Дар манзараи механикии олам мафҳумҳои фазо ва вақт берун аз таҷриба вуҷуд дошта, новобаста аз ҳеҷ чиз ва бидуни алоқа бо хосиятҳои материяи ҳаракатнок муоина карда мешуданд, чун ки дар механика танҳо протсесҳои баргарданда омӯхта мешаванд. Дар механикаи классикӣ фазо ҳамчун ҷойгоҳи ҷисмҳои ҳаракатнок ва вақт давомнокии ҳолати ин ҷисмҳо дида, баромада мешавад. Камбудии дигари механикаи классикӣ аз он иборат аст, ки фазо ва вақтро ҳамчун шаклҳои мавҷудияти материя дар алоҳидагӣ ва беробита меомӯзад. Ба ҳар ҳол манзараи механикии олам барои бунёди консепсияи ҳозиразамони вақту фазо замина гузошта, тасаввуротро дар бораи хусусиятҳои табиию илмии олам ғанӣ гардонид. Барои он, ки назарияи фазо ва вақт дар илмҳои муосир омӯхта шавад, донистани баъзе принсипу қонунҳои механикаи классикӣ зарур мебошанд.