JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Майи 2021 08:39

Омӯзиши экологияи муҳити зист ва сифати ҳаво дар даврони истиқлолият  

Муаллиф: Абдуллаев Сабур Фузайлович

   Лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи АБНА – EVT1705868 RER7011 TC, барои омӯзиши экологияи муҳити зист, ва сифати ҳаво бо назардошти таҳқиқоти аэрозоли андозаашон то 2.5 мкм (РM2.5) дар ҳамкорӣ бо – Маркази байналмилалии Австрия (Вена) ва 16 кишвари Созмони Аврупо аз соли 2013 инҷониб: Маркази миллии тадқиқотҳои илмии “Демокритос” Юнон; Институти физикаи ядроии амалии Донишгоҳи Тирана (Албания); Донишкадаи ҷумҳуриявии гидрометеорологии Босния ва Ҳерсеговина; Институти миллии метеорология ва гидрологияи Академияи илмҳои Булғория, (София); Вазорати муҳити зист, банақшагирии ҷисмонӣ ва сохтмон, Загреб (Хорватия); Институти тадқиқоти тиббӣ ва ҳифзи меҳнати Загреб, (Хорватия); Институти Кипр (Никосия); Институти таҳқиқоти ядроии Маҷористон; Агентии ҳифзи муҳити зисти Вилнюс (Литва); Агентии ҳифзи муҳити зисти (EPA) Вазорати рушди устувор ва сайёҳии Монтенегро; Вазорати муҳити зист ва банақшагирии ҷисмонӣ Македонияи Шимолӣ; Факултети физика ва информатикаи компютерии Донишгоҳи илм ва технологияи Краков, Лаҳистон; Кампуси технологияи ядроии Лиссабон, Португалия; Агентии экологии Ҷумҳурии Молдова; Агентии миллии ҳифзи муҳити зисти Бухарест, Руминия; Институти илмҳои атомии Сербия, Белград; Институти Джозеф Стефан, Любляна, Словения ва Маркази миллии ҳастаи Қазоқистон (ш.Курчатов) идома дорад.

Дар доираи ин лоиҳа якчанд фишурдаи мақолаҳо нашр гаштанд, аз ҷумла:

  • M. Almeida, M. S. Abdullaev et all. Source apportionment of ambient particulate matter in 16 European and Asian urban areas//   European Aerosol Conference 2018
  • Kertész, L. Samek, E.Hristova, M. Radenkovic, Abdullaev et all. Elemental composition and sources of PM2.5 pollution in 16 European cities in 2014-15, 16th International Conference on Particle Induced X-ray Emission, 24-29 March, 2019, Caldas da Rahina, Portugal (https://i.pixe2019.org/event/1/)
  • M. Almeida, M. Manousakas, E. Diapouli, Z. Kertesz, S. Abdullaev et all. Ambient Particulate Matter Source Apportionment Using Receptor Modelling in 6 European and Asian Urban Areas, 7th Iberian Meeting on Aerosol Science and Technology, Lisboa, Portugal, 9-11 July.
  • Kertész, L. Samek, E.Hristova, M. Radenkovic, Abdullaev S. et all. fine particulate matter pollution in 16 europen cities in 2014-179, ricta 2019 7th Iberian Meeting on Aerosol Science and Technology, 9-11 July, 2019, Lisbon, Portugal (https://tecnico.ulisboa.pt/en/events/ricta-2019-7th-iberian-meeting-on-aerosol-science-and-technology/))
  • M. Almeida, M. Manousakas, E. Diapouli, S. Abdullaev et all.  Source Apportionment of Ambient Particulate Matter in 16 European and Asian Urban Areas, European Aerosol Conference (EAC 2019), Gotemburgo, Suécia, 25-30 August.
  • M. Almeida, M. Manousakas, E. Diapouli, Z. Kertesz, S. Abdullaev. Pollution Characterization, Source, Identification, and Health Risks of PM2.5 at Multiple Sites in Europe and Asia, International Congress on Environmental Health (ICEH 2019), Lisbon, Portugal, 25-27 September.
  • Kertész., L. Samek, E.Hristova, M. Radenkovic, Abdullaev S. et all.  PM2.5 KONCENTRÁCIÓJA, ELEMI ÖSSZETÉTELE ÉS FORRÁSAI 16 EURÓPAI VÁROSBAN 2014-2015-BEN, 14th Hungarian Aerosol Conference, 2-4 October, 2019, Visegrád, Hungary.
  • M. Almeidaa, M. Manousakasb,c, E. Diapoulib, Z. Kerteszd, S.Abdullaev et all. Ambient particulate matter source apportionment using receptor modelling in European and Asian urban areas Environmental Pollution.2020 266(2020)115199 https://doi.org/10.1016/j.envpol. 2020.115199

  Бояд қайд намуд, ки ин муносибатҳои илмии байналмилалӣ ва таҳқиқоти сатҳи баланди илмӣ яке аз дастовардҳои назарраси лабораторияи буда танҳо ва танҳо маҳсули Ваҳдати миллӣ ва истиқлолият аст, ки бо ҷонбозиҳои Пешвои муаззами миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шудааст ва 30-солагии ин рӯзи тақдирсози миллати тоҷикро мо 9 сентябри соли 2021 ҷашн мегирем.

  Дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфарозӣ метавон гуфт, ки кулли кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистрон дар пайравӣ ба сиёсати созанда ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи ормонҳои миллат, таҳкими сулҳу суббот ва Ваҳдати миллат, баланд бардоштани сатҳи маънавиёт, фарҳанг, тарбияи мутахассисони дилсӯзу садоқатманд пайваста кӯшиш намуда, баҳри ободӣ, шукуфоии Ватани азиз ва ба як кишвари пешрафта, мутамаддин ва мутараққӣ табдил додани Тоҷикистони азиз ва дарёфти мақоми шоистаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ хизмат хоҳанд кард.

Абдуллаев Сабур Фузайлович

- мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи

С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф.м., профессор.

Хондан 1611 маротиба