JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Давраи муосири рушди илми физика дар Тоҷикистон ба солҳои 50-уми садаи ХХ рост меояд, зеро маҳз дар ин давра, дар кишвар як қатор рӯйдодҳои муҳимми илмӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Яъне, таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951) ва дар зертобеи он кушодашавии институтҳои астрофизика (1958) ва физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров (1964) саҳифаи ҷадидеро дар таърихи илми тоҷик боз карданд. Яке аз марказҳои асосӣ, ки барои пур кардани фазои илмию тадқиқотии ин муассисаҳо мутахассисони ҷавонро омода менамуд, факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буду ҳаст. Ифтитоҳи факултаи фавқ аз санаи таъсисёбии факултаи физикаю математика дар соли 1949 ибтидо мегирад. Хатми нахустини донишҷӯёни факулта бошад, ба соли 1954 рост омад (шуморашон 8 нафар буд) ва нахустин декани он пас аз мустақил гардидан (1965), номзади илмҳои физикаю математика, баъдан д.и.ф.м., профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Ҳакимов Ф.Х. буд.
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 06:46

Шамол чӣ гуна пайдо мешавад?

Муаллиф:
Шамол яке аз ҳодисаҳои табиие мебошад, ки дар ҳаёти инсоният фоида ва зиёни хешро мерасонад. Маслан шамол метавонад туфону гирдбодҳоро ба вуҷуд оварада ҳолати ормии табиатро вайрон намояд, метавонад ба хочагии халқ фоида расонад ва боз кодир аст бисёр чизҳоро несту нобуд созад.
Оптика (аз юнонии дарккунии биниш: намоён, дидашаванда) - як ҷузъи таркибии илми физика буда, дар он асосан оид ба қонуниятҳои асосии оптика, ҳодисаҳои интерференсияи рӯшноӣ, дифраксияи рӯшноӣ, поляризатсияи рӯшноӣ, чен намудани суръати рӯшноӣ, қонуниятҳои нурафкании ҳароратӣ, фурӯбурд ва парешхӯрди рӯшноӣ, лазерҳо ва ғайра маълумот медиҳад. Оптика асосан аз се қисм: геометрӣ, физикӣ ва физиологӣ иборат аст. Оптикаи геометрӣ ба мафҳуми нури рӯшноӣ, қонунҳои шикаст ва инъикос, қонуни ба ҳамдигар новобаста будани дастаҳои рӯшноӣ такя мекунад. Таъсири рӯшноӣ ба чашм ва ё ба дигар қабулкунак пеш аз ҳама тавассути энергияи нури рӯшноӣ ба вуҷуд меояд. Бинобар ин мо бояд оид ба ченкунии рӯшноӣ, ки бо он як қисмати оптика, ки фотометрия ном дораду бо чен намудани энергияи нури рӯшноӣ алоқа дорад, маълумот дошта бошем. Дар фотометрия бузургиҳое омӯхта ва чен карда мешаванд, ки онҳо рӯшноиро пурра тавсиф дода метавонанд.