JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 21 Апрели 2017 20:38

Макотиби илмии пасазистиқлолии физика

Муаллиф:

   Давраи муосири рушди илми физика дар Тоҷикистон ба солҳои 50-уми садаи ХХ рост меояд, зеро маҳз дар ин давра, дар кишвар як қатор рӯйдодҳои муҳимми илмӣ ба вуқӯъ пайвастанд. Яъне, таъсиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1951) ва дар зертобеи он кушодашавии институтҳои астрофизика (1958) ва физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров (1964) саҳифаи ҷадидеро дар таърихи илми тоҷик боз карданд. Яке аз марказҳои асосӣ, ки барои пур кардани фазои илмию тадқиқотии ин муассисаҳо мутахассисони ҷавонро омода менамуд, факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буду ҳаст. Ифтитоҳи факултаи фавқ аз санаи таъсисёбии факултаи физикаю математика дар соли 1949 ибтидо мегирад. Хатми нахустини донишҷӯёни факулта бошад, ба соли 1954 рост омад (шуморашон 8 нафар буд) ва нахустин декани он пас аз мустақил гардидан (1965), номзади илмҳои физикаю математика, баъдан д.и.ф.м., профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Ҳакимов Ф.Х. буд.

  Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон марҳилаи боз ҳам ҷадиди инкишофи илму техника оғоз ёфта, равобити илмӣ бо як қатор кишварҳои хориҷии дуру наздик ба роҳ монда шуданд. Истиқлол барои олимони кишвари мо шароити хуберо фароҳам овард, ки онҳо дигар дар ҳайъати ИҶШС не, балки ба таври мустақил дар конфронсу симпозиум ва чорабиниҳои илмии минтақавию ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Баъд аз расидан ба истиқлоли давлатӣ факултаи физикаи ДМТ ба руши бесобиқа ноил гардида, дар он якчанд кафедра ва тахассусҳои нави барои пешрафти кишвар зарурӣ таъсис дода шуданд. Мактабҳои илмӣ таҳти сарварии физикҳои номвари кишвар ба масоили ҷадиду дақиқ ва ҳалталаби замонавӣ машғул шуда, ба дастовардҳои беназир соҳиб гардиданд, ки ин ҷо оид ба масъалаи меҳварии омӯзиш ва роҳбарону пайравони чанде аз онҳо маълумот хоҳем дод:

Мактаби илмии Фотеҳ Ҳакимов. Ҳакимов Фотеҳ Холиқович соли 1959 факултаи физикаю математикаи (шуъбаи физикаи) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ва соли 1963 аспирантураи факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносовро хатм карда, соли 1964 рисолаи номзадӣ ва соли 1980 рисолаи докториро дифоъ менамояд. Ҳакимов Ф.Х. барои хизматҳои шоён дар ҷодаи таълиму тарбияти насли наврас ба унвонҳои илмӣ-академии дотсент (1965) ва профессор (1983) соҳиб гардида, ҳамзамон, соли 1987 узви вобастаи АИ ҶТ интихоб шуд. Соҳаи илмии ӯ ба масоили назариявии физикаи плазма ва ноустувории модулатсионии плазмаи релятивӣ дар ҳалли проблемаҳои астрофизикӣ бахшида шудааст. Аз ҷониби Ф.Ҳакимов пешниҳод гардидани назарияи умумии таъсири мутақобили модулатсионии функсияҳои ғайримувозинатии тақсимоти зарраҳои заряднок, имконияти баназаргирии ғайрихаттии дараҷаҳои баландро фароҳам овард. Вай ба коркарди назарияи умумии таъсири мутақобилаи модулятсионии функсияҳои ғайримувозинатии тақсимоти зарраҳои заряднок барои муттасилаи ба назар гирифтани ғайрихаттиҳои дараҷаҳои боло имконият фароҳам овард. Ин назария имконияти мавҷуд будани солитонҳои баландсуръатро пешгӯӣ кард, ки баъдтар онҳо дар таҷриба мушоҳида шуданд. Коркарди услуб ва бунёди назарияи сарбаста ва аз ҷиҳати физикӣ асосноккардашудаи таъсири мутақобилаи модулятсионӣ дар марҳилаи ғайрихаттӣ, ки барои тақсимоти зарраҳо ва лаппишҳои якченакаю сеченака қабул ва истифода мешавад. Маҳз дар заминаи ин тадқиқот зери роҳбарии бевоситаи ӯ беш аз 15 рисолаи номзадӣ (Абдуллоев Ҳ.О., Комилов Қ., Ҳакимова М.А., Махсудов Б.И., Холмуродов X.Т., Маханков А.В., Канашкин С.Б., Кооп М.И., Абдураҳимов Д.Ё., Хачатрян А.Г., Қобилов М.М., Зиёд Р., Равшанова Д.) ва 4 рисолаи докторӣ (Абдуллоев Ҳ.О., Лисаков Б.C., Холмуродов Х.Т., Муминов Ҳ.Ҳ.) дифоъ кардаанд.

