JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Ноябри 2023 11:43

«Фитониринг» — самти дурнамои гиёҳдармонии пурсамар

Муаллиф: Сагдиева Ш.С., Шарофова М.У., Самиева Ш.Ш., Ҳоҷибоева Л.Т., Миршоҳӣ М.

   Шинохти истилоҳи «фитониринг» дар шароити муосир пайваста бештар мешавад ва мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии ҳам донишмандони соҳаи фармакология ва фармакогнозия, ҳам мутахассисони соҳаи пизишкии амалӣ қарор мегирад.

  Маълум аст, ки таҷрибаи истифодаи гиёҳҳои шифобахш ва ғизоӣ барои дармони бисёре аз бемориҳо дорои таърихи чандҳазорсола аст. Даҳҳо асар аз давраҳои куҳан то ба асри мо расидааст, ки дар бораи истифодаи маҳсулоти дорувории табиӣ иттилоъ дода, бахши асосии онҳоро гиёҳҳои шифобахш ташкил медиҳанд. Дар Ховарзамин ва саросари ҷаҳон дар баробари осори Ҳиппократ, Диоскорид ва бисёре дигар аз донишмандони аҳди бостон, дар муддати садсолаҳо аз осор ва рисолаҳои камназир ва пурарзиши хамватанони шухратманди мо – Абуалӣ ибни Сино, Муҳаммад Закариёи Розӣ, Абумансури Муваффақ ва бисёре дигарон истифода шудааст [1,2].

  Дар пайи пешрафти босуръати ҳама самтҳои илми классикӣ, аз ҷумла соҳаҳои гуногуни кимиё, ки дар натиҷаи инқилоби илмии асрҳои XVI-XVII сурат гирифт, батадриҷ дар соҳаи пизишкии амалӣ истифода аз доруҳои маснуӣ (синтетикӣ) бар истифода аз доруҳои табиӣ бартарӣ пайдо кард.

  Бегумон, нақши муҳимми доруҳои маснуиро дар дармон ва шифо аз бисёр бемориҳо ба ҳеч ваҷҳ набояд кам донист. Бавижа, аз нуфуз ва ҷои антибиотикҳо дар ҳифзи зиндагии миллионҳо одам наметавон сарфи назар кард. Дар баробари ин, пеш омадани ҳолатҳое монанди таъсири фаровони ҷонибӣ, масрафи беш аз андозаи таъйиншуда, ятрогения ва вокунишҳои аллергикӣ, то ба ҳадди шоки анафилактикии ҳамроҳ бо пайомадҳои марговар ва чанде дигар бо истифодаи маводи доруии маснуӣ иртибот дорад. Бино ба омори солҳои охир, дар ҳолатҳои коморбидии беморон, бештар полипрагмазияи беасос, яъне таъйини ҳамзамони шумори бисёри доруҳои гуногун, ки боиси коҳиши самарнокии дорудармонӣ (фармакотерапия) ва гоҳе сабаби зарари ҷиддӣ дидани саломатӣ мегардад, ҷо дорад. Масъалаи ҷиддии дигари солҳои охирро рушди муқовимати антибиотикҳо дар микроорганизмҳо пеш овардааст, ки боис шудааст антибиотикҳои қавӣ ва ҳатто омехтаи онҳо наметавонанд бемориҳоеро, ки аз микроорганизмҳои тобовар ба вуҷуд меоянд, муолиҷа кунанд.

  Дар иртибот бо нуктаҳои гуфташуда, пизишкон ва беморони гирифтори патологияи музмин ҳар чӣ бештар ба доруҳои гиёҳӣ имтиёз ва бартарӣ медиҳанд. Андешаҳое низ ҷо доранд, ки гиёҳҳои шифобахше, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо истифода мешаванд, бехатар ва самарбахш ҳастанд [3].

