Воридшавии оянда ба қаъри микроолам бо гузариш аз сатҳи атом ба сатҳи зарраҳои бунёдию суббунёдӣ алоқаманд мебошад. Мафҳуми зарраи элементарӣ дар аввалҳо ба маънои содда ва баъдтар ба маънои зарраи тақсимнашаванда фаҳмида мешуд. Сипас, олимони соҳаи физика ба шартӣ будани истилоҳи элементарӣ, ки ба микрообъектҳо татбиқшаванда аст, розӣ гардиданд. Ин бовариро фарзия дар бораи мавҷудияти кваркҳо, ки аз онҳо ҳамаи зарраҳои бунёдии маълум таркиб ёфтаанд, пурқувват гардонид. Чӣ тавре, ки дар мавзӯи гузашта қайд намудем, ба сифати аввалин зарраи бунёдӣ электрон кашф шуда буд. Баъдтар дар сисолаи аввали садаи XX фотон, протон, позитрон ва нейтрон кашф гардиданд. Ҳамаи зарраҳое, ки дар замони ҳозира элементарӣ ҳисобида мешаванд, шакли мавҷудияти материя ба шумор рафта, дар ядрои атом муттаҳид нестанд. Бинобар ин, аксар вақт онҳоро зарраҳои субядроӣ (назди ядроӣ) меноманд. Дар замони муосир шумораи зарраҳои бунёдии кашфгардида зиёда аз 350 ададро ташкил медиҳад.