Мактаби илмии Бозор Нарзиев. Нарзиев Бозор факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро соли 1963 ва аспирантураи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербургро соли 1968 ба поён расонида, соли 1969 рисолаи номзадӣ ва соли 1994 рисолаи докториро ҳимоя кардааст. Барои саҳми арзишмандаш дар рушди илми физика ба Нарзиев Б.Н. соли 1974 унвони илмӣ-академии дотсентӣ ва соли 2000 профессорӣ дода шуд. Профессор Нарзиев Б.Н. ягона шахсест, ки дар ҶТ аз солҳои аввали фаъолияти худ оғоз намуда (1970), мактаби илмию таълимӣ оид ба «Омӯзиши хосиятҳои оптикӣ ва сохтори моддаҳои конденсӣ - моеъҳо, маҳлулҳо ва ҷисмҳои сахт, ҳодисаҳои оптикии дар ин муҳитҳо ба амал оянда ва қобилиятҳои протондонорию протонаксептории молекулаҳо»-ро ташкил карда, рушд дод. Натиҷаҳои бадастовардааш сазовори қабули мутахассисони соҳаҳои мухталиф (физикаи молекулӣ, спектроскопияи молекулӣ, химияи физикӣ, сохтори модда ва ғайра) гардиданд ва онҳоро дар усулҳои дақиқу сермаълумоти спектроскопияи молекулӣ истифода мебаранд. Ӯ дар ин ҷода ба тайёр кардани мутахассисони соҳибунвон низ аҳамияти махсус додааст. Таҳти роҳнамоии профессор Нарзиев Б.Н. Аббосов Б., Гиллер Д., Маҳкамбоев Ҷ., Нуруллоев М., Муллоев Н., Исломов З. ва Файзиева М. рисолаи номзадӣ ва Нуруллоев М. рисолаи докторӣ дифоъ кардаанд. Дар асоси корҳои илмӣ-тадқиқотиаш ӯ бо ҳамроҳии шогирдонаш зиёда аз 300 мақолаву фишурдаҳо интишор карда, дар 14 конфронсҳои байналхалқӣ ва 35 конфронсҳои минтақавию умумииттифоқӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намудааст.

Мактаби илмии Тошбой Бобоев. Бобоев Тошбой соли 1963 факултаи физика ДМТ ва соли 1968 аспирантураи Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф. Иоффеи АИ ИҶШС-ро хатм карда, соли 1970 рисолаи номзадӣ ва соли 1992 рисолаи докторӣ дифоъ менамояд ва соли 1975 сазовори унвони дотсентӣ, соли 1993 соҳиби унвони профессорӣ мегардад. Бобоев Т.Б. яке аз асосгузорони равияи нави илм – «Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо» ба шумор меравад. Ин олими номвар қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф карда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудааст. Ҳамзамон, Бобоев Т. машғули тадқиқотест, ки бевосита ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тааллуқ доранд. Масалан, бо мақсади аз гидрогенсулфид ҳимоя кардани конструксияҳои филизӣ гурӯҳи илмии ӯ хамираи сангинеро пешниҳод намуд, ки дар сохтмони метрои шаҳри Тифлис ва лӯлаҳои филизии интиқоли нафти Сургут мариди истифода қарор гирифтанд. Солҳои 80-90-уми асри ХХ Бобоев Т. тарзи нави ҳосил кардани карбопластикҳоро, ки дар саноати авиатсионӣ ва ракетасозӣ истифода мегарданд, пешниҳод кард ва ин композитҳо мустаҳкамии зиёд дошта, ба таъсироти радиатсия устуворанд. Дар ин самт ӯ мутахассисони зиёдеро табия намуда, зери роҳбарии олим Додоматов Ҳ.Д. Усмонов Ғ.Х., Ҷонов Ё.И., Истамов Ф.Х. ва Ғафуров С.Ҷ. рисолаи номзадӣ докторӣ ҳимоя намудаанд. Илова бар ин, ба қалами Бобоев Т. 1 монография, беш аз 150 мақолаи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 29 васоити таълимӣ тааллуқ дошта, инчунин ӯ соҳиби 9 шаҳодатномаи ихтироот (патент) мебошад.

