JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 03 Июни 2021 07:33

Рушд ва омӯзиши илмҳои дақиқ

Муаллиф: Раҳимов Фируз Акбарович

  Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеяи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд.Боварии комил дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.

  Дар ин самт бояд таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор додаанд. Чигунае, ки Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф санаи 18 марти соли 2020 таъкид намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад». Барои бештар ҷалби наврасон ва ҷавонон аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон карда шуд. Барои омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» эълон карда шуд. Бинобар ин ба Вазоратҳои молия, маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва вазорату кумитаҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд.Вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мавриди амалӣ намудани қарори зикршуда ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.Ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи корҳо ба Ҳукумати мамлакат гузориш диҳанд.

  Бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад. Ҳамчунин, охири соли гузашта барои олимону омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷоизаи махсуси давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳар сол 15 нафар беҳтаринҳо метавонанд соҳиби он гарданд. Бо назардошти пешрафти рӯзафзуни илму техника дар ҷомеаи муосир раванди дигари ислоҳоти соҳаи илму маорифро аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, вусъат додани раванди ихтироъкориву навоварӣ дар ҷодаи илмҳои дақиқ, азхудкунии технологияи инноватсионӣ ва ҷорӣ кардани онҳо дар истеҳсолот, пайваста омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва рушди тафаккури техникии ҷомеа, бахусус насли ҷавон, омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, мутобиқ кардани нақшаву барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори дохиливу ҷаҳонии меҳнат ва гузариш ба меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот, бо усулҳои инноватсионӣ ба роҳ мондани пажӯҳишҳои илмӣ, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои рушди неруи инсонӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ фарогир аст. Пас дар омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ чунин асроре ниҳон аст: аз худ кардани илмҳои дақиқ асоси рушди тафаккури мантиқии инсоният, устувор шудани ҳиссиёти ақлонию эҷодӣ, пайдо шудани қобилияти омӯзиш, зеҳни қавӣ, васеъ шудани ҷаҳонбинии илмӣ, қадами ҷиддӣ дар рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини рақобатпазирии кишвар дар арсаи ҷаҳон маҳсуб мешавад.

  Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як шабакаи нав "Илм ва табиат" таъсис дода шуд. Таъкид карда буданд, ки дар шабакаи мазкур таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, риёзӣ, техникӣ ва технологиро ба роҳ монда, бо ин мақсад омӯзгорони ботаҷриба ва донишмандони соҳаро ҷалб намоянд. Супориш дода шуд, ки дар барномаҳои ҳаррӯзаи ин шабака дастовардҳои илмӣ, ватанию ҷаҳонӣ ва ихтирооти инноватсионӣ бояд пайваста муаррифӣ гарданд. Мо олимон метавон ихтироъотҳо ва навовариҳои худро тавассути шабакаи "Илм ва табиат" пешкаши ҷомеа намоем. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки илми тоҷик давра ба давра ба пеш рафта истодааст. Барои амалӣ намудани нақшаҳои хеш мо олимон кӯшиш менамоем, ки тавсия ва пешниҳодҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро ба инобат гирифта, илмро рушд бидиҳем ва парчами илму маърифат, шукӯҳу шаҳомати илми  тоҷикро дар арафаи ҷашнгирии 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, баландтару баландтар бардорем. Мо шукрона мекунем, ки чунин сарзамини ободу сулҳу вахдат дорем.

Раҳимов Фируз Акбарович

н.и.т., ходими пешбари илмии

Муассисаи давлатии илмии «Маркази  таҳқиқоти технологияҳои инноватсиони»-и назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

Хондан 5782 маротиба