JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Агар инсон аз рӯзи пайдоиш ба муҳити атроф таъсири бевосита дошта бошад ҳам, вале таъсироте, ки боиси дигаргунии ҳолати табиат ва вайроншавии равандҳои табиӣ мегарданд, пас аз асри XVIII, яъне баробар бо инқилоби саноатӣ рӯйи кор омаданд. Бо рушди бемайлони илму техника ва қонеъгардонии талаботи инсон доираи ин таъсирот хеле доман густурда, тамоми кураи арз ва ҳатто фазои кайҳонии атрофи сайёраро низ фаро гирифтааст. Ҳамзамон, ин таъсирот бархе аз раванду ҳаводиси табииро чунон дигаргуна сохтааст, ки барқарор намудани онҳо ғайриимкон мебошад. Ва маҳз натиҷаи фаъолияти худи инсон аст, ки имрӯз ҳаёти ӯро хатароти экологие, чун гармшавии глобалӣ, ифлосшавии уқёнуси ҷаҳонӣ, вайроншавии қабати озонӣ, олудашавии ҳавои атмосфера, ифлосшавии хок ва коҳишёбии гуногунии биологӣ таҳдид менамоянд.
 Ба саволи «барои чӣ ҷисмҳо ба Замин меафтанд?», одамон аз замонҳои қадим ҷавоб меҷустанд. Дарвоқеъ ҳангоми аз даст раҳо шудани санг ва ё чизи дигар вай ҳамоно ба поён ба сӯи замин ҳаракат менамояд (меафтад). Барои чӣ? Ба ин савол аввалин шуда физики бузурги англис Исаак Нютон (1642-1727) ҷавоби дуруст додааст. Мувофики маълумоти мавҷуда [1] Нютон соли 1666 дар синни 24 солагӣ ба кашфи қонуни ҷозиба муваффақ шудааст. Бинобар он солҳо он қадар дақиқ набудани масофаи Замин ва Моҳ, то дастрас шудани маълумоти дақиқ чопи натиҷаҳои худро мавқуф гузоштааст. Ҳамин тавр, пас аз ба даст овардани натиҷаҳои боварибахш, пас аз 16 сол (1682) ин натиҷаҳоро ба чоп расонидааст. Ба ҳар ҳол ҳоло зиёда аз 300 сол мешавад, ки ин қувваи универсалии табиат ошкор ва қонуни ҷозиба муқаррар карда шудааст. Ин кашфиёти беназир дар таърихи башарият ба ҳисоб меравад.
Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд.Боварии комил дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.