Нютон исбот намудааст, ки сабаби ба Замин афтидани санги ҳавододашуда ин қувваи ҷозиба мебошад. Гардиши Моҳ дар гирди Замин ва гардиши Замин дар гирди Офтоб низ зери таъсири қувваи ҷозиба рух медиҳад. Яъне, ҳама гуна ҷисмҳои дар масофа воқеъбуда бо ҳамдигар ҷазб мешаванд. Ин қувваро қувваи ҷозиба меноманд.
Бояд зикр намуд, ки дар физикаи муосир, алҳол, чор навъи боҳамтаъсирро қувваҳои асосӣ (фундаменталӣ) меноманд. Боҳамтаъсири гравитатсионӣ (ҷозибавӣ), электромагнитӣ, ядровӣ (зӯр) ва суст [2]. Дар ин мақола танҳо оиди боҳамтаъсирии гравитатсионӣ (қувваи ҷозиба) сухан мекунем.
Қувваи ҷозиба дар байни қувваҳои асосии табиат дар мақоми аввал ҷойгир мебошад. Зеро, дар физика олимон ба дарки вуҷуд доштани ин қувва ва муқаррар кардани қонуни он (қонуни ҷозибаи умумиҷаҳонӣ) қабл аз кашфи дигар қувваҳои асосии табиат расидаанд. Аз тарафи дигар, қувваи ҷозиба дар байни қувваҳои асосии табиат фарогиртар аз ҳама дар коинот мебошад. Яъне таъсири қувваи ҷозиба дар байни зарраҳои элементарӣ масалан, ду электрони дар масофа воқеъбуда, дар байни ҷирмҳои осмонӣ, масалан, ситора ва сайёраҳо ва дар байни галактиҳо амал мекунад. Ҳамин тавр, қувваи ҷозиба тамоми коиноти нопайдоканорро фаро гирифтааст. Курашакл будани ҷирмҳои осмонӣ (ситораҳо, сайёраҳо, радифи сайёраҳо) ҳамчун натиҷаи таъсири қувваи ҷозиба шарҳ дода мешавад. Устувории низоми офтобӣ низ ба таъсири мутақобилаи Офтоб ва сайёраҳои вай фаҳмонида мешавад [2, 3].
Бузургии қувваи ҷозибаи байни ду ҷисм ба ҳосили зарби массаи ҷисмҳо мутаносиби роста буда, ба квадрати масофаи байни марказҳояшон мутаносиби чаппа мебошад. Инро қонуни ҷозибаи умумиҷаҳони меноманд. Аввалин маротиба ба чунин хулосаи илмӣ олими бузурги англис Исаак Нютон расидааст...
Абдуалӣ АБДУМАНОНОВ
доктори илмҳои физика-математика,
профессор, мудири лабораторияи физикаи
Маркази илмии Хуҷанд,
Фирӯза АБДУМАНОНОВА
корманди Маркази илмии Хуҷанд
Барои муфассалтар мутолиа намудани мақола Шумо метавонед дар шакли pdf онро боргирӣ намоед: