JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 16 Феврали 2022 08:41

Баррасии мушкилоти экологӣ аз диди физикӣ

Муаллиф: Номвар ҚУРБОН

  Агар инсон аз рӯзи пайдоиш ба муҳити атроф таъсири бевосита дошта бошад ҳам, вале таъсироте, ки боиси дигаргунии ҳолати табиат ва вайроншавии равандҳои табиӣ мегарданд, пас аз асри XVIII, яъне баробар бо инқилоби саноатӣ рӯйи кор омаданд. Бо рушди бемайлони илму техника ва қонеъгардонии талаботи инсон доираи ин таъсирот хеле доман густурда, тамоми кураи арз ва ҳатто фазои кайҳонии атрофи сайёраро низ фаро гирифтааст. Ҳамзамон, ин таъсирот бархе аз раванду ҳаводиси табииро чунон дигаргуна сохтааст, ки барқарор намудани онҳо ғайриимкон мебошад. Ва маҳз натиҷаи фаъолияти худи инсон аст, ки имрӯз ҳаёти ӯро хатароти экологие, чун гармшавии глобалӣ, ифлосшавии уқёнуси ҷаҳонӣ, вайроншавии қабати озонӣ, олудашавии ҳавои атмосфера, ифлосшавии хок ва коҳишёбии гуногунии биологӣ таҳдид менамоянд.

  Мусалламан, ҳар яке аз ин мушкилоти глобалии экологӣ сабабҳои пайдоиши антропогенӣ ва оқибатҳои ногуворе доранд, зеро сайёраи Замин низомест, ки ҳама унсурҳои табиати он ба ҳам пайванди ногусастанӣ дошта, аз якдигар вобастаанд. Мисол, системаи иқлимии сайёра аз ҳолат ва таъсироти байниҳамдигарии атмосфера, гидросфера, криосфера ва биосфера вобастагии амиқ дорад: агар уқёнуси ҷаҳонӣ омили асосии ташаккулдиҳандаи иқлим ва бавуҷудорандаи ҷараёнҳои гарму сард бошад, пас атмосфера, махсусан, қабати озонӣ (дар баландии 12-50 км ҷойгир аст), ки сабабгори асосии пойдории ҳаёт дар сайёра мебошад, қабати муҳофизатии Замин аст.

  Бинобар ин, ҳифзи ҳавои атмосфера аз олудшавӣ ва кам кардани партовҳои саноатӣ ба он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи инсон маҳсуб мешавад. Чунки айни замон яке аз мушкилоти хеле хатарноки ифлосии атмосфера, ин норасоии ҳавои беғубор буда, ба раванди тағйирёбии иқлими сайёра ва пайомадҳои ногувори он робитаи зич дорад. Дар ин маврид, бояд қайд кард, ки омилҳои асосии олудакунандаи атмосфера партовҳои корхонаҳои сонатӣ, сӯзиши нафту ангишт, дуди автомобил ва дигар муҳаррикҳои дарунсӯз, партовҳои маишӣ ва аз ҳама хатарноктар, объектҳои радиофаъол мебошанд.

  Маҳз бо назардошти чунин мушкилот ва пайомадҳои ногувори онҳо ҳар як фардро зарур аст, ки новобаста аз касбу кор ва самти фаъолият бояд аз донишҳои умумии экологӣ бохабар бошад ва дар бораи ҳифзи муҳити атроф андеша намояд. Чунки ин мушкилот пеш аз ҳама ба инсон ва саломатии ӯ таъсири манфӣ доранд ва табиист, ки ин ва дигар раванду ҳодисаҳо барои инсон аҳамиятноканд. Аз ин рӯ, корҳои илмию тадқиқотие, ки дар ин ё он соҳа анҷом дода мешаванд, агар аз як тараф барои рушди соҳаҳои мухталиф нигаронида шаванд, аз тарафи дигар натиҷаҳои онҳо барои огоҳии ҷомеа низ истифода мегарданд.

  Барои толибилмону донишҷӯён, ки нав ба шоҳрои илму дониш қадам мегузоранд, омӯзонидани донишҳои ибтидоии соҳавӣ ва бад-ин васила ворид гардонидани онҳо ба уқёнуси ҳар як соҳаи илм шарти бунёдист. Зеро мутахассисони оянда бо гирифтани донишҳои бунёдии соҳа, марҳила ба маҳила ба он ворид гардида, дар ниҳоят, ин соҳаро то дараҷаи зарурӣ аз худ менамоянд. Китоби «Экологияи радиатсионӣ ва дозасанҷӣ» (592 с.), ки аввалин китоби дарсӣ бо забони тоҷикист, усулҳои омӯзишию тадқиқотии мушкилоти болозикрро бо назардошти ин нукта инъикос менамоянд. Ин китоб курси пурраи экологияи радиатсионӣ, дозасанҷии ҳифзи муҳити зист, инсон ва инчунин, асосҳои радиофаъол, таъсири мутақобилаи радиатсионӣ бо модда, дозиметрия ва мафҳумҳои ҳифзи радиатсионӣ, аз ҷумла ғояҳои муосир дар бораи хатарҳо, омилҳои хавф ва зарари афканишот ба ҳуҷайра, бофтаҳои биологӣ ва организмро дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар китоб омилҳои ба эҳтимолии дараҷаи хафнокии кор бо моддаҳои радиофаъол алоқаманд, миқдори энергияи дар воҳиди массаи модда фурӯрафта, усулҳои муайянкунии дозаи радиатсионӣ, ҳимоя аз таъсири радиатсия, садамаҳо дар неругоҳҳои барқии атомӣ ва тадқиқоти радиатсионӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ хеле хуб дарҷ гардидаанд.

  Умуман, экологияи радиатсионӣ ё радиоэкология ҳамчун илм, пас аз солҳои 50-ум асри XX, дар робита ба моддаҳои радиофаъол олуда шудани мухити зист ва инчунин, дар натиҷаи озмоишҳои яроқҳои атомӣ, партовҳои ҳаставӣ, фалокат дар неругоҳҳои барқии атомӣ ва дастгоҳҳои атомӣ ба вуҷуд омад. Мавзӯи омӯзишии экологияи радиатсионӣ таъсири афканишоти радиофаъол, радионуклидҳои табиӣ ба организми зинда ва олудашавии организму муҳити атроф аз афканишоти гуногун мебошад. Дар ин илми муштараки физикаю экология ду самти асосии омӯзишӣ – рафтори радионуклидҳо дар экосистемаҳо ва ҷузъҳои онҳо (наботот, ҳайвонот, хок) ва таъсири афканишоти ионнокшуда ба омилҳои биотиву организми инсон маълум аст.

  Китоби «Экологияи радиатсионӣ ва дозасанҷӣ», ки аз тарафи дотсент кафедраи физикаи ҳастаи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Аълочии мактабҳои олии ИҶШС ва Корманди шоистаи Тоҷикистон Абдуҳамид Нарзиев таълиф ва дар асоси таҷрибаи беш аз 55-солаи илмӣ-тадқиқотӣ ва омӯзгории муаллиф эҷод гардидааст, дар баробари фарогирии курси пурраи экологияи радиатсионӣ, инчунин бо мавзӯъҳои муҳимми физикаи зарраҳои бунёдӣ, дозиметрия, энергетикаи ҳастаӣ ва радиотерапия мукаммал гардонида шудааст. Зеро муаллиф ҳанӯз аз солҳои 60-уми асри пор ба омӯзишу пажӯҳиши масоили гуногуни физикаи ҳаста ва нурҳои кайҳонӣ машғул буда, тавъам ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ фаъолияти омӯзгориро пеш мебарад. Аз ин рӯ, дар китоби мазкур баробар бо арқому далелҳои илмии олимони хориҷӣ, ки тибқи барномаи таълимӣ омӯхта мешаванд, натиҷаҳои илмии устод А.Нарзиев низ инъикос гардидаанд. Яъне, муаллиф дар ин соҳа таҷрибаи қариб 60-сола дошта, масоилу мавзӯоти марбут ба ин самтро чун даҳ ангушт медонад.

  Китоби «Экологияи радиатсионӣ ва дозасанҷӣ» мувофиқи барномаи таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таълиф гардида, бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун китоби дарсӣ барои донишҷӯёни ихтисосҳои экология, физика, тиббӣ, техникӣ ва дигар соҳаҳои наздик ба экология тавсия карда шудааст. Он аз 18 боб иборат буда, барои пурра гардидан ва собит намудани матнҳои китоб, вобаста ба мавзӯъҳо 146 ҷадвал ва 105 расму нигораҳои гуногун истифода гардидаанд.

  Дар китоби мазкур доираи фарогирии мавзӯъҳо хеле фарох буда, аз таснифоти зарраҳои бунёдию қувваҳои бунёдии табиат то асосҳои биологии терапияи нуриву сифати муолиҷаи нурӣ муфассал маълумот медиҳад. Мубрамияту ҷолибияти дигари китоби «Экологияи радиатсионӣ ва дозасанҷӣ» аз он иборат аст, ки робитаи байни физика, техника, экология ва тибро хеле хуб муайян менамояд.

  Ҳамин тавр, боби аввали китоб оид ба таснифоти зарраҳои бунёдӣ (нейтрино, антинейтрино, нейтрон, антинейтрон, протон, антипротон, электрон, позитрон, фотон, …), қувваҳои бунёдии табиат (ҳаставии пурзӯр, ҳаставии суст, электромагнитӣ, гравитатсионӣ), навъҳои сарфи энергия (сарфи ионишӣ, радиатсионӣ, черенковӣ, таъсири кулонӣ бо ҳаста, таъсири ҳаста бо ҳаста), усулҳои бақайдгирӣ ва навъҳои қайдгиракҳои зарраҳо (тахлияи газӣ, қайдгиракҳои синтилатсионӣ, черенковӣ, изӣ (камераи Вилсон), фотоэмулсия) ва гузариши зарра аз модда маълумот медиҳад.  Дар боби дуюми он доир ба радиофаъолият ва навъҳои афканишот (α-коҳиш, β-коҳиш, β-коҳиши позитронҳо, γ-коҳиш), вазифаҳои асосии дозасанҷӣ, дозаҳои радиатсионӣ ва дармонгоҳӣ, манбаъҳои афканишоти радиофаъоли табиӣ (нурҳои кайҳонӣ) ва рӯйи Замин сухан меравад. Боби сеюми китоб ба тавоноии доза ва воҳидҳои он (Рентген, Грей, рад, Ҷоул/грамм, Кулон/грамм, эрг/грамм), дозаи нурҳои ҳаставӣ, дозаи фурӯбурди организми зинда, дозаи биологии γ-афканишот, таъсири радиатсия ба инсон ва дозаи нурборише, ки инсон қабул мекунад, бахшида шудааст. Боби чорум дар бораи савияҳои ҳудудҳои ҷоизии нурҳои ионӣ, таркибӣ, дозаи нурбориш ва ғаноиши ҳаво ва об нақл мекунад.

  Бобҳои панҷум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми китоби «Экологияи радиатсионӣ ва дозасанҷӣ» ба масоили олудшавии муҳити зист, атмосфера, гидросфера, литосфера ва биосфера аз моддаҳои радиофаъол, амният ва ҳифзи радиатсионӣ, меъёрҳои ҳимояи радиатсионӣ, касалиҳои нурӣ (дараҷаҳои якум, дуюм ва сеюм), таъсири биологии афканишоти ҳаставӣ, таъсири нейтронҳо ба бофтаҳо, миқдори унсурҳои устувори таркиби организми инсон, ҳимоя аз зарраҳои зарядноки вазнин, β-зарраҳо, γ-нурҳо, афканишоти нейтронҳо, суръатфизоҳои зарраҳои зарядноку реакторҳои ҳаставӣ, дастгоҳи махсуси ҳифз аз нурҳои ҳаставӣ ва гурӯҳбандии кор бо моддаҳои радиофаъол, нигоҳдории моддаҳои радиофаъол, партовҳои моддаҳои радиофаъол ва бартараф намудани ин партовҳо, назорату асбобҳои дозасанҷӣ бахшида шудаанд.

  Инсоният аз ҳодисаи даҳшатноки шаҳрҳои Хиросима ва Нагасакии Ҷопонро хуб огоҳӣ дорад ва аз ин рӯ, яке аз мушкилоти асосии экологӣ ин хатари рух додани садамаҳо дар неругоҳҳои барқии атомӣ мебошад. Дар бобҳои нуҳум ва даҳуми китоби мазкур таносубан сабабҳои ба вуқӯъ пайвастани садамаҳо дар неругоҳҳои барқии атомии Фукусима (2011, Ҷопон) ва Чернобил (1986, Украина), назорату идоракунии садамаҳо, зарару хатари экологӣ ва бартарафнамоии оқибати ин садамаҳо инъикос гардидааст.

  Боби ёдаҳуми китоб пурра ба уран ҳамчун манбаи энергияи ҳаставӣ бахшида шуда, дар ин қисмат оид ба таърихи омӯзишу тадқиқи уран, хусусиятҳои физикӣ, изотопҳо (92U234, 92U235, 92U238), маъданҳои уранити табиӣ (уранинит, уранофан, карнотит, казолит, кофинит, самарскит, сейнерит, торберит, …), татбиқи уран дар дигар самтҳо, таъсири физиологии уран, пайдо кардани уран дар ҷаҳон, аз нав коркард намудани уран ҳамчун сӯзишворӣ ва реакторҳои ҳаставӣ маълумот дода шудааст.

