JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:39

Барфу борон аз чӣ пайдо мешавад?

Муаллиф:
Боридани боронро ҳамаи мо медонем, ки як ҳодисаи оддии табиист. Аммо барои баъзе нафарон ин ҳодисаи оддӣ набуда, балки боиси эҳсосоту илҳом аст. Бесабаб нест, ки дар адабиёти ҳазору чандсолаи мо васфи борон зиёд аст ва дар ҳама давру замон онро рамзи баракату некӣ ва покӣ медонистанд. Борон дар баҳорон бахти деҳқон маҳсуб меёбад ва мӯйсафедони нурониву солдида дар дуоҳояшон омадани боронро илтиҷо мекарданд.
 Рез, борон,То барояд дар уфуқ рангинкамонТо давам дар зери борон пои урён,То биёбам ҷойгоҳашро, ки мегўяндПинҳон аст он ҷо кони тилло...Ман басо дар баччагиям медавидамЗери боронПои урёнАз паи рангинкамон,Кони тиллое ба ҷои ў надидам,Лек дар зери камони ҳафтрангДар дили худ ёфтам кони сухан. Лоиқ Шералӣ
Офтоб, ситораи гарм буда ба ҳама тараф нурпоши мекунад ва ҳарорати бениҳоят баландро соҳиб аст. Аммо энергияи он ба сатҳи Замин на ҳамчун гармӣ, балки ба намуди афканишоти офтобӣ интиқол дода мешавад. Қисми зиёди ин афканишот аз байни қабатҳои болоию поёнии атмосфераи гузашта аз тарафи замин ва обҳои қисми болоии сайёра фурӯ бурда шуда он ҷойҳоро гарм месозад пас аз ин нурафканӣ ба намуди энергияи гармӣ ба вуҷуд меояд.