Мактаби илмии Саидмуҳаммад Одинаев. Одинаев Саидмуҳаммад факултаи физикаи ДМТ-ро соли 1965 ва аспирантураи онро соли 1968 ба итмом расонида, соли 1983 рисолаи номзадӣ ва соли 1994 рисолаи докториро дифоъ менамояд ва солиёни зиёд як қатор муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва макотиби олиро сарварӣ кардааст. Ӯ мутахассиси варзидаи назарияи статистикии ҳолати моеии моддаҳо ба шумор рафта, тадқиқоти илмӣ ва усулҳои пешниҳоднамудааш роҷеъ ба сохтори макроскопии муҳити конденсӣ шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Устод Одинаев С. усули аслии тадқиқи системаҳои классикиро дар муҳити конденсӣ бо истифода аз муодилаҳои кинетикӣ дар ҳолати мувозинатӣ ва ғайримувозинатӣ такмил додааст. Тадқиқоти илмии ӯ ба рушди назариявии молекулӣ-кинетикӣ, ҳодисаҳои интиқолӣ ва инчунин, тадқиқи хосиятҳои чандирию акустики моеъҳои классикӣ (сода, ионӣ ва магнитӣ), маҳлулҳои молекулавӣ ва электролитӣ ва саҳми равандҳои релаксатсияҳои сохторӣ дар онҳо бахшида шудаанд. Зери роҳбарии бевоситаи академик Саидмуҳаммад Одинаев 7 нафар рисолаи номзадӣ (Ақдодов Д.М., Зарифов А.Қ., Ҳоҷимаматов И., Мирзоаминов Х.М., Додарбеков А., Маҳмадбегов Р. ва Идибекзода Ҳ.) ва 2 нафар рисолаи докторӣ (Комилов Қ., Ақдодов Д.М.) дифоъ кардаанд.

Мактаби илмии Шарофиддин Тӯйчиев. Тӯйчиев Шарофиддин соли 1965 факултаи физикаи ДМТ ва соли 1971 аспирантураи Институти пайвастаҳои боломолекулии АИ ИҶШС (Санкт-Петербург) - ро хатм намуда, соли 1972 рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи докториро дифоъ кардааст. Соли 1980 ба гирифтани унвони илмӣ-академии дотсент ва соли 1993 ба профессор шарафёб гардид. Тӯйчиев Ш.Т. яке аз муаллифони консепсияи нави мураттаби боломолекулии полимерҳо буда, усулҳои компютерии таҳлил ва корбасти рентгенограммаҳои кунҷҳои хурдро барои ба даст овардани маълумотҳои саҳеҳ оид ба табдилоти сохторӣ дар полимерҳоро пешниҳод кард. Ӯ консепсияи дигари ташаккули равандҳои рақобатӣ-деформатсияи ғайриякҷинсаи ҷузъҳои фибрилҳо ва кӯчиши байниҳамии онҳоро пешниҳод кард ва меъёрҳои баҳодиҳии инкишофи якҷинсагии раванди микродеформатсиониро дар таҷриба асоснок намуд. Илова бар ин, дар заминаи тадқиқоти хосиятҳои гармии моддаҳо ҳодисаи тағйири доимиҳои гармочандирӣ ва гармофизикии панҷараҳои кристаллии полимерҳои нурборишшударо ошкор сохт. Профессор Ш.Тӯйчиев фаъолияти пурмаҳсули худро ба раванди таълиму тарбияти мутахассисони ҷавон ва тайёр намудани кадрҳои соҳибунвон равона карда, таҳти роҳбариаш 8 рисолаи номзадӣ (Ҳомидов Б., Холиқова С., Маҳмудов И., Шоимов У., Аловиддинов А., Ақназарова Ш., Содиқов Ф., Атиф М.) ва 3 рисолаи докторӣ (Абдуллоев Ҳ., Рашидов Ҷ.) ҳимоя кардаанд. Ӯ дар заминаи тадқиқоту пажӯҳишҳои чандинсола беш аз 350 мақолаи илмӣ-тадқиқотӣ, 3 монография, 6 васоити таълмӣ ва 6 дастури илмӣ-методӣ навишта, 19 шаҳодатномаи муаллифӣ (патент) ва гувоҳномаҳои ихтироъкориро ба даст овардааст.

