ назари наве ворид мекард. Дар ҷустори "Нақши шуури ҷамъиятӣ дар рушду ақибмондагии миллатҳо" (ниг: gundishopur.tj/blogs/меҳр-собириён/Мақолаи%20илмӣ/na-shi-shuuri-amiyat-dar-rushdu-a-ibmondagii-millat-o) андешаҳои табиб ва равоншиноси фаронсавӣ Гюстав Лебон, аз китоби ӯ зери унвони “Равоншиносии миллатҳо ва тӯдаҳо” мавриди муҳокима қарор гирифта буд. Гюстав Лебон мегӯяд, ки тақдири миллатҳоро ниҳодҳои мавҷудаи он не, балки рӯҳияи он ҳал мекунад, ки ин рӯҳия ё худ зеҳнияту равони миллӣ дар заминаи фарҳангу суннатҳои муайян ташаккул меёбад. Яъне фарҳанг аст, ки ҳама чиро заминагузорӣ мекунад ва агар ислоҳоти лозимӣ ба фарҳанги як миллат ворид нагардад, нусхабардории сиёсатҳову ниҳодҳои кишварҳои пешрафта дар як кишвари ақибмонда чизеро иваз нахоҳад кард. Баъдан назари олимони амрикоӣ Дарон Осимоғлу ва Ҷеймс Робинсон дар мақолаи "Дар ҷустуҷӯи омилҳои рушд" (ниг: gundishopur.tj/blogs/меҳр-собириён/Тақриз/dar-ustu-i-omil-oi-rushd) баррасӣ карда шуд, ки дар китоби онҳо зери унвони “Чаро миллатҳо шикаст мехӯранд: решаҳои қудрат, шукуфоӣ ва фақр” оварда шудаанд (ин китоб соли 2024 ҷоизаи Нобел дар иқтисодро соҳиб гардид). Хулосаи муаллифони китоби мазкур ин аст, ки омили асосии рушд ё ақибмондагии кишварҳо, ниҳодҳои бароҳмондаи онҳо мебошанд ва ин ниҳодҳо ҳастанд, ки кишварҳои муайянро ба як пайроҳае ворид месозанд, ки ояндаи онҳо ва ҷойгоҳи онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ муайян месозанд. Агар раҳбарон дар як кишвар ниҳодҳои фарогир (inclusive) ба роҳ монда тавонанд, кишвар бо суръат рушд намуда ба зинаҳои баланди рушди иқтисодиву иҷтимоӣ мерасад, вале агар дунболи манфиати шахсии худу атрофиён гашта, ниҳодҳои истихроҷӣ (extractive) ба роҳ монанд, кишвар аз вартаи фақру ақибмондагӣ ҳаргиз берун нахоҳад шуд.
(мулоҳизоте куллӣ дар ҳошияи ҷашни мелоди файласуфи инсоншинос, устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ)
29 май дар тақвими мо-ихлосмандону ҳампешагону дӯстону шогирдон ба унвони ҷашни мелоди яке аз фидоиёни илми ватанӣ, инсоншиноси варзидаи миллӣ, поягузори антропологияи тоҷик устод Муҳаммадалӣ Музаффарӣ (мутаваллиди соли 1947) махсус қайд шудааст. Қаблан устодро ба ин ҷашни фархунда шодбош мегӯем ва барояш саломатӣ, тандурустии доимӣ, хушҳолии ҳамарӯзӣ, умрдарозӣ, комёбиҳои илмию эҷодӣ ва мунтаҳо, беҳтарин таманниёти инсониро арз медорем. Чун дар рӯзи мелоди устод Музаффарӣ қарор дорем, ногузир чанд ҷумлае атрофи ошноиамон бо ин устоди забардасти илму фалсафаи ватанӣ ироа мекунем.