  Мутаассифона, дар шароити муосир дар мавзуи самарнокӣ ва бехатарии рустаниҳои шифобахш ва ғизоӣ пажӯҳишҳои илмии кофӣ мавҷуд нест. Дар кишт ва парвариши сабзавоту меваҳои шифобахш мавридҳои истифодаи беназорат аз нуриҳои кимиёӣ, пеститсидҳо ва дигар доруҳои заҳрнок кам нест. Бисёре аз гиёҳҳои шифобахш, ки дар навиштаҳои донишмандони гузашта тавсиф шудааст, имрӯз дар натиҷаи тағйири навъи худ ва эҳтимолан, бар асари таҳаввулоти бисёрсолаи муҳити зист, иқлим, омилҳои антропогенӣ ва ғайра вижагиҳои физикӣ, кимиёӣ ва шифоии худро тағйир дода ва ё тамоман аз миён рафтаанд. Бояд бар аҳаммияти афзори танзимкунанда дар захираи гиёҳҳои шифобахш (шароити ҷамъоварӣ, хушк кардан, нигоҳдорӣ ва фурӯши онҳо) ва ҳамчунин, таъсиси мақомоти назораткунанда, ки сифати маҳсулоти дорувории табииро бозрасӣ мекунанд, таъкид намуд. Дар ин росто, шумори мутахассисони соҳаи тиб, ки ба зарурати ривоҷи «фитониринг» таваҷҷуҳ доранд, рӯ ба афзоиш аст.

  Худи истилоҳи “фитониринг” чӣ маъно дорад?

  Назарияи «фитониринг» ба пайванди амиқи неруи табиат, яъне тавоноии шифобахшии рустаниҳо бо дастовардҳои илмии муосир дар истеҳсоли доруҳои самарбахш ва табиӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногуни тиб ихтисос меёбад. Истилоҳи мазкур аз ду вожаи зерин таркиб ёфтааст: «фитос» – рустанӣ ва «инжениринг» – истилоҳе, ки бархурди илмиро ба тамоми раванди истеҳсоли маводи доруворӣ дар назар дорад [4].

  Самти мазкурро бори нахуст ширкати олмонии “Бионорика” пешниҳод намуд ва дар солҳои охир доруҳое, ки дар асоси гиёҳҳои шифобахш дар озмоишгоҳҳои он ширкат таҳия шудаанд, ба меъёрҳои баланди сифат ҷавобгӯ мебошанд [4,5].

  «Фитониринг» ба унвони технологияи нодири таҳияи доруҳои гиёҳӣ, ки самарнокии он собит шудааст, бар чӣ асос меёбад?

  Марҳалаи нахустинро ҳосил намудани маводи хоми баландсифат ташкил медиҳад. Ҳудуди 90% истеҳсолкунандагони доруҳои гиёҳӣ аз гиёҳҳои шифобахши худрӯй истифода мекунанд. Вижагии мусбати рустаниҳои худрӯй, бешубҳа, дар табиӣ будани онҳост. Аммо набудани кафолате барои вуҷуди собити аҷзои фаъол дар навбатҳои гуногуни маводи хоми ҷамъоваришуда, гуногунии навъҳо, хусусиятҳои хокҳо ва минтақаҳои рӯидани онҳо, шароити иқлим, замони ҷамъоварӣ, шароити хушконидан, интиқол, нигоҳдорӣ, равандҳои истеҳсол ва бисёре дигар аз омилҳо ба маҳсулоти ниҳоии доруҳои гиёҳӣ таъсири қобили мулоҳиза мегузоранд. Бояд таъкид кард, барои барқарор шудани захираҳои рустаниҳои худрӯй низ кафолате вуҷуд надорад, зеро гиёҳҳои шифобахше, ки дар давраи муғчабандӣ ва шукуфтан ҷамъоварӣ мешаванд, то тухмбандӣ намерасанд ва ин ҳол батадриҷ сабаби коҳиши захираҳои гиёҳҳои шифобахш мегардад [6-8].

  Бино ба назарияи «фитониринг», парвариши гиёҳҳое, ки таркибашон ба гунаи бетағйир дорои моддаҳои фаъол аст, пешбинӣ мегардад, ки асоси истеҳсоли доруҳои хушсифат ва самарнокии дармонро ташкил медиҳад. Дар минтақаҳои аз ҷиҳати шароити зистмуҳитӣ (экологӣ) муносиб тухмиҳое кошта мешавад, ки бар асоси навъ, қобили зиндагӣ будан, таркиби покиза ва дорои унсурҳои фаъол интихоб шудаанд. Шароити парвариш, замони кишт, обёрӣ ва ҳифзи рустаниҳо ба сурати ҷиддӣ назорат мегардад.

