JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи АБНА – EVT1705868 RER7011 TC, барои омӯзиши экологияи муҳити зист, ва сифати ҳаво бо назардошти таҳқиқоти аэрозоли андозаашон то 2.5 мкм (РM2.5) дар ҳамкорӣ бо – Маркази байналмилалии Австрия (Вена) ва 16 кишвари Созмони Аврупо аз соли 2013 инҷониб: Маркази миллии тадқиқотҳои илмии “Демокритос” Юнон; Институти физикаи ядроии амалии Донишгоҳи Тирана (Албания); Донишкадаи ҷумҳуриявии гидрометеорологии Босния ва Ҳерсеговина; Институти миллии метеорология ва гидрологияи Академияи илмҳои Булғория, (София); Вазорати муҳити зист, банақшагирии ҷисмонӣ ва сохтмон, Загреб (Хорватия); Институти тадқиқоти тиббӣ ва ҳифзи меҳнати Загреб, (Хорватия); Институти Кипр (Никосия); Институти таҳқиқоти ядроии Маҷористон; Агентии ҳифзи муҳити зисти Вилнюс (Литва); Агентии ҳифзи муҳити зисти (EPA) Вазорати рушди устувор ва сайёҳии Монтенегро; Вазорати муҳити зист ва банақшагирии ҷисмонӣ Македонияи Шимолӣ; Факултети физика ва информатикаи компютерии Донишгоҳи илм ва технологияи Краков, Лаҳистон; Кампуси технологияи ядроии Лиссабон, Португалия; Агентии экологии Ҷумҳурии Молдова; Агентии миллии ҳифзи муҳити зисти Бухарест, Руминия; Институти илмҳои атомии Сербия, Белград; Институти Джозеф Стефан, Любляна, Словения ва Маркази миллии ҳастаи Қазоқистон (ш.Курчатов) идома дорад.
Панҷшанбе, 29 Апрели 2021 04:20

Рӯзи умумиҷаҳонии квантӣ (World Quantum Day)

Муаллиф:
Ҳамасола санаи 14 апрел дар кишвар Рӯзи илми тоҷик таҷлил мешавад ва вобаста ба ин махсусан дар муассисаҳои илмӣ ва таълими кишвар чорабиниҳои васеи илмӣ ва маърифатӣ баргузор мегарданд. Дар ҷаҳони муосир, ки рушди иқтисодӣ ва нуфузи стратегии кишварҳо маҳз дар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти муосири илмӣ бештар вобастаанд, рушди илм ҳаммаънои рушди кишварҳо гаштааст.
Дар мақола оиди нақши гидроэнергетика дар саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маълумот оварда шудааст. Аз маълумоти таърихӣ ва рақамӣ, ки оиди неругоҳҳои электрӣ-обии Тоҷикистон оварда шудаанд, омӯзгорони мактабҳои олӣ ва миёна бо мақсадҳои таълимӣ ва тарбиявӣ истифода бурда метавонанд.