Дар ҳар соҳаи эҷодиёти адам, хоҳ илм бошад, хоҳ санъат, хоҳ иқтисод, бисёр мавзӯъҳо ва муаммоҳое ҳастанд, ки аз қадимулайём одамиятро ба ҳаяҷон меоварданд. Асрори Олами Сағиру Кабир , сирри вақту фазо ва ҳодисаҳои дар он ҷараёнгиранда- аз нумӯи гул то чаҳчаҳи булбул, аз ҳаракати сайёра то таркиши ситора ба назари аввал чунин менамояд, ки ҳамаи ин чизҳо соддаанд ва ҳочат ба фикркунӣ ҳам нест, вале дар асл ин хел нест, амиқтар нигарем саросар муаммост ва то ин вақт барои инсоният фисади каме аз ин муаммоҳо ҷавоби худро ёфтааст. Бояд инро ҳам гуфт, ки ин ҷавобҳо мусбату қатъӣ нестанд. Ҳамин аст, ки ҳадаф ва мазмуни идрок- фаҳмидани равандҳои ниҳоӣ ва асроромези табиат ва ҷойгоҳи мо дар Коинот аст, ки дар ҳар замону макон инсони солимақлро ба ҳаяҷон меорад ва боз ақли солимро ба омӯзишаш ҷалб менамояд.