  Ҳамаи марҳалаҳои кор, аз ҷумла ҷамъоварии ҳосил, бо таваҷҷуҳ ба  сабзиши рустаниҳо, коркарди пас аз ҷамъоварӣ, хушк ва покиза кардан ва нигоҳдории маводи хоми он бо истифода аз фанноварии навин анҷом мешавад, ки саранҷом таркиби ҳамгун, таъсир, сифат ва натиҷаи матлуби доруҳои гиёҳиро таъмин мекунад [6-8].

  Фанновариҳои пешрафтае, ки ширкатҳо аз онҳо дар истифодаи назарияи “фитониринг” ба кор мебаранд, дар раванди истихроҷи моддаҳои фаъоли мавҷуд дар маводи хоми гиёҳҳо, ки ба меъёрҳои GMP (Good Manufacturing Practice) ҷавобгӯ ҳастанд, дорои аҳаммияти хос мебошанд.

  Ширкати олмонии «Bionorica», ки пешкори назарияи «фитониринг» аст, барои парвариши маводи хоми гиёҳии хушсифат аз минтақаҳои аз ҷиҳати зистмуҳитӣ покизаи кишварҳои мухталифи Аврупо ва Осиё истифода мебарад. Омӯзиши муфассали хосиятҳои рустаниҳои шифобахш ва таъсири мутақобили онҳо бо дигар унсурҳои гиёҳӣ ба гунаи пайваста баргузор мешавад [6-8].

  Ба ҳамин тариқ, «фитониринг»-ро метавон намунаи нодири фанноварӣ дар таҳияи доруҳои гиёҳии хушсифат ва дорои самарнокии собитшуда донист, ки ба меъёрҳои GMP комилан посухгӯ буда, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

  Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои минтақаҳои нодир ва аз ҷиҳати зистмуҳитӣ покизаи кӯҳӣ ва шароити мусоиди табиию иқлимӣ аст. Чунин ба зеҳн мерасад, ки дар кишвари мо барои омода намудани майдонҳои кишт ва таҳияи маводи хоми доруии хушсифат имкон фароҳам аст. Бешубҳа, равандҳои истеҳсоли доруҳои босифат бо истифода аз фанновариҳои «фитониринг» ниёз ба давраи тӯлонии омодагӣ ва сармоягузориҳои калон дорад. Дар баробари ин, омӯхтани таҷрибаи арзишманд ба манзури корбурди баъдӣ дар ҳама марҳалаҳои истеҳсоли доруҳои муфид ва хушсифати ватанӣ дар оянда бисёр умедбахш ба назар мерасад.

 

Сагдиева Ш.С., Шарофова М.У., Самиева Ш.Ш., Ҳоҷибоева Л.Т., Миршоҳӣ М

1 Муассисаи давлатии «Маркази тадқиқоти технологияҳои инноватсионии

 Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон». Озмоишгоҳи дорусозӣ ва пизишкии таҷрибӣ.

2 ҶДММ «Институти тибби Авитсенна ва фармакология», Тоҷикистон

Феҳристи манобеъ

  1. Нуралиев Ю. Н. Медицина эпохи Авиценны. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 190 с.
  2. Нуралиев Ю. Н. Медицинская система Ибн Сины (Авиценны). Душанбе: Дониш; 2005. – 300 с.
  3. Пронченко Г. Е. Растения - источники лекарств и БАД / Г.Е. Пронченко, В.В. Вандышев. – Москва: ГЭОТАР-Медиа, 2016. – 209 с.
  4. Матвеева В. Фитомедицина – путь к здоровью, фитониринг – будущее фитотерапии // Еженедельник АПТЕКА. – 2002. – №. 41. – С. 4-5.
  5. Лекарственные растения: [Электронный ресурс] // Бионорика. – URL: https://bionorica.ua/zdorove/lekarstvennye-rastenija/.
  6. Симоновская Х. Ю., Легкий С. В. Педантичность+ забота= фитониринг // Педиатрия и неонатология. – 2019. – №. 2. – С. 59-65.
  7. Соколов С. Я. Фитотерапия и фитофармакология: Руководство для врачей. – Москва: Медицинское информационное агентство; 2000. – 976 c.
  8. Tsukanov A. I., Matveev E. V. Phytoneering in clinical practice // Consilium Medicum. – 2021. – Т. 23. – №. – С. 977-980.
Хондан 1432 маротиба