Печидаи квантӣ (Quantum entanglement) як падидаи физикӣ мебошад, ки дар он ҳолати квантии ду ё зиёда объектҳо ба ҳамдигар вобастагӣ пайдо мекунанд. Он ҳолате, ки бо як зарра дар ҷуфти печида рӯй медиҳад, бо дуюмин ба кадом дучор мешавад, ҳатто агар онҳо барои таъсир ба ҳамдигар хеле дур бошанд ҳам, муайян мекунад. Моҳияти ин аз он иборат аст, ки ченкунии ягон параметри як зарра бо гирифтани маълумот дар бораи ҳолати зарраи дигар фавран (бештар аз суръати рушноӣ) ҷараён мегирад. Назария солҳои 30-уми асри ХХ ба вуҷуд омада, физикдони барҷаста А.Эйнштейнро дар ҳайрат монда буд, вале бо гузашти вақт исбот шуд, ки – назария комилан дуруст аст. Бо сухани оддӣ баён кунем – ду заррачаи “печида”-ро агар ба дилхоҳ масофа аз ҳамдигар дар канор гирем (ҳатто ба 2 тарафи галактика низ), пас агар якеро тағйир диҳем, оид ба тағйир ёфтани дуюмин ҳамоно маълумот ҳосил кардан мумкин аст. Ҳолати мазкур умуман гирем дар назари оддӣ мувофиқи назарияи нисбияти А.Эйнштейн набуд, зеро тибқи ин назария суръати таъсирот ё мубодили иттилоот аз сурати рушноӣ (300 000 км/с) бештар буда наметавонад. Вале назарияи печидаи квантӣ исбот мекунад, ки масалан 2 заррачаи “печида” новобаста аз он, ки аз ҳамдигар дар кадом масофа мебошанд, алоқамандии фаврӣ доранд. Соли 2022 ҷоизаи Нобел аз физика маҳз барои далелҳои таҷрибавии назарияи печидаи квантӣ дода шудааст.