Мактаби илмии Тағоймурод Солеҳов. Солеҳов Тағоймурод Ҳаитович соли 1969 факултаи физикаи ДМТ ва соли 1975 аспирантураи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ-ро хатм намуда, соли 1986 дар Санкт-Петербург рисолаи номзадӣ ва соли 1998 дар Душанбе рисолаи докториро дифоъ мекунад. Ҳамзамон, барои таълиму тарбияти насли ҷавон ва тайёр кардани олимони соҳибунвон унвонҳои илмӣ-академии дотсентӣ (1990) ва профессорӣ (2003)-ро ба даст меорад. Тадқиқоту корҳои илмии профессор Солеҳов Т.Ҳ. бештар ба сохтори назариявии хусусиятҳои спектри пароканиши дукаратаи рӯшноӣ дар назди нуқтаҳои буҳронии моеъҳо, майдони ҳарорати моеъҳо ва ҷисмҳои сахт таҳти таъсири нурҳои лазерӣ, қонунияти деструксияи полимерҳо дар зери нурҳои лазерӣ, оптоакустикаи лазерии моеъҳои квантӣ, классикӣ ва фотоакустикаи ғайрихаттӣ бахшида шудаанд. Вай яке аз поягузори равияи нави физикаи назарӣ – оптоакустикаи моеъҳои абаршоро мебошад. Таҳти роҳбарии бевоситаи Солеҳов Т.Ҳ. Шарифов Ҷ.М., Тӯйчиев Ҳ.Ш., Одилов О.Ш., Сафоӣ К.Л., Хоҷаев Ю.П. ва Алишери М. рисолаи номзадӣ ва Мадвалиев У. рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаҳои илмӣ гардиданд. Имрӯз бо маслиҳату роҳнамоии ӯ ду аспиранти дигар пайи омӯзишу тадқиқоти илмӣ мебошанд. Ба қалами профессор Солеҳов Т.Ҳ. зиёда аз 300 рисола, барнома, воситаи таълимӣ ва мақолаи илмӣ тааллуқ дорад.

Мактаби илмии Хурсанд Ибодинов. Ибодинов Хурсанд соли 1964 факултаи физикаю риёзии ДДОТ ба номи С.Айниро хатм карда, давоми солҳои 1965-1969 дар риштаи аспирантура таҳсил намудааст ва аз соли 1967 то соли 1969 дар Институти физикаю техникаи ба номи Иоффеи АИ ИҶШС ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ шуғл варзидааст. Соли 1972 рисолаи номзадӣ ва соли 1998 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 1975 сазовори унвони ходими калони илмӣ ва соли 1999 соҳиби унвони профессорӣ ва соли 2008 узви вобастаи АИ ҶТ интихоб мегардад. Муҳимтарин дастовардҳои Ибодиновро дар ҳалли проблемаи таҳаввули кометаҳо ва алоқамандии онҳо бо дигар ҷирмҳои Системаи офтобӣ дидан мумкин аст. Зеро ӯ яке аз асосгузорони самти нави астрофизика – астрофизикаи таҷрибавӣ ва муаллифи усулҳои нави тадқиқи кометаҳо мебошад. Ҳамчунин, вай нахсутин маротиба равандҳои мураккаби физикии каметаҳоро тадқиқ намуда, ба ҷисмҳои астероидшакл табдил ёфтани як қисми каметаҳои кӯтоҳдаврро кашф ва вобастагии андозаи чангҳои думи кометаҳоро аз масофаи Офтоб ошкор намудааст. Назарияи таҷзияи ҳастаи думи каметаро ҳамчун системаи дутаркиба ва назарияи устувори динамикии қабати минералии сатҳи ядрои кометаро инкишоф дода, нишон додааст, ки ду тарзи таҳав-вули минбаъдаи ҳастаи кометаҳо ҷой дорад. Ин хулосаҳои илмии Ибодинов Х. соли 2005 ҳангоми парвози киштиҳои кайҳонии «Вега» ва «Ҷотто» ба сӯи кометаи Галлей тасдиқи амалии худро ёфтанд. Профессор Х.Ибодинов муаллифи беш аз 150 асари илмӣ ва 5 дастури таълимию метод аст. Таҳти сарварии узви вобастаи АИ ҶТ Ибодинов Х. 4 нафар (Раҳмонов А.А., Сафаров А.Ғ., …) рисолаҳои номзадӣ дифоъ намудаанд.