  Дар бобҳои дувоздаҳум ва сездаҳум масоили манбаъҳои табиӣ (манбаъҳои кайҳонӣ, майдонҳои дозавӣ дар тропосфера ва стратосфера, масъалаи радон, фони радиатсионии табиӣ) ва сунъии (марҳилаҳои гуногуни даври сӯзишвории ҳаставӣ, истеҳсоли энергияи ҳаставӣ, нурдиҳии аҳолӣ бо мақсадҳои тиббӣ, таркишҳои ҳаставӣ дар атмосфера) нурафкании ионизатсионӣ ва таъсири онҳо ба биосфера таҳлилу баррасӣ гардидаанд.

  Мавзӯъҳои дозаи ҳудуди ҷоизии афканишот, радионуклидҳои космогенӣ, радиатсия аз манбаъҳои пайдоиши антропогенидошта, озмоиши силоҳҳои ҳаставӣ ва энергетикаи ҳаставӣ дар боби чордаҳум инъикос гардида, боби понздаҳуми китоб доир ба суръатфизоҳо (хаттӣ, хаттии резонансӣ, сиклотрон), фотофузунсозии электрикӣ ва реакторҳои ҳаставӣ нақл мекунад.

  Дар боби шонздаҳум масъалаҳои марбут ба энергетикаи ҳаставӣ (сохтори реакторҳои неругоҳҳои барқии атомӣ, таъмини бехатарии онҳо, хатари экологии радиатсионии ин неругоҳҳо) ва бехатарии экологӣ нишон дода шудаанд.

  Боби ҳабдаҳуми китоби «Экологияи радиатсионӣ ва дозасанҷӣ» ба мониторинги экологияи радиатсионӣ дар ноҳияи табиии Тоҷикистони Шимолӣ (омӯзиши савияи радиатсия дар истироҳатгоҳ, мактаб ва боғча дар ҳудуди ноҳияи ­Ғафуров ва таҳлили савияи радиатсионӣ дар шаҳри Бӯстон) бахшида шудааст.

  Асосҳои биологии терапияи нурӣ, навъҳои терапияи нурӣ (нурбарориҳои масофагӣ (телотерапия), васлӣ, дохилии бофтаҳо), дастгоҳи муосир барои терапияи нурӣ, сифати муолиҷаи нурӣ ва инчунин, ҳолати хизматрасонии радиотерапевт ва бемориҳои анкологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро дар боби охирон, ҳаждаҳуми китоби мазкур ёфтаанд.

  Ҳамчунин, барои амиқтар омӯхтани мавзӯъҳои китоб ва мукаммал гардонидани донишҳои худ оид ба ин масоил муаллиф, устод А.Нарзиев дар охири ҳар боб феҳристи сарчашмаҳои муҳимро нишон додааст, ки аз манфиат орӣ нестанд. Илова бар ин, дар охири китоб вобаста ба ҳар мавзӯъҳои дар он инъикосёфта як қатор масъалаҳои физикӣ бо нишон додани тарзи ҳаллашон оварда шудаанд.

  Ҳамин тавр, мақсади аз таълифи китоби «Экологияи радиатсионӣ ва дозасанҷӣ» ташаккул додани системаи донишҳои зарурӣ барои дарки оқибатҳои таъсири радиатсияи ионизатсиякунанда ба организмҳо, популятсияҳо, экосистемаҳо ва истифодаи радионуклидҳо дар экология ва тиб мебошад. Асосҳое, ки барои таҳлили оқибатҳои экологии амалиёти даври сӯзишвории ҳаставӣ, озмоиши силоҳҳои ҳаставӣ, нигоҳ доштан ва нобуд кардани партовҳои радиофаъол заруранд, дар ин китоб хеле хуб дарҷ гардидаанд. Бинобар ин, китоби мазкур на танҳо барои зинаҳои бакалаврият ва магистратура, балки барои докторантон (PhD) ва ходимони илмии соҳаҳои физика, экология ва тиб аҳамияти бузург дорад.

 

Номвар ҚУРБОН,

номзади илмҳои техникӣ,

устоди факултети физикаи

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Бознашр аз рӯзномаи «Омӯзгор» №4 (12332), 27.01.2022. - С.9 

Хондан 4249 маротиба