JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:36

Рангинкамон – камони рангаи табиат

Муаллиф:
 Рез, борон,
То барояд дар уфуқ рангинкамон
То давам дар зери борон пои урён,
То биёбам ҷойгоҳашро, ки мегўянд
Пинҳон аст он ҷо кони тилло...
Ман басо дар баччагиям медавидам
Зери борон
Пои урён
Аз паи рангинкамон,
Кони тиллое ба ҷои ў надидам,
Лек дар зери камони ҳафтранг
Дар дили худ ёфтам кони сухан.

                                     Лоиқ Шералӣ

   Дар ҳақиқат дар олами кӯдакӣ барои мо як мӯъҷизаи нотакрори табиат буд ва ҳоло ҳам ҳар яки мо пас аз боридани борон ба сӯи само бо умеди дидани рангинкамон менигарем. Рангинкамон ё чӣ хеле, ки мегӯянд тирукамони ҳафтранг касро ба илҳом меорад ва маҷбур месозад, ки ин ҳодисаро мушоҳида карда омӯзем ва аз асрораш бохабар гардем. Агар шоирону санъаткорон аз зебоиву рангинии он лаззат баранд, табиатшиносон ҳам аз зебоӣ ва ҳам аз асрори он лаззат мебаранд.

Инҷо ман мехоҳам оиди пайдоиши тирукамон аз нигоҳи илмӣ камтар маълумот диҳам то дигарон ҳам аз асрораш бохабар гарданд.

                                                                         

 Пайдоиши тирукамон ба рӯшноии офтобӣ вобастагӣ дорад, ё дар шакли дигар яке аз ҳолатҳои рӯшноӣ мебошад. Рӯшноии офтоб нури мураккаб буда аз ҳафт ранг таркиб ёфтааст, ки инро бори аввал Нютон исбот намуд. Ӯ призмаи секунҷаеро гирифта, дар хонаи торик ба роҳи рӯшноӣ гузошт. Рӯшноие, ки аз призма мегузашт ба рангҳо тақсим мешуд. Аз инҷо хулоса баровард, ки нури офтобӣ дар таркибаш ҳафт ранги дигарро дар бар мегирад. Тартиби рангҳое, ки пас аз призма ҳосил мешуданд бо тартиби рангҳои рангинкамон мувофиқат мекунанд. Аз инҷо Нютон ба қароре омад, ки рангинкамон дар натиҷаи аз намии ҳаво ва қатраҳои оби дар фазо буда гузаштани рӯшноӣ ба вуҷуд меояд.

                                                                              

 

Сабаби асосии пайдоиши рангинкамон ин дисперсияшавии нури рӯшноӣ дар муҳитҳои гуногун аст. Дисперсия ин майлкунии мавҷ аз самти аввала мебошад. Дар призма шиканиши дубораи нур ба амал меояд. Бори аввал нур ҳангоми ба призма дохил шудан мешиканад, бори дуввум ҳангоми аз призма хориҷ шудан. Пас аз приза хориҷ шудан нурҳо аз ҳамдигар ҷудо шуда мебароянд. Инро бо шакли дигар ҳам фаҳмонида мешавад. Як ҳодисаро ҳамаи мо мушоҳида кардаем, ки вақте ба қадаҳи об қалам ё ягон ҷисмро дохил мекунем дар назарамон гӯё қалам шикаста менамояд. Аммо дар асл қалам намешиканад, балки нуре, ки ба қалам меафтаду инъикос мешавад, дар об мешиканад. Ҳамин тавр ин шиканиш дар муҳит ба мавҷ хусусан ба рӯшноӣ хос буда, ба дарозии мавҷ вобаста мебошад. Рӯшноие, ки дарозии мавҷаш чӣ қадар дароз бошад, ҳамон қадар кам шикаста мешавад. Баръакс рӯшноии дарозиаш кам зиёд мешиканад. Дар таркиби рӯшноӣ ҳафт ранг аст, ки онҳоро ба тартиби камшавии дарозии мавҷашон меорем: сурх, норинҷӣ, зард, сабз, нилобӣ, кабуд, бунафш. Аз инҷо хулоса бароварда мешавад, ки нури сурх камтару кабуду бунафш зиёдтар мешиканад ва рангинкамонро ба вуҷуд меоранд. Ин ҳодисаро натанҳо пас аз борон, балки дар назди шаршараҳо ва фаввораҳо ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Масалан, дар рӯзҳои офтобӣ мо чандин бор дар назди фаввораи баланди назди Кохи Борбад мушоҳида кардаем. Инчунин агар Шумо дар хонаатон қандил (люстра) дошта бошед, рӯзона ҳангоми ба хона афтодани нури офтоб ва ба шишачаҳои қандил бархӯрдан рӯшноӣ дисперсия шуда дар деворҳои хона тирукамончаҳои хурд месозад. Агар ин ҳодисаҳоро мушоҳида намудед, ҳайрон нашавед, ҳодисаҳои физикии табиат аст.

Шумо ҳам метавонед, ки тирукамони сунъӣ созед, барои ин як призмаи секунҷаи шаффоф лозим аст, ки ба роҳи рӯшноии офтоб мегузоред ва манзараи зебои тирукамонро мушоҳида мекунед.

    Таҷрибаи Нютон оиди тақсимотирӯшноӣ (расм).

   Ризои Баҳромзод ва Қурбониён Меҳрдод

Хондан 3944 маротиба