Мактаби илмии Ҳикмат Муминов. Муминов Ҳикмат Ҳалимович факултаи физикаи ДМТ-ро соли 1988 хатм карда, солҳои 1988-1992 дар аспирантура ва аз соли 1993 то соли 1996 дар докторантураи Институти муттаҳидаи тадқи-қоти ҳастаӣ (Дубна) таҳсил намудааст. Соли 1992 дар шаҳри Дубна рисолаи номзадӣ ва соли 1996 дар шаҳри Душанбе рисолаи докторӣ дифоъ кардааст. Барои саҳми назаррас дар рушди илм ва пешбурди тадқиқоти илмӣ ба унвонҳои академии узви вобаста (2004) ва узви пайвастаи (2017) АИ ҶТ шарафёб гардидааст. Ҳамзамон, то ин замон ягона физики тоҷик аст, ки дар як вақт дар чанде аз марказҳои бонуфузи илмии кишварҳои хориҷӣ фаъолият доштааст: ходими пешбари илмии Лабораторияи физикаи назариявии ба номи Н.Н. Боголюбови ПМТҲ (1996-1999), профессори Донишгоҳи марказии Аврупо (2002, Маҷористон) ва профессори Бунёди Фулбрайт дар Донишгоҳи технологии Массачусет (2005, ИМА). Самти фаъолияти илмии академик Ҳ.Муминов ба физикаи назариявӣ, назарияи майдон, физикаи ҳолати конденсӣ, физикаи математикии ғайрихаттӣ ва нанотехнология бахшида шуда, дар ин замина 6 монография, беш аз 300 мақола таълиф намуда, 7 ихтироот кардааст. Аз тарафи академик Муминов Ҳ.Ҳ. назарияи ҳолатҳои умумишудаи когерентӣ вусъат дода шудааст, ки ҳодисаҳои мултиполӣ ва релятивистиро дар системаҳои квантии спинӣ ба назар мегирад. Назарияи гузаришҳои нақбиро бо назардошти эффектҳои квадруполӣ дар наносохторҳо такмил додааст. Инчунин, ӯ аввалин шуда тарзи нави ҳалли муодилаи ғайрихаттии вектории Шредингерро ба даст оварда, устувории солитонҳои бисёрченакаро дар назарияи майдон нишон додааст. Тарҳрезии паҳншавии радиатсияи ҳаставиро дар модда кор кардааст, ки барои конверторҳои детекторҳои нейтронӣ истифода бурда мешавад. Дар заминаи ин тадқиқоти бунёдӣ академик Муминов Ҳ.Ҳ. мактаби илмии худро таъсис доааст, ки зери роҳбарии ӯ Раҳимов Ф.Қ., Шокир Ф., Юсуфӣ Ю.М., Мухамедова Ш.Ф., Миркамолӣ А.С. ва Зотирустамӣ А.Ҳ. рисолаҳои номзадии хешро дифоъ намудаанд.

Дар ин раванд метавон номи даҳҳо физикони намоёну номвари Тоҷикистонро номбар кард, ки ҳар яки онҳо дар арсаи илми ҷаҳонӣ саҳмгузоранд. Ҳамзамон, қайд кардан ба маврид аст, ки олимони тоҷик ба дастовардҳои хеле бузурге ноил гардидаанд ва онҳо аз мадди назари ҷаҳониён дур намемонанд. Аз ин рӯ, хостам хизматҳои чанде аз ононро, чун қатрае аз баҳр рӯи коғаз орам, зеро дар матбуоти даврӣ оид ба фаъолияти олимони табиатшинос матолиб хеле кам нашр мешавад. Хушбахтона, барои гӯяндаи ин сатрҳо боиси ифтихору сарфарозист, ки бо ин олимони номвару соҳибмактаб ҳамкорӣ доштаму дорам:

Ҳама ғамҳои ҷаҳон ҳеҷ асар менакунанд,

Ба ман азбаски ба дидори азизат шодам.

 

Номвар ҚУРБОН,

физикадон

 

Хондан 3937 маротиба