JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:25

Барои чӣ кӯҳҳо нисбат ба пастиҳо хунуктаранд, ҳарчанд онҳо ба Офтоб наздиктаранд

Муаллиф:

    Офтоб, ситораи  гарм буда ба ҳама тараф нурпоши мекунад ва ҳарорати бениҳоят баландро соҳиб аст. Аммо энергияи он ба сатҳи Замин  на ҳамчун гармӣ, балки ба намуди афканишоти офтобӣ интиқол  дода мешавад. Қисми зиёди ин афканишот аз байни қабатҳои болоию поёнии атмосфераи гузашта аз тарафи замин  ва обҳои қисми болоии сайёра фурӯ бурда шуда он ҷойҳоро гарм месозад  пас аз ин  нурафканӣ ба намуди энергияи гармӣ ба вуҷуд меояд.

   Аксарияти мо сафар намудан ба кӯҳҳои баландро дӯст медорем ва доимо орзу мекунем, то аз ҳавои хушу табиати зебои онҷо баҳраманд  шуда бошем, лек вақте ба онҷо меравем аз хунуки меларзем ва мантиқан   ин фикр ба вуҷуд меояд, ҳар қадар аз Замин баландтар бошем   ба Офтоб наздикатр мегардем  ва бояд таъсири гарми ҳамон қадар  зиётар бошад. Гарчанде  кӯҳҳо ба офтоб наздиктар  ҷойгир шуда бошанд ҳам дар онҷо назар ба  дашту пастиҳо ҳаво баръакси тасаввуроти мо сард аст. Зеро, ҳарорати ҳаво дар кӯҳҳо бо  дигар омилҳо муайян карда мешавад.

   Ҳаво  худ ба  худ гармигузаронии хело пастро  соҳиб аст, яъне гармиро бад мегузаронад. Аз ин рӯ нӯрҳои  Офтоб тавассути он гузашта,  наметавонад онро гарм созанд.  Ҳавои гарми замин аз ҳисоби афкашиноши офтобист, лекин бевосита ин афканишот гарм намекунад, танҳо пас аз фӯру бурда шуданаш ва ё инъикос гаштанаш аз сатҳи замин  гарм мекунад. Дар натиҷа нурафкании харорати ба вучуд омада сабаби гармшавии хаво мегардад.

   Нурафкании ҳароратии  аз  замин баромада  қобилият дорад  ҳаворо то баландихои 15км  гарм  намояд. Аммо ҳангоми ба боло ҳаракат намудан ҳарорати ҳавои гарми аз замин хориҷгардида ба зуди паст  шудан мегирад, чунки зери таъсири қувваи вазнинӣ зичии ҳаво дар наздикиҳои сатҳи замин калон буда бо рафти дур шудан  кам шудан мегирад ва ин ба паст шудани ҳарорати он  оварда мерасонад. Эҳтимолияти бархурди молекулаҳои ҳаво ба зичи вобаста буда, бо зиёд шудани он энергияи ҳарорати низ зиёд мешавад. Яъне дар кӯҳҳо, ки зичи кам аст, мутаносибан молекулаҳо камтар ба ҳам бархурда, энергияи кам ҷудо мекунанд, ки ба паст шудани харорат оварда мерасонад. Яъне сабаби хунук будани кӯҳҳо шаҳодати гуфтаҳои болоанд.   

   Ба ин далелҳо хонанадаи кунҷков метавонад эътироз  намояд, ки кӯҳҳо низ метавонанд нӯрҳои офтобро фурӯ бурда боз  онро дар шакли  нурафкании ҳарорати  бидиҳанд. Ин фикр низ дуруст аст. Лекин фаромуш набояд кард чӣ тавре, ки мо  дар боло  иброз  намуда будем зичии ҳавдо дар кӯҳҳо  хело кам аст ва дар ингуна ҳолат гармшави тамоман  суст ба амал  меояд. Далели дигар он аст , ки нурҳои офтоб ба сатҳи    кӯҳ ҳамеша  таҳти кунҷ меафтанд ва таъсироташон  нисбатан камтар аст. Аз тарафи дигар барфҳо нури офтобро инъико намуда, намегузоранд, ки кӯҳ гармиро фурӯ барад.

   Ба ҳисоби миёна ҳангоми ба як километр боло баромадан ҳарорат ба 6°C паст мешавад , ин аз ҳисоби раванди васеъшуди адиабатии ҳаво мебошад.  Лекин ҳатто дар  баландиҳо низ  метавонад бо води рӯ ба рӯ гардид , ки иқлими  гарм дорад ва аз ҳисоби инъикоси нури офтоб аз сатҳи барф гарм мешавад  Барои мисол, дар яке аз роҳҳои  қуллаи Эверест (Ҷамолунгума) дар баландии зиёда аз 6000 метр ба ном сирки Ғарб (Западный цирк)  водие  мавҷӯд аст, ки дар он ҷо рӯзона ҳавои офтобии бе шамол ҳукуфармо буда  ҳарорат то ба 35°C мерасад.

 Масрур ҲОДИЕВ,
аспиранти ДМТ
Хондан 2387 маротиба