Дониш андар дил чароғи равшан аст, В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст. (Абӯабдулло Рӯдакӣ) Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад, Зи дониш дили пир барно бувад. (Абулқосим Фирдавсӣ) Энергия. Кори механикӣ. Дар физикаи муосир ба мафҳуми энергия чунин таъриф дода мешавад: Энергия бузургии физикиест, ки қобилияти кор иҷро кардани ҷисм ва ё система (мошин)-ро миқдоран тавсиф менамояд.[1] Яъне, агар ҷисм (ё система) кори зиёд иҷро карда тавонад, пас вай энергияи зиёд дорад. Барои иҷрои ҳама гуна кор (механикӣ, фикрӣ ва ҷисмонӣ) энергия сарф мешавад. Бе сарфи энергия ҳеҷ амал иҷро намешавад. Ҳангоми дар зери таъсири қувва ҷой иваз кардани ҷисм кори механикӣ иҷро мешавад. Масалан, одам аробаро ба масофае тела дода кори механикӣ иҷро менамояд. Дар ин ҳангом одам аз ҳисоби энергияи дохилиаш (эквивалент ба кори иҷрошуда) энергия сарф менамояд. Ҳамин корро машинаи ҳароратӣ аз ҳисоби энергияи сӯзишворӣ, мошини электрӣ аз ҳисоби энергияи электрӣ низ иҷро карда метавонад. Ҳангоме ки одам бореро дар китф ё дасташ бардошта меистад, вай кори ҷисмонӣ иҷро менамояд. Мушакҳо ва устухонҳо як қадар деформатсия мешаванд ва одам ба муқобили қувваи вазнинӣ кор иҷро менамояд – энергия сарф менамояд.